Хронологияи муноқишаҳои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар 10 соли охир (2011-2020)

Ҳодисаҳои 28-30-юми апрели соли 2021 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро метавон авҷи тамоми таърихи муноқишаҳои наздимарзии миёни ду кишвар номид. Ҳеҷ гоҳ то ин замон низоъҳои ҳамсоягон ба ин шумора талафоти инсонӣ боис нагардида ва ҳеҷ кишвар ба наздикии марз ҷузъу томҳои калони низомиро накашида буд. Nuqta.tj мониторинги сомонаҳои ватанӣ ва қирғизӣ, инчунин хадамоти гуногуни Радиои Озодиро дар солҳои 2011-2020 баргузор кард, то хронологияи бархӯрдҳои марзиро тартиб диҳад, ки барои ҳодисаҳои охири хунин замина сохтаанд. Ҳадаф дарк кардани он буд, ки чӣ тавр баҳсҳои маишӣ ду халқи бародарро ба низои низомӣ кашиданд. Ҳадаф аз таҳқиқоти мо таҳрик додани «хунгармон» ба ҳамлаҳо зидди ҳамсоякишвар нест. Бас аст куштору харобкориҳо!

Тоҷиконро намешуниданд? Ё шунидан намехостанд?

Барои доир намудани чунин таҳқиқот моро ҳамлаҳои иттилоотие таҳрик доданд, ки аз ҷониби ВАО ва шаҳрвандони Қирғизистон сурат мегиранд. «Фашистҳо», «таҷовузгарон», «қотилон» – садо медиҳад ба унвони кишварамон. Дар баробари ин, далелҳои расонаҳо ва блогерони тоҷикро дар хусуси он, ки қисмати бузурги масъулият бар дӯши худи ҳамсоягонамон аст, дар Ҷумҳурии Қирғизистон нодидаю ношунида мегиранд.

Истинодҳо ба ҳамлаҳо, кушторҳо, маҷрӯҳкунию латукӯбҳои шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби аҳолӣ ва мақомоти қудратии Қирғизистон сарфи назар мешуданд. Хотиррасон мекардем, ки замини Ворух ҳама вақт ба Тоҷикистон мансуб буд ва ҳеҷ гоҳ анклав набудааст, барои исботи ин харитаҳои Шӯравиро пеш меовардем ва ба вуҷуд надоштани ягон санаде ишора мекардем, ки ба Қирғизистон тааллуқ доштани ин хокро тасдиқ намояд, аммо боз натиҷа ҳамон буд. Гуфтаҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар гурӯҳҳои қирғизии шабакаҳои иҷтимоӣ бо даъват ба сулҳ, худдорӣ аз тезутунд кардани зиддият ё бо пешкаши далелҳои асоснок бар зидди фиребу дурӯғпароканӣ дарҳол ҳазф ва муаллифон блок мешуданд.

Ҳар касе метавонад иттилоотро такроран бисанҷад

Ба хотири гирифтани пеши роҳи баъзе хунгармон ва даъват ба ақли солим тасмим гирифтем ба таърихи муноқишаҳо дар 10 соли охир рӯ орем. Агар тоҷикистонӣ ё қирғизистоние (ва ҳар нафари дигар ҳам) ба маълумоти пешкашнамудаи мо шак кунад, метавонад бо истифода аз санаҳое, ки дар матлаб оварда шудаанд, онҳоро бисанҷад.

Таҳқиқи мо танҳо ба хабарҳои қаблан дар интернет нашргардида асос меёбад. Азбаски дар рафти низои охирин ва қаблиҳои наздимарзӣ барои хабарнигорон дастрас кардани иттилооти расмӣ душвор буд, ба ниҳодҳои давлатӣ барои ахбор муроҷиат накардем. Барои мониторинг 4 манбаи электронӣ интихоб гардид: Радиои Озодӣ, Kloop.kg, Asiaplustj.info, хадамоти матбуотии вилояти Суғд.

Инак, таҳлили рӯйдодҳои 10 соли охир – солҳои 2011-2020 (ба истиснои даргирии охири 28-29-уми апрели соли 2021) нишон медиҳад, ки дар давраи мазкур даҳҳо низоъҳо ба амал омадааст. Аммо мо дар тадқиқоти худ танҳо 27 низои нисбатан ҷиддии калону хурдро дарҷ менамоем. Асосан (21 маротиба) ташаббускорони ин низоъҳо ҷониби қирғиз буд. Осебдидагон ва қурбониён низ дар миёни шаҳрвандони Тоҷикистон зиёдтаранд – 219 нафар.

Мо кӯшиш кардем, ки зарари моддиро ҳисоб кунем, аммо ин кор ба мо муяссар нагардид. Дар сарчашмаҳои болозикр мо тавонистем, ки танҳо 3-4 қайдро дар бораи зарари моддии расонидаи ҷонибҳо дарёфт кунем. Аммо сатҳи умумии зарарро (дар муодили миқдорӣ ва ё пулӣ) аз рӯи ин қайдҳо муайян кардан номумкин аст.

Омори ҷамъбастӣ аз рӯйи ин 27 ихтилофи марзӣ дар солҳои 2011-2020 чунин аст:

Иттилои расмиро доир ба ҳаҷми умумии осебҳои моддӣ, ки ҷонибҳо бардоштаанд, мо дар ихтиёр надорем. Дар манбаъҳое ҳам, ки болотар номбар кардем, ахбор хеле кам аст ва на ҳама солҳоро фаро мегирад. Чизе, ки дарёфт кардем, дар зер меорем.

Маблағи зарари умумии шаҳрвандони ҶТ дар ин низоъҳо оварда намешавад.

Бино ба арзёбии ҷониби қирғиз, зарари онҳо 7 миллион сомро ($140 ҳазор) ташкил дод, ки аз ин миқдор ба лаҳзаи омода шудани матлаб ҷониби тоҷик $100 ҳазорро ҷуброн намуда буд. Намояндагони Тоҷикистон низ гуфтанд, ҷониби қирғиз ҳам ба шаҳрвандони ҶТ ҷубронпулӣ пардохт намудааст, вале номгӯи зарарҳо ва маблағи умумии онҳо оварда намешавад.

Зимни ҳамон матлаб Бишкек исрор мекунад, ки дар як соли охир (2013-2014 дар назар аст,- эзоҳи муаллиф) дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон наздики 30 муноқиша ба вуқӯъ пайвастааст, ки ба кишвар 11 миллион сом ($220 000) зарар овардаанд. Ҳаҷми зараре, ки дар давраи мазкур қирғизҳо ба Тоҷикистон расонидаанд, зикр намегардад.

Nuqta.tj

P. S. Бо намунаи пурраи мониторинг метавонед дар сомонаҳои Nuqta.tj ва Farazh.tj шинос шавед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь