Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:
– Ман қарорамро бекор накардаам.
Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег Сабур! Агар шумо қарорҳоятонро бекор кунед, ҳама дар Тоҷикистон террорист мешаванд. То охирин нафас зиди NGN мубориза баред!

Фирӯза САТТОРӢ, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Оила”:
– Оё беҳтар нест, ки ба ҷойи ин қадар маблағи калон сарф кардану 4-5 соли умри худро беҳуда гузаронидан, ҷавонони мо касбу ҳунар омӯхта, харрот, дуредгар, кафшергар, ошпаз, ронандаи автобус, метро, поезд ё мошинҳои боркаш шаванд.
Тассало: Хонум Фирӯза! Инҷо гап сари имиҷи ҳамсоягии деҳа меравад, имиҷ, мефаҳмед? Агар тавсияҳои додаи Шуморо қабул кунанд, “занакои лаби об” бо таъна мегӯянд, ки писар ё духтарашон дар “университет” неву дар коллеҷ мехонад.

Чилахон ХОЛОВ, ҳунарманд:
– Дар назар дорам бо фонограмма овозхонӣ кардани аксар сарояндаҳоро, ки аз фиреби мардум беш нест.
Суол: Раҳмат ба ҳамон ихтироъгари фонограмма! Фақат росташро гӯед, агар фонограмма набошад, худатон ба садои сарояндаҳои имрӯз тоқат мекунед?

Комил ЁДГОРӢ, рассом:
– Медонед, мардуми мо то ҳол маърифати асари рассомиро харида дар хонааш овехтан надорад. Агар ман ҳоло асарҳоямро ба бозори «Панҷшанбе» барам, 5 сомонӣ ҳам намехаранд.
Маслиҳат: Ҳозир аз ҳама роҳи зӯр барои фурӯхтану фоида ба даст овардан маҷбурӣ обуна кардан аст. Шумо ҳам мардумро обуна кунед ва фарҳанги расмнигоҳдориро дар хонаҳо омӯзонед, ҳамчуноне, ки мардуми мо фарҳанги газетхониро бо ин роҳ аз худ карданд.

Баҳром ҒАФУРӢ, сароянда:
– Бе “Оила” аз дар дароям, занам маро ба хона роҳ намедиҳад.
Шакарханд: Ҳаҳаҳа, аз хандая куштед, акои Баҳром! Маълум мешавад, ки дар як ҳафта як маротиба ба хонаатон меравед, ин ҳам бошад, танҳо рӯзҳои чоршанбе. Зиқ нашавед, мо пешниҳод мекунем, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро ба рӯзнома табдил диҳанд.

Нодир ВАЗИРОВ, омӯзгори собиқадор:
– Ман, ки муаллими фанни забони русӣ будам, мушоҳида намудам, муаллимони ҷавони ин фан худашон дуруст бо забони русӣ гап зада наметавонанд…
Гӯшзад: Устод, ҷои нигаронӣ нест, аз ҳамон муаллимони забони русии русе, ки маоши хуб мегиранд, мегӯем як-ду нафарашонро ба мактаби шумо фиристанд.

Таҳияи Ҳафизуллоҳи ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь