Мусаллам аст, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машрӯият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тулияту собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд. Аз ҷониби дигар, силсилаҷашнҳои миллӣ ойину суннати шодзистию ҳамбастагиро ифода мекунанд.
Чун дар арафаи ҷашни Сада қарор дорем, чанд нуктаи иҷмолиро хидмати хонандагон арз медорем:
Якум. Ҳамин тариқ, ки ҷашн ва ё ид (иттифоқан, ҳар ду вожа, асли форсӣ-тоҷикӣ дошта, ба маънои ойинҳои шодмонӣ далолат мекунанд) вуҷуди фарогири маънавӣ, фарҳангӣ ва отифии як халқияту миллиятро дар паҳнои зиндагии башарӣ муаррифӣ месозанд. Мунтаҳо, ҷашн қолаби фарҳангиест, ки ҳолати равонӣ ва фикрию ахлоқии мардумро дар макону замон ва ҷуғрофиёи мушаххас таъйину таъйид мекунад. Дар ин қолаби фарҳангӣ хамирмояи ҳувияти қавмӣ ва миллӣ рехта мешавад ва чун риштаи дарозе дар бастаи фарҳанги маънавӣ печиш мехӯрад ва бо гузашти замон устувор мегардад. Ин аст, ки мардум аз бомдоди вуҷуд барои осудагию оромиши хотир ҷашну ойинҳо мебофтанд ва барои тақвияту идомати онҳо маросимоти махсус ихтисос дода, бад-ин минвол умри ҷашнҳоро дароз мекарданд. Рабт додани ойину ҷашнҳо ба ҳодиса ё воқеае дар силсилаи таҷлилоти ойинӣ ва ҷашнии мардуми форсу тоҷик (ва фикр мекунам, тамоми мардуми дунё) аз воқеъбинии мардум гувоҳӣ медиҳад. Дигар ин ки мардум ва дастандаркорони ҷашнҳои бостонӣ барои хушҳолӣ ва болидагии рӯҳию равонии ҷомеа, ҳамчунин баҳамойӣ ва ҳамбастагии қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ маросимоти вижа тартиб мекарданд ва аз ин тариқ ойинҳоро машруият мебахшиданд. Бар ин асос ҷашну ойинҳои бостонии Наврӯз, Тиргон, Меҳргон, Ялдо, Сада ва амсоли инҳо, ки барномарезиҳои инсонӣ дар қиболи мушкилоти рӯзмарраи зиндагӣ маҳсуб меёбанд, созмон ва давра ба давра интиқол ёфта, то ба замони мо расидаанд. Аз ин ҷост, ки ҷашну маросимоти миллию мардумӣ ифодагари ҳувияти миллӣ буда, тӯлонияти собиқаи умри фарҳангу маънавиёт ва сиёсату ахлоқиёти ҷомеаро ифода мекунанд.
Дувум. Ба назари донишмандон, ҷашни Сада аз куҳантарин ҷашнҳои гурӯҳӣ ва иштирокии мардуми иронитабор маҳсуб меёбад. Дар шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ мардум ба баландии кӯҳҳо ва бомҳо баромада, оташ меафрӯхтанд ва ин суннат то имрӯз дар баъзе минтақаҳо камокон боқӣ мондааст. Мардум дар гирди гулхан ҷамъ омада, бо забони худ шеъру таронахонӣ мекарданд ва хурдешу гармиро даъват менамуданд. Дар баъзе минтақаҳо ба хонишҳои садавӣ, ҳамчунин бозӣ ва дигар намоишҳои ҷамъӣ зам мешуданд. Пажуҳишгари иронӣ Ризо Муродии Ғиёсободӣ дар матлаби ихтисосии “Ҷашни Сада: Ҷашни бузурги оташ бо хостгоҳи кайҳонӣ” бар он ишора мекунад, ки Сада дар гузашта дар густараи паҳноваре аз Осиёи Сағир (Онотолӣ) то устони Синкёнги Чин таҷлил мегардидааст. Ба ин тартиб, дар миёни ҳама ақвому табор, новобаста аз адёну мазоҳиб Сада ҷашн гирифта мешудааст ва монанди Наврӯз сарчашмаҳои таърихӣ аз он ёд кардаанд. Ризо Муродии Ғиёсободӣ ба он ишора менамояд, ки Сада бо номҳои гуногун миёни мардум маъруфият доштааст ва мардум, новобаста аз тааллуқоти миллию нажодӣ ва динию мазҳабӣ ба ҷашн фаро гирифта мешуданд. Мардум оғози шомгоҳи даҳуми баҳманмоҳ болои бом баромада, ҳезум ҷамъоварӣ карда, гулхан меафрӯзанд. Даҳуми баҳманмоҳ чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршед аст ва мардум дар доираи ҷашни Сада чиҳилумин рӯзи таваллуди хуршедро таҷлил мекунанд. Вожаи “Сада” дар “Авасто” ба маънии тулуъ ва ғуруб ва фарозу фурӯди хуршед омадааст. Ин аст, ки Сада дар баробари ҷанбаҳои ойинию маросимӣ, иҷтимоию маданӣ, фалсафӣ, ҳамчунин ҷанбаи кайҳонӣ низ дорад ва ҳодисаи тулуъу ғуруби ду ситораро ба ин мисол меоваранд (ниг.: Манбаъ: http://ghiasabadi.com/jashnesada.html).
Севум. Сада – дар мақоми як пружаи муҳимми стратегӣ дар роҳи мубориза алайҳи беҳувиятӣ, худбохтагӣ, ҷаҳолатписандӣ, нодонӣ, бечоранолӣ, худкифоӣ, худбоварӣ ва баҳамойӣ зарурат дорад. Илова бар ин, Сада дар роҳи муқовимат ва мубориза бар зидди бегонагӣ ва хирадситезӣ моро кумак мекунад.
Чаҳорум. Аз сатҳи як ҷашну суннату маросими шодию баҳамойӣ то ба сатҳи як барномаи стратегии сиёсию мафкуравӣ боло бардоштани Сада. Дар ин замина ташаббусоту ибтикороти зиёде бояд рӯйи даст гирифт, аз ҷумла:
-ба ҷашни хонаводагӣ, миллию меҳанӣ ва ҷашни карнавалӣ табдил додани Сада ва дар ин замина ташкил кардани гаштугузору сайёҳати ҷашнӣ. Вежагии карнавалӣ гирифтани Сада ва сори ҷашнҳои миллӣ маънои густурдагӣ ва паҳнои маданию марзии ҷашнро дорад, чаро аз тариқи карнавали садавӣ мардум либосҳои рангоранги идона пӯшида, бо шодию сурур хушҳолӣ мекунанд ва якдигарро ба созу тараби ҷашнӣ даъват менамоянд;
-аз тариқи ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ тарғиби саросарии Сада ва маросимоти ҷашнӣ;
-бо баргузории маросимоти Садавӣ роҳандозӣ намудани барномарезиҳои тарбиятии миллию дунявӣ, мубориза бо хушкандешони мазҳабӣ ва хурофазадагону ифротгароёни динӣ.
Панҷум. Бегонагон ва душманони миллат ҳамеша бо Сада, ҳамчуноне ки бо Наврӯзу Меҳргону Ялдо ҷанг эълом карда буданд, сарсахтона мубориза бурдаанд. Душманони мардуми эронитабор (мардуми форсу тоҷик) доимо ба таври мустақим ва ғайримустақим ба ойинҳои пешинаи миллию мардумӣ, хоссатан Наврӯзу Меҳргон ва Сада мубориза мебурданд. Аз назари бузургон, ба хатар афтодани ҷашнҳои Наврӯзу Сада маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани сарзамин ва марзу бумро доштааст. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меорад, ба мардум бонги изтироб мезанад:
Кунад бо замин рост оташкада,
На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.
(ниг.: Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома. -Ҷилди нуҳум. -Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.34)
Ё ин ки:
Аз ин зоғсорони беобу ранг,
На ҳушу на дониш, на ному на нанг.
Ҳам оташ бимирад ба оташкада,
Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.
Илова бар ин, Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи ойину ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти ҳувиятию инсонӣ талаққӣ карда, аз ҳамватанон даъват ба амал овардааст, ки тавассути ҳифзу нигаҳдошти ҷашнҳои куҳани аҷдодӣ обрӯву иззати миллатро нигаҳбонӣ кунанд:
Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,
Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.
Ба ин маъно, аз тариқи ҳифзу муаррифии шоистаи аносиру абзорҳои ҳувиятсози миллӣ – Садаву Наврӯз ва Тиргону Меҳргону Ялдо бо таҳоҷумоти сиёсию фарҳангии берунӣ муқовимату мубориза бояд кард, то ин ки миллатро сиҳҳату саломат ба сарманзили мақсуд бирасонем.
Шашум. Ҳанӯз дар асрҳои миёна ҷиҳати аз саҳнаи сиёсию ҷашнӣ ва ойинию суннатӣ берун бурдани Сада ва Наврӯз талошҳои зиёде сурат гирифтаст. Аз сӯйи дигар, бисёр мутафаккирони мо дар асрҳои миёна, мутаассифона, алайҳи ҷашнҳои миллӣ бо шумули Наврӯзу Сада қиём карданд ва бо ин роҳ, ба истилоҳ, бегонасолориро ривоҷ доданд (ниг.: Риёҳӣ, Муҳаммад Амин. Гулгашт дар шеър ва андешаи Ҳофиз. –Теҳрон, 1374. -С.34). Масалан, Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1111) дар китоби “Кимиёи саодат” зимни мункироти бозорҳо чунин мегӯяд: “… ва шамшеру сипари чӯбин фурӯшанд барои Наврӯз ва буқи сафолин барои Сада ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст, баъзе макруҳ. Аммо… он чӣ барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габргон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоифи бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯз ва Сада бояд мундарис шавад ва касе номи он набарад.
То гурӯҳе аз салаф гуфтаанд, ки рӯза бояд дошт, то аз он таомҳо хӯрда наояд ва шаби Сада чароғ фаро набояд гирифт, то аслан оташ набинанд ва муҳаққиқон гуфтаанд: Рӯза доштан ин рӯз ҳам зикри ин рӯз бувад ва нашояд, ки номи ин рӯз баранд ба ҳеҷ ваҷҳ, балки бо рӯзҳои дигар баробар бояд дошт ва шаби Сада ҳамчунин, чунонки аз ӯ худ ному нишон намонад” (ниг.: Ғазолӣ, Муҳаммад. Кимиёи саодат. Ҷилди аввал. Ба кӯшиши Аҳмади Ором. –Теҳрон, 1333.- С.407).
Ҳафтум. Хушнудию хушҳолӣ ва шӯхию бозӣ асоси ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Садаро ташкил медиҳад. Махсусан, шӯхию бозӣ ва рақсу хушнудии духтарон бо нозу ишвагариҳо, ки ҳамагӣ хушҳолиро таҷассум мекунанд, Садаро минҳайси ҷашни матраҳи миллӣ-дунявӣ ба намоиш мегузорад. Масалан, Ҳаким Низомӣ дар “Шарафнома” аз ойину суннат ва маросимоти ҷанбаи миллӣ-дунявидоштаи ҷашнҳои куҳани Наврӯзу Сада ёдовар мешавад:
Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гаштӣ оини оташкада,
Зи ҳар сӯ арӯсони нодидашӯй,
Зи хона бурун тохтандӣ ба кӯй.
Рух ороста, дастҳо пурнигор,
Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.
Муғона майи лаъл бардошта,
Ба ёди муғон гардан афрошта.
Зи Барзини деҳқону афсуни Занд
Бароварда дуде ба чархи баланд.
Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,
Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ.
Ҷуз афсун чароғе наяфрӯхтанд,
Ҷуз афсона чизе наёмӯхтанд.
Фурӯҳишта гесӯ шикан дар шикан,
Яке пойкӯбу яке дастзан…
Яке рӯзашон будӣ аз кӯйю кох
Ба коми дили хеш майдон фарох.
Ҷудо ҳар яке базме оростӣ
В-аз он ҷо басе фитна бархостӣ…
(ниг.: Ганҷавӣ, Низомӣ. Хамса. Шарафнома. –Душанбе: “Адиб”, 2012. -С.127-128)
Ҳаштум. Ҷашни Сада қабл аз ислом, дар замони исломӣ, давраи Хоразмшоҳиён ва то ҳамлаи муғул миёни амирону ҳокимону мардуми одӣ таҷлил мегардид. Бузургтарин ва машҳуртарину бошукӯҳтарин ҷашни Сада дар замони шоҳзодаи иронӣ, бунёдгузор ва нахустин амири Дудмони Зиёриён (930-935) Мардовиҷ ибни Зиёр (890-935) соли 323 ҳиҷрӣ дар Исфаҳон баргузор гардид. Ӯ ҷашни бошукӯҳе тартиб дод ва дар охири ҷашн ба дасти мухолифонаш кушта шуд. Ҷашни дигаре, ки дар хотири мардум боқӣ мондааст, таҷлилоти садавиест, ки дар замони Султон Масъуди Ғазнавӣ (1030-1041) дар соли 430 ҳиҷрӣ доир карда шуд.
Дар доираи маросимоту тадорукоти ин ҷашн мардум, сараввал барои ҷамъоварии ҳезум таҷаммуъ мекарда, болои кӯҳ ва ё бомҳо гулхан меафрӯхтаанд ва гирди гулхану оташ мегаштаанд, навозандагону мутрибон навоҳои ҷашнӣ менавохтаанд, суруд мехонадаанд ва дигарон ба рақсу бозиҳо мепардохтаанд. Ҳарчанд ки Сада ҷашни динӣ нест, зардуштиён ба он созу баргҳое илова карда, бар мабнои муътақидоти ойинӣ маросимоте ҷур кардаанд. Ба ин тартиб, мубад ҳангоми афрӯхтани гулхани садавӣ назди гулхан меояд, бо мардум дар хушҳолӣ шарик мешавад, гирди оташ мегардад ва дуову авроди мазҳабӣ мехонад. То хомӯш шудани оташ ва пойин рафтани гулхан мардум гирди он менишастанд, шодию нишот мекарданд, рақсу бозиҳо ҷур менамуданд, афсонаю қиссаҳо мепардохтанд ва ҳамин тур, хушҳолӣ менамуданд. Баъдан хокистари оташро деҳқонону кишварзон ғун дошта, ба киштзору мазрааҳо мерехтанд, ба умеди баракату серҳосилии замин.
Дар маҷмуъ, аз тариқи анҷом додани маросиму суннатҳои Садавӣ мардум чиҳилумин рӯзи таваллуди нуру хуршеду офтобро таҷлил мекарданд ва умеду орзуи пирӯзии рӯшанию нур бар торикию зулмотро дар қалбҳои хеш нигоҳ медоштанд (ниг.: Манбаъ: https://www.visitiran.ir/fa/event/جشن-سَدِه). Яъне, аз даст надодани умеду орзу ва ҳамеша ба зиндагӣ дилгарм будан асосу моҳияти ин гуна тадорукот ва дар маҷмуъ, ҷашнсозиҳои мардуми моро ташкил медодааст.
Нуҳум. Ба таври куллӣ, Сада ҷашнест, ки мардумро новобаста ба тааллуқоти қабилавӣ, қавмӣ, этникӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва рангу пустӣ гирди ҳам меоварад ва онҳо даст ба дасти ҳам дода, суннату маросимро якҷо гузаронида, хушҳолӣ мекунанд. Ин аст, ки Сада намоди шодзистӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамшарикии мардум маҳсуб меёбад (ниг.: Манбаъ: https://www.karnaval.ir/blog/the-ancient-ceremony-of-sadeh). Ин аст, ки ҷашни Садаро мебояд то ба сатҳи як ҷашни фарогири миллӣ-мардумӣ ва карнавали ҷашнӣ боло бурд. Дар ин замина нақши зиёиёни миллӣ ва интеллигенсияи ватанӣ, ки дар қолиби ҷомеаи маданӣ мунсаҷим шудаанд, хеле бузург аст.
Ҷашни Сада муборак, ҳамватанони арҷманд!
Нозим Нурзода,
пажуҳишгар