Ба пешвози Рӯзи матбуоти тоҷик

(Ё чанд гуфтание дар боби сипаҳсолори боғи сухан Шарифи Ҳамдампур)

“Журналист фарроши зиндагист, ки бо қалам партовҳои  умрро мерӯбад. Бадбахтона инсоният то ҳол эътироф намекунад, ки хишти қалъаи таърихро журналист мепазонад”

(Аз дафтари сабти профессор Засурский)

Баъзан аз дарду алам,  ҳаяҷон ва ҳисси ниқорталабӣ маро фаро мегирад. Торҳои асабамро далелҳо ва мушоҳидаҳои зишт меларзонад. Вуҷудамро гӯё бо арра порча – порча мекунанд. Аммо ақлам беихтиёр почанги «ҳушёр бош”-ро зер мекунад. Мо таърихсозию таърихнигорию худнамоишдиҳӣ, худмуаррифӣ карданро ба иллати ҳасаду бухл  ба ҳоли худ монда, арзёбии таърихро ба дӯши сиёсатмадорони шӯҳратталаби қаламкаш вогузор кардем. Ман таърих ва шарҳи ҳоли матбуоти муосирро дар назар дорам. То ба ҳол мо дар мавриди бунёдгузорон, машъалони инқилобии матбуоти муосири тоҷик иттилои таълимии комил надорем.  Бигузор маро ҳамқаламонам маломату сарзаниш намоянд. Аммо ман 11 март низ он қадар эътиқод надорам. Рӯзномаи “Бухорои Шариф” чун хишти қавӣ ё қолаби оҳанини матбуоти тоҷик нашуд. Албатта яҳудиёни тоҷикзабон хидмати хубе карданд. Бояд рӯзи навро бо ҳиссиёти боз ҳам қавитари миллӣ, рамзу расолати матбуоти миллиро пайдо кард. Ба хотири  боло рафтани эҳсосот, қариб аз мавзӯъ дар канор монам. Ҳадафи ман маломати таърих ва паст задани Рузи матбуот нест. Ман иддао дорам, ки мо симоҳои барҷастаи матбуоти муосирро хеле кам ва ё хира тасвир мекунем. Дар ташаккули матбуоти тоҷик устодон Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, агар дар сатҳи аввал бошанд, баъдан устодон Фазлидин Муҳамадиев, Шавкат Саидов, Аминҷон Шукуҳӣ, Отахон Латифӣ, Ғоиб Қаландров, Буринисо Бердиева, Воҳид Асрорӣ, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шералӣ Муродализода, Басир Расо, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Пайванди Гулмурод ва дигарон шакли нави журналистикаи миллӣ ва насли нави боору номуси матбуотро ба камол расониданд. Журналистикаи касбӣ рӯ ба рушд ниҳод. Ҷонбозиҳо, талошҳо ва афту хези матбуоти имрӯзаи тоҷик сазовори достонҳост. Зеро имрӯз буҳронҳои иқтисодӣ, эпидимологӣ, маъракаи таҳримкорию таҳримсозӣ, офтаҳои табиӣ, даргириҳои хунин дар рӯ ба рӯи журналистикаи муосири тоҷик истодаанд. Кам хеле ҳам ками машъалони матбуот ин садди оҳанинро убур карда метавонанд. Ва инак имрӯз дар Рӯзи матбуоти тоҷик дар мавриди яке аз сарсупурдаҳои матбуоти тоҷик Шарифҷон Ҳамдампур  арзи андеша менамоем. Ба қавли шоири тавоно Қайсин Қулиев “Агар кӯҳро таъриф карданӣ бошӣ, кӯшиш кун, ки теппаро паст назанӣ”. Ман касе аз ҳамкорону ҳамкасбонро, ки ба чунин тавсиф сазоворанд, паст заданӣ нестам.

Шарифҷон Ҳамдампур аз овони донишҷуӣ ба илми адабиёт классикӣ ҳавас дошт, аммо пас аз сафари хидматӣ ба Ирону Афғонистон тағйири касб кард, аниқтараш кунҷи касбашро 360 дараҷа тағйир дод. Пас аз Афғонистон силсилаи мақолаҳои публисистӣ, этнографӣ оид ба тоҷикони Афғонистон ва Бадахшони Советӣ ба дунёи журналистикаи муосир муаррифӣ шуд. Ғайримуқаррарӣ на тавассути Зарашони шоирхез, балки Бадахшони кӯҳистон номашро дар публисистика ё худ журналистикаи касбӣ сабт кард. Шарифҷон Ҳамдамович сатҳикорӣ ва  намоишкориро бад медид. Ё амали хуб анҷом медод ё умуман коре намкард. Ба қавле миёнаҳолиро бад медид. Аз ин рӯ, маъруфтарин мактаби журналистикаи Шӯравӣ, факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносовро хатм кард. Дар он даври рушди матбуоти пешрафтаи Шуравӣ даврони ошкорбаёнӣ ва тозагӯӣ дар журналистика Шарифҷон силсилаи лавҳаҳо ва новеллаҳоро дар нашрияҳои бонуфузи “Комсомолская Правда” , “Литературная газета”,  “Правда” нашр мекунад. Он даврони авҷи журналистика  очеркҳои “Алифбои гумшуда”, “Миёни ағбаҳои марг” “Табиби мардумӣ Насриддиншоҳ” моли тиллоии журналистикаи иҷтимоӣ гардиданд.

Ба ҳайси публисист ва пажӯҳишгари масоили иҷтимоӣ силсилаи мақолаҳои публисистӣ оид ба паҳлуҳои ноаёни зиндагиии Бобоҷон Ғафуров,  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Бурҳониддин Раббонӣ, Отахон Латифӣ, Буринисо Бердиева, Муродулло Шерализода  ба хазинаи тилоии журналистикаи муосир ворид гардиданд. Бахусус очерк оид баъд аз сел рӯидан, бунёд шудани деҳаи Раҳмонобод беҳтарин чеҳранигории журналистикаи иҷтимоӣ мебошад. Дар публисистикаи сиёсии Шарифҷон пешгӯиҳои ояндабинӣ ва ҳушдор аз хатарҳо (“Нома ба Панҷшер”, “Алифбои гумшуда”) мушоҳида мешавад, ки дар журналистикаи Ғарб ин кашфиёти эҷодӣ маҳсуб мешавад.  Ҳамзамон дар тули 12 соли охир бо бузургтарин шахсиятҳои таърихӣ ва сиёсатмадорони муосир мусоҳибаҳои пурмуҳтаво анҷом додааст.

Муттасифона, бедории ғурури миллӣ ва ормонҳи истиқлолхоҳии рӯшанфикрони солҳои навадуми қарни гузаштаро муллоҳо ва ниқорталабон аз ҳукумати Шӯравӣ ба даст гирифта, ба манфиати ифлоси худ тобеъ карданд. Озодӣ ва ормонҳои миллиро шикастанд. Ҷомеа торафт аз воқеияти таърихӣ ва вазъи иҷтимоӣ дур мерафт. Ба замми ин даргириҳои шаҳрвандӣ оғоз шуданд. Шарифҷон Ҳамдамович дар чунин вазъи инқилобӣ аз паи ҳизбиёни мансабталош, қумандонҳои силоҳбадаст, зиёиёни зархарид нарафт. Ӯ ба ташкили сохтори нави матбуоти тоҷик бо ибораи шаклан миллӣ ва мазмунан замонавӣ даст зад. Нахустин нашрияи сиёсии хусусии ”Тоҷикистон”-ро ташкил намуд. Сипас гурӯҳи  сомонаҳои нашрияҳо ва сохторҳои истеҳсолиро таъсис ва такмил дод. Аслан ба ин арсаи серрақобат Акбаралӣ Сатторов (ёдаш ба хайр) Умед Бобохонов низ ворид шуданд. Аммо усули кори  ҳар се аз ҳам тафовут дошт. Шарифҷон тиҷорати иттилоотро аз ташкили сохторҳи ибтидоии матбуот сар кард. Ӯ аввал бозори коғаз ва ранг, сипас пойгоҳи полиграфӣ ва баъдан бозори савдоро зина ба зина такмил дод.  Хеле аҷиб аст, ки он чиро идораи “Точикматбуот” (“Союзпечат”) дар 56 сол сохта буд, мисли девори Берлин дар ним рӯз фурӯ рехт. Бино не, дӯкон не, шабакаи том барҳам хӯрд. Ташаббусро кампиракҳои кӯча ба даст гирифта, сари кӯчаҳо бозорҳо роҳравҳо матбуоти даврӣ мефурухтанд. Шарифҷон сараввал кампиракҳоро барои тиҷорати худ кор ёд дод. Сипас бо маслиҳати шаҳрдорон ҷой ва макони фурӯши онҳоро аниқ кард. Сипас аз ду то 37 дӯкони “Тоҷикматбуот”-ро аз нав барқарор кард. Ба иқдоми Шарифҷон соҳибмулкҳои дигар Акбаралӣ Сатторов (рӯҳаш шод бод), Умед Бобохонов, Умед Сатторов, Асҳобиддин Суннатӣ шарик шуданд. Соли 1999 бахши идораи САҲА дар шаҳри Хуҷанд ягона сохтори фаъол дар кишвар буд. Роҳбари ин сохтор шаҳрванди Фаронса Себастян Трив журналистони мустақил Абдумаҷид Бобоҷониён, Ҷӯра Юсуфӣ ва бандаро ба идора даъват карда, лоиҳаи рӯзномаи мустақили хусусиро пешниҳод кард. Лоиҳаро собиқ раиси вилояти Суғд Қосимҷон Раҳбар дастгирӣ намуд. Агар САҲА ва идораи давлатӣ якдил бошанд, дар ним рӯз ҳам газета сабт мешаваду ҳам грант гирифта мешавад. Ҳафтаномаи “Суғд” хеле маъруф гардид. Мо барои паҳн намудани  матбуоти даврӣ ҳамчунин лоиҳаи “Почтаи алтернативӣ” – ро таҳия намудем. Ва марҳалаи аввали он соли 2001 ба кор оғоз кард. Ин таҷриба ба Шарифҷон  маъқул афтод. Ӯ таҷрибаи вилоятро омӯхта, дар сатҳи ҷумҳуриявӣ лоиҳаи “Паҳнкунии матбуоти даврӣ” таҳия кард. Дар  мудати кӯтоҳ ин лоиҳа 67 нашрияро ба таври фаврӣ фаро гифта, ҳафтае то 200 ҳазор газетаро паҳн мекард. Вале баъдан бо сабабҳои номаълум ва рақобати носолим ва ҳифзи манфиатҳои тиҷорати хусусӣ лоиҳа мисли Иттиҳоди Шӯравӣ дар як рӯз ногаҳон барҳам хӯрд.

Акнун марҳалаи хеле мушкили ташаккули матбуоти даврӣ пеш омад. Шарифҷон бори нахуст дар Тоҷикистон лоиҳаи матбааи хусусиро таҳия намуд. Дар он сол дар даҳлезҳои коғазпарастию расмиятчигии кишвар сохтани матбаа мисли санҷиши яроқи ядроӣ даҳшатнок менамуд. Аммо Шарифҷонро аз дар пеш мекарданду аз тиреза салом медод.  Ба замми расмиятчигию коргузории ташкилӣ акнун  сармояи калон зарур буд. Дастгоҳи полиграфии муосирро дар бозори “Саховат” намефурӯхтанд. Бонкҳои он замон ба чунин лоиҳаҳои нав ягон дирам қарз намедоданд. Ба замми чунин коғазбозӣ, шабакаи бонкӣ гарчанде дастгоҳу мошинҳои хориҷии гаронарзиш, лавҳа ва номҳои боҳашамат доштанд, тафакури молшиносии онҳо аз даврони рукуд тафовут надошт. Бо вуҷуди мушкилоти ҷаҳаннамӣ Шарифҷон матбаашро сохта, бо роҳнамоии мутахассисони ҳиндустонӣ дар таърихи матбуоти тоҷик нахустин матбааи хусусии чопи офсети рангаро ба истифода дод. Ҳанӯз лентаи оғози кор нимаш бурида нашуда, санҷишҳои бардавом сар шуданд. Таҷрибаи Шарифҷон Ҳамдамович зуд пайравони зиёд пайдо кард. Сипас дар шаҳри  Хучанд нашароти “Хуросон”, “Ношир” ба кор даст заданд. Пас аз чанд муддат дар шаҳри Душанбе 5 чопхонаи дигар ба фаъолият шурӯъ кард.

Бозори фурӯш муҳайё, истеҳсолот дар авҷ, аммо харидор ҳануз танбал буд. Барои хонандаи тоҷик навгонӣ, фаврият ва итиллои фароғатии  рӯзмарра лозим буд. Аз ин рӯ Шарифҷон шабакаи итилооти сомонавии бисёрҷониба, нашрияҳои алоҳидаи фароғатӣ, фарҳангӣ мисли “Тоҷикистон” , “Оила”, “Крим Инфо” боз кард. Таблиғот ва реклама ба ҳар ду по мелангид. Шарифҷон дар ин самт низ нахустин“дучархаро” ихтироъ намуд. Газетаи рекламавии “Рекламная газета” бозори иттилоти тиҷоратиро тезонд.

Шарифҷон Ҳамдамович ҳамзамон ягона роҳбари Холдинги матбуотии кишвар мебошад, ки омӯзиш ва таълими мутахассисон, журналистонро аз ҳисоби даромади муассисаҳояш таҳия кардааст. Имрӯз ӯ барои беш аз сад нафар ҷои кории мусоид фароҳам оварда, тими тавонои таблиғотию эҷодиро ба камол расонидааст. Дар ин кор ӯ аз собиқадорону арбобони сухану ҳунар ба таври васеъ истифода мекунад. Журналистони маъруф Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Бахтиёр Муртазоев, Мақсудҷон Мирбобоев, Хуршед Атовулло, Изатбек Идиев, Маҳмадалӣ Мақсадуллоҳ, Абдумудассир Аҳмадов, Кароматуллои Аҳмад (ёдаш ба хайр) ба рушди матбуоти даврӣ ҷалб карда шуданд.

Шарифҷон чун дастпарвари мактаби журналистикаи Шӯравӣ таълимоти Владимир Ленинро дар бораи қобилияти ташклотчигӣ ва сафарабаркунандагии матбуот азёд медонист. Аз ин лиҳоз Шарфиҷон Ҳамдамович бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни “Тамғаи сол” моли беҳтарин ширкат – корхонаҳои пешқадамро таъсис дода, таи се сол тамоми истеҳсолотчиёни кишварро ба дарёфти шӯҳрат ҳавасманд намуд. Чун ин озмун хеле  ҷолиб ва шавқангез шуд, аз ҷониби ташкилотҳои дигар рабуда шуд. Ҳамчунин Шарифҷон Ҳамдамович бори нахуст дар кишвар фестивали мӯд, озмуни оинҳои мардумиро созмон дода, барномаи шавқовари дорои моҳияти  миллиро амалӣ кард.

Боз аз як паҳлӯи шуҷоату мардонагии Шарфифҷон Ҳамдамович чашм пӯшида наметавонам. Ӯ нахустин бор чоп ва обунаи фосилавии матбуоти хориҷӣ, бахусус Россияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд.  Фазои иттилотии кишвар рангин ва ғанӣ гардид. Ҳамзамон тавассути ин лоиҳа дастовардҳои Тоҷикистон ба ҷаҳони васеъ муаррифӣ мешуданд. Боре як нашрияи серхаридори  Россия мақолаи таҳқиромезро нашр кард, Шарифҷон барои ҳифзи нангу номус ва ғурури миллӣ аз баҳри фоидаи тиҷоратӣ баромада, нашри онро манъ намуд.

Боз даҳҳо  паҳлуҳои хидмати шоёни Шарифҷон дар соҳаи матбуотро мисол овардан мумкин аст. Ва ин хеле зарур аст. Зеро насли нави журналистикаи блогерпараст бояд донад, ки анъанаи журналистикаи каласикиии моро имрӯз Шариф Хамдампур, Умед Бобохонов, Хуршед Атовулло, Сайёфи Мизроб, Асҳобидин Суннатӣ идома медиҳанд.

Силсилаи  “Қаламкашони сарзамини эъҷозҳо” таркиб аз 35 нафар арбобони журналистикаи муосири тоҷик ба истиқболи 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба маърази умум гузошта хоҳад шуд.

Наҷмиддини Шоҳинбод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь