(Чанд пора меҳр аз фаъолияти меҳнатии устоди зиндаёд, дотсенти факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон Маҳмудҷон Шарифзода)

Чунон кун зиндагонӣ дар замона,

Ки аз вай зинда монӣ, ҷовидона.

Номи нек ва эътибори баланду муҳаббати ватандорӣ, дар ҷомеаи мардумсолори башардӯсти мо – тоҷикон соҳиби ҷойгоҳи хоса буда, на ҳар кас метавонад, ки дар чунин ҷомеа бо кору пайкор ва муҳаббату самимияти баланди инсонӣ соҳиби ҷойгоҳи пурарзише бигардад. Устоди зиндаёд Маҳмудҷон Шарифзода, ки баъди хатми мактаби миёнаи 40-солагии октябри ноҳияи Конибодом, соли 1956 вориди Донишгоҳи ягонаи пурэътибори пойтахти Тоҷикистони азиз, шаҳри ҷавонии биҳиштосои Душанбе гардид, бо донишу маҳорат ва ахлоқи намунавии хеш миёни шарикдорони донишгоҳӣ ва ёру дӯстонаш соҳиби хеле эътибори баланд гардида, номи некаш ифтихори ҳамагон буд. Ҳамин дидароӣ, садоқат ва самимияту муҳаббати ватандориаш замони донишҷӯӣ ӯро соҳиби мавқеъ ва макони арҷманд намуда, баъди хатми Донишгоҳ ӯро дар факултаи иқтисод, дар кафедраи иқтисодиёт ва банақшагирии соҳаи кишоварзӣ ба кор қабулаш намуданд. Ӯ тӯли бист соли фаъолияти пурсамари хеш солҳои 1961 то соли 1981 садҳо шогирдонро тарбия намуда, барои хидмати содиқона дар риштаҳои иқтисодии хоҷагии қишлоқ ва пажӯҳишу ҷустуҷӯҳои илмӣ раҳнамоияшон намудааст.

Даҳҳо шогирдонашон то ба мақомҳои баланди роҳбарии зинаҳои гуногуни мақомоти роҳбарӣ расида, худро бо ифтихори зиёд шогирди ӯ ном бурдаву мебаранд. Мактаби бузурги дониш ва фаҳму фаросати одамияти устод шогирдонашро дар рӯҳияи баланди ватандорӣ ва донишҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои илму маърифати замони нав тарбия намуда, соҳиби ҷойҳои пурэътиборашон гардонида подоши ин хидматҳо, миёни мақомдорони зинаҳои болоии кишвар номи неки устод шоистаи ифтихор гардида буд. Роҳбарияти вақти факултаи иқтисоди Донишгоҳи ягонаи пурэътибори саросарии кишвар – Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ҳамин тавонмандии зеҳнӣ ва истеъдоди фавқулодаву қобилияти баланди ташкилотчигии ӯро ба назар гирифта, соли 1981 ӯро ба мақоми раиси озоди Иттифоқҳои касабаи устодони Донишгоҳ пешбариаш намуданд. Дар ин мақоми дар он замон пурэътибор ва пурмасъулият ӯ тавонист, ки ба боварии устодону донишмандони варзидаи шӯҳратёри он сазовор гардаду мушкилкушои мушкили онҳо бошад. Иттифоқҳои касабаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, ки пурэътибортарин ниҳоди Донишгоҳ буд, ҳамаи ниёзмандон ба хотири беҳдошти шароити кору рӯзгор ба ин ниҳод иртиботҳои хеле ва хеле қавӣ доштанд. Муносибати хеле самимӣ ва ахлоқи баланди классикии устод ин мақомро хеле соҳибэътибор намуда буд. Роҳбарияти болоии Донишгоҳ аз шахси аввали донишгоҳ то зинаҳои роҳбарикунандаи факултаҳо дар сурати раиси Иттифоқҳои касабаи Донишгоҳ мушкилкушои хешро медиданд. Ва дар худи шахсияти устод Маҳмудҷон Шарифзода, ки бо тамкину самимияту меҳрубонии зиёд миёни ҳама устодон маъруфият дошт, дар нахуст дидор ӯро аз наздиктарин наздиконашон мешинохтаанду арҷаш мегузоштанд. Ҳамин арҷу эҳтиром эътибори ӯро на танҳо миёни роҳбарияти  Донишгоҳ, балки миёни ҳама устодон зиёд намуда, ҳамагон дар сурат ва сирати поки ӯ марҳамбахшу муддавои дардҳои хешро медиданд. Банда, ки солҳои 1978 бо Донишгоҳ ҳамчун донишҷӯ баъдан ҳамчун коромӯз сару кор доштам аз забони садҳо устодони ҷавони онзамонии Донишгоҳ шунидаам, ки маҳз бо кӯмак ва дастгирии беминати Раиси Иттифоқҳои касабаи Донишгоҳ, онҳо садҳо мушкилии хешро осон барои расидан ба қуллаҳои мурод талошу заҳматҳои зиёд намудаанд. Мактаби одамият ва муҳаббати ватандории устод миёни аҳли дониш ва шогирдону коромӯзони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле пуровоза буда, он эътибор ва эҳтироми устодро боре шогирде чунин арзёбӣ намуда буд: «Бо дастгирии бевоситаи устод Маҳмудҷон Шарифзода дар Донишгоҳ соли 1983 соҳиби хона гардидам. Ва бо кӯмаку дастгирии беминаташ рисолаи номзадиро дар риштаи иқтисод дар шаҳри Ленинград дифоъ намудам. Ва шоҳиди бевоситаи ғамхориҳои падаронаи ӯ нисбат ба шогирдонаш будам». Яке аз он шогирдонаш боре дар нишасте аз ӯ ба накӯӣ ёдоварӣ намуда, ҳамин пораи шеърро ба ӯ бахшида буд:

Чу шахси хоксоре аз забоне бар забон будӣ,

Ту бо хулқи накӯи худ азизи хонадон будӣ.

Ту маҳбуби ҳама хешу табору дӯстон будӣ,

Ба хислатҳои некат ту азизи ҳар макон будӣ.

Ростӣ, чунин арҷу эҳтиром ва сипосу қадрдонии дӯстону шогирдон ва ҳамкасбону ҳамкорон дар нисбати устоди зиндаёд Маҳмудҷон Шарифзода хеле зиёд буда, ин хирадманди соҳибарҷу эҳтиром миёни аҳли дониши Донишгоҳи миллӣ соҳиби ҷойгоҳи пурарзише буда, ёди некашон дар лавҳи тилоии эътибори аҳли илму маърифати Донишгоҳи миллӣ ба абадият сабт гардидааст. Академики зиндаёди кишвар Рашид Каримов, ки солҳои зиёд роҳбарии Институти иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои собиқ Тоҷикистони Шӯравиро бар душ доштанду садҳо шогирдонро тарбия намуда ба шоҳроҳи таҳқиқотҳои илмӣ раҳсипорашон сохта буд. Бо устоди зиндаёд Маҳмудҷон Шарифзода иртиботҳои корӣ ва робитаҳои хеле хуби дӯстӣ доштанду, дар сурати поки ӯ шахсияти соҳибарҷу эҳтиром ва дорои собиқаи бузурги инсоншиносиро медиданд. Устоди зиндаёд Рашид Каримов ӯро дар бештари мавридҳо “академики мардумӣ” ном мебурданд, ки ин арҷгузории ӯ воқеияти он рӯзгор буд.

Устод Маҳмудҷон Шарифзода низ ҳамеша аз ҳолу аҳволи устодони хеш бохабар буданду, ба аёдаташон мерафтанд. Ҳамин дидароӣ ва самимияту муҳаббати башардӯстиаш буд, ки миёни аҳли илму хиради кишвар соҳибэҳтиром буданд. Ва аксари донишмандону фарҳангиёни кишвар, ки ба ӯ арҷу эҳтироми хоса доштанд, ӯро баландахтар, яъне соҳиби эътибори баланд ном мебурданд. Баробари пайдо шудани он дар дилхоҳ чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ ва суннативу иҷтимоӣ ҳамагон мегуфтанд: «Омадани устод – муждаи нек буда, бо боварӣ метавон гӯем, ки ин чорабинӣ бо фазлу фаросати баланди инсонӣ пушти сар хоҳад шуд». Ва ҳамин тавр ҳам мешуд. Чеҳраи кушодаи хирадмандона ва лутфу меҳрубонии башардӯстонааш ба ҳама маҳфилҳо нуру зиё мебахшид. Шояд ҳамин хулку атвори башардӯстиаш бошад, ки ҳамагон чӣ мақомдорони илм ва сиёсиву иҷтимоӣ ва мақомҳои роҳбарии ҳукуматӣ бо арзу эҳтироми зиёд номашро ба забон оварда, ба он чорабиниҳо мехондандаш. Будани ӯро дар он маҳфилҳо фоли нек арзёбӣ мекарданд. Ана ҳамин мактаби одамиятшиносӣ ӯро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон соҳиби эътибори хеле баланд намуда буд.

Хонадони покмаҳзари устод низ чун ӯ соҳиби арҷу эҳтироми хеле зиёд буда, ҳама фарзандон соҳибмаълумоту соҳибэҳтиром ва дар ҷамоаи мардумсолории Тоҷикистони азиз соҳиби обуруву эътибори баланд мебошанд. Устоди зиндаёд то вопасин лаҳзаи умр дастгири беминнати аҳли қалам ва фарҳанги кишвар низ буда, инҷо мехоҳам ёддоштҳои шоири халқии Тоҷикистон донишманд ва муҳақиқи шинохтаи таърихи тамаддуни Ориёӣ, устод Мӯҳтарам Хотамро манзури хонандагон гардонам, ки гувоҳи ҳама дастгириҳои беминнати устоди зиндаёд мебошанд. «Бо устоди зиндаёд Маҳмудҷон Шарифзода дер боз ошноӣ доштаму, муҳаббати ватанхоҳӣ ва фарҳангдӯстиаш моро бо ҳам хеле наздик карда буд. Ҳамеша ҳангоми мулоқотҳо устод бо чеҳраи кушода ва самимияту меҳрубонӣ ҳолу аҳволи мо аҳли қаламро мепурсид. Аз пажуҳиш ва таҳқиқотҳои илмиамон хушҳол гардида, аз мушкилотҳо мепурсид. Мо аҳли қалам ва таҳқиқот фақат як мушкили доштем. Яъне барои дастраси мардум гардидани таҳқиқотҳоямон маблағи лозимиро бо мушкилии зиёд меёфтем. Ҳамингуна боре дар як вохӯрӣ устод аз ман пурсиданд, ки ҳоло болои кадом таҳқиқотҳо кор карда истидаӣ? Дар посух гуфтам, ки «Таърихи Помир» – ин китоб, ки дар ҳаҷми 700 саҳифа таҳқиқоти пурарзиши илмиву таърихӣ мебошад, ки аз набудани маблағи чоп дар гӯшаи фаромӯши афтидааст. Баъди чанд лаҳзаи огоҳ гардиданаш аз аҳволам бо дасти писараш Баҳромҷон маблағи лозимии чопи китобро ба мо расонид. Ва китобро бо теъдоди 200 нусха рӯи чоп овардем. Чӣ гуна метавон чунин дастгирӣ ва пуштибонӣ аз таърихи фарҳанги асили миллатро фаромӯш кард. Ин на танҳо дастгирии як мани шоир ва муҳақиқи тоҷик буд, балки пуштибонӣ аз сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, гувоҳи садоқати бепоён доштани устоди зиндаёд Маҳмудҷон Шарифзода ба таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад. Ана ин аст садоқати ватандориву ватансозии тоҷикона, ин аст садоқат ва дастгирӣ аз сиёсати ватансозии Пешвои муаззами миллат”.

Ҳамин гуна ёддоштҳоро дар мавриди дастгириҳои беминнати устоди зиндаёд аз забони садҳо шогирдон шунидаем. Фаъолияти меҳнатии устод то соли 1989 дар Донишгоҳи миллӣ идома ёфта, соли 1990 ӯро ба Вазорати иқтисоди кишвар ба кор даъват менамоянд. Дар ин даргоҳи пурэътибори кишвар ӯ то соли 2001 фаъолият намуда, соли 2001 барои кор ҳамчун мутахассис ба Вазорати молияи Тоҷикистон меояд. Дар ин ниҳоди пурэътибори кишвар то соли 2004 фаъолият намуда, саҳми арзандаи хешро дар рушду нумуи иқтисодиёти кишвар мегузорад. Соли 2004 ба Бонки миллии Тоҷикистон ба кор даъват гардида, то соли 2010 дар риштаҳои пурмасъулияти Бонки миллиии Тоҷикистон фаъолият менамоянд. Яъне, ҳамин дониш ва масъулияти баланди корӣ устодро лаҳзае фориғ нагузоштааст. Баъди чанде бо пешниҳод ва тавсияи шогирдон шомили Ассотсиатсияи Банкҳои Тоҷикистон гардида, то соли 2015 дар онҷо фаъолият менамояд. Новобаста аз мақому мавқеъи кориаш устод ҳамеша ва дар ҳама маврид роҳнамои беминати шогирдон буд. Ӯ дар тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сунатии кишвар ширкат намуда, пуштибони ҳамешагии сиёсати фарҳангӣ ва ватанхоҳонаи Пешвои миллат буданд. Ва воқеияти дигари ватанхоҳии устод пуштибонии ҳамешагиаш аз чорабиниҳои ҲХДТ буда, дар кулли он чорабиниҳо иштирокчии бевосита буданд. Ҳамин хидматҳои шоистаи устоди зиндаёд он будаву ҳаст, ки ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Ҷумъахон Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь