Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, ба ту ваъда дода будам, ки мактубҳоям оҳанги мусбат мегиранд, вале ин бор қавл сарфи назар шуд…

– Мардак, моҳи август ҳам даромад. Яъне моҳи охири тобистон. Тобистони гарм. Тобистоне, ки дар умрам чунин гармиеро надида будам. Вале то ҳол мо тарбуз нахӯрдаем. Дар ин гармии шадид тарбуз нахӯрдан ба ҷонамон ноҳақӣ нест? – гилаомез савол кард ҳамсарам.

Ҷаноби Тоҳирӣ, пас аз ин саволи эътирозмонанди шикоятолуди ҳамсарам худ ба худ гуфтам, ки ӯ ҳақ аст ва агар ҳоло хеста барои харидани тарбуз бозор наравам, ноҳақӣ мешавад.

Сухан кӯтоҳ, бозори “Сафариён”, ки маъруф ба “аҷинабозор” аст, рафтам. Бо тарбузфурӯш чанде муомила кардам ва билохира бар ивази 40 сомонӣ як тарбузи миёна харидам. Каме нақлиётро интизор шудам ва ҳамин ки омад, зуд нишастам. Нишастан замон овозе аз пуштам шунидам:

– Ака, тарбуза чанд сомонӣ харидӣ?

– 40 сомонӣ, – ман ҳам мисли ӯ пастак ҷавоб додам.

Ҳамин паст ҷавоб доданам буд, ки холаи дар барам нишаста пурсид:

– Бачам, тарбуз арзон шудааст?

– Не, хола. Ҳоло ҳам аз 30 сомонӣ боло, инро ман 40 сомонӣ гирифтам.

Марди тосаре, ки пеш аз ман нишаставу зуд-зуд бо рӯймолчааш арақи сару гарданашро пок мекард, ба қафо нигариста пурсид:

– Ҳаминро 40 сомонӣ гирифтӣ?

– Бале, амак.

– Беинсофон, – гуфта, одат кардагӣ барин боз арақи сару гарданашро пок кард.

– Мо ҳеҷ гоҳ инсоф намекунем, ва ҳаҷ гоҳ ба мусалмонӣ намерасем, – илова кард холае, ки паҳлӯи марди тосар нишаста буд.

Ҷумлаи хола ба ронанда ва ду нафаре, ки дар партаи пеш нишаста буданд, маҳқул шудагӣ барин, онро тасдиқ карданд ва он яке, ки назди дар нишаста буд, чанд маротиба шахсони наздики тарбузфурӯшонро “садқа” шуд.

Хона омадам. Тарбузро хунук карда, хӯрдем. Пагоҳаш, ки рӯзи корӣ буд, ба кор рафтам. Қиссаи тарбузхариямро ба ҳамкорам, ки он рӯз маърака дошт, гуфтам.

Ӯ дар навбати худ нимхандае карда гуфт:

– Мо барои маъракаамон аз сари палак тарбуз хиридем.

– Чанд сомонӣ, – пурсидам.

– 30 сомонӣ. 30 дона харидем, 900 сомонӣ шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ту имсол тарбуз хурдӣ? Ростӣ, ман як бор хӯрдам ва агарчи хуб ҳам буд, вале пушаймон шудам. Пушаймон аз он ки савдои яке тарбузфурӯшро тезондам ва бовар кунондам, ки мо метавонем тарбузи 40 сомонаро ҳам харидорӣ намоем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳамаамон медонем, ки яке аз сабабҳои қимматӣ дар бозорҳоямон бо айби худамон аст. Яъне фурӯшандаҳо чанд сомоние хоҳанд ба маҳсулоташон нарх мемонанд ва мо бе ягон гапи зиёдатӣ харидорӣ менамоем.

Биё, як бор 1 кило шакарро 12-13 сомонӣ, 10 кило ордро 80 сомонӣ, 5 литр равғанро 140 сомонӣ, 1 кило пиёзро 8 сомонӣ, 1 кило картошкара 6 сомонӣ, 1 кило помидорро 9 сомонӣ нахарем…

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, ту ба “биё”-и боло “не” мегӯӣ. Ҳадди ақал биё тарбузро аз палак 30 сомонӣ нахарем! Биё бо рафторамон нишон диҳем, ки дар мо маоши миёна ба иҷора намерасад, маоши миёна ба маводи ғизоӣ намерасад, маоши миёна ҳеҷ вақт ба истироҳате намерасад ва акнун ба тарбузхарӣ ҳам намерасад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар ин росто мутаассифона, масъулини мо эҳтиёҷоти мардумро наметавонанд ба нақша гиранд ва миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ намегузаронанд. Ҳамин бенақшагӣ аст, ки ҳоло пиёз 8 сомонӣ аст. Пиёз!

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь