(Муруре ба рӯзгори ҳунарию эҷодии Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Муҳаммадҷони Шодӣ)

Мусаллам аст, ки фарҳангу ҳунар ба унвони равиши вежаи зиндагӣ инсонро ба офаринандагиву бозофаринӣ ҳидоят намуда, асрҳои аср ҷомеаро аз қайдубанду гирифториҳо, буҳрону бунбастҳо, уқдаву мушкилиҳо, печидагиву муаммоҳо, дарду ранҷуриҳо ва шикасту бохтҳо наҷот бахшида, дари бахту иқбол ва саодату хушбахиро ба рӯйи мардум боз кардааст. Ба ин маънӣ, Абдулқодири Бедил илму ҳунарро ҳамрадиф дониста фармудааст:

То илму ҳунар ойинапардоз нашуд,

З-иқбол даре ба рӯйи кас боз нашуд.

Пӯлод ба оҳан шараф аз ҷавҳар ёфт,

Бе илм ба зоти хеш мумтоз нашуд.

Дар зимн, донишмандоне, ки дар риштаи ҷомеашиносии ҳунар таҳқиқ кардаанд, бар ин назаранд, ки ҳунар ғаризаи офаридгории инсон дар идомаи ҳастӣ буда, ҳар камбудеро, ки инсон дар зиндагиву рӯзгор эҳсос менамояд, тавассути ҳунар ҷуброн месозад. Ин аст, ки ҳунар, пеш аз ҳама, бо офаридан ва тавлидгарии инсон иртибот дорад ва ҳар инсоне, ки бо офаридан, тавлид кардан ва бозофаринӣ сари кор гирифта, дар ин роҳ умрфарсоӣ мекунад, бешак, ҳунарманд мебошад. Муҳимтар аз ҳама, дар миёни аҳли ҳунар, ки ҳамагӣ ба тавлидгарию бозофаринӣ машғуланд, ҳунармандони асил бо завқу салиқа, диду биниш ва мушаххасоти эҷодию ҳунарӣ аз соири ҳунармандон фарқ мекунанд. Махсусан, ҳунармандони соҳаи театру синамо на танҳо барои боло бурдани завқи бадеӣ-эстетикӣ, балки ҷиҳати таҳкиму тақвият ёфтани раванди худогоҳию худшиносии ҷомеа саъю талоши фаровон меварзанд ва тариқи худсозию худафрӯзию худкифоию азхудгузарӣ ба миллату давлат хидмат мекунанд. Яке аз чунин шахсиятҳои ҳунарӣ, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳунари театрию синамоӣ бедареғ умрфарсоӣ кардааст, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон устод Муҳаммадҷони Шодӣ мебошад. Муҳаммадҷони Шодӣ (Муҳаммадҷон Шодиев) парвардаи муҳити деҳоти кӯҳистон буда, 5 январи соли 1954 дар деҳаи Сарои Деҳшурои Понғози ноҳияи Ашт ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар дабистони зодгоҳаш гирифта, дар фазои фикрию мадании музофотӣ ба воя расидааст. Муҳаммадҷони он замон наврасу ҷавон тавассути нақлу ривоятҳои пирону солмандони деҳотӣ ба ҳунари ровигӣ ва санъати актёрӣ меҳру ихлос пайдо менамояд. Бахусус, нақлу ривоятҳои солмандони деҳотӣ дар заминаи афсонаҳои мардумӣ ва достонҳои Фаридун, Соми Наримон, Золи Зар, Коваи оҳангар, Рустаму Суҳроб, Сиёвуш ва амсоли инҳо дар зеҳни Муҳаммадҷони наврас асар мегузоранд ва ӯ мустақилона дар пайи кандукову ҷустуҷӯ мешавад. Бавежа, ҳунарнамоии ҳунарманди овозадори давр устод Муҳаммадҷон Воҳидов, ки аз ҳамдиёрони Муҳаммадҷони Шодӣ маҳсуб меёфт, шуълаи санъатвариро дар дили навраси мо бармеафрӯзад. Аз тарафи дигар, мавсуф бо тақлид ба ҳунари суханварию ровигии Муҳаммадҷон Воҳидов дар чорабиниҳои мактабӣ пораҳои манзумро қироат мекард, дар озмуну мушоираҳо ширкат меварзид ва ҳунар сайқал медод.

Ҳамин тариқ, Муҳаммадҷони он замон наврас бар асари шӯру шавқи суханварию ривоятпардозӣ ба пайдо кардани байтҳои ҷудогонаи достонҳои паҳлавонии “Шоҳнома”  иқдом меварзад, ба василаи омӯзгорону зиёиёни пешқадами музофотӣ порчаҳои достонҳои паҳлавониро дарёфта ҳифз мекунад, бар мабнои муҳтавои осори ҳамосӣ сужа месозад, тайи хилватгаҳи танҳоӣ нақшофарӣ менамояд, асрори сухан меҷӯяд, бо қаҳрамонону паҳлавонон ҳамроз мешавад ва ба истилоҳ, роз мегушуяд. Тадриҷан Муҳаммадҷон бардоштҳои муқаддимотиашро дар заминаи персонажҳои афсонаву ривоятҳои мардумӣ ва бахусус, паҳлавонони достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ дар қолиби сенарияҳои хурд рехта, коргардонӣ карда, дар чорабинию маҳфилҳои фарҳангӣ-фароғатии мактаб ба намоиш мегузорад. Аз он замон шуруъ карда, ровигӣ ва суханварию актёрӣ ба равиши зиндагии шахсию эҷодии Муҳаммадҷон табдил меёбад ва бо ҳунар абадан ҳамқисмат мегардад. Ровигӣ дар маҳфилу нишастҳои фарҳангию фароғатии мактабу Шурои деҳот, инчунин тарҳи сенарияҳои хурд ва коргардонии намоишномаҳо дар муҳити мадании деҳот ӯро миёни ҳаммактабону ҳамдеҳагон ва аҳли ҷамоатчигии музофотӣ маъруф месозад. Ва билохира шӯру шавқ ва салиқаи вежаи эҷодӣ Муҳаммадҷонро ба ҳалқаи ҳунарӣ шомил сохта, бо ҳунар ҳамунс менамояд ва ҳамин тур, ҳолу ҳавои ҳунарӣ сарнавишти минбаъдаи ӯро рақам мезанад.

Ба ин тартиб, Муҳаммадҷони Шодӣ соли 1975 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (имрӯза Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода) дохил шуда, ин боргоҳи ҳунари ҳирфаиро соли 1979 бомуваффақият хатм мекунад. Ҳанӯз айёми донишҷӯйӣ бо ҳунари вежаи суханварӣ миёни ҳайати омӯзгорию донишҷӯйӣ шуҳрат пайдо менамояд, то ҷое ки дар имтидоди  солҳои 1977-1978 ду навбат дар шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) дар озмуни ровиёни ба номи Владимир Николаевич Яхонтов ширкат варзида, димломант-ҷоизадори озмуни байналмилалии ровиён мегардад. Омӯзиши мероси ғании ниёкон, ҳифзи ғазалу достонҳои ҷудогонаи шоирони номовари форсу тоҷик, ҳамзамон аз тариқи тарҷумаи русӣ ошноӣ пайдо кардан бо адабиёти бузурги Шарқу Ғарб боиси таҳаввулоти шахсию эҷодию ҳунарии Муҳаммадҷон мегардад. Қироати ифоданоки порчаҳои манзуму мансур дар маҳфилҳои адабӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ Муҳаммадҷони Шодиро миёни доираҳои фарҳангию мадании ҷумҳурӣ маъруфият мебахшад.

Пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Муҳаммадҷони Шодӣ фаъолияти касбӣ-ҳунариро дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом оғоз мекунад. Соли 1984 ӯ бо даъвати роҳбарияти вақти Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ба шаҳри Душанбе меояд ва то имрӯз дар ин даргоҳи ҳунар фаъолият мекунад. Дар ин муддат ӯ дар Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ барои ҳаводорони санъати театрӣ беш аз 50 нақш офаридааст. Тамошобиноне, ки шоҳиди бевоситаи нақшофарии Муҳаммадҷони Шодӣ дар Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ будаанд, нақшҳои  ҷолиби Борбад аз “Ғуруби Аҷам”, Хизрхон аз “Фарёди ишқ”, Азиз аз “Дуел”, Балъамӣ аз “Шоҳ Исмоил”, Гурдуй аз “Баҳроми Чӯбина”, Қодирқул аз “Бой ва хидматгор”, Шариф Исматӣ аз “Имтиҳон”, Мавлавӣ аз “Офати нафс”, Тибалт аз “Ромео ва Чулетто”, Боҳуй аз “Куштори як саду чордаҳ шоҳзодаи Ҳахоманиш”, Бералд аз “Бемори хаёлӣ”-и Ж.Б.Молйер, Виштосп аз “Зардушт”, Сарлашкар аз “Искандар ва Спитамен”, Ҳокими шаҳр аз “Сиёҳу сафед”- и Сартр, падари Куруш аз “Куруш ва Томирис”, соҳиби меҳмонҳона аз “Хизматгори ду хоҷа”,  вазир Балъамӣ аз “Рудакӣ” ва амсоли инҳоро хуб дар ёд доранд.

Муҳаммадҷони Шодӣ, ки аз мактаби муқавои ҳунарию эҷодии Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гузашта, дар бузургтарин марокизи ҳунарии Шӯравӣ такмили ихтисос кардааст, дар  офаридани нақшҳои гуногун на танҳо мушкил накашидааст, балки нақшҳоро дар сатҳи аҳсан офарида, ба дараҷаи устодӣ расидааст. Барои намуна, ба чанд нақши Муҳаммадҷони Шодӣ, ки аз рӯйи мероси классикаи ҷаҳонӣ таҳия шуда, дар сатҳи баланди ҳирфаӣ офарида шудаанд, таваҷҷуҳ мекунем: нақши Сенатор аз рӯйи асари “Сиёҳу сафед”-и Жан Пол Сартр (дар таҳияи Хушназар Майбалиев), нақши Телегин аз рӯйи асари “Ваня-тағо”-и Антон Павлович Чехон (дар таҳияи Хушназар Майбалиев), нақши Бригелла аз рӯйи асари “Хизматгори ду хоҷа”-и Карло Галдони (дар таҳияи Барзу Абдураззоқов), нақши Бералд аз рӯйи асари “Бемори хаёлӣ”-и Ж.Б.Молйер, нақши Тибалт аз рӯйи асари “Ромео ва Ҷулетта”-и В. Шекспир (дар таҳияи Мирзоватан Миров), нақши падар аз рӯйи асари “Духтари саркаш”-и В. Шекспир, нақши пири додхоҳон аз рӯйи асари “Эдип”-и Софокл (дар таҳияи Ҳошим Гадо), нақши Шайтон аз рӯйи асари “Ин майдон, ин шайтон”-и К. Шервонзода, нақши Азиз аз рӯйи асари “Дуэл”-и М. Бойчиев (дар таҳияи Хушназар Майбалиев). Гузашта аз ин, коргардонону таҳиягарони Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳорату салиқаи ҳунарӣ ва масъулиятшиносию ҳувиятмадории Муҳаммадҷони Шодиро ба назар гирифта, иҷрои нақшҳои ҷиддии миллиро бар уҳдааш вогузоштаанд. Аз ин ҷост, ки Муҳаммадҷони Шодӣ дар офаридани симоҳои мондагори миллӣ муваффақ шудааст. Ба ин маънӣ,  нақши шогирди Дониш аз рӯйи асари “Алломаи Адҳам”-и Сотим Улуғзода (асари мазкур солҳои ҳафтодуми асри гузашта дар таҳияи Маҳмудҷон Воҳидов рӯйи саҳна баромадааст), нақши Борбад аз рӯйи асари “Ғуруби Аҷам”-и Ҷумъа Қудус (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши Шоҳ аз рӯйи асари “Паёми Зардушт”-и Р. Беҳдин (дар таҳияи Фаррух Қосим), нақши Шоҳ аз рӯйи асари “Искандари зулқарнайн”-и  Бароти Абдураҳмон (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши пири зардуштӣ аз рӯйи асари “Зардушт”-и Нур Табар (дар таҳияи Давлати Убайдулло), нақши Мавлавӣ аз рӯйи асари “Офати нафс”-и Нуриддин Ҷарронӣ (дар таҳияи Нуриддин Ҷарронӣ), нақши вазир Балъамӣ аз рӯйи асари “Рӯдакӣ”-и Сотим Улуғзода (дар таҳияи Ҳошим Гадо), нақши вазир аз рӯйи асари “Кушки гардон”-и Сорбон (дар таҳияи Қурбони Собир), нақши бародари Баҳром аз рӯйи достони “Баҳроми Чӯбина”-и Фирдавсӣ (дар таҳияи Тӯрахон Аҳмадхонов), нақши вазир Майвандӣ аз рӯйи асари “Фирдавсӣ”-и Сотим Улуғзода (дар таҳияи Султон Усмон), нақши сардори додхоҳон аз рӯйи асари “Драмаи миллат”-и  С. Аюбӣ (дар таҳияи Набӣ Ҷалолов), нақши вазир аз рӯйи асари “Шоҳ Исмоил”-и Меҳмон Бахтӣ (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши устоди Куруш аз рӯйи асари “Куруш ва Томирис”-и Бароти Абдураҳмон (дар таҳияи Баҳодур Миралибеков), нақши Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи асари “Зиндагинома”-и Сайфиддиновҳо (дар таҳияи Давлати Убайдулло), нақши Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи асари “Аёдат”-и Ҳ. Раҳмат (дар таҳияи Давлати Убайдулло) ба Муҳаммадҷони Шодӣ обрӯ ва эътибору нуфуз бахшидаанд. Дар зимн, Муҳаммадҷони Шодӣ дар намоишномаҳои “Фарёди ишқ”-и Ғанӣ Абдулло (нақши Хизрхон дар таҳияи Хушназар Майбалиев), “Кушки гардон”-и Сорбон (нақши вазир дар таҳияи Қурбони Собир),  “Паёми Зардушт”-и Беҳдин (нақши Шоҳ дар таҳияи Фаррух Қосим) нақшҳои асосиро офарида, барандаи “Шоҳҷоиза”-и Озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбии “Парасту” гардидааст.

Муҳаммадҷони Шодӣ дар синамо низ неруи ҳунарию эҷодии хешро санҷидааст. Нақшҳои ӯ дар синамо барои доираҳои ҳунарию маданӣ ва ҳаводорони синамои ватанию хориҷӣ на танҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар хориҷ аз кишвар маълуманд. Нақшҳои Анор аз филмномаи “Парвози занбӯр”- и Ҷамшед Усмонов, Абдулло аз филмномаи “Муҳоҷир”- и Собит Ал-Валӣ, директори мактаб аз филмномаи “Маҳдӣ”, Устод аз филмномаи “Шамсиддини Шоҳин”, Озар аз филмномаи “Муҳити 44-46”, Нозимӣ аз силсилафилми “Дар орзуи падар” (аз рӯйи асари Кароматулло Мирзо дар таҳияи Саид Қодирӣ) аз зумраи нақшҳои синамоии ӯ мебошанд. Силсилафилмҳои “Маҳдӣ” ва “Дар орзуи падар”, ки Муҳаммадҷони Шодӣ дар онҳо нақши асосиро офаридааст, на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар ҷумҳуриҳои форсизабони Афғонистону Эрон низ маҳбубият пайдо кардаанд. Муҳаммадҷони Шодӣ, инчунин дар дубляжи даҳҳо филм ширкат варзидааст. Бо садои ӯ мероси даҳҳо адаби классику муосир дар хазинаи тилоии Радиои Тоҷикистон сабт шудаву маҳфуз мондаанд. Аз ҷумла, дар фонди тиллои радио ва телевизиони ҷумҳурӣ бо садои ин ҳунарманди асил осори маъруфе аз қабили “Восеъ”-и Сотим Улуғзода, “Се рӯзи як баҳор”-и Саттор Турсун, “Занҳои сабзбаҳор”-и Гулрухсор, “Гулистон”-и Саъдӣ, ғазалҳои Мавлавӣ, Ҷомӣ, Ҳофиз ва соири мероси адибони классику муосир сабту нигаҳдорӣ шудаанд.

Муҳаммадҷони Шодӣ баъзан коргардонӣ ҳам мекунад ва ҳунари коргардонии ӯ дар заминаи омӯзиши осори драмавӣ ва ҳамкориҳои мудавомаш бо драматургону таҳиягарони саршиноси ҷумҳурӣ буруз кардааст. Бар ин асос, Муҳаммадҷони Шодӣ тирамоҳи соли 2013 дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ намоишномае таҳти унвони “Муҳаббат” таҳия карда, рӯйи саҳна овард. Хидматҳои Муҳаммадҷони Шодӣ бо унвонҳои Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (2005), Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон (2016) ва Медали “Хизмати шоиста” қадр шудаанд. Мавсуф солҳост, ки дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси дотсент фаъолият намуда, ба шогирдон нозукиҳои ҳунари актёрӣ ва нутқи саҳнавиро меомӯзонад.

Агарчи ошноии мо бо устод Муҳаммадҷон собиқаи тӯлонӣ надорад, аммо дар имтидоди кутоҳии шиносоӣ хислатҳои наҷиби ӯро барои худ кашф кардем. Бо он ки шахсияти маъруфу матраҳи ҳунарию маданист, устод Муҳаммадҷон марди хеле ҳалиму хоксор мебошад. Бо ҳама, новобаста ба мақому ҷойгоҳи иҷтимоию эҷодӣ як хел муносибат мекунад ва бартарии табақотиро намеписандад. Муоширату муносибати ӯ бо персонали омӯзгорию донишҷӯйӣ сазовори таҳсин аст. Ҳангоми тадрису таълим ва махсусан, зимни иҷрои тамринҳои эҷодию ихтисосӣ устод Муҳаммадҷон хеле сахтгир ва дар айни замон самимӣ аст. Чун аз мактаби бузурги ҳунарии Станиславский сабақ омӯхта, дар рӯҳияи баланди эҷодӣ тарбия ёфтааст, бо ҳар нафар, бахусус шогирди эҷодкор ба таври инфиродӣ муносибат мекунад. Ба ҳар як донишҷӯ ва шогирд вобаста ба ҳолати равонӣ-психикӣ вазифа мегузорад ва дар доираи муқаррароти ҳирфаӣ-эҷодӣ ва талаботи тадрисӣ-ҳунарӣ дарс мегузарад. Радду бадали мунсифонаро бо ҳайати илмӣ-эҷодӣ, персонали таълимӣ-ҳунарӣ ва қишри донишҷӯйӣ роҷеъ ба масоили муҳимми ҳунарию ихтисосӣ меписандад ва бар он аст, ки ҳунармандону санъатварон танҳо аз тариқи муколимаю гуфтугӯҳои эҷодӣ ва баҳсу мунозираҳои оқилонаю созанда такмил меёбанду таҷрибадор мешаванд.

Ростӣ, зиндагии эҷодию ихтисосии Муҳаммадҷон хеле сахт аст: рӯзу шабу соатҳои дароз атрофи нақшу образҳои бар дӯшаш вогузошта фикр мекунад, дар заминаи нақшу образҳо адабиёти илмӣ-таҳқиқӣ ҷустуҷӯ мекунад, замон ва муҳити сиёсию иҷтимоию мадании қаҳрамонони худро меомӯзад, ҳадафҳои эҷодӣ-ҳирфаиро мушаххас мекунад, бар мабнои таҳлилҳои коршиносона ҳолати равонии персонажҳоро кашф месозад ва мудом дар ҳолати тамрини фикрию эҷодӣ қарор дорад. Барои ба ҳадаф расидан ва ба истилоҳи ҳунарӣ, фавқулҳадаф ё сверхзадача ноил гардидан, тамоми приёму василаҳои ихтисосию ҳунариро истифода мебарад. Акнун худ қазоват кунед, ки чунин навъи зиндагӣ саҳлу осон аст? Албатта, не!

Илова бар ин, бо ӯ баҳс кардан атрофи мавзуъ ва масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ, илмӣ, адабӣ ва эҷодӣ хушоянд аст. Ҳарчанд ки дар масоили ҳунарӣ ва махсусан, мушаххасоти ҳунари театрӣ иттилооти зиёди ихтисосӣ дорад, ҳеҷ гоҳ фазлфурӯшию фузулӣ намекунад ва худро бартар, огоҳтару донотар аз дигарон намедонад. Ҳар пешниҳоди созандаро дар заминаи ҳунари театрӣ ва умуман, ҷодаи эҷодкорӣ мепазирад. Ба касе кина намеварзад, ҳунарманди асилро эътирофу эҳтиром мекунад ва гилагузориро дӯст намедорад. Ин навъ  мушаххасоти ахлоқиро миёни ашхоси маъруфу матраҳи ҳунарӣ хеле кам мушоҳида мекунем. Ин аст, ки Муҳаммадҷони Шодӣ барои мо азиз ва воқеан, азиз аст. Ба ин маънӣ:

Хушо, аҳли адаб, аҳли тамизӣ,

Азиз астӣ, барои мо, азизӣ!

Дар хотима, ба устод Муҳаммадҷони Шодӣ, ки умри азизи хешро вақфи саҳна ва хидмат ба халқу меҳан карда истодааст, саломатӣ, шодкомӣ, осудахотирӣ ва комёбиҳои тозаи эҷодӣ таманно мекунем.

Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь