Баъзан намедонӣ ба кӣ “Stop!” гӯӣ

Тавре бархе расонаҳо навиштанд, дар як ҳафтаи охир дуюмин калимаи серистеъмол дар як соли охир пас аз вожаи “COVID-19” пайдо шуд: Манижаи Сангин!

Махсусан расонаҳои Русия дар бораи ӯ ҳамарӯза чандин матлаб омода мекунанд. Номи ӯ  замоне ба ин ҳад расонаӣ гардид, ки ӯ дар озмуни мусиқии  Eurovision бояд Русияро намояндагӣ кунад.

Бархе аз ҳамватанон гуфтанд, ки аз ғолибияти ӯ ифтихор мекунанд, чун дар як кишвари бегона ва он ҳам як абарқудрати дунё байни бисёриҳо пирӯз шуд, вале мухолифин гуфтанд, ки ҳеҷ ҷойи ифтихор надорад, чунки ӯ на Тоҷикистон, балки кишвари дигареро муаррифӣ мекунад. Дар ҷавоб ба ин тарафдоронаш мегӯянд, гарчанде ӯ намояндаи Русия аст, вале тоҷик аст ва бояд ифтихор кард.

Манижаи Сангин бар асосии натиҷаҳои овоздиҳӣ дар шабакаи якуми Русия ғолиб гардид. Қарор аст ӯ моҳи майи соли равон дар даври байналмилалии  озмуни Eurovision иштирок кунад ва таронаи маъруфаш “Russian Woman”-ро, ки ҳоло дар Ютуб ҳам сербинанда аст, бо забони англисиву русӣ иҷро кунад.

Аммо ба назар мерасад, ки пирӯзиашро ҳатто мунаққидони озмуни миллӣ ва мусиқӣ чандон хуш истиқбол накарданд: “Русияро бояд шаҳрвандони Русия муаррифӣ кунанд. Чунин ба назар мерасад, дар Русия дигар шахси боистеъдод намондааст”, гуфтааст Иосиф Пригожин, продюсери рус ва ҳамсари сарояндаи маъруфи Русия Валерия.

Аммо баъзе аз ҳунарманди рус исрор меварзиданд, ки “он чизе, ки дар Eurovision маъмулан қобили қабул аст, ҳунари Манижа ба он хеле наздик мебошад”. Аммо пас аз чунин баҳсҳо Манижа ва тимаш тасмим гирифтанд, бо хабарнигор дигар дар ин бора сӯҳбат накунанд.

Ҳунармандони маъруфи рус низ бар ин назаранд, ки бештар вақт ба чунин озмунҳо нафарони ғайрикасбӣ фиристонда мешуданд, ки албатта ғайри қобили қабул аст.

Худи Манижа дар сӯҳбатҳои баъдиаш гуфт, ӯ нафарест, миёни Тоҷикистону Русия. Ҳарчанд аксари умраш дар ин кишвар гузаштааст, бо ин вуҷуд ӯро ҳоло ҳам ба сифати фарзанди як муҳоҷири тоҷик мешиносанд ва тибқи ҳамин меъёр муносибат мекунанд.

Ӯ ҳамчунин исбот кардан хост, ки духтари ҷасурест ва ин ҷасоратро аз гузаштагонаш мерос гирифтааст:

“Бибии бузурги ман дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо шуда, фаранҷиро бадар кард ва гуфт, ки кор мекунам. Бобоям нависанда ва рӯзноманигор, падарам духтур ва модарам се маълумоти олӣ гирифтанд. Ба ҳайси омӯзгор, тарроҳ, ташкилкунандаи фестивалҳои ҷавонон кор кардаанд. Ҳатто дар маросими супурдани ҷоиза ба ғолибони Олимпиадаи соли 1980 дар Маскав ширкат кардаанд”, – таъкид мекунад ин духтари тоҷик.

Вай афзуд, вақте ӯ дар синни хурдӣ аз Душанбе ба Маскав кӯчид, «як калима русиро намедонист, танҳо бо забони тоҷикӣ  ҳарф мезад» ва пас аз муддате зуд мутобиқ шуд.

Зимнан, ӯ ҳанӯз 12-сола буд, ки дар як озмуни мусиқӣ  дар Душанбе  аз худ дарак дод.

Бархе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар баҳс бештар ба тарзи либоспӯшии ғайриоддии Манижа таваҷҷӯҳ  кардаву инро танқид мекунанд: “Ин чӣ либос, дастмолро дар сараш пӯшидаст”.

Масалан, барои баъзеҳо ин муҳим нест, ки ӯ ҳамеша бо овози зинда месарояд, яъне мардумро фиреб намекунад.

Манижа дар сӯҳбатҳои охири худ бо журналистон гуфта буд: “Ман медонам, ки барои чӣ  бо ин ҳама вокунишҳо рӯ ба рӯ шудам, вале ман наметавонам ҳамаро маҷбур созам, то маро дӯст доранд. Ман ҳавои хуб нестам, ки ба ҳама писанд оям”. Манижа қайд кард, ки иддае миллати ӯро дӯст намедоранду барои баъзеҳо ӯ ҳавобаланд менамояд ва ё номи шарқияшро намедонанд.

Ӯ ҳамзамон эътироф кард, ки баъзан, ҳатто дар байни дӯстон, фарқ кардани онҳое, ки воқеан ба ӯ муносибати воқеӣ мекунанд ва ё қалбакӣ, душвор аст.

“Танҳо тақдир ва зиндагӣ бо амали онҳо нишон хоҳад дод”, – гуфт сароянда.

Ҳамзамон, вай таъкид кард, ки ӯ на танҳо бо вокунишҳои манфӣ, балки ба таваҷҷуҳи хуби мардум низ рӯ ба рӯ шудааст. Ба унвони мисол, дар камтар аз як рӯз 1,5 миллион нафар «Russian Woman»-ро тамошо кардаанд.

“Зиёда аз 30  ҳазор шарҳ, ки аксарияти онҳо мусбатанд. Ман ба касе бадӣ накардаам. Ман суруд хондам, тамом. Дар аввал ман чӣ гуна рафтор карданамро намефаҳмидам, баъд якбора бароям хеле осон шуд. Медонед чаро? Солҳои зиёд ман бо ҳамин кор машғул будам, пайёмҳои шабеҳро пахш мекардпам”, – иқрор шуд сароянда.

Вай гуфт, дар вокунишҳои нави ба ӯ равонашуда нажодпарастиро равшан дарк кардааст.

“Ман як тоҷикам ва махсус ба забони русӣ суруд мехонам, зеро манн Русияро муаррифӣ мекунам, ки онро ватани худ медонам. Чаро бояд ба касе монанд шавам ва сарамро сила намуда, холи изофӣ диҳанд? Дар ниҳоят, паёме, ки ман мерасонам, муҳимтар аз ҳама аст”,  – таъкид кард Манижа Сангин.

Бо вуҷуди ин, гуфтан мумкин, ки қазияи ин духтари тоҷик сиёсӣ ҳам шуд. Ӯ аз соли 2019 сафири СММ дар масоили марбут ба гурезандагон буд. Ҳамчунин, барои хушунати занон суруди маъруфи ӯро бо номи “Мама” 2,7 миллион маротиба тамошо кардаанд. Журнали маъруфи Forbes дар соли 2020 Манижаро яке аз одамони маъруфи Русия дар 30 сол донистааст.

Сафорати Амрико дар Душанбе низ Манижаи Сангинро барои намояндагӣ  аз Русия дар ин озмун табрик гуфта навишт, “хушҳолем, ки зодагони Тоҷикистонро дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебинем”.

Пас бояд ба кӣ гуфт, ки вокуниши бад, ё ҳатто мусбати худро, нисбати ин духтари тоҷик бас кунанд?

Саволест, ки посухаш осон нест…

Ҷамила Мирбозхонова

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь