Дар миёни чеҳраҳои террори Ғарб шояд бештар аз дигарон атрофи Улрика Майнхоф гуфтугуҳо зиёд бошад. Вай дар замони худ корҳоеро анҷом дод, ки бисёр мардони ҳамсафаш қодир ба он набуданд. Илова ба он ки санъати тирандозиро медонист, боз шахсияти фарҳангиву илмӣ буд. Аз сӯи дигар бонуи ба сурат зебое буд, ки дар диди аввал кас шояд гумон накунад ин гунаҳо қодир бошанд хуни инсон резанд. Дарвоқеъ, то кунун ҳам маргаш муаммост ва бисёре аз иттиҳомоте, ки ба қатли одамон рабт дорад, исбот нашудаанд. Ва боз: то кунун дар Олмон миёни мардум шуҳрат дорад ва бисёриҳо ӯро дар иттиҳоми мақомот бегуноҳ ҳам медонанд.

Улрика Майнхоф аз ҷумлаи фаъоли чапгарои олмонӣ, аз бунёдгузорони фраксияи Артиши Сурх дар соли 1960 буд. Дар Донишномаи озод мехонем: Улрика Мария Майнхоф (олмонии Ulrike Marie Meinhof) – террористзани Олмони Ғарбӣ, журналист, омӯзгор, ҷомеашинос, барномасози телевизион, фаъоли ҷамъиятӣ ва яке аз пешвоён ва идеологҳои “Фраксияи Артиши Сурх” буд. 7 октябри соли 1934 дар Олденбург ба дунё омадааст ва 8 ё 9 майи соли 1976 дар Штутгарт фавтидааст. Иллати фавташ, ки он замон дар зиндон ба сар мебурд, пурра таҳқиқ нашудааст. Номушаххасиҳо дар парвандаи фавт то ба имрӯз муҷиби гӯмагуҳои зиёде шудаанд. Ҳамоно дар Олмон миёни гуруҳҳое Улрика намоди шуҷоат ва ҳунар аст.  

Бобокалони Улрика Майнхоф роҳиби калисо будааст. Бобояш низ. Яке аз бобоҳои дигараш бо номи Карл Майнхоф мададгар дар Африқо буда ва дар ҳамон Африқо аз дасти қабилае, ки мардумхӯр будаанд, кушта шуда будааст. Волидони Улрика таърихнигор ва санъатшинос будаанд. Падараш Вернер Майнхоф аз соли 1930 узви созмони фашистии “Иттиҳоди мубориза барои фарҳанги олмонӣ” будааст. Аммо Улрика хеле бармаҳал аз падару модар маҳрум шудааст ва зери васояти муаррих Ренат Римек ба воя расидааст.

Соли 1955 Улрика ба донишгоҳи Марбург дохил мешавад, фалсафа, ҷомеашиносӣ, педагогика меомӯзад, олмоншиносиро низ аз худ мекунад. Баъдан таҳсилашро дар донишгоҳи Мюнстер идома медиҳад ва бо файласуфи чапгарои испанӣ Мануэл Сакристан шинос мешавад, ки баъдҳо тарҷумони навиштаҳои Улрика ба замбони испанӣ мешавад.

Дар Мюнстер аз ҷумлаи пешсафони ҳаракати донишгоҳии халъи силоҳи ҳастаӣ мегардад. Соли 1958 ба сафи ташкилоти Иттиҳоди сотсиалистии донишҷӯёни олмонӣ пазируфта мешавад ва аз он ба баъд дар матбуот чун журналист ва публистист баромад мекунад.

Соли 1959 бо маҷаллаи ССНС Konkret, ки дар Ҳамбург интишор мешуд, ҳамкорӣ мекунад, соли 1960 сардабири он таъин мешавад, соли 1961 бо Клаус Райнер Рёл, ки ношири ин маҷалла буд, ҳамхона мешавад ва ба зудӣ як дугоник ба дунё меорад.

Дар нимаи аввали солҳои 1960 аз машҳуртарин журналистони Олмони Ғарбӣ мегардад ва ҳамзамон яке аз пешвоёни зиддифашистӣ ва зидди силоҳи атомӣ шинохта мешавад. Ҳаракати зидди ҷанг алайҳи Ветнамро сарпарастӣ мекунад ва ғайра.

Соли 1968 вай аз шавҳараш ҷудо мешавад ва аз Ҳамбург ба Берлини Ғарбӣ меравад, он ҷо дар Донишгоҳи озод омӯзгорӣ ва сари филми “Бамбула” кор мекунад. Соли 1969 ҳамкорӣ бо маҷаллаи  Konkret-ро қатъ менамояд.

Моҳи марти соли 1970 Майнхоф ҳамлаи мусаллаҳона ҷиҳати озодии Андреас Баадер (яке аз поягузорони “Фраксияи Артиши Сурх”) -ро дар ҳамон рӯзе, ки ӯро аз ҳабсхона бо муҳофизон ба китобхонаи маҳаллӣ мебурданд, сарварӣ менамояд. Онҳо дар дохили китобхона тирандозӣ мекунанд, китобдор ва ду посбони Баадер захмӣ мешаванд. Баъди ин Улрика аз тарси таъқиби пулис пинҳон мешавад.

Замоне гуруҳи Баадер-Майнхоф дар урдугоҳҳои муборизони фаластинӣ низ таълими ҳарбӣ мегиранд ва чун ин “дӯстони аврупоӣ” бо низоми аврупоии худ баъзе қонунҳои арабиро нақз мекарданд, аз он ҷо ба осонӣ ронда шуданд.

Гуруҳ ба Олмон баргашт ва шадидан ба пул ниёз дошт. Бо ҳамин мақсад террористон ба бонкҳо ҳамла бурданд. Ин гуруҳ зарфи якуним соли фаъолият 5 нафарро куштаву бештар аз 50 танро захмӣ кардааст. Баъзеҳо мегӯянд Майнхоф ҳатто ба ҳамгинонаш, ки мехостанд аз роҳашон баргарданд, раҳм намекард. Аммо бисёре аз хабарҳо дар мавриди ин даста бештар ба афсона монанданд ва дар аксар ҳамлаҳову кушторҳо ширкати Улрика исбот ҳам нашудааст.

Баъди ҷустуҷуҳои зиёд билохира ба пулиси Олмон муяссар гардид, ки 15 июни соли 1971 Улрика Майнхофро боздошт кунад. Ӯ дар ҳабсхонаи «Кёлн – Оссендорф» ҷо дода мешавад. Улрика аввалин зиндонии Олмони Ғарбӣ буд, ки барояш системаи “Долонҳои мурда” – системаи инзивои комил татбиқ мешуд. Моҳи ноябри соли 1974 барои ташкил ва ширкат дар озодсозии А.Баадер ба 8 соли зиндон маҳкум мешавад.

 

Вафот: фарзияҳои расмиву ғайрирасмӣ

Тибқи фарзияи расмӣ Майнхоф худкушӣ кардааст ва худро дар камера ба дор кашидааст. Аммо таҳлилгарони мустақил ин фарзияро рад мекунанд. Яке аз ин таҳлилагрон Александр Тарасов буд, ки зидди ин фарзия баромад ва гуфт: “Мақомоти давлатӣ аввал ин ки дар таърихи рух додани ин ҳодиса раҳгум задаанд. Дар баъзе аснод 8-ум ва дар ҷойи дигар 9-уми май омада. Дар ҳоле, ки тибқи низом ҳар 15 дақиқа камераи будубоши Улрика тафтиш мешуд ва ҳар ду соат онро кофтуков мекарданд. Аммо ба ёди касе ҳам назад, ки ин зан чӣ гуна ба чангаки сақфи хона, ки 4 метр баландӣ дошт, даст ёфт (баъдтар мақомот фарзияи худро тағйир медиҳанд ва мегӯянд, ки Улрика худро на дар сақф, балки дар дарича овехта буд). Сабаби ин худкуширо ташаннуҷи авзои Улрика қаламдод карданд, ки гӯё бо аъзо ва роҳбарони созмонаш мушкил дошт. Вале аъзои Фраксияи Артиши Сурх дар мурофиа ин ҳамаро такзиб карданд.

Касе ҳатто напурсид, ки чаро ин худкушӣ ҳеч нишоне аз худ боқӣ нагузошт. Пурсида нашуд, ки вай чӣ гуна дар ресмоне худро овехт, ки вазни одамро наметавонист бардорад? Вазияти пешазмаргии вай чӣ гуна буд? Ва боз: касе напурсид, ки изи нутфа (манӣ) дар андоми таносулии зан аз куҷо пайдо шуд? Пас маълум мешавад, ки Майнхофро аввал таҷовуз карданд ва баъд куштанд ва ё баръакс.

Ҳатто калисо худкушӣ кардани Майнхофро рад кард ва ӯ дар ҳисори калисо ба хок супурда шуд. Рӯзу соати ба хок супурда шудани Улрика дар шаҳрҳои зиёди олам, аз ҷумла дар Олмон мардум даст ба эътисобу тазоҳурот заданд.

Улрика мехост ду писараш зидди Исроил ҷанганд

Ин зане, ки ба терроризм муттаҳам мешавад, ба ҳадде ба адолати “Артиши сурх” бовар дошт, ки ҳатто фарзандони ҳафтсолаи худро барои таълими ҳарбиву омӯзишҳо ба Урдун фиристода буд. Вай мехостааст онҳо дар оянда якҷо бо мардуми Урдун зидди исроилиҳо ҷанганд. Аммо пирсарбачаҳоро дар вақти сафарашон дар Ситсилия пулис боздошт намуд. Террористе, ки онҳоро ҳамсафариву роҳбаладӣ мекард, низ дастгир шуд. Баъди чанд рӯзи ин боздошт ӯрдугоҳе, ки писарбачаҳо бояд мерафтанд, аз ҷониби ҳавопаймоҳои шоҳ Ҳусейн ба хоку хун кашида шуд.

Амалҳои Улрика Майнхоф ва шариконаш мақомоти интизомии Олмони Ғарбиро ба изтироб оварда буд. Онҳо барои пайдо кардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ ба Олмони Шарқӣ мерафтанд. Вале пулис онҳоро тақрибан наметавонист дақиқан таъқиб кунад. Зеро Майнхоф хеле эҳтиёткор буд ва дар ҷое муддати беш намемонд, то изаш пайдо шавад. Пулис ва дигар хадамоти амниятиро маҳз Улрика лозим буд, чун ӯро мағз ва тарроҳони аслии террорҳои Артиши сурх медонистанд.

Мегӯянд рӯзе, ки ҷанозаи ӯро ба қабристон интиқол медоданд, беш аз чаҳор ҳазор нафар паси тобуташ мерафтанд.

 

Таҳияи Ф.Муҳаммад

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь