Pressa.TJ: “Дилшоди СБ” дар ҷустуҷӯй қарор дорад

“Дилшод Саидмуродов, ки бо лақаби “Дилшоди СБ” машҳур аст гумонбар ба он аст, ки шомили гурӯҳи ҷинояткориест, ки дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” даст доранд.

Тибқи иттилои як манбаъ “Дилшод Саидмуродов 24-уми июн, як рӯз баъд аз бедарак шудани муовини раиси “Ориёнбонк” тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Русия гурехтааст”.

Дилшод Саидмуродов дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, як муддат маъмури Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кул будааст.

“Таҷрибаи корро дар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ дорад, вале вақтҳои охир дар ҷое кор намекард,” — мегӯяд манобеъ.

Дилшод Саидмуродов шаҳрвандии Русияро низ доштааст ва эҳтимол меравад, ки дар Русия паноҳ мебарад” – навиштааст Pressa.TJ .

Дар он дунё вомехӯрем

Рустам Ашӯров, баъди он ки дар фурудгоҳи Молдова ду нафар кормандони полисро ба қатл расонид,  ба модараш занг зада ба ҷиноятҳои содиркардааш, аз ҷумла ба даст доштан дар қатли муовини аввали директори “Ориёнбонк” иқрор мешавад. Ҳамчунин ду корманди  полиси Молдоваро,  ки ба қатл расонидааст, тариқи телефон ба модараш нишон медиҳад.

Фақат як нуқтаи шубҳабарангез дар ин навор ҳаст, ки Рустам мегӯяд “ ҷасади Шӯҳратро дар дарёи Варзоб партофтааст”, аммо айни замон ҷасадро дар дарёи Зарафшон мекобанд. Дар хабари Прокуратураи генералии Тоҷикистон, ки пойинтар меорем, хабар додаанд, ки “қотилон ҷасадро дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ партофтаанд”.

Ба андешаи мо Рустам ҳис мекунад, ки гуфтугӯи ӯро бо модараш ба навор гирифта истодаанд ва дар паҳлӯи модараш касе ҳаст. Шояд барои раҳгум занонидани кофтуков вай ба ҷойи дарёи Зарафшон, дарёи Варзоб мегӯяд.

Баъди ин навор Рустам Ашӯров аз тарафи кормандони полиси Молдова бо зиёда аз 10 тир ярадор мегардад ва баъдан дар беморхона ҳалок мешавад.

Гурӯҳи “ Ахбор барои афкор”:

“Фармоишгарон он қадар таъсиргузоранд, ки қотилон маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?” – суол гузоштааст муҳаррири ин гурӯҳи бонуфуз дар шабаркаи интернетии “Фесбук”:

“Рустам- яке аз қотилони муовини аввали раиси Ориёнбонк, ки дар Молдова кушта шуд, зимни сӯҳбати охирин бо модараш мегӯяд, ҳамроҳаш – Дилшодро ҳам, ки ҳоло дар ҷустуҷӯст, “зинда намегиранд, ӯ худашро мекушад”.

Пас, онҳо кадом як асрори муҳимро бо худ бурданианд. Яъне масъала аз “гирифтани биткоин ба арзиши 100-200 миллион доллар”, ки дар ин сӯҳбат ишора мешавад, фаротар аст ва фармоишгарони ин ҷиноят он қадар таъсиргузоранд, ки инҳо маргро аз ошкор кардани онҳо беҳтар медонанд?”.

Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

Прокуратураи Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ин маротиба ба таври бояду шояд, бо дастрасии маводи тоза шаҳрвандонро бо маълумот таъмин кард, дар хабари пахшкардааш овардааст:

“Дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои фаврӣ-тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар муайян карда шуд, ки роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро вобаста ба рабудани муовини аввали роҳбари ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат Абдуғафорович шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба ӯҳда дошта, ӯ нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд.

Он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда, муяссар нагардид.

23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кӯчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зӯран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай – Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб рабудаанд.

Онҳо шаҳрванд Исматуллоев Ш.А.-ро то соати 03:00 рӯзи 24 июн дар яке аз хонаҳои деҳаи номбурда бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд.

Баъдан, гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд.

Худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст.

Айни замон, дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур 5 нафар аъзои гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дастгир карда шудаанд.

Баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст.

Ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад”.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь