Тоҷикистон ва Қирғизистон дар арафаи анҷоми нишонагузорӣ ва аломатгузории марз ҳастанд

Боз шудани марзро на танҳо сокинони марзӣ, балки истеҳсолкунандагон ва содиркунандагоне, ки мехоҳанд миёни ду кишвар тиҷорат ба роҳ монанд, интизоранд.

Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷоми аломатгузорӣ ва нишонагузории марзи ду кишвар наздик мешаванд. Дар охирин хабарҳои расмӣ дар охири моҳи декабри соли 2023 ва январи соли 2024 ҷонибҳо аз анҷоми 90 дарсади корҳои кашидани хатти марз ҳарф зада буданд. Анҷоми пурраи раванд то аввали баҳор ба нақша гирифта шуда буд. Зоҳиран, бояд мунтазир шуд, то сарони давлатҳо дар бораи як вохӯрии дигар бо ҳам маслиҳат кунанд. Муҳим он аст, ки ҷонибҳо тавонистаанд аз маконҳои иқомати ҷамъи тоҷикону қирғизҳо, ки минтақаҳои даргириҳои эҳтимолӣ маҳсуб мешуданд ва дар солҳои 2021 ва 2022 даргириҳои низомӣ рух дода буданд, бехатар “гузаранд”.

Дар бораи пешрафти бомуваффақияти корҳои аломатгузории манотиқи душвори марзӣ ҳарду раҳбари Комиссияи байниҳукуматӣ – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва ҳамтои ӯ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Қирғизистон Камчибек Ташиев зимни мулоқоти худ дар моҳи январ гузориш доданд, аммо ҷонибҳо ҳамеша аз ироаи ҷузъиёт худдорӣ кардаанд.

Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт: “Агар мо бигӯем, ки онҳо ё мо дучори мушкил шудем, ин метавонад дар ҷомеа як таъсири нохостаеро ба вуҷуд орад ва равандро ба самти дигар гардонад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки то анҷоми ин раванд мунтазир шавем, ки баъд аз он натиҷаҳо эълон хоҳанд шуд”.

Аммо чӣ дар Тоҷикистон ва чӣ дар Қирғизистон мардум умедворанд, ки ҳама масъалаҳо ба зудӣ ҳаллу фасл ва марзҳо боз мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, ҳарду кишвар аз катъ шудани тиҷорат ранҷ мекашанд.

Тибқи иттилои Раёсати минтақавии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ҷонибҳо дар ду моҳи аввал ҳамагӣ ба маблагӣ 83 ҳазору 840 доллари амрикоӣ муомилот кардаанд. Ин дар ҳолест, ки гардиши мол миёни ду кишвар дар замонҳои бидуни низоъ дар як сол ба 60 миллион доллар мерасид.

Коршиносони мо дар бораи хисороти иқтисодии даргириҳои марзӣ дар марз ва умеди барқарории равобити дӯстиву ҳамкории тоҷикону қирғизҳо чӣ мегӯянд?

Маҳинахон Сулаймонова, мудири ширкати «Нексигол Мушовир» (Тоҷикистон):

«Тоҷикистону Қирғизистон, ки ҳамчун кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва як қатор кишварҳои пешрафта дар ислоҳоти иқтисодӣ дастгирӣ ёфтаанд, солҳои охир дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, бахусус, дар соҳаи кишоварзӣ ба мушкилоти зиёд рӯбарӯ шудаанд. Агар баста шудани марзҳо дар робита ба пандемии коронавируси COVID-19 як чораи муваққатӣ ҳисобида мешуд, пас муноқишаҳо дар марз, ки ба задухӯрди мусаллаҳона табдил ёфт, ҳамкории истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, содиркунандагон ва намояндагони соҳибкорони ду кишварро дар маҷмуъ зери хатар гузошт. Бисёре аз лоиҳаҳои муштарак, ки бояд идома медоштанд, бо далели афзоиши низоъҳо дар марз аз тарафи донорҳо дастгирӣ наёфтанд. Татбиқи баъзе лоиҳаҳо кашол ёфта, боиси ба таъхир афтодани марҳилаҳои нави онҳо то вазъи мусоидтар шуд, ки раванди ислоҳотро дар ҳар ду кишвар суст кард. Баста шудани марзҳо ба шарикии намояндагони ҳам сохторҳои ҳукуматӣ ва ҳам созмонҳои байналмилаливу ғайриҳукуматӣ таъсир расонд.

Мо бо созмонҳои ҷамъиятии Қирғизистон, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекарданд, робитаи наздиктарин доштем. Лоиҳаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи дониши иқтисодию ҳуқуқии деҳқонон, иқтидори содиротии онҳо бо ҷорӣ кардани технологияҳои пешрафта, бахусус, технологияҳои иттилоотӣ, истифодаи усулҳои обёрии қатрагӣ, рушди боғдории интенсивӣ амалӣ гардиданд. Дар доираи лоиҳаҳои муштарак мо бо мақсади табодули таҷриба вохӯриҳои намояндагони соҳаи кишоварзиро ташкил карда, мутахассисонро барои расонидани ёрии амалӣ ба деҳқонон даъват кардем. Бо ҳамдастӣ истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ду кишварро бо тухмии умедбахш таъмин карда, ба онҳо роҳнамоӣ кардем, то ба бозорҳои нав, ки аз он ҷо метавонанд фоидаи бештар гиранд, ворид шаванд.

Системаи иттилоотӣ ва маркетинги кишоварзӣ, ки ҳанӯз соли 2009 аз ҷониби ширкати «Нексигол» таъсис дода шудааст, имкон дод, ки ҳам дар ду кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар барои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зудӣ шарикон пайдо карда шаванд. Муноқишаҳои марзӣ на танҳо боиси қатъ шудани тиҷорат, балки тағйири фазои ҳарду кишвар гардид, ки дар натиҷа ҳамкории созмонҳои ғайридавлатӣ ва дигар созмонҳои шарик воқеан қатъ шуд. Ман чунин мешуморам, ки ин вазъият ба истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва умуман ду давлат зарари хеле калон расонд.

Таҳаввулоти имрӯза дар марз, бахусус, изҳороти намояндагони мақомоти ду кишвар дар бораи эҳтимоли ба зудӣ анҷом ёфтани раванди таъини аломатгузорӣ ва нишонагузории марзҳо ва бастани созишнома дар бораи марз хушбиниро ба вуҷуд меорад. Мо умедворем, ки яке аз қадамҳои аввал тасмим дар бораи озодии ҳаракати одамон ва молу коло хоҳад буд. Мо дарк мекунем, ки барқарор кардани сатҳи қаблии ҳамкориҳо осон нахоҳад буд, вале умед дорем, ки зарурати он ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Қирғизистон эҳсос мешавад.”

 Юсуф Аҳмадов, намояндаи собиқи парлумон (Тоҷикистон):

«Ҳамсоя, ҳар чӣ ҳам бошад, ҳамсоя аст. Ӯро бояд тавре қабул кард, ки ҳаст. Дар тӯли чандинасраи таърих ҳам тоҷикон ва ҳам қирғизҳо маҳз аз ҳамин мавқеъ амал карда, дар ҳамин асос муносибатҳои дӯстиву ҳамсоягии нек инкишоф меёфт. Бо пошхӯрии Шӯравӣ, ки боиси тақсими мерос шуд, мутаассифона, мо манфиатҳои мардуми оддиеро, ки дар марз зиндагӣ мекарданд, фаромӯш кардем. Мо онҳоро аз имконияти савдо, ҳаракати озодона дар роҳҳо, кашондани мол маҳрум карда, он тартибот, он тарзи зиндагиро, ки сулҳу осоиш ва дӯстии байни тоҷикону қирғизҳо ба он асос ёфта буд, вайрон кардем.

Яке аз тадбирҳои харобиовар муборизаи ба истилоҳ алайҳи қочоқ буд, ки дар манотиқи сераҳолии тоҷикону қирғизҳо оғоз шуда буд. Вақте мошини боркаш бо чандин тонна бори ғайриқонунӣ аз марз мегузарад ё тариқи марз маводи мухаддир, филизоти қиматбаҳо ва колоҳои мамнуъро меоранд, фаҳмост, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба одамон фурӯши меваю сабзавот ва буттамеваро манъ карданд, ки ин хандаовар аст. Ин кор чандин аср аст, ки иҷро мешуд. Чӣ бадӣ дошт, ки соҳибкорони тоҷик зардолуи қирғизро коркард карда, ба онҳо намуди бозорӣ медоданд ва сипас ба фурӯш мебурданд? Ба ҳамин далел ҳарду зиндагии беҳтар доштанд. Меваи хушк ё офтобпарастеро, ки аз як деҳаи ҳамсояи Қирғизистон ба деҳаи Тоҷикистон интиқол дода мешавад, қочоқ донистан аҳмақист. Қирғизҳову тоҷикон асрҳо боз ин молҳоро савдо мекарданд ва мо якбора хостем, ки ин тартиботро тағйир диҳем, ки боиси норозигӣ шуд. Дар ҳоле, ки Аврупо ҳама монеаҳоро аз байн мебарад ва ба одамон имкон медиҳад, ки озодона ҳаракат ва тиҷорат кунанд, мо монеа мегузорем. Ин дуруст нест.

Ин ҳам нодуруст аст, ки бинобар баста шудани марзҳо мо наметавонем бо истифода аз долонҳои нақлиётии озоди Қирғизистон ба Қазоқистон, Русия, Чин мол содир кунем. Мо бо бастани дарҳои бозорҳои марз ба рӯйи ҳамдигар савдои фаромарзиро аз байн бурдем. Ин бозорҳо намунаи як минтақаи озоди иқтисодӣ буданд. Чаро мо кӯшиш мекунем, ки дар ягон ҷо ҳамин гуна минтақаҳоро ташкил кунем, вале минтақаҳои табиӣ ташкилшудае, ки фақат ба манфиати мардум амал мекарданд, баста шуданд?

Фикр мекунам, агар марзи байни ду давлат боз шавад, мо бояд муносибати худро ба тиҷорат дар минтақаи марзӣ бознигарӣ кунем ва аз эҷоди монеа барои мардум даст кашем. Бигзор онҳо ҳамон тавре, ки пештар буд, бо монеаҳои камтар, дахолати камтар ва дастгирии бештар зиндагӣ кунанд.”

 Саломат Аламанов, сиёсатшинос (Қирғизистон):

Аз мусоҳибаи рӯзноманигор Бакит Стамов, ки дар сомонаи nuz.uz нашр шудааст, бармеояд, ки Қирғизистон ва Тоҷикистон барои ҳамкории муассир дар ҳама бахшҳои ҳамкориҳои дуҷониба потенсиали боло доранд. Тарафҳо дар бисёр соҳаҳо, ки дар онҳо ҳамкорӣ барои ҳарду ҷониб суди бештар медиҳад, ҳамкорӣ карда метавонистанд.

Барои зиёд кардани ҳаҷми муомилоти тиҷоратию иқтисодӣ шароити мусоид фароҳам овардан зарур аст. Аз ҷумла, баррасии масъалаҳои муштараки таҳияи механизмҳои ҳамкорӣ дар содирот, воридот ва реэкспорти молҳо бо дарназардошти узвияти Қирғизистон дар Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС) ва мавҷудияти мақоми ВСП+ (нақшаи умумии имтиёзҳо барои боҷи гумрукӣ дар содироти озоди мол ба Иттиҳоди Аврупо) ниҳоят муҳим аст.

Дар робита ба ин, зарурати бетаъхир андешидани тадбирҳои мушаххаси амалии рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва обу энергетикаро таъкид кардан зарур аст…

Яке аз нуктаҳои муҳими рушди муносибатҳои неки ҳамсоягӣ миёни Қирғизистону Тоҷикистон ин фароҳам овардани шароити мусоид барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави ду давлат фаъолияти соҳибкорӣ ва меҳнатиро анҷом медиҳанд, ба ҳисоб меравад…

Ба худам иҷозат медиҳам гӯям, ки имрӯз барои инкишоф додани муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва савдои байни кишварҳои мо шароити объективӣ ба вуҷуд омадааст. Аз замонҳои қадим роҳҳо ҳамчун меъёр хизмат мекарданд, ки ба хеле наздик шудани одамон мусоидат мекунанд. Табиист, мо он рӯзи хушеро интизорем, ки роҳҳо боз ҳам ба ҳамон рисолати пештараи худ, ки давоми асрҳо ба халқҳои мо хизмат карда буданд, бармегарданд. Онҳо бояд ба халқҳое хидмат кунанд, ки марзҳо бояд барои онҳо шаффоф бошанд.

Неъматулло МИРСАИДОВ,

дар тарҷумаи Шӯҳрат аз русӣ ба тоҷикӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь