Раванди ҷаҳоншавии амалҳои террористӣ ва созмонҳои террористию ифротгароӣ аксари кишварҳои оламро зери хатар қарор додааст. Инсоният имрӯзҳо сели ҳуҷуми онҳоро дар кишварҳое чун Афғонистон, Сурияву Ироқ, Шому Фаластин бараъло мебинаду ба андеша меравад, ки аз ин хатар чӣ гуна метавон раҳоӣ ёфт?

Имрӯз ҳамаи кишварҳои олам воҳидҳои зиддитеррористӣ ташкил намудаанд, то аз ин вабои аср эмин бошанд. Вале, мутаассифона, дар алоҳидагӣ аз дасти кишваре ба муқобили онҳо чизе намеояд. Дар ин боб ҳақ ба ҷониби Пешвои муаззами миллат аст, ки давлату кишварҳоро ба муқобили ин масоили глобалӣ ба муборизаи дастаҷамъона даъват намуд.

Тоҷикистон кишварест, ки дар солҳои навадуми асри гузашта майдони фаъолияти фаъолони дастаҳои террористон қарор гирифта буд, ки насли калонсолону миёнсолони мо ҳама шоҳиди ин воқеаҳои хунинанд. Дар ҳамин давра, мувофиқ ба гуфтаи коршиносон, 150 ҳазор шаҳрвандони мо ба ҳалокат расиданду 55 ҳазор кӯдак ятим монданд.

Сокинони саёраи Замин бо воситаи расонаҳои хабарӣ воқифанд, ки аксари амалҳои террористиро ба дини мубини ислом рабт медиҳанд, ки ин мутлақҳо хатост. Ва боз дар ин боб рӯ меоварем ба гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат: «Террорист дину мазҳаб надорад».

Тоҷикистон чун як узви ҷомеаи ҷаҳонӣ доимо ҷонибдори сулҳу салоҳ ва осоиштагии ҳамаи кишварҳои олам будаю доимо дар ин боб монда нашуда мубориза мебарад. Ҳанӯз 7-уми декабри соли 2005 дар Арабистони Саудӣ Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, ба дини мубини ислом нисбат додани амалҳои террористиро сахт маҳкум карда буд.

Авзои пуртазоди сиёсии ҷаҳон, торафт фаъол шудани дастаю гуруҳҳои террористӣ ҳар фарди солимфикрро водор месозад, ки Ватани худро дӯст дораду хештаншинос бошад.

Маълумамон аст, ки гуруҳҳои ифротгаро ба воситаи шабакаҳои худ хело фаъолона таблиғот бурда, ҷавононеро, ки савияи пасти дониши динию хештаншиносӣ доранд, ба сӯи худ мекашанд. Мо, аҳли зиёи кишвар – муаллимон, муллоҳо, имомхатибони масҷидҳо ва дигар табақаҳои ҷомеа бояд дар байни ҷавонон корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯртар ба роҳ монем ва нагузорем, ки ҷавонони кишварамонро бифиребанд.

Болотар зикр намуда будем, ки дар мубориза ба муқобили терроризм Тоҷикистон яке аз давлатҳои фаъол аст. Бо ташаббусу дастгирии Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ зери унвони «Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм» баргузор шуд, ки дар он донишмандони бузурги дини мубини ислом ва муфтиҳои шинохтаи олами ислом аз Покистон, Қатар, Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Қирғизистон, минтақаи Қафқоз ва дигарҳо иштирок доштанд ва бо фатвои худ чунин гуруҳҳоро ба ислом бегона донистанд.

Мо мардуми аз азал фарҳангиему аз дину маданият ба хубӣ огоҳӣ дорем. Мо медонем, ки дар ҷаҳони ислом эҳтироми ҳамдигар новобаста ба дину мазҳаб дар ҷойи аввал аст. Мо дар партави гуфтаҳои Пешвои миллатамон ҳама мардуми сайёраро ба ҳамзистию осудагӣ даъват мекунему бо мушкилоти пешорӯ омада муборизаи дастаҷамъона мебарем.

Шамси АРАБ,

омӯзгори МТМУ №59-и ноҳияи Восеъ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь