Модар…

Ба зоти покат қасам, ки бузургу муқаддас ва ягонаӣ. Ту хуршеди ҷаҳону моҳи тобон ва шӯълаафрӯзи қалбҳоӣ! Шаффофу беғубор ва бекинаю орӣ аз ҳама хислатҳои ноҷоӣ…

      Модар!

Медонем, ки беҳамтоӣ, ҷаҳонофару ҷонфидоӣ, медонем, ки баҳри идомаи насли Одам чӣ қадар ранҷу азоб мекашию ба хотири тавлиду тарбияи як тифл чи қадар шабҳои бедорхобиро рӯз менамоӣ. Медонем, ки баробари дарду ранҷи фарзандонат чӣ қадар менолӣ, худро ба сад хонаву дар мезанӣ то ӯро наҷот диҳӣ! Ғами худро нахӯрда, ба хеш раҳме накарда, танҳо ба мо – фарзандонат ҳаёт, шодӣ, умри бардавом ато мекунӣ!

    Модар!

Ту рамзи Бузургӣ, Некӣ, Адолат, Ишқ, Садоқат ва Матонатӣ!

    Модар…

Агарчи ба васфат даҳҳо асару достонҳо сароидаему ҳазорон қасру пайкараҳо обод кардаем, лек бо ин ҳама, медонем ҳеҷ кори арзандае накардаем, ки подоши якшаба ранҷи ту бошад!

    Модар!

Мо мардон наздат гунаҳкорем, ки гаҳе ба иллати ҷанг, қатл, куштор ва дигар амалҳои хеш хонаатро, ки бо сад меҳр бунёд кардаӣ, сӯхта, хокистарашро ба боди ҷаҳолат партофтаем! Оби чашмаҳои покатро, ки аз ашки нуқрафомат офаридаӣ, нопоку касиф карда, хушконида ба биёбон табдил додем. Аз сари нодонӣ, қаҳр ва ҳирси моли дунёӣ бе ягон андеша фарзандонатро бо теғи чархдодаи аҷал гиребонгир шудем, қисматеро ба ғуломӣ бурдему сад теғи ҷигарсӯз ба қалби пур зи меҳрат задаем.

   Модар!

Ҳатто дидаю дониста, тифлони ширмакатро аз домани вафоят бо сад бераҳмӣ кашида гирифтем… Ҳазорон кӯдаконро аз ту ҷудо кардаю садҳо ҳазори дигарро ба сӯи ғурбат, ғарибӣ ва саргардониҳо ҳавола намудем.

    Модар…

Агарчи моро мард офаридаӣ, лек бо ин ҳама заифтар аз туем…

Бо фарзандонат, бо бародару додарони хеш шояд сари як ҳарфе, масъалае даст ба гиребон шудаем… Ба сари  ҳам мушту ба пушти хеш тирҳо андохтаем…

   Модар!

Боре наандешидем, ки баробари ба ҳама зарар овардан, мулкеро, диёреро ба ҷаҳаннам табдил додан, дили нозуки туро ғамгин месозему қомати мавзунатро хамида ва чашмонатро бенур!

Оре, мо мардҳо наздат гунаҳгорем.

   Модар!

Чашмони фарзандонат аз ҷоҳталабию манманиҳо тира гашта, ончунон саргарми корҳо зишти хеш шудем, ки дигар на худро медидему на Офаридгорро мешинохтем…

Шояд худро аз ҳама балантар меҳисобидем ва мехостем, ки насли одами ба мо арҷ гузорад, саҷдаамон намоянд, эзидамон хонанд!

    Модар!

Медонӣ, ончунон бо ҳам дарафтодаю, ҷангидаю ба бераҳмӣ хуни хеш рехтаем ва аз куштаҳо пуштаҳо сохтаем! Шамшери ҷонталабамро ба  яроқҳои мудҳиши  қатли он иваз кардаю туро садҳо маротиба ба ҷигарбандонат пора-пора намудем…

    Модар!

Парвои он ҳама меҳру муҳаббат, қалби саршор аз одамияти ту накарда, ба оташи вафою ишқат оби хунуки дили сардҳои худро рехта, тамоми вуҷуди туро поймол кардаем…

    Модар!

На ба гиряҳои ту, на ба илтиҷою зораҳои ту заррае диққат надодем ва ҳарчи мехостем ҳамонро амалӣ кардем. Ин аст, ки дунёро  имрӯз пур зи кина, адоват, зиштию золимӣ кардаем… Дигар ба меҳр, некӣ, ростӣ гӯиё маконе намондааст ва торафт аз дасти мо, ҷаҳонро зулмоту торикӣ печонида истодааст.

Аҷабо! Заминро низ чун ту ба кулфату ғам гирифтор кардаем! Заминро ба чанголи Марг партофтаем!

   Модар!

Назди зоти покат гунаҳкорем! Медонем, ки ту меҳрубону бахшояндаӣ ва танҳо қалби оташини ту ин ҷаҳонро мунаввар месозаду қудрату нерӯят алайҳи ҳамагуна бадию бадкориҳо мубориза мебарад!

   Модар!

Барои як каф дуо наздат омадаем ва ин гулдаста тақдими туст. Моро бубахш…

Сабзаалӣ АСОЗОДА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь