(ҳикоя)

Имрӯз 2-юми август. Одамон дар рӯзҳои хос – солгарди арусӣ, зодрӯз ва дигар рӯзҳои хурсандиашонро ҷашн мегиранд. Вале Нусрат чӣ? Воқеан имрӯз барои ӯ рӯзи наҳси ҷудошавиаш аз ҳамсараш Париноз аст… Нусрати банди хурофот ҳар боре бар фарози кӯҳи Хоҷабарнова каргаси таку танҳоро бинад, дилаш ғаш меоварад, ки аз касофатии ин ҷондор ӯ ба чунин рӯз расидааст. Бале, ҳанӯз дар рӯзи тӯяш ҳини ба сари қулла нишастани каргас Усто Одил гуфта буд, ки “каргас рамзи бадбахтист, дар рӯзи тӯйи Нусрат падид омад, ки оқибаташа Худо ба хайр кунад”. Баъди ним соли хонадорӣ аз рашки беҷо ва носозгорӣ бо хонаводаи шавҳараш, маҳз дар ҳамин рӯз Париноз бо ҷони дутояш аз хона ба дар шуду…

Нусрати умре бекорхӯҷаро баъди як ҳафтаи туй зиндагӣ маҷбур кард, то миён бубаста ба Руссия мардикорӣ равад. Дар ғурбат тираш хок хӯрду азобу зиллатҳо кашида бар замми ин бемор шуду ба нони хӯрдан зор. Рафиқону шариконе, ки Нусрати беҳунарро ба ғурбат оварда буданд, ҳама думро хода карданду рафтанд. Урусзан – Средникова аз барои Худо ва Рӯҳи Муқаддас ин мусулмонбачаро хеле нигоҳубин кард. Обу нонаш медод. Ҷойи хоб муҳайё карда буду ҳар сари вақт омада хабар мегирифт. Аз нигоҳубини занак бошад, ки аллакай Нусрат кам-кам аз ҷой мехестагӣ шуду ба урусзан дастёр, вале аз омаданаш ба хоки Русия 5 моҳ пушти сар мешуд…

Акнун ба Тоҷикистон меоему аз Париноз хабар мегирем, хонанда. Бечора нав дуҷон шуда буд, ки шавҳар рафту акнун розгӯву розшунаве нест, ки аз дарди ӯ огаҳ шавад, чун хушдомани бадқаҳр маҳри миёншикани ту бачема раҳруваки урус кард, гуфта, ҳар сари вақт пичинг зада мемонад. Қайсангили бетолеи бахтбаргаштааш ҳам аз бекорӣ заҳркорӣ гуфта, лаҳзаю замон нештар ба ҷонаш мезанад. Хусури умре аз макри зан тарсон чашм мепӯшаду коре карда наметавонад. Ҷон ба лаб мерасад вале ҳайфо ки розшунаве нест. Ӯ чи кор кард? Ба чашмпарониҳои ин бачаи маккори бекор чаро дода шуд, охир?! Кош мехонду касбе меомӯхт то гапшунави ин тезчанголҳо нашавад. Эҳҳҳ, сад дареғ.

Боре хоҳари Нусрат ҳангоми сӯҳбат бо акаи бемораш пичинг зад: “Занта то кай Саидбеки ҳамсоямон бонӣ кунад? Нусрат нест гуфта ино як корое мекунан, киии …”-гӯён хандида фиристод. “Э шухӣ мекунум ака, бо ба дил нагирӣ”- гуфтану аз пеши телефон дур шудани Нисои хоҳараш дигар гапи аввалаашро руйпушӣ карда натавонист. Хушдоман намемонд, ки зану шавҳар бо ҳам гап зананд. Ин ҳама барои Нусрат хеле гарон буданду гапҳои обдори очаи беандешааш шубҳаашро то охирин ҳад расонида. Вале Паринози дар доғи бешавҳарӣ сӯзон аз ҳеҷ чиз дарак надошт, шарм мекард то хоҳиши бо Нусрат гап заданро пеши хушдоман арз кунад. Рӯзҳо мегузаштанду ҳарду иштиёқи бо ҳам будан мекарданд, охир се-чор бори оғуши ҳамдигарро дидани онҳо дар ин панҷ шаш моҳи бебистарӣ кайҳо фаромӯш шуда буду ширин. Нусрат ҳаргиз аз ёди лабҳои маҳину шаккарин ва бадани сафеду махмалини ҳамсараш дур набуд. Лекин ёд кардану шаҳватчаронӣ кардан роҳи Маскавро то Тоҷикистон наздик мекунад, магар?…

Саидбек замоне ба Париноз дил дода бошад ҳам, акнун аз деҳадориву дари ҳамсоягӣ ор мекард, то ба зани Нусрат чашм ало кунад. Ӯ ба ҳар ҳол ҷавони босаводу бофаҳм буд, чун аз Душанбе нав таҳсилро хатм карда омада буд. Зиндагӣ маҷбур кард то ӯ низ аз “Ватан гурезон шавад”. Ба ғурбат уфтоду хабари рафтанаш бо ташаббуси Нисои фитнаҷӯй ба Нусрат расид. Нусрат бо пурсидану донистанҳо баъди 15 рӯзи омадани Саидбек бо ӯ вохӯрд. Пас аз вохӯрӣ дигар Саидбек бедарак шуду телефонаш берун аз минтақа. Касе хабар надошт, ки ӯ куҷо асту чи ҳолу ҳаво дорад?! Баъди 8 моҳи ғарибӣ Нусрат бо пули андаке, ки ҳамагӣ чипта харидан мумкин буд ёди ватан кард. Сухани Саидбек, ки ҳини вохӯрӣ гуфта буд, “мард бошӣ занатро соҳибӣ кун, бечора шабу рӯз дар ҳасрати шӯй менолад”, сарашро хеле гаранг карда буд. Бо андешаҳои шоиставу ношоиста дарвозаи кабудтоби зангзадаи ҳавлиашонро оҳиста тела дод, ки ғичирросзанон кушода шуд. Дар рӯйи ҳавлӣ ғарқи хобу хаёл Париноз либос мешуст. Дар ин 8 моҳ ӯ занаки калонеро мемонд, ки шиками калонаш боз ҷавонзанро воқеан як бонуи солҳо шавҳардида намоиш медод. Дилаш боз дур рафт. “Саидбек, лаънатӣ, дузахӣ, Валлоҳ дар қиёмат ҳам гӯсфандвор мекушамат дар ин дунё куштан ба хайр. Ту ҳаромӣ зани маро ба ин аҳвол расонидӣ?!…”

“Эй занаки шалақи Худозада, Валлоҳ саратро мебурам, вале ба хотири шиками дамат сад нобудат, се талоқат кардам буро аз хонаи ман, ки сарта мебурам, Наузубиллоҳ.” Париноз аз ҳуш рафт. Даводаву такопӯи духтурон бенатиҷа анҷом ёфт, Нусрати аз ақл бегона ба болои кӯҳи Хоҷабарнова баромад. Ба ҳамон қуллае, ки каргас ҳамеша баромада дунёро наззора мекард, худаш истода буд. Деҳаро, одамонро, зиндагии осудаи мардумро, Паринози бо марг дастбагиребонро, Саидбеки сарбуридаи дар як ҷӯйбори Питер ба хун оғушта хобро ба хотир оварду беихтиёр мурдавор шах шуда монд. Ногоҳ аз пастхамии Кафтарзор касе Нусрат гӯён фиғон кард. Усто Одили бадфол буд, ки тахминҳои беақлонааш сари даҳҳоро хӯрда буд. “Занут сари фарзанд рафтай, ту сари кӯҳа гирифта мешинӣ?”- гуфтани ӯ охирин тире буд, Нусрати шахшударо ларзонд. Сахт ларзид, нохудогоҳ шуд. Ин сухан, сухан на балки тири ҷонкоҳи Усто Одил Нусратро бо ун ҳама андешаҳову тасаввурот ба ҷониби деҳа тела медод. Нусрате, ки куштани Саидбекро ҷиҳод ҳисобида то ҳол фахр мекард, Нусрате, ки буридани сари Паринозро фарз медонисту ояте аз Қуръони азимушшаънро сарфаҳм намерафт, бе калимаи шаҳодат аз қулла канда шуд. Лаҳзае баъд, ба рӯйи санги ҳамворе зери шуғи Хоҷабарнова тунук шуд. Усто Одили сархӯр гум зад. Ним соат баъд боз ҳамон каргас даврзанон ба сари қулла нишаст. Гумони ғолиб тӯъмаеро дарёфта буд, ки дилаш пур буду дақиқаҳо наҷунбида дунёро тамошо карда истод. Боз ба само бархост, чарх заду ба зери шуғ, ҷониби ҷасади Нусрат сарозер шуд…

 P.S. Инсоне, ки андешаи солим надорад, ҳатман тӯъмаи каргасҳо мешавад.

Қаландар Нориён

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь