Чунин таҳаввули мафҳум ваҳдати миллиро фарогиру устувор мегардонад ва имкон фароҳам меорад, ки ба ҳайси унсури муҳимтарини худшиносии миллӣ густариш ёбад

Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бидуни суханпардозӣ, бо истинод ба далелҳои асоснок бозгӯйӣ намудани моҳияти ин ҷашн зарур ва ногузир аст. Хоса, дар шароити кунунӣ, ки бархӯрди манфиатҳо шиддат гирифта, гурӯҳҳои ифротгаро ва равандҳои дигари номатлуб дар шакли нав зуҳур карда истодаанд, ин иқдом муҳим, муфид ва саривақтист.

Касе инкор карда наметавонад ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мақому манзалати хоса дорад. Бо гузашти солҳо, хоса бо назардошти ҳаводиси ҷаҳони муосир, моҳияти ин рӯйдоди таърихӣ барои мардуми тоҷик тамоюли афзоишро касб намуда, ҷойгоҳи онро бамаротиб боло бурд. Аз ин нуктаи назар, Роҳбари мамлакат созишномаи мазкурро бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии мамлакат ҳамрадиф медонанд.

Далели раднопазир аст, ки агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ  бештар доман паҳн менамуд.  Хуб дар хотир дорем, ки он вақт кишвар «марказ»-и талошҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин гардид. Бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар муноқишаҳо ба хоҷагии халқ хисороти зиёд расид. Ҳазорҳо манзили истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб шуда, ғорати  амволи давлат ва мардум  авҷ гирифт. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷон аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба 1,5 миллион нафар расид.

Бегуфтугӯ, дар чунин айёми ҳассос ва сарнавиштсоз нишастан ба сари мизи  гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллат  аз парокандагӣ буд.

Ҳарчанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  хоксорӣ карда гуфтаанд, ки  «омили асосии расидан ба сулҳ аз замири халқи озодидӯсту фарҳангии тоҷик бархоста, бо тафаккури созанда ва иродаи шикастнопазири мардуми мо робитаи мустақим дорад», вале далели раднопазир аст, ки меъмори  Кохи Ваҳдати миллӣ ин Абармард мебошанд. Дар асоси  қонуни конститутсионӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  эътироф шудани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идомаи мантиқии арҷгузорӣ ва муҳаббатномаи тоҷику тоҷикистониён ба фарзанди фарзонаи миллат аст.

Дар бораи раванди музокирот  ва имзои ин ҳуҷҷати ба маънои том сарнавиштсоз зиёд гуфтаанду навиштаанд ва намехоҳам андешаҳоям такрори назари дигарон бошад. Агар ба он солҳои мудҳиши сипаришуда мунсифона назар намоем, бешак иқрор хоҳем шуд, ки он имтиҳони ҷиддӣ буд, ки халқи тоҷик зери роҳбарии Пешвои худ аз он на танҳо бо сарбаландӣ гузашт, балки рисолати давлатсозию давлатдориро дар сатҳи хубу сифати баланд иҷро намуд. Ин дастовард, ба назари инҷониб, ба омилҳои  асосӣ – дар лаҳзаи барои халқ муҳим ва тақдирсоз интихоби дурусти Роҳбар, яъне нақши Сессияи ХVI Шӯрои Олӣ ва Пешвои ҳақиқии миллат, ки дард ва иллатҳои иҷтимоӣ ва сиёсиро сари вақт дарк намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо фидокорона мубориза бурданд, вобаста мебошад.

Дар он шароити ниҳоят ҳассос ба шарофати иродаи матин, ақлу заковати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар шуд, ки ба низои дохилӣ хотима бахшида, мардуми парокандаи кишвар сарҷамъ шаванд.  Маҳз дар ин замина Комиссияи оштии миллӣ таъсис ёфта,   қарорҳои он тавассути мақомоти олии конститутсионӣ — Президент, Маҷлиси Олӣ ва Ҳукумати кишвар амалӣ гардиданд. Гузашти бисту шаш сол ва ҳаводиси ҷаҳони муосир собит намуданд, ки механизми зикргардида бозёфти нодири ҳалли низои дохилӣ мебошад.

Хушбахтона,  26 сол аст, ки дар кишвар дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо қалбҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯи фардои дурахшон собитқадаманд. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҷонӣ, рисолати инсонӣ ва қарзи виҷдони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аст, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ ҳамеша омода ва беш аз пеш  ҷонфидо  бошанд.

Ашхоси аз набзи ҷомеа огоҳ, хоса зиёиён бояд мунтазам шарҳу тавзеҳ диҳем, ки оғози солҳои навадуми асри гузашта ба  «шарофат»-и  фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат муташанниҷ гардида, давлату миллат дар вартаи нобудӣ қарор доштанд.  Дасисаҳои душманони дохилию хориҷӣ, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва иллатҳои дигар дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият пайдокардаи мо оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхтанд, ки ҳазорон нафар ҳамватанро ба ком кашид. Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт. Муҳимтар аз ҳама, бояд  ба насли наврас моҳияти ин ҷашн ва саҳми меъмори онро фаҳмонем, то онҳо дарк намоянд, ки  чанд сол пештар бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди онҳо таъмин гардад.

Эътироф бояд кард, ки дар робита ба ин масъала баъзеҳо ба суханпардозӣ иктифо мекунанд, ки дар натиҷа  тадбирандешӣ баҳри бегазанд нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо аз мадди назар дур мемонад. Чӣ бояд кард, ки Ваҳдати миллӣ устувор монад? Ба ин савол беҳтар аз суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посух пайдо накардам: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».

Ин суханони пурҳикмат чизе илова намудан ҷоиз нест.

Далер Абдулло,

 муовини сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь