Моддаи 41:

 “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат,

 таҳкими Истиқлолият,

амният ва иқтидори мудофиавии он

вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст”.

ШИКОР АЗ ДУ ТАРАФИ РОҲ

Чанд соат қабл гурӯҳе аз ду тарафи роҳи “Қараболо” роҳгузаронро ба дохили давраашон медароранд ва ё назди мошин мебаранд. Мисли шикорчиёне ҳастанд, ки намегузоранд сайд аз дасташон равад…

Ман ҳам аз сӯҳбат бо онҳо дур наафтодам.

 АЗ ЯК ТАРАФИ РОҲ

-Ин ҷо биё!

– Чаро?

-Дар куҷо мехонӣ?

– Кӣ Шумо?

-Прокурор

– Кадом прокурор? Ҳуҷҷат доред?

– Ҳуҷҷат мепурсаде… Биё хизмат меравем.

– Не, намеравам. Як бор бо хоҳишам рафтам, бо ин маҷбуркунии Шумо одами мерафта ҳам намеравад.

-Сурати билети ҳарбита нишон те.

Нафари дигар пурсон шуд.

– Дар куҷо хизмат кардӣ?

– Дар….

Прокуроре, ки аз худ прокурор метарошиду беҳуҷҷат сухан меронд, гуфт:

-Дар хизмат сӯҳбатро ёд гирифтаӣ-ку?

-Сӯҳбатро аз Шумо ёд гирифтам…

 ТАРАФИ ДИГАРИ РОҲ

-Салом, “братишка!”.

– Салом

Дар куҷо мехонӣ?

-Намехонам

-Хизмат намеравӣ?

-Кӣ Шумо?

-Аз вазорат…

-Ягон ҳуҷҷат доред, ки тасдиқ кунад, ки Шумо кӣ ҳастед?

– Ин тараф биё! Ба назди мошине рафтем, ки дар он ду нафар менишастанд.

-Инро бин ҳуҷҷат  мепурсад

Ин ҳам саволҳои дар боло додаро пурсон шуд.

Ҳуҷҷататон канӣ?

– Э бача ин корро, ки мекунад?

-Ҳуҷҷататонро нишон диҳед, баъд ман ҳуҷҷатамро нишон диҳам.

Ҳуҷҷаташро бароварда нишон дод.

Акси билети ҳарбиямро нишон додам хело нигоҳ кард ва ба нафари дигареро, ки маро оварда буд ва ӯ исрор мекард донишҷӯ аст, таваҷҷӯҳ карду ман аз наздаш рафтам.

Ин ҳолатест, ки шахсан бо худи ман рух дод ва аз тақозои касб натавонистам дар ин бора хомӯш бошам.

Чӣ бояд кард?

Моҳи ноябр ҳам сипарӣ шуду мавсими даъвати тирамоҳӣ ба анҷом мерасад, аммо “облава”, ки ба таври дигар “сарбозшикор” мегӯянд, идома хоҳад кард?

Аз аввали мавсими даъват бо хоҳиши худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳ пайвастани ҷавонон чашмрас буд. Ин боис шуд, ки баъзе аз ноҳияву шаҳрҳо нақшаи даъватро дар рӯзи аввал ба анҷом расонанд. Шаҳру навоҳии ВМКБ, ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш,Нуробод,Тоҷикобод, Вахш ва Фархор аз аввалинҳо шуда дар ҷумҳурӣ иҷрои нақшаи даъвати ҳарбиро иҷро карданд.

Дар ҳар мавсими даъвати ҳарбӣ ҳолатҳои “облава” шудани ҷавонон дар хонаву кӯча доғ мегардад. Магар дар дигар давлатҳо ҳам ҷавонон ба ин тарз ба хизмати ҳарбӣ бурда мешаванд ё танҳо дар Тоҷикистон ин анъанаи ҳарсола шудааст? Дар баъзе аз давлатҳо ҷавонон барои шомил гардидан ба сафи қувваҳои ҳарбӣ дар навбат меистанд. Дар мо бошад, баъзеҳо “мурданро ба гардан мегиранду хизматро не”.

“Облава” чист?

Аз хурд то бузург “облава” гуфта, ҳолатеро мефаҳманд, ки гуруҳе дар кӯчаву хиёбонҳо ҷавонони синнашон ба даъватрасидаро иҷборан ё ба таври дигар гӯем, бо роҳи рабудан, бемуаррифии худ ба мошин гӯсфандвор бор карда, мебаранд. Чунин ҳолат боис мегардад, пеш аз он ки ҷавон ба хизмат биравад ё бифаҳмад, ки хизмат чисту чӣ бартариҳо дорад, тарсу ваҳм ба вуҷуди ӯ панҷа мезанаду рӯҳу равонашро хароб мегардонад.

Лутфиддин ҷавонест, ки хизмати ҳарбиро ҳамин баҳор адо кардааст. Ӯ дар ин маврид чунин андеша дорад:

-“Ман бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ рафтам ва аз ин розӣ ҳастам, зеро баъд аз ин ҳис кардам, ки барои Ватан, падару модарам коре кардам, қарзи шаҳрвандии худро адо сохтам ва аз ҳама асосаш, метавонам озодона, бе тарсу ҳарос аз “облава” дар хиёбонҳо қадам занам. Дигар маро ҳеҷ нафаре дар роҳ бознамедорад. Боздорад ҳам ҳарос надорам. Хизмат кардан қарзи ҳар як ҷавонмард аст, аммо вақте ки ҷавонро “облава” мекунанд, ин барои ҷавоне, ки ҳоло синну солаш ба хизмат нарасидааст, даҳшат аст. Ӯ аз ҳамон вақт дар фикри худ ин андешаро қарор медиҳад, ки ба хизмати ҳарбӣ намеравад. Бубинед, дар ҳолати “облава” ҷавон чи кор карданашро намедонад ва дар ҳолати “эффект” қодир аст ҳатто худро аз баландӣ партояд. Дар зеҳни ҷавони хизматнокарда саволе ба миён меояд, ки агар хизмат ҷойи хуб бошад, чаро бояд “облава” кунанд? Ман ҳоли ҳозир агар аз шароит ва бартарии хизмати ҳарбӣ гӯям, боварам намекунанд ва мегӯянд, ки дурӯғ мегӯям. Ин алакай дар мафкураи ҷавон таъсири манфӣ гузоштааст. Ман зидди “облава” ҳастам”, -гуфт Лутфиддин.

“Бояд “облава” аз байн бурда шавад ва даъват ба аскарӣ аз рӯи қонун ба роҳ монда шавад. Дар сурати саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ тибқи модаи 343-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ки «Саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ ва алтернативӣ” унвон мешавад, ҷазо татбиқ гардад”.

Дар комиссариати ҳарбӣ чӣ мегузарад?

Бо шахсоне, ки “облава” мешаванд ё ба ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ мераванд, дар комиссариати ҳарбӣ чӣ гуна муносибат мешавад? Онҳоро аз рӯзи аввал чӣ интизор аст?

Нафаре, ки ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад ва ӯ таҳсилкардаи ихтисоси журналистика аст, баъд аз хатми таҳсил дар Донишгоҳи олӣ ба таври ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтааст. Хусрави Мурод қиссаи чӣ гуна ба хизмат рафтанашро қисса кард.

-“Ман дар мавсими баҳории соли 2022 аз тарафи комиссариати ҳарбии ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Ба ман гуфта буданд, ки нафарони оиладор то 70 км дур аз ҷойи истиқомат хизмат мекунанд, аммо маро ба Душанбе фиристоданд. Ман ва се нафари дигарро Сарвар ном як корманди Комиссариати ҳарбии ноҳия ба вилояти Суғд бурд. Моро аз дар дарун карду худаш баромада рафт. Афсаре аз мо пурсид: “Шумо-бесоҳибҳо аз куҷоед? Дар посух гуфтем, ки аз ноҳияи Деваштич. “Кӣ шуморо овард, худашро фарёд кунед, чӣ, шумо бесоҳибед? Равед, соҳибатон ояду аз духтур гузаронад.”-ба ёд овард Хусрави Мурод лаҳзаеро аз муносибати дағалонаи кормандони Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд.

Оё метавонад мавсимҳо беоблава” оғоз ва анҷом ёбад?

Вобаста ба ин савол Дилрабо Самадова, ҳуқуқшиноси Дафтари озодии шаҳрвандӣ назари худро иброз дошт. “Албатта аз “облава” метавон бо осонӣ даст кашид, ба шарте ки:

– Агар кормандони комиссариати ҳарбӣ даъвати пурраи дар асоси қонун пешбинишударо ба роҳ монанд;

– Агар командирони қисми ҳарбӣ сарбозони навдаъватшударо аз “бобосолорӣ” ҳимоя намоянд;

– Агар даъватшаванда ӯҳдадориҳои худро иҷро карда, мувофиқи даъватнома ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шаванд, зарурати “облава” нест.”

Барои аз байн бурдани ин агарҳо кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ аз шикори худ даст бикашанд ва ба таври қонунӣ ин мавзӯъро баррасӣ кунанд ва тарсу ваҳмро дар қалби ҷавонон ва падару модари эшон наандозанд. Нишон дода тавонанд, ки хизмат ин зиндон ё ҷойи маъюб шудан нест.

Дар ин ҳолат метавон аз ин мушкилӣ раҳо шуд.

Шаҳзод ЗАФАРҶОН,

 “ФАРАЖ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь