Осорхонаи Мирзо Турсунзода, шоир ва қаҳрамони ҳалқи тоҷик, ки дар мактабу донишгоҳҳои кишвар ба кӯдакону ҷавонон аз зиндагиномаву асарҳояш даҳҳо соат дарс мегӯянд ва ному ёду осораш аз зеҳнҳои насли адабиётдӯсти давраи шӯравӣ чун шоири “тараннумгарии дӯстии халқҳо” -ву “қосиди сулҳ” ва ватансаро ҳанӯзам зудуда нашудааст,  ҳудуди даҳ сол боз дар шаҳри Хуҷанд тақрибан ба ҳоли худ вогузор аст.

Аз рӯи тарҳи нави маркази вилояти Суғд, ҷои бинои кӯҳнаи осорхона,  баландошёна қад хоҳад афрохт.

Дар беҳтарин маврид осорхонаи муаллифи достони “Ҷони ширин” – у “Қиссаҳои Ҳиндустон” ва муаллифи шеъри “Ман бо духтаре вохӯрдам” дар филми машҳури ҳамном ба ҷои дигар кӯч хоҳанд дод.

Дар ҳар ҳол ба гумон аст  сарнавишти осорхонаи Айнӣ, дигар аз адибони номвар ва сардафтари адабиёти шӯравии тоҷик насибаш гардад. Дар пойтахт  дӯстдорони фарҳангу адаби миллӣ соли гузашта нагузоштанд хона – музейи асосгузори адабиёти шӯравӣ ва ҳомии забону фарҳанги  тоҷик – Айниро вайрон кунанд ва ҷои дигар интиқол диҳанд. Ҳарчанд маълум нест – барои доимӣ ё то ба кай.

Боми осорхонаи қаҳрамони миллат мечакад …

Рӯзи 19 март, ки ба осорхонаи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Хуҷанд  рафтам, 3 ҳуҷраи тангу кӯҳнаи дарун ба дарун ва пур аз расму чизҳои онро  чун ҳамеша тозаву покиза дидам. Сақфи ҳуҷраи аввал, ки чанд сол пеш ба ном таъмир карда буданд,  нақши борон боз вайрону безеб кардааст.

Муаттар Ғаниева 24 сол боз  мудири ин осорхона аст. Ӯ 65 сол собиқаи корӣ дар бахши суғдии иттифоқи адибон ва осорхонаҳо дорад. Дар ёду хотири апаи Муаттар ҳанӯзам зинда аст, ки чи тавр бо омадани Мирзо Турсунзода  ба меҳмонӣ аз Душанбе ба Хуҷанд ин даргоҳ ба идгоҳи дӯстону мухлисони ӯ табдил меёфт. Вале дар рӯзҳои мо сохтмони баландошёна роҳи аслии мардумро ба суяш баст ва холиву камодам гардид. Солҳои охир ин зани 70 солаи  зиндадил  барои  ҳифзи ин осорхона талош дорад:

“Бомашро дуруст кардан даркор, ки бубинед, дар боронгариҳо мечакад. Аз раисону масъулон ёрӣ хостам, гуфтанд, ки муаллима, ин бино оянда хароб мешавад, чӣ даркор таъмиру харҷи зиёдатӣ? Аммо маълум нест, ки ин ҷоро кай вайрон мекунанд ва моро ба ҷои нав мекӯчонанд. Барои ҳамин  барои нобуд нашудани ин боигарӣ  бомро дуруст карданием.”

Қиссаи портфелу кулоҳи Турсунзода

Дар ин манзил дар ошёнаи 3 – юми як бинои хурди сеошёна, воқеъ дар маркази шаҳри Хуҷанд Мирзои ҷавону навқаламу навқадами роҳи адабиёт баъди хонадор шудан бо ҳамсараш – Сабоҳатхон Наҷмиддинова, ҳунарвари театри ба номи Пушкин (ҳозир – театри Камол)   дар солҳои 1930 – 1933 зиндагӣ кардааст. Сипас, соли 1962, ки ному шуҳрати баланд ёфт, ҳукумат он хонаро ба ӯ тақдим кард ва то охири умр ҳангоми  сафарҳояш ба Хуҷанд бо худу бо аҳли оилааш мезист.

Дар соли 1980 онро ба осорхона табдил доданд.

Бори охир боми онро соли 2011 ба истиқболи 100 – умин солгарди Мирзо Турсунзода ба ном таъмир карда буданд.

Мизу курсиву китобҳо, сару либос, дар он миён – портфел ва  кулоҳи машҳури Турсунзодаву пироҳанҳои гулдузии  ҳамсараш аз нигораҳои аслӣ ва дидании осорхонаанд. Ҳар яке таърихи хотирмоне доранд. Муаттара Ғаниева нақл мекунад:  “Мирзои ҷавон солҳои 1930  – 1933 дар театри Камол раҳбари бахши адабӣ кор мекарданд. Ӯ актрисаи ҳамин театр – Сабоҳатхон Наҷмиддиноваро дӯст медорад ва устод – Раҳим Ҷалилро ба хостгорӣ мефиристанд. Мирзо мегӯянд, ки ман як бачаи ятими бекасам, аз дороии дунё ба ҷуз ҳамин як портфелу як кулоҳ, ки ҳоло дар осорхонаашон худатон мебинед, дигар чизе надорам. Ӯ маро қабул мекарда бошад? Сабоҳатхон мегӯянд, ки Мирзо дороии дунёӣ надошта бошанд ҳам, ҷавони нағз ва зебо, истеъдоду ҳунари офариниши асарҳои бадеӣ, диплому  ихтисос  доранд. Дар солҳои 30 – юм касони техникум ё донишкадаву донишгоҳ хатм карда хеле кам буданд ва диплом доштан барои ҷавонон имтиёзи хосе медод. Бо ҳамин Сабоҳатхон ба ҳамсарии Мирзо Турсунзода ризоят медиҳанд.”

Осорхонаҳои маркази вилояти Суғд

Шаҳри Хуҷанд то ҳоли ҳозир се музейи адабиро нигоҳ медорад. Осорхонаҳои Мирзо Турсунзода ва Муҳиддин Аминзода дар манзиле, ки онҳо зистаанд ва музейи нависанда – Раҳим Ҷалил дар мактаби рақами 1, дар утоқи хурде ҷойгир аст.

Ба ҷуз онҳо, ба гуфтаи Фароғат Усмонова, сармутахассиси раёсати фарҳанг  дар маркази вилоят се осорхонаи дигари ҳунарварон ва донишмандони маъруф таҳти сарпарастии раёсати фарҳанг қарор доранд.

Ӯ гуфт дар бархе шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳам дӯстдорони адаб ва фарҳанг бо дастгирии ҳукумат ба хотири зинда доштани ёди бузургони илму адаб ва нишоне аз онҳо осорхонаҳо боз кардааст. Аз ҷумла, дар Исфара осорхонаи Муаззама Аҳмадова – адиби тозагӯи ҷавонрафтаи тоҷик, муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои “Савори аспи сафед” ва дар шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт осорхонаи Маҳмуди Воҳид, ҳунарвар ва ровии хушлаҳну мондагор.

Вале он осорхонаҳо ҳам бо мушкилоти молӣ рӯ ба рӯянд. Ва ахиран осорхонаи Маҳмуди Воҳидро аз манзили оддие, ки бачагиаш дар он гузаштааст, ба музейи кишваршиносии ноҳиявӣ кӯчонида, он манзилро ба иҷора додаанд.

Дар ин миён осорхонаи Ҷӯрабеки Мурод, ҳофизи номвар ва дорандаи унвонҳои ҳофизи мардумии Тоҷикистон ва “Овозхони халқии СССР” дар ҷои мувофиқ ва муносиб, донишкадаи санъати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷойгир ва доиман мавриди боздиди мухлисону дӯстдорони ҳунар ва шогирдони устод  Ҷӯрабек   аст.

Фароғат Усмонова афзуд, ки сарпарастии осорхонаҳои Мирзо Турсунзодаву Муҳиддин Аминзода бар зиммаи Академияи улуми кишвар аст. Аз ин рӯ дар бораи ояндаи онҳо чизе гуфтан наметавонад.

Масъулони фарҳангу адаби Суғд дар солҳои охир рӯйхати осори таърихиву дидании минтақаро ҷиҳати муаррифӣ ва ҷалби сайёҳон таҳия карда, вале байни онҳо осорхонаҳои адибони маъруф  ҷой надорад.

Ин дар ҳолест, ки дар мактабу донишгоҳҳо ба кӯдакону ҷавонон зиндагиномаву осори адибони номвар, аз ҷумла Айниву Турсунзодаро меомӯзанд ва даҳҳо соат дарс мегӯянд. Вале барои шиносоӣ бо осори зинда, манзил, дастнавис, қалам, китобу мизу курсӣ, суҳбат бо ҳамсару фарзандони онҳо, ки дар зеҳни хонандагону донишҷӯён ва ҳар афрод шахсияти он адибу олиму марди давлатиро пурратар муҷассам мекунад, соатҳо ва дарсҳои амалие ҷудо нашудааст. Ифтихор аз адабиёту забони давлатӣ, миллату ватан ва давлатдории миллӣ умдатан дар толорҳо бо баргузории ҷаласаҳои тантанавӣ ва шеъру сурудхонӣ ва аксаран хушку якранг тарғиб мешавад. Мисли саҳнаороӣ дар толорҳои театри ҳаваскорони беҳунар. Вале аз шинос кардани ҷавонон бо осори зиндаи шахсиятҳои маъруфи адабиву фарҳангӣ сарфи назар мешавад.

Замони мобилу компутер ва интернет:

оё осорхонаҳо ба насли наву ояндагон даркоранд?

Посухи дӯстдорони адаб ва фарҳанг як аст, ки чунин осорхонаҳо бошанд ва қадамҷои онҳо бошад. Аммо бархе дигар ҳифзи онҳоро дар замони муосир, давраи интернету мобилу компутер барои насли нав чандон зарур ва посухгӯ ба талаботҳои нави замону Тоҷикистони муосир ва насли нави миллат намедонанд. Инро мусоҳибони мо дар суҳбатҳои сарироҳӣ баён доштанд.

Шариф – амак : “Осорхона ба шакли аслиаш монад, беҳтар. Хонаҳои навро дар ҳар ҷо сохта истодаанд. Ин хонаи таърихӣ, Мирзо Турсунзода зиндагӣ кардаанд, қаҳрамони халқи тоҷик. Бачаҳо, мактабхонҳову донишҷӯён меоянд, бо зиндагиномаву китобҳои шоири ҳақрамони халқи тоҷик шинос мешаванд. Дар дилашон эҳсоси ифтихор аз забони модариамон, ватан ва миллатӯстӣ боло мегирад.“

Рухсора, донишҷӯ: “Дар мактаб шеърҳои устод – Турсунзодаро азёд мекардем: Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Нав фаҳмидам, ки дар шаҳрамон осорхона ҳам доштаанд. Ҳатман ба тамошо мебиёям.”

Матин, соҳибкор: “Ҳозир шеъру суруд, китобҳо, осорхонаҳо ҳам  ба интернет гузаштагӣ, пур – пури осорхона. Барои ҳамин ба интернет гузаронанд, беҳтар. Ҳар кӣ хоҳад, дар ҷои нишастагиаш даромада тамошо мекунад.”

Ҳасанҷон, тоҷири хурд: “Ин шоиру нависандаҳои асри дигар. Давраи пеш  як умр партияи коммунистиро ситоиш карда, “ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар  тори мӯям коммунист”, гуфта мегаштанд. Ин музейҳо имрӯз чӣ даркор ? Ба кадом дарди мо мехӯрад? ”

Амирхон, бекор: “99 фоизи аҳолии кишварамон мусулмон мегӯем. Аммо то ҳозирам  ба ходимони партияи коммунистию унвондор ҳайкал монда, музей кушода, қаҳрамонҳои давраи гузаштаро парастиш карда гаштаем. Чӣ даркор ҳамин хел корҳо ?”

Аҳмадҷон, корманди ҷавони донишгоҳ: “Не, не. Шеъру достонҳо устод – Турсунзода имрӯз ҳам зиндаанд.

Ҷони ширин ин қадар ҷангам макун,

 Ин қадар беҳуда дилтангам макун.

Гашта – гашта аз сафар боз омадам,

Боз дар наздат ба парвоз омадам.

Ё ки шеъҳояш дар бораи модар, ватан :

Ватан, дар ҳар куҷо омад ба сар форам ҳавои ту,

Ман аз он суи уқёнус бишнидам ҳавои ту.

Ман қадри шоиру ин шеърро дар Амрико вақти таҳсилу кор донистам ва баъзан аз ёду  ишқи ватан ашк аз чашмонам мерехт…”

Аксари осорхонаҳои шахсиятҳои машҳур дар Тоҷикистон табиист, ки бозмонда аз давраи шӯравӣ аст. Он осори таърихи адаби давлати сотсиалистии СССР – ро зимомдорони вақт барои тарғибу ташвиқ ва тарбияти коммунистии насли ҷавон истифода мекарданд. Ҳоло дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли демократӣ ва дунявӣ  карду кору корномаҳои он шахсиятҳо ва осори онҳо ба сурати комил баҳогузориву нақд нашудааст. Дар мавриди бастану аз байн бурдан ё ба чи шакле нигоҳ доштани онҳо барои ояндагони давлати демокративу озоди Тоҷикистон дар оянда низ тасмими мушаххасе  гирифта нашудааст.

Нуктаи доғи баҳсбарангез ҳам сари он аст, ки оё осорхонаҳои ходимони маъруфи давлатӣ, илму адаб ва ҳунари  давраи шӯравӣ барои наслҳои оянда ба ҳамон шакли аслӣ нигоҳ дошта шаванд ё беҳтар мебуд гулчини саҳифаҳое аз зиндагинома ва асарҳои адибону ҳунарварону донишмандону давлатмардон, ки дархӯри хостаҳову ормонҳо ва ҳадафҳои наслҳои ояндаи миллати тоҷиканд, дар маърази намоиши имрӯзиёну ояндагон гузошта шавад?

Ҳоло посухи аниқу равшан ва посухгӯ ба ҳадафҳои давлат ва ҷомеаи навини Тоҷикистони қонунан демократӣ ба ин саволҳо ба назар намерасад.

Ҳамин тавр,  ҳоло ба мо маълум нест оё барои гиромидошти осори адибони номвари тоҷик ва муаррифии онҳо ба ояндагони миллат дар минтақаҳои дигари Тоҷикистон чӣ корҳое анҷом додаанд? Оё китобхонаи Гулрухсор дар зодгоҳаш чӣ вазъ дорад, дар Кӯлоб ба Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва Искандари Хатлонӣ дар мактаб ё зодгоҳашон ақалан гӯшаеро боз карда, китобҳояшонро гузоштаанд, дар Панҷакент устодони насри навини тоҷик: Урун Кӯҳзоду Сорбону Баҳманёр ва Рустами Абдулқодиру… осори арзишмандашонро чӣ гуна гиромӣ медоранд ва муаррифӣ мекунанд ?…

Мақбара, боғ, хонаи Камол ва осорхонаи адибон

… Дар канори рӯди Сир ва Қалъаи кӯҳнаи Хуҷанд ва боғи ҳамноми шоири классик ҳарчанд рамзианд, вале намунае рӯшан аз гиромидошти як шоири бузурги миллати тоҷик дар зодгоҳаш аст. Камоли Хуҷандӣ дур аз ватан ва дар ғарибӣ, дар шаҳри Табрези Эрон ба гуфтаи худаш, “ҷон ба сахтӣ дод”,  вале баъд аз анқариб 7 қарн дар канори рӯди Сир ёду хотираш маконе ёфт. Маркази пажуҳиши Камол ҳар сол даҳҳо мақолаву маҷмӯаҳову рисолаву китобҳо дар бораи камолшиносӣ ва мавзӯъҳои марбут ба мавриди назар ба нашр мерасонад.

Ин ормон ҳанӯз аз давраи шӯравӣ дар дилҳои аҳли илму адаб ва фарҳанги тоҷик маъво дошт, ки замони истиқлоли Тоҷикистон, соли 2015, ба ифтихори  700 солагии Камол  шикаста шуд.

“Боз шудани ҳар осорхона барои мо ид буд. Устод Раҳим Ҷалил, ки раҳбари бахши иттифоқи адибон дар вилояти Суғд буданд, борҳо мегуфтанд, ки як осорхоае бисозем, ки дар он ақаллан аз Маҳастиву Камол то шоиру нависандагони имрӯза ақалан тарҷумаи ҳол,  намунаҳои асарҳову китобҳои онҳо гузошта шаванд. То ояндагон онҳоро донанд ва асарҳояшонро хонанд омӯзанд. Лекин умрашон вафо накард ва ин орзуяшон амалӣ нашуд.” – мегӯяд Муаттар Ғаниева, мудири осорхонаи Мирзо Турсунзода дар шаҳри Хуҷанд.

Ин нияти насли пешини ҳамқаламони худро раҳбарияти имрӯзаи бахши суғдии иттиҳоди адибони Тоҷикистон, таҳти раҳбарии раиси бахш, шоири тавоно – Аҳмадҷони Раҳматҷон бояд амалӣ кунад. Дар остонаи 70 – умин солгарди таъсиси бахши суғдии адибон, ки соли ояндаи 2024 истиқбол мешавад, бо дарёфти ҷои муносибе, ки албатта, барои фароҳам кардани он дастгирии ҳукумат зарур меояд, ин орзу ҷомаи амал хоҳад пӯшид.

Албатта, ёфтани ҷойу макон, муҷаҳҳазонидан бо асбобу ашё, боз кардан ва фаъол доштани осорхона бо ходимони доимии моҳонагир аз мушкилотии аслии таъсис ва бозу фаъол доштани онҳо аст. Зиёд чунин иттифоқ меафтад, ки ба ифтихори таҷлил аз ҷашни зодрӯзи шахси номдоре осорхонаи ӯро боз мекунанд, вале бо гузаштани тантанаҳо дари онро мебанданд. Мисле ки намоиш аз осори маънавии шахсиятҳои номдори миллат ва ифтихор аз онҳо ба намоишу шиорбозӣ табдил ёфтааст.

“Майдони ситораҳо” – и дурахшон ва вазъи ногувори осорхонаи Турсунзода

Аммо ба назар мерасад, дар сурати хостан ва барномарезии мақомот мешавад осорхонаҳоро барои имрӯзиёну ояндагон боз нигоҳ дошт. Мисоли рушанашро ба чашм дар  “Майдони ситораҳо” – и Хуҷанд мебинем. Он ҷо аз давраи шӯравӣ нимпайкараи шахсиятҳои маъруф ва ходимони барқарорсозии сохти сотсиалистиро мегузоранд ва рӯзҳои мо, пас аз се даҳсолаи давраи истиқлоли Тоҷикистон ҳам шумораи онҳо сол то сол рӯ ба афзоиш дорад.

Зимнан, ин майдони гулпӯш бо нимпайкараҳои рангмолишуда айнан дар рӯ ба рӯи осорхонаи Мирзо Турсунзода ҷой гирифтааст, ки шаҳрдории Хуҷанд  барвақт тасмим гирифтааст он биноро бо осорхонааш хароб кунад ва ҷояш баландошёна бардорад.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб, махсус барои “Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь