Дурусту рост кунад ин масал Худой варо,
Агар бибаст яке дар, ҳазор дар бикушояд.
(Рӯдакӣ)
Тоҷикон аз бомдоди таърих бо давлатсозӣ ва миллатсозӣ машҳури замон ва вирди забони ҷаҳониён будаанд. Чи тавре ки таърихшиносон дар асарҳои худ дарҷ кардаанд, тоҷикон бо ҳунари нодири шаҳрдорӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр, Осиёи Сағиру Ҳиндустон ҳарфи аввалу охирро мезаданд. Эҳёи шаҳри Душанбе ва азнавсозии он ҳамчун нигини ангуштарӣ ва хонаи умеди тоҷикони дунё дар тӯли 30 соли охир нишонаи барҷастаи ин гуфтаҳост.
Миллати тоҷик дар Осиёи Марказӣ на танҳо нигаҳдорандаи арзишҳои миллӣ, балки муҳофизи дастовардҳои башарӣ дар минтақа низ ҳаст. Агар ба асолати сохти дунявият назар афканем, мебинем, ки тоҷикон ҳама замон дунёмадор ва зиндагисоз будаанд. Ба гуфти назарияпардозе чун Сидни» онҳо дарк мекардаанд, ки бо мушкилоти замона «бо теғи тези даҳр» (Носири Хусрав) мубориза бурдан даркор аст ва ин суханҳоро мавриди амал қарор медоданд: «Ҳаргиз магузоред, ки ҳирс ва ҳузну андӯҳ бар шумо мусаллат шаванд. Ҳеҷ чиз мутаҷовизтар аз андӯҳ нест. Бояд рустамона бо ӯ пайкор кард. Фирор аз мушкилот суде надорад, баръакс, бо мушкилот мебояд ҷангид, бо мушкилот мебояд дасту панҷа нарм кард. Дар он сурат мушкилот бо сарафкандагӣ нопадид хоҳад шуд».
Чӣ тавре ки муаллифи мақолаи «Ҳувияти миллӣ…» Н.Нурзода зикр кардаанд, ки дар адабиёти классикии мо дар бораи мактаби шахсиятсозии тоҷикон ақидаҳои зиддиятнок ва то андозае инкоркунандаи ҳамдигар мавҷуданд Чунончи, шоир Амир Хусрави Деҳлавӣ дар бораи хислатҳои рӯҳӣ-равонии шахсияти тоҷикон ишора менамояд:
Тоҷики гарданкаши лашкаршикан,
Бештарӣ найзавару теғзан.
Ҳамин муаллиф бо истинод ба Геродот – таърихнигори юнонӣ, ки унвони «падари таърих»-ро меорад, ки солҳои 484-425 пеш аз мелод зистааст, дар бораи гузаштагони баруманди мо мегӯяд: «Бартарии асоситарини тоҷикҳо ин шуҷоатмандии онҳост». Ҷои дигар дар мавриди муаррифии халқиятҳои ҳудуди давлати паҳновари Ҳахоманишӣ, ки тамоми қаламрави Осиё ва Африқои он замонро фаро мегирифт, ёдовар мешавад: «Аз тамоми халқҳо тоҷикҳо (форсҳо) интизоми ҳарбии беҳтар доранд ва аз ҳама далертару ҷавонмардтаранд».
Дар такя ба иттилооти ин муаррихон агар портрет ва ё симои психологии ориёиҳои пешин, яъне ниёгони худро тасвир кунем, чунин хоҳад буд: мардуме шуҷоъ, ғолиб, ҷавонмард, озода, қатъӣ, дорои рӯҳияи ҷангии баланд, муттаҳид ва артишдор.
Аммо бубинед, ки муаррихону сиёсатмадорон ва адибон дар бораи ҳамин халқ баъд аз чанд аср чӣ гуфтаанд. Як тан аз сарлашкарони муғул дар бораи мардуми мо гуфтааст: «…тоҷик шеваи ҷангу муҳориба кардан намедонад». Сафири нахустини Британияи Кабир дар Афғонистон доир ба тоҷикон чунин изҳори назар кардааст: «мардуми тоҷик дар тамоми минтақаи Афғонистон, Ҳиндустон, Осиёи Миёна, Эрон ва Шарқ дар ҳама ҷо аз ҳама зиёданд, вале онҳо монанди ҷазирачаҳое, ки дар байни уқёнуси калон ба ҳамдигар рабт надоранд, ҳамдигарро дастгирӣ намекунанд…”.
Дар раванди ҳуҷумҳои қувваҳои мутахосими шимолу ҷануб, ки рушду нумуи тоҷиконро чашми дидан надоранд, моро лозим, ки ба гуфтаи Ҷорҷ Франклинро ба инобат гирем:
“-Гоҳҳо беэҳтиётии андак ба бадбахтии калон меорад: аз нарасидани як мех наъл гум мешавад; аз нарасидани наъл асп гум мешавад; аз нарасидани асп савора аз даст меравад ва душман ӯро дармеёбад мекушад. Ҳамаи инро сабаб он буд,ки ғами мехи наъли аспро нахӯрдем”. Ба ибораи тоҷикӣ “Соле ки накӯст, аз баҳораш пайдост” дастурамали мо қарор дода шавад.
Ин гуфтаҳо ба гузаштаи дур сидқ мекунанд, вале тоҷикон дар тӯли сад соли ахир дар умқи кӯҳистон шаҳрҳои калон сохтанд, давлатеро обод карданд, ки рашки ҳасудони таърихӣ гаштааст. Ин шаҳрҳо, бавижа Душанбе – пойтахти кишвар – рамзи аслии муттаҳидшавии тоҷикони тамоми дунё мебошад. Давлати ҳозираи тоҷикон пойдору устувор ва ободу босубот аст. Артиши тоҷикон муназзам ва пешоҳанг мебошад. Рӯҳияи ҷангии афсари тоҷик болост. Дар тӯли ҳамаи ин даҳсолаҳо марзбони тоҷик аз тамомияти арзӣ ва ҳудуди маъмурии ҶТ содиқона ва ихлосона муҳофизат мекунад.
Ба иборати дигар, тоҷикон бояд аз собиқа бештару пештар дар гирди роҳбарияти олии кишвар муттаҳидтар шаванд ва нишонаҳои олии сарсупурдагиро дар рости ҳифзи нангу номуси миллат ҳаргиз фаромӯш накунанд. Ҳамзамон, ба эҳтимоли қавӣ, андешидани тадбирҳои зерин моро ҳатман ба сарманзили мақсуд дар ин ҷаҳони пурталотум мерасонад:
–Як, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аз хурд то калонсол ба касби донишу маърифат ва ҳунар, хусусан ба андӯхтани таҷрибаи технологии ҷаҳон муосир рӯ биёрад. Дар ин росто, бозомӯзии донишҳои муосири ҳарбӣ ва устувории рӯҳӣ-равонӣ бо такя ба дарсҳои илми муосир муҳим арзёбӣ мегардад.
–Ду, дар ҳолате ки ҳама телефону компютерҳои муосир доранд, бо харҷ кардани ҳамагӣ 2-3 соат дар рӯз тарзу усулҳои журналистикаи оммавиро омӯзанд ва онро тадриҷан дар амал ба нафъи миллат ва давлат пиёда намоянд.
–Се, дар тӯли 30 соли охир тоҷикон аз кишвару мамлакатҳо зиёд дидан карданд, ҳоло шумораи донандагони забонҳои хориҷӣ бамаротиб зиёд аст. Ин абзор ва силоҳи истисноии мо тоҷикон аст. Ин донишҳои забонҳои хориҷиро барои ҳимояи арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии тоҷикон дар фазои маҷозӣ ва чопӣ дар хориҷи кишвар масраф намоянд.
–Чор, тоҷикон 99% мусулмонанд. Вале, ҳаргиз бояд иқрор шуд, ки сиёсикунонии дин моро хушбахт намекунад. Ин ақида танҳо дар чорчӯбаи ахлоқ бояд маҳдуд мегардад. Аз ин рӯ, масири халқи мо дар шахсиятсозии соф тоҷикона ва манфиатҳои миллӣ бояд бозтоб хӯрад.Аз оши аз коса сурхтар парҳез бояд кард.
– Панҷ, урдуи миллионнафараи муҳоҷирони меҳнатии мо бояд дар кору пайкор муаррифгари аслии арзишҳои миллӣ бошанд. Ҳама ба касбу ҳунар, фарҳангу варзиш ва илм рӯ биёранд ва ёфтаву сафаровардаҳои худро дар ҷумҳурӣ бо риояи анъанаи тоҷикӣ амалӣ кунанд. Дар соҳаи худ ва ҳунари худ авлавиятро касб намоянд.
–Шаш, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ҳаётафзо дар минтақаҳои сарҳадӣ хеле муҳим арзёбӣ мешавад, зеро дар он фаросӯи дарёи Панҷ ва на танҳо дар он ҷо қувваҳое мавҷуданд, ки фалсафаи вуҷудии халқи тоҷикро инкор мекунанд.
– Ҳафт, тарғиби шахсиятҳои таърихӣ, ки дар ташаккулёбии худшиносии миллии тоҷикон саҳми босазои худро гузоштаанд, талаби замон мебошад. Боз кардани саҳифаҳои пурифтихори миллӣ дар шуури ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи волидайн ва маориф мебошад.
Ҳамин тариқ, бо боварии комил гуфтан лозим аст, ки дурнамои давлатсозии тоҷикон ба оянда раҳнамун сохта шуда, бо такя ба асолати миллӣ ҳатман рушду нумуъ хоҳад кард.
Назар Дод, муҳаққиқ