Нахуст: дар луғати тафсирии тоҷикӣ мафҳуми АВЛОД чунин маънидод шудааст: Авлод (арабӣ: اولاد ) – ҷамъи валад, манояш фарзанд) – ҷамъияти ҳешони ҳамхун мебошад, ки дар ҷомиаи суннатии тоҷикон ҳамчун ниҳоди қудрат ва мавқеи хосса дорад.   

Дар баробари ин, Авлод ҳамчун институти иҷтимоӣ, маҳз дар ВМКБ ҳамчунин боқӣ мондааст, дар дигар минтақаҳо ба ин шакли иттиҳоди қабилавии одамон, ки аз сохти ҷамъияти ибтидоӣ мерос мондааст, ин қадар вобастагии зиёд нест. Граф Алексей Алексеевич Бобринский дар асари худ «Горцы верховьев Пянджа (ваханцы и ишкашимцы) Очерки быта по путевым заметкам гр. А. А. Бобринского» («Куҳистониҳои болооби Панҷ (вахонихо ва ишкошимиҳо)» Очеркҳои ҳаётӣ аз рўи қайдҳои сафарии  гр. А.А.Бобринский») навишта буд, ки «дар байни мардуми баландкуҳ мо як навъ дарки инстинктивии робитаҳои муштарак ё хешутаборӣ ва ё фарҳангиро мушоҳида кардем, ки ҳамаи онҳоро ба ҳам мепайвандад». Ин гуфтаҳои граф маҳз ба мафҳуми «авлод» дахл доранд. Инак, боз сатрҳои ў, ки ин мафҳумро тавсиф мекунанд: «Ҳаёти пўшида дар водию дараҳои алоҳида, дар зимистон аксар вақт дар деҳаҳои алоҳида, кўҳистониро ба зодгоҳаш сахт пайваста, дар вай меҳри бепоёнеро нисбат ба кўҳсор, ба зодгоҳаш, ба оилааш ба вуҷуд меорад».

Шахсияти тамоми аъзои ҷавони авлод, маҳз дар авлод ташаккул меёбад, зеро ба насли наврас талқин карда мешавад, ки «авлод ҳама чиз аст, ваҳдати он таназзулнаёбанда аст. Вақте ба дигар аъзои авлод ёрӣ даркор аст, лозим шавад ҷонатро деҳ, аммо дар паҳлўяш бош. Муҳим нест, ки дар ин ҳолат бар зидди қонун бармехезӣ. Ту аввал бояд дар канораш бошӣ, баъд хоҳем фаҳмид, ки ў гунаҳкор ҳаст, ё не».

«Бе авлод, дар Помир касе нестед, – мегўянд сокинони ВМКБ, – ҳангоми тақсими замин ё дар ҳалли дигар масъалаҳои иҷтимоӣ касе туро хафа кунад, ё ногаҳон аз дасти ҷинояткорон, ки дар Помир чун дар ҳар минтақаи дигар кифояанд, азоб кашед, касе ба ёрии шумо намеояд».

Ин аввалин чизест, ки шумо дар бораи мардуми Помир, дар бораи урфу одат ва расму оинҳои онҳо бояд донед. Ва ин ба таври ғайримустақим аз ҷамъ шудани одамоне гувоҳӣ медиҳад, ки пас аз ҳар гуна бархўрди манфиатҳои яке аз авлоди онҳо бо мақомот ба эътироз мебароянд.

Сониян, ахолии Помир пеш аз инқилоб (инқилоби Октябри Русия) муддати дароз аз як тараф дар зери юғи амири Афгонистон ва аз тарафи дигар амири Бухоро буд. Ин солҳои душвори маҳрумияти иқтисодӣ, таҳқири маънавӣ ва ваҳшигариҳои гўшношунид аз тарафи золимон буд. «Далелаш оддӣ буд: афғонҳо дар мазҳаби суннианд ва помириҳоро мусулмони диндор ҳисоб намекарданд, – навишта буд подполковники артиши рус Громбчевский – « … ҳар рўз қатл анҷом мешуд, деҳаҳо оташ зада мешуданд; духтарон ва занони зебо қисман ба амири Афғонистон фиристода шуда, қисман ба аскарони афғон ба занӣ ва канизӣ дода мешуданд, дар Шуғнон 600 нафар писари аз ҳафт то ҳабдаҳсоларо гаравгон гирифтанд».

Котиби идораи сиёсии Русия дар Бухоро А.Черкасов дар қайдҳои худ дар бораи кирдорҳои навкарони бухороӣ айнан ҳаминро хабар дода буд. «Бухороиҳо кўҳистониҳоро ҳеҷ меҳисобиданд ва ба зудӣ дар вақти дар Шуғнон, Рўшон ва Вахон мустақар шуданашон занону духтарону бачаҳоро бо зўрӣ мебурданд. Мансабдорони бухороӣ бо муносибати худ ба мазҳаби аҳолӣ нафратро нисбат ба худ бедор карда, дар баробари ин бо бадкирдорию ифротҳои ғайритабии худ помириҳоро нисбат ба худ бадбин мекарданд».

Ин ҳама якҷоя бо ҷанбаҳои мазҳабӣ ба он оварда расонд, ки дар байни мардуми маҳаллӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро “помирӣ” меноманд, чунин ҳисобида мешуд, ки як духтарро ба суннӣ ва ё намояндани минтақаҳои даштии Тоҷикистон додан, ба таври комил ғайриимкон ва ҳатто хиёнат ба авлоди худ ва тамоми ҷомеаи помирӣ аст.

Дар ин росто суханони Наҷиба Усмонова, модари Манижаи Сангин, ки дар сўҳбат бо CABAR.asia гуфтааст, хеле қобили таваҷҷўҳ аст: “Бо занони қирғиз бисёр сўҳбат кардам ва эҳсос мекардам, ки онҳо аз мардони миллати худ метарсанд. Ҳамин буд, фаҳмидам, ки агар зане, масалан, ба Маскав ба кор равад ва ногаҳон дар он ҷо бо намояндаи як миллати дигар муносибат барқарор кунад, нисбати ў зўроварӣ мекунанд, метавонанд таҷовуз кунанд. Барои ман ин як зарба (шок) буд. Ва ҳоло ман фаҳмидам, ки чаро занони Қирғизистон худбовар нестанду дар доираи танг зиндагӣ мекунанд. Ин тарс аз он, ки ҳар гуна маълумот ба ҳамватанонашон мерасад ва ўро истинтоқ мекунанд. Ин даҳшатнок аст”.

Вазъият дар Помир низ ҳамин аст: агар ягон духтари маҳаллӣ ба хостгор шудани кадом як меҳмони тоҷик аз манотиқи дигари Тоҷикистон посух диҳад, ҳам ин духтар ва ҳам ин бачаро «бародарони» маҳаллӣ «адаб» медиҳанд.

Аз ин рў, аз аввал вазъи ба истилоҳ гаравгонгирӣ дар Роштқалъа маълум буд: ба духтар барои дубора сафар кардан ба Русия шиносномаашро бо ному насаби дигар иваз кардан лозим буд ва ў ба хамдиёри худаш корманди милиса аз деҳаи Тавдем Ҳабиб Маҳмадов ёрӣ хост. Маҳмадов тавсия дод, ки ба ёрдамчии прокурори Роштқалъа Абдусалом Абирзода муроҷиат кунад.

Мувофиқи навори нашркардаи “мардуми сарбаланди Роштқалъа” ва суханони раиси собиқи ВМКБ Ёдгор Файзов, ҳеҷ хел озору азияти ҷинсӣ нашудааст. Ёдгор Файзов дар Бадахшони Кўҳӣ як шахсияти хеле обрўманд аст ва ўро наметавон муттаҳам кард, ки нисбат ба ҳамватанонаш ғараз дорад. Пас, биёед бихонем, ки ў дар ин бора чӣ мегўяд. Файзов гуфт, Абирзода ба Шоназарова (ҷабрдида) занг зада пешниҳод кардааст: «Биёед вохўрда масъалаи шиносномаатонро ҳал кунем». «Вақте ки ин хабар ба ҷавонони ноҳия расид, ҳама медонанд, ки баъд чӣ шуд», – мегўяд Файзов.

Зиёбеков ва шариконаш ёвари прокурори ноҳияи Роштқалъаро зўран аз бинои маъмурияти маҳаллӣ берун кашида, ба деҳаи Тавдем бурда, 8 соат латукўб ва шиканҷа карда, дар охир маҷбур карданд, ки аз тамоми мардуми Помир дар сабти видео (ҳоло муд шудааст), узр пурсад.

Ёдгор Файзов онҳоеро, ки ёвари прокурорро гаравгон гирифта буданд, сарзаниш карда чунин гуфт: «…Ман (ба Зиёбеков ва ҳамдеҳагонаш) гуфтам, ки онҳо рафтори зишт карда, хато карданд. Ин ба ҳаёт ва обрўи ВМКБ таъсири манфӣ расонд. Тасаввур кунед, ки як ҷавони бадахшонӣ дар дигар гўшаи Тоҷикистон ҳамин корро мекунад. Ростӣ, агар ба далели як сўҳбати телефонӣ шаъну шарафи инсон паст зада шавад, пас ин ба ҳар гуна мантиқ мухолиф аст”, – гуфта буд Файзов он замон.

Ва сеюм: дар солҳои Хокимияти Шўравӣ дар Точикистон чунин мақол буд: «Ленинобод хукм меронад, Қурған меҳнат мекунад, Қаротегин тиҷорат мекунад, Кўлоб посбонӣ мекунад, Помир мерақсад». Ва ин вазъият то соли 1989, ки Мамадаёз Навҷувонов бо фармони вазири корхои дохилии СССР вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд, давом кард. Ин вазъро ба куллӣ тағйир дод ва норозигии қабилаҳоеро, ки дар ҷумҳурии иттифоқӣ ҳукмронӣ мекарданд, ба вуҷуд овард ва сипас Давлат Худоназаров, ки тирамоҳи соли 1991 бо дастгирии Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҷунбиши миллии демократии “Растохез” ва рўҳониёни мусалмон ба унвони номзад ба нахустин интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар таърихи Тоҷикистон пешбарӣ шуд, ба оташ равған рехт.

Он вақт Худоназаров мағлуб шуд, вале то ин вақт ташкилоти вилоятии «Лаъли Бадахшон» таъсис ёфта буд, ки он ба ҷумҳуриявӣ табдил ёфт ва дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ намояндагони зиёди аҳолии Помирро муттаҳид кард. Моҳи апрели соли 1992 вакилони Шўрои вилоятӣ дар ҷойи ВМКБ аз таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Бадахшон эълон карданд ва «Лаъли Бадахшон» аз ҷониби ИНОТ вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Аммо агар ба истилоҳ “вовчикҳо” умдатан дар Қўрғонтеппа ва гирду атрофи пойтахт фаъолият мекарданд, пас ҷангҷўёни «Лаъли Бадахшон» дар худи Душанбе фаъолият карда, пас аз рафтани онҳо дар миёни сокинони пойтахт хотираҳои бад боқӣ гузоштанд.

Ҷангҳои минбаъда ба он оварда расонд, ки тамоми помириёни қавмӣ асосан ба ВМКБ рафтанд ва аз моҳи январи соли 1993 вилояти мухтор дар муҳосира қарор гирифт: роҳи ягонаи он вақт аз марказ ба Бадахшон аз ҷониби дастаҳои ИНОТ баста шуд ва сар карда аз километри 9-ум то худи Рўшон тамоми ин ҳудуд майдони ҷанг буд. Намояндагони ИНОТ дар Хоруғ, Рўшон ва Шуғнон, ки нерўҳои ба истилоҳ худмудофиаи Помирро дар ихтиёр доштанд, худро озод ҳис мекарданд. Тақрибан то соли 1998 ин минтақа аз кишвар «бурида» буд ва ҳама чизро дар он ҷо на «пирҳо», чунон ки дар тўли садсолаҳо таъсис ёфта буд, балки сарварони дастаҳои мусаллаҳ, ки аз рўи принсипи «авлод» ташкил шуда буданд, назорат мекарданд. Ва ҳоло ҳам, ба гуфтаи намояндаи як созмони ғайридавлатӣ Фаросатмо Ғаюрова, ки дар яке аз семинарҳои ВКД оид ба масъалаҳои ҳамкории милитсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ суханронӣ кард, тамоми ҷавонони шаҳри Хоруғ дар зери нуфуз ва қаноти ҷинояткории муташаккил қарор доранд. Фаромуз Эргашев, узви Шўрои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилии ВМКБ ин нуктаро боз ҳам рўшантар баён кард: “Дар милиса кор кардан барои ҷавонони Хоруғ шармандагист”.

Пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддир дар ВМКБ комилан таҳти назорат қарор гирифт ва ҳузури нерўҳои Русия дар марзи Тоҷикистону Афғонистон вазъро тағйир надод. Дар шароите, ки равуои наклиёт бо маркази кишвар тамоман қатъ шуда буд, дар ҳолати тамоман набудани саноат ва хочагии қишлоқи муосир кочоқи маводи мухаддир манбаи ягонаи рўзгор гардид. Дар Хоруғ муҷассамаи саркадаи асосии мафияи маҳалии маводи мухаддир Абдуламон Айёмбеков, ки бо лақаби «Лёша горбун» маъруф аст, гузошта шуд. Ҳам ў ва ҳам падараш ва чанде аз бародаронаш ҳанўз дар ҶСС Точикистон аз рўйи моддаҳои ҷиноятӣ ба чавобгарӣ кашида шуда буданд. Мегўянд, дар Хоруғ чунин шўхӣ будааст: «Оилаи Айёмбеков ба ҳеҷ ваҷҳ бо ҳам вохўрда наметавонанд, гоҳе яке дар маҳбас аст, гоҳе дигаре».

Худи Хоруғ ва тамоми манотиқи наздики он байни қабилаҳои гуруҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров, Толиб Айёмбеков, Мунаввар Шамбиев, Хурсанд Мазоров, Имомназар Шоиширинов, Матлаб Бекназаров, Ниёзшо Гулобов, Раҳмонбек Маҳмадов, Шаҳбозбек Муҳамадаслам ва дигарон тақсим шудааст, ки манбаи асосии даромади онҳо қочоқи маводи мухаддир, силоҳ, санг ва металлҳои гаронбаҳо аст.

Баъд аз он, ки дар моҳи октябри соли 2018 ҳамаи ин саркардаҳои гуруҳи муташаккил аз содир кардани як қатор ҷиноятҳо, аз таъсиси гуруҳи ҷиноӣ то даъват ва ҷалби ҷавонон бо мақсади ташкили бетартибиҳо, ғасби биноҳо ва муассисаҳои давлатӣ «тавба» карданд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз ду ҳазор силоҳи оташфишон, аз ҷумла як ПЗРК (комплекси мушаки зиддиҳавоӣ) ва 10 миномёти қутраш 82 мм-ро мусодира карданд.

Аммо бо вуҷуди он ки ҳамаи ин “роҳбарони ғайрирасмӣ” санадҳои огоҳкунанда имзо карда, ўҳдадор шуданд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноятпеша, амалҳои ғайриқонунӣ алайҳи амнияти давлату ҷомеа, ташкили “ҳамоишҳо” ва гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, даъвати ҷавонон ба бетартибиҳо, ғасби объектхои давлатӣ ва вайрон кардани моликияти давлатӣ, дашном додани шахсони мансабдори давлатӣ, дахолат ба корҳои шаҳрвандӣ ва шахсии аҳолӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, муомилоти аслиҳа ва авбошӣ, худдорӣ мекунанд, боз ҳам кирдорҳои ҷинояткоронаи худро давом медиҳанд.

Танҳо аз рўйдодҳои соли 2018 дар вилоят нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 100 амали ғайриқонунӣ, аз қабили зўроварӣ ё таҳдиди чунин зўроварӣ, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии кормандони милитсия, расонидани зарари ҷисмонӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ содир шудааст.

200 ҷинояти марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор гардида, зиёда аз 2,5 тонна маводи мухаддир аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардид. Аз 90 нафар аъзои гуруҳҳои муташаккили фаромиллии ҷиноятӣ аз ҷумлаи шаҳрвандони Афғонистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилоят бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир боздошт шудаанд, 82 нафарашон зодаи ВМКБ будаанд. 3700 нафар сокини вилоят ҳамчун нашъаманд сабти ном шуда, 700 нафар гирифтори бемории СПИД мебошанд. Тайи панҷ соли ахир дар ин минтақа беш аз 500 нафар бар асари истеъмоли аз меъёр зиёди маводи мухаддир ҷон додаанд. Тибқи маълумоти мавҷуда, 15 духтари маҳаллӣ бар ивази қарз аз мафияи маводи мухаддир ба дасти қочоқчиёни афғон дода шуданд.

Аъзои гурўҳи муташаккили ҷиноӣ дар муомилоти ғайриқонунии металлҳои қиматбаҳо низ даст доранд. Дар давоми се соли охир 14 ҷиноят ошкор карда шуд, ки дар ҷараёни он 5 кило сангу филизоти гаронбаҳо, инчунин 150 тонна санги тилло аз муомилоти ғайриқонунӣ мусодира гардиданд.

Бародари Мамадбоқир Мамадбоқиров бо ҷурми қочоқи 37 кг маводи мухаддир зиндонӣ шуда, 10 узви дигари оилаи ҷиноии ў низ дар зиндон ва ду нафар бо моддаи 200-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир» дар ҷустуҷў қарор доранд. Писари Толиб Айёмбеков Абдураҳмонов Маҳмадалӣ Толиббекович ва 5 узви дигари гуруҳи муташаккили ҷиноии ў бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар зиндон ба сар мебаранд. Панҷ узви гуруҳи созмонёфтаи ҷиноии Шанбиев, аз ҷумла бародараш Шанбиев Қурбонҷон Наврўзбекович, низ бо ҷурми қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар зиндонанд. Дар маҷмуъ, 56 узви гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ таҳти сарварии раҳбарони ғайрирасмии минтақа, ки аз ҷониби “шабакаҳои иҷтимоӣ” пуштибонӣ мешаванд, бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир рўзашонро дар зиндон мегузаронанд.

Ин се омил чун дигар ҳолатҳо боиси бегона ва дар канор мондани аҳолии ВМКБ аз сокинони манотиқи дигари кишвар гардид. Дар байни аҳолии махаллии Бадахшон, бахусус чавонон, зуд-зуд ҳарфи «мо тоҷик нестем, помирием» шунида мешавад. Чоршанбе Чоршанбиев, ки бо рафтори ҷанҷоловар ва ғайриварзишиаш маъруф шуд, боре дар посух ба суханони яке аз варзишгарони ММА-и Русия, ки ўро тоҷик хонд, гуфтааст, ки “аз оина тоҷикро мебинӣ, ман помирӣ”.

Ба гуфтаи коршиносони рус, дар солҳои 1995-1998 тавассути ВМКБ ҳамасола 150 тонна маводи мухаддир ворид мешуд. Афсари Лоиҳаи байналмилалии зидди маводи мухаддири СММ “Гиреҳи Ош” Зеличенко навиштааст: “Аз соли 1992 то соли 1996 ҳиссаи асосии маводи мухаддири қочоқӣ ба водии Фарғона тавассути марзи амалан “шаффоф”-и Афғонистону Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (Тоҷикистон) ва сипас ба ИДМ ворид мешуд».

Даргирӣ ва низоъҳо байни намояндагони ҳукумати марказӣ ва раҳбарони ғайрирасмии маҳаллӣ, ба ҷиноят ғўтидани минтақа, ки тақрибан тамоми соҳаҳои ҳаёт дар зери назорати ҷангҷўён буд, боиси тезутунд шудани муносибатҳои ҳукумати марказӣ, ки кўшиши барқарор кардани тартибот дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшонро мекарданд ва саркадаҳои ҷинояткорони маҳаллӣ, ки расонаҳои ба истилоҳ мустақил онҳоро “пешвоёни ғайрирасмии” минтақа номидаанд, гардид. Ҳамин тавр, асорати ғайриқонунӣ ва боздошти иҷбории ёвари прокурор, латукўб ва таҳқири маънавии ў танҳо идомаи муқовиматест, ки даҳсолаҳо идома дорад. Худи сокинони маҳаллӣ мегўянд, ки агар Зиёбеков ин қадар дар ҷустуҷўи адолат мебуд, бояд ба назди прокурори ноҳия рафта, ҳама чизро ба ў нақл мекард ва аз вазифа озод кардани ёвари прокурорро, ки аз бадрафтории як корманди милиса чашм пўшидааст, талаб мекард. Ё ҳатто ўро барои ин ҷиноят зиндонӣ мекарданд. Аммо муҷозоти як ҷавон барои пешниҳоди вохўрӣ ва баҳси мушкили духтар бештар ба рафтори “бачаҳакояи кўча” монанд аст.

Пас аз он прокуратури вилоят аз рўи далели гаравгонгирӣ ва барангехтани адоват парвандаи ҷиноӣ боз карда, аз рўи суханони Файзов, Зиёбеков ва шарикони ўро борҳо ба бозпурсӣ даъват кардааст. Чор нафар аз ҷавононе, ки дар дастгир кардани ёвари прокурор ширкат доштанд, боздошт гардида, тафтишот гузаронида шуд ва барои ҷинояти содиркардаашон муҷозот шуданд. Аммо Зиёбековро дастгир кардан муяссар нашуд, зеро вақте намояндагони ВКД ба деҳаи Тавдем омаданд, дар он чо издиҳоми зиёди одамон чамъ омада буданд ва бо мақсади пешгирӣ кардани бетартибӣ ва хунрезиҳо карор дода шуд, ки ягон амалиёт гузаронда нашавад. Фармондеҳи нерўҳои дохилӣ Сўҳроб Рауфзода бо сокинони деҳа суҳбат карда, пешниҳод кард, ки худи онҳо Гулбиддин Зиёбековро ба Хоруғ биёранд. Намояндагони авлоди Зиёбековҳо ба раиси вилоят занг зада, бо кафолати амният бо ў мулоқот хостанд. Мазмуни суҳбат аллакай дар боло гуфта шуд. Зиёбеков гумон кард, ки масъала ҳал шудааст. Роҳбарияти Раёсати ВКД-и ВМКБ бародари Зиёбеков Интизорро борҳо даъват карда, ба ў пешниҳод кардаанд, ки Гулбиддинро ба дасти қонун супорад. Аммо Зиёбеков бо таҳрики як раҳбари дигари ҷиноии Роштқалъа Амриддин Аловатшоев ва дигар аъзои гуруҳаш дар деҳаи худ, ки аз ҷониби  ҳама аъзои гурўҳ ва авлодаш нигаҳбонӣ мешуд, пинҳон шуд. Он вақт, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ ҷуръат накарданд, ки барои боздошти Зиёбеков аз зўр истифода баранд, зеро ин метавонист боиси хунрезӣ ва талафоти эҳтимолии шаҳрвандони бегуноҳ гардад.

Танҳо дар моҳи ноябри соли гузашта кормандони КДАМ-и маҳаллӣ, ки барои боздошти Зиёбеков рафта буданд, лаҳзае пайдо карданд, то дар деҳа издиҳоми зиёд набошад ва Зиёбековро боздошт карданӣ шуданд. Ба гуфтаи яке аз ширкатдорони амалиёти боздошти Зиёбеков, ў дар даст таппонча дошт ва ҳатто тавонист аз он тир парронад. Чӣ хеле набошад, қонун ба корманди ҳифзи ҳуқуқ иҷозат медиҳад, ки агар ҷинояткор муқовимати мусаллаҳона нишон диҳад, силоҳро истифода барад. Дар ин гуна мавридхо фармони кушодани оташ барои куштан дода намешавад ва ҳар аъзои гуруҳи дастгиркунанда мустақилона қарори оташ кушоданро қабул кардааст. Зиёбекови маҷруҳ ҳангоми интиқол ба бемористон ҷон бохт ва авлоди Зиёбековҳо, ки баъди амалиёт ба худ омада буданд, ҷасади марди кушташударо ба назди бинои ҳукумати вилоят оварданд. Наздикони Зиёбеков ва Аловатшоев бо истифода аз робитаҳои худ авлодҳои дигарро ба по хезонданд ва дар назди бинои маъмурияти вилоят асосан ҷавонон – намояндагони гурўҳҳои созмонёфтаи ҷиноӣ ва хешовандон аз авлоди Зиёбековҳо ва дигар гуруҳҳои ҷиноии вилоят ҷамъ омадаанд. Ҷамъомадагон талаби тафтиши одилонаи марги ҳамдиёрашон шуданд, аммо дар баробари ин худи онҳо низ ба нақзи қонун шуруъ карданд, ба бинои маъмурият ворид шуданӣ шуданд, силоҳҳои маъмурони милисаро гирифта, ба сўи мақомоти давлатӣ санг партоб карданд.

Тибқи маълумоти фаврӣ, дар ҳайати олами ҷиноӣ дар Хоруғ ва навоҳии наздики он то 2000 нафар фаъолият доранд, ки пайваста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, авбошӣ, латукўб ва ғорати сокинони дигар минтақаҳои вилояту кишвар, таҳқир дар заминаи маҳалгароӣ машғуланд.

Ҳамин тариқ, Мамадбоқир Мамадбокиров рўзи 27 декабр ба вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон Толибшо Насратшоев, ки қаблан аз тариқи телевизиони вилоят баромад карда, амали ҷавононро дар назди бинои ҳукумати ВМКБ маҳкум карда буд, занг зада, ўро ҳушдор додааст, ки дигар ин гуна баромадҳо накунад, дар акси ҳол ўро бо зўроварӣ таҳдид кардааст.

1 январи соли равон Мамадбоқир Мамадбокиров дар назди бинои раёсати маорифи вилоят қарор дошта, ба раиси шаҳри Хоруғ Атобек Шукурбеков таҳдид карда, гуфтааст, ки одамонаш мошини шахсии Шукурбековро барои пуштибонӣ аз мақомот месўзонанд.

Ў рўзи 29 январ ба утоқи кории ошёнаи чоруми бинои шуъбаи маориф, ки онро мудири шуъбаи маорифи вилоят Лутфулло Наврўзов ҳамчун хонаи истиқоматӣ истифода мекард, ворид шуда, Наврўзовро дар заминаи маҳалгароӣ таҳқир карда,  зада ба ў фармон додааст, ки шаҳри Хоругро тарк кунад. Ба гуфтаи Наврўзов, Мамадбоқиров қаблан низ, вақте акнун ба вазифаи раиси шуъбаи маориф таъйин шуда буд, ўро таҳқир кардааст, вале баъдан Наврўзов бо назардошти он, ки ҳодиса ба охир расидааст, алайҳи ў ариза нанавиштааст.

Баъд, Мамадбоқиров аъзои гурўҳи муташаккили ҷиноии худро дар маҳаллаи Бархоруғ ҷамъ оварда, дар шарҳи суханронии Ҳаким Давлатзода, вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ аз вилояти Дарвоз, гуфт, ҳоло мақомот гўё мехоҳанд онҳоро аз як ҳудуди присипиалӣ ҷудо кунанд. Ҳамин тавр боз ба барангехтани кинаю адовати миллӣ шуруъ карда, мегуфт, ки онҳоро на тоҷикон, балки муғулҳо таҳқир мекунанд ва «мо номуси худ ва мухторияти худро ба касе намедиҳем».

Рўзи 3 феврал Мамадбоқир Мамадбокқиров дар паҳлўи бинои раёсати маорифи вилоят мошини хизматии муовини раиси шаҳри Хоруғро, ки дар он муовини раиси шаҳр П.Ғуломайдарова ва сармуҳаррири нашрияи «Оинаи зиндагй» М. Мародасенова буданд, манъ карда, ба иҷрои вазифаҳои хизматиашон халал расондааст.

Мамадбоқиров пеш аз ин низ ба худаш ба ҳамин гуна кирдорҳоро иҷозат дода буд. Ҳамин тариқ, ў 20 октябри соли 2017 ба бинои суди вилоят ворид шуда, судя Қосум Абдурасуловро мавриди бозпурсӣ қарор дода, бо силоҳи оташфишон таҳдид кардааст.

Сипас, аз бинои суд берун шуда, мошини раиси суди ҳарбии вилоят Давлатманд Юсуфзодаро боздошт ва дар назди мардум ўро дашном дода, бо зўроварӣ таҳдид кардааст.

Моҳи майи соли 2020 Мамадбоқиров раиси ҷамоати Ванқалъаи  ноҳияи Шуғнон Фарҳодбек Дарвозиевро дар назди бозори марказии шаҳри Хоруғ дар ҳузури мардуми зиёд бо куштор таҳдид кардааст.

Бо ин ҳама далелҳо алайҳи Мамадбоқир Мамадбоқиров парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда, ўро расман ба прокуратураи вилоят даъват кардаанд, аммо Мамадбоқиров боз ба ин зангҳо эътибор надода, хонаи худро бо аъзои гуруҳи муташаккил ва авлодаш иҳота карда, аз аъзои дигар гуруҳҳои ҷиноӣ низ дастгирӣ ва кўмак хостааст.

Ҳоло вилоят асосан аз ҳисоби буҷети марказӣ вучуд дорад: 66 дарсади буҷетро субвенсияхои хукумати ҷумҳурӣ ташкил медиҳанд. Интиқоли пули муҳоҷирони корӣ аз ВМКБ, инчунин дастгирии сохторҳои тобеи пешвои маънавии исмоилиёни Бадахшон шоҳзода Карим Оғохони IV саҳми назаррасе барои аҳолии вилояти худмухторро ташкил медиҳанд. Аммо ҳиссаи асосии буҷаи шубҳанок аз ҳисоби даромад аз қочоқи ғайриқонунии аслиҳа, маводи мухаддир ва филизоти гаронбаҳо.

Бо ташкили дурусти иқтисод, минтақа метавонад ҳамчун як нуқтаи транзити колоҳои чинӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба минтақаҳои марказии Тоҷикистон ва минбаъд ба Узбекистону Туркманистон, таъсири бузурге дошта бошад, аммо ба далели афзоиши ҷиноятҳои муташаккил то ҳол имкон нест, ки дар ВМКБ як чизи ба ин монанд ё дигар истеҳсолот ташкил карда шавад.

Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон,

проректор доир ба муносибатҳои байналмилалии ДМТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь