Донишгоҳи Славянии Россия – Тоҷикистон нахустин муассисаи олии таълимии муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия буда, соли 1996 таъсис ёфтааст ва статуси донишгоҳи давлатии ду кишвар – Россия ва Тоҷикистонро дорад. Дар маросими ифтитоҳи он Асосгузори сулҳу ваҳдат ва Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон расман иштирок намуда, ифтитоҳи онро як дастоварди бузург номид. Нахустин ректори донишгоҳ номзади илмҳои таърих, дотсент, академики академики илмхои социологи ва сиёсатшиносии Федератсияи Россия Саторов Абдуҷаббор Саторович таин шуд. Феълан ректори Донишгоҳи Славянии Россия – Тоҷикистон доктори илмҳои филологӣ, профессор Салихов Нуралӣ Назарович мебошад. Мавсуф дар ҷашни 20 солагии Донишгоҳ дар соли 2016 бо мукофоти баланди давлатӣ – медали Пушкин мукофотонида шудааст.
Донишгоҳи мазкур дар тӯли 22 соли фаъолияти худ бо тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҳаёти халқи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, дар айни замон дар 33 кафедраи донишгоҳ 237 нафар омӯзгорони штатӣ ва 45 нафар омӯзгорони беруна фаъолият мекунанд, ки аз онҳо 41 нафарашон докторони илм, 129 нафарашон номзади илм, 53 нафар дорои унвони дотсент, 17 нафар профессорон, 5 узви пайваста ва узви вобастаи Академияиҳои илми гуногуни ФР, 3 академики АИ ҶТ, 5 узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Саҳми устодони дорои унвонҳои илмӣ 61,8%-ро ташкил медиҳад. Миқдори донишҷӯён 6646 нафарро ташкил медиҳад, ки 4425 нафар дар шӯъбаи рӯзона ва 2222 нафар дар шӯъбаи ғоибона таҳсил мекунанд. Аз ин шумора 3856 нафар донишҷӯён ба таври шартномавӣ ва 2790 нафар ба таври буҷавӣ таҳсил мекунанд.
Моҳи майи соли равон Донишгоҳ соҳиби Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ дар ҳама самтҳои маълумоти олӣ (бакалавриат, мутахассис, магистратура, омодасозии кадрҳои дараҷаи олӣ) ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ оид ба ҳамаи зинаҳои маълумоти умумӣ (ибтидоӣ, асосӣ ва миёна) гардид.
Факултетҳо ва кафедраҳо
Дар Донишгоҳи славянии Россия –Тоҷикистон 6 факултет ва 33 кафедра амал мекунад:
Факултети таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ
Факултети идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ
Факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнология
Факултети иқтисодӣ
Факултети ҳуқуқшиносӣ
Факультети забонҳои хориҷӣ
Факултети «Таърих ва муносибатҳои байналхалқӣ» 7 кафедраи махсусгардонидашудаи зеринро дорост: – «Таърихи ватанӣ»; «Таърихи умумӣ»; «Муносибатҳои байналхалқӣ ва дипломатия»; «Фалсафа ва сиёсатшиносӣ»; «Фарҳангшиносӣ»; «Забони англисӣ»; «Педагогика, равоншиносӣ ва методикаи таълим».
Факултети «Идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ» соли 2015 таъсис ёфта 4 кафедраро дар бар мегирад: «Менеҷмент ва туризм»; «Информатика ва системахои итилооти»; «Математика» ва «Илмҳои табиӣ-гуманитарӣ». Шумораи донишҷӯёни факултети мазкур дар шӯъбаи рӯзона 677 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона – 312 нафарро ташкил медиҳанд. Донишҷӯёни факултети мазкур ҳамеша дар олимпиадаи Cisco-ва озмунҳои марбут ба самти инноватсия ва технология иштирок намуда, ғолиб меоянд. Хатмкунандагони факултети «Идоракунӣ ва технологияи иттилоотӣ» дар бозори меҳнат талабгорони зиёд доранд ва муҳасилин хатто аз курсҳои 3 ва 4 ба кор ҷалб карда мешаванд.
Дар базаи «Факултети филологияи рус, журналистика ва медиатехнология» кафедарҳои зерин амал мекунанд: – Кафедраи забони англисӣ (байнифакултавӣ); Кафедраи филологияи англисӣ; Кафедраи забонҳои романӣ-олмонӣ; Кафедраи телевизион ва радиошунавонӣ; Кафедраи журналистикаи ватанӣ ва байналхалқӣ; Кафедраи адабиёти ҷаҳон; Кафедраи матбуоти чопӣ ва PR; Кафедраи забони русӣ;
Кафедраи забони тоҷикӣ; Кафедраи забонҳои шарқ; Кафедраи забоншиносии назариявӣ ва амалӣ.
Кафедраҳои «Ҳисобот, таҳлил ва аудит», «Молия ва кредит», «Назарияи Иқтисодӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ», «Иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ» ба факултети иқтисодӣ шомиланд.
Факултети ҳуқуқшиносӣ бошад, 6 кафедраро дар бар мегирад: – «кафедраи низоми давлатӣ ва ҳуқуқ», «ҳуқуқи шаҳрвандӣ», «ҳуқуқи байналхалқӣ ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ», «ҳуқуқи соҳибкорӣ», «ҳуқуқи ҷиноӣ», «мурофиаи ҷиноятӣ ва криминалистика».
Вобаста ба гузариш ба низоми кредитӣ-рейтингии таълим, дар донишгоҳ технологияҳои нави таълимӣ ворид гардидааст. Бо қарори роҳбарияти ДСРТ имтиҳонҳо ба таври тестӣ, аз ҷумла, дар реҷаи онлайн тестгирӣ қабул карда мешаванд.
Фаъолияти илмӣ- тадқиқотӣ
Дар донишгоҳ ҳайати устодон ва профессорон аз рӯйи як қатор самтҳо: филология, рӯзноманигорӣ, фарҳангшиносӣ, сиёсатшиносӣ, фалсафа, равоншиносӣ, иқтисодиёт, ҳуқуқшиносӣ, таърихи Тоҷикистон ва Россия,технологияҳои иттилоотӣ, инчунин илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, аз қабили: риёзиёт, физика, биология, химия фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Дар соли 2018 ҳамчун адабиёти илмӣ ва таълимӣ 396 мақолаҳои илмӣ, 18 монография, 6 китоби дарсӣ, 17 китобҳои ёрирасон, 16 дастурамалҳои таълимӣ – методӣ, 7 тавсияномаи методӣ, 6 курси лексияҳо, 12 маҷмӯаҳо, 4 луғатнома, 1 маҷмӯи масъалаҳо, 4 маҷмӯаи масъалаҳои тестӣ, 4 хрестоматия чоп карда шуданд. 4 шумораи маҷаллаи «Вестник университета» дар соли 2018 чоп карда шуд. Дар Донишгоҳ дар назди ҳар як факултет ташкилоти илмии донишҷӯён, ҳамчун клуби «Дипломати ҷавон», ташкилоти илмӣ-эҷодии «Адиби ҷавон», гурӯҳи «Корвони маданият», «Фалсафа, сотсиология, сиёсатшиносӣ», маркази донишҷӯии «Коркарди баномаҳо ва лоиҳакашии низоми иттилоотӣ» ва ғайра амал мекунанд.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то июли соли 2018 ҳайати профессорон ва муаллимони донишгоҳ дар 64 конференсияҳои байналхалқӣ ва 34 ҷумҳуриявӣ, 4 миззи мудаввари байналхалқӣ ва 3 семинарҳои байналхалқӣ иштирок ва баромад карданд.
Донишҷӯёни ДСРТ 10 марти соли равон дар олимпиадаи «Кубоки АИ ҶТ» иштирок карда, дар соҳаи «Технологияи иттилоотӣ» ҷои якум, дар самти «Сиёсатшиносӣ» ҷои 2-юм ва дар сомти «Иқтисод», «Ҳуқуқ» ва фанни «Химия» ҷои сеюмро ба даст оварданд.
Раёсати таълимию методӣ
Раёсати таълимию методӣ яке аз зерсохторҳи пешрави муассисаи байнидавлатии маълумоти олии Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистон дар низоми идоракунӣ ва координатсияи ҷараёни таълим ба ҳисоб меравад. Барои иҷрои вазифаҳои ба зимаи Раёсати таълимию методӣ гузошташуда дар таркиби он шӯбаҳои таълим, ташкили дарсҳои амалӣ ва ба кор таъминкунии хатмкунандагон, шӯъбаи литсензиякунонӣ, аккредитатсия, мониторинг, аттестатсияи маълумот ва магистратура, шӯъба оид ба технологияи инноватсионӣ ташкил шудаанд.
Дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон аз соли 2011 шӯъбаи магистратура фаъолият мекунад. То соли 2013 магистратура танҳо дар шӯъбаи рӯзона мавҷуд буд ва аз соли 2013 тайёр намудани магистрҳо дар шӯъбаи ғоибона низ ба роҳ монда шуда, дар айни замон 766 нафар аз рӯи 22 барнома ва 11 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Таҳсили магистрҳо дар Донишгоҳ мувофиқи маълумотҳои федералии маълумоти олӣ татбиқ карда шуда, тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ аз рӯи ихтисосҳои зерин идома дорад: – 46.06.01 – Таърих ва бостоншиносӣ; 07.00.02 – таърихи ватанӣ; 38.06.01– Иқтисодиёт; 08.00.05 – назарияи иқтисодӣ; 42.06.01 – Васоити ахбори омма ва кори иттилоотӣ- китобдорӣ; 10.01.10 – журналистика; 45.06.01 – Забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ; 10.02.20 – забоншиносии қиёсӣ-таърихӣ, типологӣ ва муқоисавӣ.
Дар донишгоҳ шӯрои дисертатсионӣ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба профилҳои рӯзноманигорӣ, таърихи қиёсӣ, забоншиносии типологӣ ва муқоисавӣ ва 2 шӯрои дисертатсионии муштарак оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ оид ба ихтисос, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодиёт ва идоранамоии хоҷагиҳои халқ фаъолият мекунад.
Институти такмили ихтисос
Дар сохтори Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон аз соли 2007 Институти такмили ихтисос амал мекунад ва бо мақсади расонидани кӯмаки методӣ ба омӯзгорони забон ва адабиёти рус, ки дар мактабҳои русӣ ва тоҷикӣ кор мекунанд, ташкил шудааст. Дар давоми фаъолияти институт зиёда аз 1100 нафар омӯзгорони забон ва адабиёти рус ихтисоси худро боло бардошта, ҳуҷҷати заруриро ба даст оварданд. Омӯзгорони Институти такмили ихтисос курси такмили ихтисосро на танҳо дар Душанбе, балки бо ташкили курсҳои сайёр дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд, Хоруғ, Норак баргузор намуда, дар минтақаҳо низ ба омӯзгорон кӯмак карданд.
Фаъолияти донишкадаи мазкур дар болоравии сатҳи забондонии устодон ва мустаҳкам намудани мавқеи забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистион хеле баланд аст.
Дар доираи Барномаи рушд дар донишгоҳ, инчунин Маркази забон ва маданияти рус, Маркази манбаъҳо оид ба сайёҳӣ ва ғайра ташкил карда шуданд. Аз соли 2016 парки технологии донишгоҳ ба фаъолият шурӯъ кард, ки дар базаи он лоиҳаи электронии ректорати ДСРТ татбиқ мешавад
Таҳсилоти фосилавӣ
Дар донишгоҳ таҳсилоти фосилавӣ – тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ буда, таълимро дар фосила, бе иштироки бевоситаи шахсии омӯзгор ва таълимгирандагон имконпазир мегардонад. Таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди таҳсили ғоибона ва ҳам рӯзонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст. Фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводи таълимӣ на соҳибихтиёрона, балки пайваста бо муносибат бо омӯзгор (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, скайп, семинарҳо дар режими оnline) аз худ мешавад. Шарти асосии ворид шудан ба система мушаххас намудани рамз ва логини ҳар истифодабаранда мебошад, ки ба ин восита метавон аз имконоти мавҷуда ба таври шаффоф истифода намуд.
Лабораторияҳо
Дар рафти тамошои синфхонаҳо ва лабораторияҳо моро шароити комилан муҷаҳҳазгардонидашудаи кабинетҳои фаннӣ ва лабараторияҳо дар ҳайрат гузошт, ки то ба имрӯз дар дигар ҷой дучор наомада будем. Бахусус лабараторияи криминалистӣ, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи инноватсионии Рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 дар назди кафедраи мурофиаи ҷиноӣ ва криминалистика соли 2016 таъсис дода шудааст, бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида шуда, бо донишҷӯён имконият медиҳад, ки аллакай дар рафти машғулиятҳои амалӣ бевосита бо дастгоҳҳои муосир ва компютерҳо кор карда, ҳама нозукиҳои касбро аз худ намоянд. Лабаратоирияҳо аз фанни химия ва физика низ ба назари мо дар ҷумҳурӣ ҳамто надорад. Тамоми синфхонаҳои фаннӣ бо компютерҳо ва тахтаҳои электронии муосир ҷиҳозонида шуда, ба муҳассилин имконият медиҳад, ки дониш ва малакаи худро бе ягон маҳдудият такмил дода, чун мутахассиси хуб ба воя расанд. Шароити китобхона, толори дарстайёркунӣ, толорҳои варзишӣ ва марказҳои омӯзишии донишгоҳ низ дар сатҳ ва дараҷаи баланд қарор доранд, ки аз он кулли донишҷӯён ва устодон ифтихор мекунанд.
Фаъолияти байналхалқӣ ва ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ
Донишгоҳ бо зиёда 132 донишгоҳҳои хориҷӣ ва дигар сохторҳои илмӣ таълимии Россия, Белоруссия, Украина, Қазоқистон, литва, Япония, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ҳамкориҳои шарикона дорад. Танҳо дар шаш моҳи соли 2018 21 созишнома бо донишгоҳҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо донишгоҳҳои Словения, Хитой, Белоруссия, Қазоқистон ва Россия ба имзо расонида шудааст. Донишгоҳ соли 2017 Эъломияи ҳамбастагии донишгоҳҳои Хитой ва кишварҳои Осиёи Миёнаро ба имзо расонд. Ба ҳамбастагии мазкур зиёда аз 50 мактаби олӣ аз Хитой, Россия, Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Муғулистон ва Покистон шомил гардиданд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти байналмилалии ДСРТ қабули шаҳрвандони хориҷӣ мебошад. Дар айни замон миқдори умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар ДСРТ таҳсил мекунанд 397 нафарро аз 15 кишвари ҷаҳон ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2017-2018 дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ 73 нафар донишҷӯён ба донишгоҳҳои хориҷӣ, асосан ба донишгоҳҳои Хитой -24, Россия -31 ва Қазоқистон фиристода шуданд.
ДСРТ дар якчанд баномаҳо ва лоиҳаҳои маълумоти байналхалқӣ иштирок мекунад, ки ин низ аз мавқеъ ва рейтинги баланди донишгоҳ гувоҳӣ медиҳад:
1.Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Муттаҳид
2. Донишгоҳи созмони ҳамкориҳои Шанхай (ШОС)
3. Лоиҳаи «UNICO» (Иттиҳоди Аврупо)
4. Лоиҳаи «gSmart» (Иттиҳоди Аврупо)
5. Лоиҳаи «CANEMII» (Иттиҳоди Аврупо)
6. Реформаи маълумоти ҳуқуқшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Асотсиатсияи амрикоии ҳуқуқшиносон)
7. Донишгоҳи Тарту (Донишгоҳи Аврупо)
8. Донишгоҳи Залсбург (Донишгоҳи Аврупо)
9.Донишгоҳи техникии Дрезден
10. Донишгоҳи Даугавпилск.
11.Донишгоҳи Лас-Палмас де Гран Канария.
Дар доираи барномаҳои мубодилаи академӣ 48 нафар омӯзгорон ва кормандон ба сафари химатӣ ба донишгоҳҳои хориҷӣ, асосан ба донишгоҳҳои Австрия, Озорбоҷон, Олмон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Хитой, Португалия, Полша, Руссия, Туркманистон, Эстония, Ҷопон фиристода шуданд, ки чунин сатҳи баланди мубодилаи кормандон дар донишгоҳҳои дигар ба чашм намерасад.
Хобгоҳ
Донишгоҳ дорои хобгоҳи бо ҳама шароитҳо мувофиқ мебошад, ки соли 2017 ба истифода дода шудаст. Дар хобгоҳи донишгоҳ 210 ҷой мавҷуд аст ва дар ҳар як ошёна ҷой барои омода намудани таом ва шустушӯ ҷудо карда шуда, бо бухориҳои барқӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар айни замон дар хобгоҳ 172 нафар донишҷуён истиқомат мекунанд. Ба ятимони кул хобгоҳ ройгон пешниҳод карда шуда, инчунин онҳо ҳар моҳ дар баробари идрорпулӣ бо кумаки ҳармоҳа ба андозаи 750 сомонӣ таъмин карда мешаванд.
Дарсҳои таҷрибавӣ ва дараҷаи ба кор таъминшавии хатмкунандагон
Дар Донишгоҳи славянии Россия -Тоҷикистон таълим аз рӯи 16 самти бакалаврӣ, 1 самти спетсиалист (тарҷума ва тарҷумашиносӣ), 11 самти магистратура дар асоси шартномаҳо пеш бурда мешавад. Донишгоҳ бо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ робита барқарор намуда, намояндагони ташкилотҳо ва ширкатҳо зуд зуд бо роҳбарони донишгоҳ ва факултетҳо барои гузаронидани сӯҳбат бо хатмкунандагон во мехӯранд. Дар айни замон барои гузаронидани дарсҳои таҷрибаомӯзӣ зиёда аз 100 шартномаи дарозмӯҳлат баста шудааст, ки аз он 46 шартнома бевосита ба масъалаи дар оянда ба кор таъмин намудани хатмкунандагони баландихтисос марбут аст.
Ба ғайр аз ин Донишгоҳ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои дахлдори он дар масъалаи тақсимоти хаткунандагон бо ихтисосҳои педагогӣ, аз ҷумла филология, таърих, маълумоти педагогӣ (Забони русӣ ва адабиёт), «математика», «биология», «химия») ҳамкории ҷиддӣ дорад ва хамткунандагони ихтисосҳои мазкур дар мактабҳо ба кор гирифта мешаванд. Талабот ба омӯзгороне, ки Донишгоҳи славянии Россия – Тоҷикистонро хатм мекунанд дар мактабҳо зиёданд ва хатмкунандагони ихистсоҳое чун «Иқтисод», «Менеҷмент», «Лингвистика», «Журналистика» ва ихтисоси «Информатикаи татбиқӣ» низ зуд ба кор таъмин карда мешаванд.
Омӯзиши мо нишон дод, ки дар ҳалли масъалаҳои ба кор таъминкунии хаткунандагон рейтинг, обрӯ ва нуфузи Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон хеле баланд буда, дар бозори меҳнат ва хизматрасониҳои таҳсилотӣ саҳми беназир дорад ва тибқи талаботи замон мутахассис омода мекунад.
«Ректори ДСРТ даъват мекунад»
Дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон маҳфиле бо номи «Ректори ДСРТ даъват мекунад» амал мекунад, ки дар он ҳар чанд вақт намояндагони илму ҳунар ва устодони санъати тоҷик даъват карда мешаванд ва онҳо дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни донишгоҳ бо баромадҳои ҷолиб ва хотирмони худ хотири ҳозиронро шод мекунанд. Иштирок ва баромади дастаи эҷодии Театри академикии давлатии ба номи Садриддин Айнӣ, артистии халқии Тоҷикистон Марат Орипов, артистии халқии СССР Ҳошим Гадоев, рассоми халқии Тоҷикистон Вафо Назаров, артисткаи халқии ҶШС Тоҷикистон ва СССР Зебо Аминзода, дар маҳфили «Ректори ДСРТ даъват мекунад» қатрае аз баҳр аст, ки чун рамзи эҳтироми устодони санъат қайд карда мешавад.
12 ноябр дар арафаи ҷашни «Рӯзи Президент» дар РТСУ консерти ансабли симфонии давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор градид, ки маҳз бо даъвати ректори донишгоҳ дар маҳфили «Ректори ДСРТ даъват мекунад» сурат гирифт.
Ба ҷои хулоса
Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон бузургтарин лоиҳаи муштараки таълимии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар айни замон яке аз бонуфузтарин муассисаи олии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар тӯли 22 соли фаъолияти худ Донишггоҳи славянии Россия-Тоҷикистон ба як донишгоҳи бузурге табдил ёфтааст, ки бо тайёр намудани мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ дар рушду нумӯи ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошта, ба макони таҳсил ва орзуву омоли даҳҳо ҳазор довталабон табдил ёфтааст. Ҳазорҳо хатмкунандагои мактабҳои миёнаву литсейҳо ва ҳатто коллеҷҳо дар орзуи онанд, ки ба донишгоҳи мазкур қабул шуда, соҳиби дониш, касби хуб ва дипломи он гарданд. Зеро бо дипломи Донишгоҳи мазкур, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар дилхоҳ шаҳрҳо ва минтақаҳои Россия низ кори лоиқи дил ёфтан мумкин аст. Марҳамат ба Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон – донишгоҳи орзуҳо!
Холиқи Муҳаммадназар,
Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон