Дуруд, киё Хуршед Атовулло!

Номаатон зуд расид, аммо ба далели андармонӣ натавонистам саривақт посух нависам.

Шумо дар номаатон навиштаед, ки “бо вуҷуди он ки диданиҳо дар Туркия зиёд аст (аз Анталияи ҳушбаранда сар карда то ба оромгоҳи Мавлоно дар Қуния), аммо ҳушу хаёлат дар Тоҷикистон аст. Андешаҳоят ҳам тағйир нахӯрдаанд ва сари мафҳумҳои абадие чун хотира, виҷдон, миллат, нанг, ватандорӣ меандешӣ. Ин хуб аст ё бад? Чаро вақте ҷое меравӣ, андешаҳоятро бо худат мебарӣ? Ин маънои лаҷом задани эҳсосро надорад, балки мебинию намебинӣ, мешунавию намешунавиро дорад. Албатта “сафар кардан ҷаҳон дидан аст”, аммо мо дар Ватани хеш ҳамаро дидаем, шунидаем, донистаем?”

Бояд бигӯям, ки ман чӣ дар дохили меҳан ва чӣ хориҷ аз он, ҳушу хаёлам ҳамвора дар Тоҷикистон аст. Чун дар муҳите бузург шудаам, ки рӯҳу равони тоҷикӣ дошт ва тоҷик буданро талқин мекард. Дарвоқеъ тоҷик будан яъне чӣ? Яъне бо вуҷуди дур будан аз меҳан дар фикри сарнавишти он будан, аз таърихи он ифтихор доштан, шоиста муаррифӣ кардани меҳан ва боло бурдани имиҷи он дар арсаи байнулмилалӣ аст. Ва муҳимтар аз ҳама талош варзидан барои мутахассиси хуб шудан аст, зеро ватанро мутахассис обод мекунад, на доди ватандориву сина кӯфтан!

Шумо дар идомаи номаатон ангораеро аз нашрияи “Фараж” гуфтовард кардаед. Дар ин навишта аз бетаваҷҷуҳии тоҷикистониён ба мавзеъҳои сайёҳиву торихии Тоҷикистон ва майли бештари онҳо барои рафтан ба тамошои кишварҳои хориҷ  ибрози нигаронӣ кардаед. Ормон доред, ки рӯзе ҳар як тоҷик нахуст оромгоҳи бузургвороне чун Рӯдакиву Туғрал ва Хоҷа Муҳаммади Башороро зиёрат мекунаду пасон ҷаҳонро мегардад. Албатта, ормонгароӣ хуб аст, ман худ ормонгароям. Аммо барои даст ёфтан ба ин ормонҳо боиста аст, ки торихи худро арзёбӣ кунем, бурду бохтҳоро таҳлил кунем, равандҳои фоҷиабории миллиро ба баррасӣ бигирем ва роҳи ҳалро пайдо кунем. Хулоса, илми осебпазирии миллӣ бояд рушд кунад. Танҳо ба ин васила дарёфтан мумкин аст, ки решаи мушкилоти мо чист.

Воқеъан, ҳарфи шумо дар мавриди ин ки “баҳри Худо, боре мансабдорону зиёиёни моро дар толоре ҷамъ ореду савол диҳед, ки кадоме аз эшон Туркияю Дубай рафтаанд ва кадоме аз эшон мақбараи Рӯдакӣ ё қалъаи Ҳулбукро зиёрат кардаанд? Бовар дорам, гурӯҳи аввал аксарро ташкил медиҳанд” ҷойи фикр дорад. Шояд сабаб маҳз ба саёҳат рафтани ин дӯстон ба Дубайу Туркия ва ё кишварҳои аврупоӣ аст, ки имрӯз ҳамнаслони ман бештар ба хориҷа рӯ овардаанд. Агар ин “миллатдӯстон” ба зиёрати оромгоҳи бузургвороне чун Рӯдакӣ мерафтанду ин мавзеъҳоро тарғиб мекарданд, ба итминони зиёд фазо дигаргуна мебуд.

Киё Хуршед, бо тамошои Туркия ва тааммул дар заминаи пешрафти онҳо метавон ба хулоса омад, ки мо дурандеш нестем. Вагарна дар соли 1996 иҷозаи бурдани турбати Исмоил Анвар, маъруф ба Анварпошо, вазири вақти дифоъи Туркияро ба ин кишвар намедодем. Бо ин роҳ метавонистем таваҷҷуҳи гардишгарони зиёди туркро ба сарзамини худ ҷалб кунем. Он гоҳ бовари мардуми бумӣ ва пулдор ба таъкидҳое чун “Тоҷикистон биҳишти рӯйи замин аст” бештар мешуд ва дар ниҳоят гардишгарии дохилӣ дучанд рушд мекард.

Бо арҷи фаровон Ардашер Пайванд

 Ардашер таҳиягари филмҳои мустанади таърихӣ мешавад?

Дуруд Ардашер!

Ҳис кардам, ки сахт серкорӣ, чун куҷое хондам, ки ният дорӣ то боз дар мавзӯи иҷтимоие филми мустанад ба навор гирӣ. Кош ҳама ҳамсолонат мисоли ту ба ҳар як армону орзую ҳадафи хеш сахт мечаспиданд. Офарин!

Аммо дар мавриди домоди халифаи Рум, собиқ вазири мудофиаи Туркия Анварпошшо. Намедонам, ки хондаӣ ё не, аммо дар мавриди кӣ будану чӣ ҳадаф доштани Анварпошшо, чӣ тавр бо мандати Ленин ба Бухоро омаданаш,  чӣ тавр ба Балҷувон афтодану бо чӣ марге дучор шудани ӯ, аз ҷониби кӣ ва ба ба чӣ қадар маблағ фурӯхтани ҷасади вай мо дар оғози фаъолият дар самти тадқиқоти рӯзноманигорӣ навиштае доштем. То ҳол намедонам, ки он тадқиқоти рӯзноманигорӣ буд ё не, аммо ин аз беҳтарин тадқиқоти таърихии анҷомдодаи мо буд. Хоҳиш, агар фурсат пайдо кунӣ, як бор ба блоги шахсии ман (www. khurshedatovullo.wordpress.com) сар зада, дар гӯшаи тадқиқоти таърихӣ онро пурра хон. Шояд он замон ба ин хостаи худ посух ёбӣ, ки зарурат ба истифодаи номи Анварпошшо барои ҷалби сайёҳон ҳаст ё не.

Воқеан ман ба ту пешниҳоде доштам:

Фикр намекунӣ, ки баъди муваффақ шудан дар самти эҷоди филмҳои мустанад, бояд ба филмҳои мустанади таърихӣ руй орӣ? Бовар дорам бо он такопую ҷустуҷӯе дорӣ, комёб хоҳӣ шуд. Бовар кун он қадар мо саҳифаҳои таърихи ногуфта дорем, он қадар армонҳои сабтношуда дорем, ки барои чанд насли таҳиягарони филмҳои мустанад кифоя аст. Масалан дар бораи иҷборан кӯчонидани мардуми Яғнобу Маччо ба дашти Дилварзин. Бовар кун дар ин мавзӯъ ба ҷуз як филми кӯтоҳи Салими Аюбзод ман навореро надидаам.

Дуруст аст, ки мо бояд мавзӯҳои иҷтимоиро аз мадди назар дур накунем, вале бояд таърихи мо, таърихи миллати мо бо сарнавишти печидааш дар авлавият бояд қарор гирад.

Ба ин пешниҳоди ман чӣ назар дорӣ?

Вобаста ба қисмати дигари мактубат, ҳафтаи меомада посух хоҳам дод. Ҳоло ҳама саргарми таҷлил кардани ҷашни истиқлол.

Комёр бошӣ!

Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь