Дуруд Абдувоҳид!

Моҳи зиёде сипарӣ шуд аз он фурсате, ки номаи охирро ба Шумо навишта будам. То ба ҳол ба ин саволам посух намеёбам, ки сабаб чӣ буд, чаро чунин шуд?

Гоҳо фикр мекунам, ки охир дар муддати сию ду сол мавзӯе намондааст, ки нанавишта бошам, мушкиле нест, ки набардошта бошам. Гоҳо як мушкилро солҳо менависаму баъд мебинам, ки ҳал шудаанд. Масалан, масъалаи роҳи дараи Яғнобро. Баъди сафар ба ин дараи афсонавӣ, ман тақрибан се сол аз ин мушкил навиштам, сабтҳои видиёӣ пешниҳод кардам, деҳа ба деҳа гаштам. Ҳамин ҳоло, дар шабакаҳои иҷтимоӣ хондам, ки ниҳоят ду пул болои дарёи Яғноб месозанду роҳ ба ин макон доимӣ мешавад. Охир, Абдувоҳид, тасаввур кунед, мардуми ин дара муддати шаш моҳ аз дунё ҷудоанд, беморхона надоранд, мағоза надоранд, мактаби ҳалол надоранд.

 Водие, ки ба дасти тақдир супорида шудааст

Баъзе вақт мебинам, ки ба навиштанҳои ман пинаки касе намебарад, гуиё ба гӯши баъзе масъулин сурб рехтаанд, чашмонашон кӯр аст, чизеро мехонанду мебинанд, аммо гуиё намехонанду намебинанд. Аз ин нависонависиҳои беҳуда хаста мешавам, панҷаи навмедӣ гулӯямро банд мекунад.

Пештар аз он агар ёд дошта бошед, тарона менавиштам ва бо тундтарин лаҳн, ҳарфи диламро мегуфтам. Замоне расид, ки дидам чун тарона моли адабиёту эҳсос аст, онро ҷиддӣ намегиранд. Ба фикрам ду китоби таронаҳою ҳикояҳоямро чоп кардаму руй овардам ба детектив. Худро ба сояи детектив мезадам ва ҳама ҳарфе, ки дар як мавод бо андешаи ину он гуфта наметавонистам, мегуфтам. Хуш қабулам мекарданд ва ҳатто чанд филме ҳам ба навор гирифтанд аз детективҳои ман. Барои рӯзи мабодо навиштани ҷумлаҳои “Дуруст омадани далелу арқом бо зиндагиномаи шахсони воқеӣ тасодуфӣ аст.” Сужаҳо бофтаи муаллиф ҳастанд”  – ро фаромӯш намекардам. Ёдам намеравад, ҳарфи шахси замоне воломақом дар мақомоти қудратӣ, ки бароям гуфт:

-“Хуршед, ҳарфат ҳама беҳуда астЛозим ояд, симчӯбро рост карда, ба гуноҳи кардаю нокарда айбдор карда, ҳабси абад медиҳем”.

Аммо… вале… рӯзгоре пеш омад, ки дигар навиштани детектив дили маро холӣ намекардагӣ шуд. Дигар навиштанро сар мекардаму идома намедодам. Эҳ, чӣ мавзӯъҳои хубе дорам Абдувоҳид. Аз ҳабси беасоси блогерону журналистон сар карда то худкушии ҳамкасбон, аз садамаҳои нақлиётӣ то ба рӯзгори ширини Ҷамшеди Ҳабиби рӯзноманигор…

… Намедонам, якбора чӣ ҳолате ба ман рух дод. Бахудо, аз шабу рӯз метарсидагӣ шудам. Метарсидам, ки сари субҳ ба ман боз аз даргузашти дӯсте, азизе, пайванде хабар медиҳанд, аз фоҷиае дарак медиҳанд, аз рӯзгори талхи ҳампешае ки ба ҷабр зиндонӣ мешавад, қисса мекунанд, аз ҳаромхӯрии вазирзодае, ҳаромхиштакии масъуле шиква мекунанд.

Ва ман бас кардам навиштанро! Пеши худ қарор додам, ки дигар наменависам!

 Қаламе, ки бори ҳақиқату адолатро наметавонад кашад, шикастанаш беҳ! Беҳтар аст ки дигар нанависӣ!    

… Воқеан, дар ин фурсат зиндагӣ рангрезиҳои зиёде дошт, аз он ҷумла ба тақдири Шумо дӯстам. Ҳамсари азизи хешро аз даст додед ва ҳоло ҳам бори танҳоӣ мекашед. Мефаҳмам, ки аз даст додани ҳамсафару ҳамсангар дар зиндагӣ чӣ мусибати сахте аст, дар ҳоле ки ҳар нақшу нигори рӯзгор ёд аз рӯзгори хуши гузашта меорад.

Медонед, вақте падарам гузаштанд, ман аз деворҳо нақши панҷаашонро меҷустам, ба худ мегуфтам, ки “ падарам ҳангоме ин лойро ба девор мезад, аз чӣ андеша мекард, ба худ чиҳо мегуфт? Оё рӯзгореро, ки ман, фарзанди калониро ба хар савор карда ба кӯҳ, ба чидани пиёзи анзур ё хуйроку кудруҷ мебурд ё ба дарави уған мебурду овоз сар дода, шашмақомро замзама менамуд, ёд мекард?

Оё падарам он шаби маҳтобиеро, ки дар рӯшании маҳтоб чанд асп талбидаву хирман мекӯфтем, боре дар хотираҳояш зинда кардааст?

… Ҳоло деҳа мераваму дигар он зардолузори деҳаро намеёбам, ҷои он хонаҳои истиқоматӣ рост шудаанд, тутзори поёни деҳаро намеёбам, як-ду дарахте, ки мондааст, пиру афгор шудаанд. Он лаби дарёро, ки ҳар сари субҳ вақти харбандӣ бо писари ҳамсоя дар чидани гули парпӣ мусобиқа мекардем то кадоме пештар ба ҳамсоядухтар гулдаста мебарад, намеёбам.

Дигар аз тасвири он рӯзгори хуррам дар ин шаҳри битонӣ хаста шудаам Абдувоҳид

Фикр мекунам, ки пешаамро дигар кунам, ҳамаро партояму рӯзгори наве барои худ бисозам. Дар як номае ман шоиронро гунаҳгор карда будам, ки ғаму ҳасрати шумо ба кӣ даркор аст? Беҳтар нест то ин шиквагарон устои яхдон шаванд, такси ронанд, ақалан ойинабур шаванд? Ёд доред? Ҳоло худам меандешам, ки кадоме аз ин касбро интихоб кунам?

Дигар қалам бароям синоними дард шудааст.

Дарде ки дигар синаи ман наметавонад бардорад…

Чӣ маслиҳат медиҳед?

Хуршед Атовулло 

Ман аз танҳоӣ наметарсам!

Дуруд Хуршедшоҳ!

Умедам аз номанависӣ канда шуда буд! Шукри ҳамин зиндагии беором, ки намегузорад даме бе ёди гузаштаву оянда бошем. Ва ҳамин ёдҳо моро зинда медорад.

Ва ҳамин зиндагии ноором аст, ки Шумо ҳам ба ёди номанависӣ меафтед. Ва ҳамин зиндагии ноором аст, ки мехоҳед дар бораи танҳоӣ ҳарф бизанед. Аз умқи дил ва ёдҳо чизеро (хоҳед ва ё нахоҳед) пеши худ, ёдрас мешавед.

“Танҳоӣ” – и Шуморо хондаму чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафтам.

Гуфтам наход ҳамин Хуршед ҳам бо ин қадар газиту корманду ёру бародарону зану фарзандон танҳоӣ кашанд?!

Аммо навиштан, ки дигар намехоҳам нависам, худ навиштан аст, дӯстам! Аз ин, ки Шумо наменависам мегӯеду боз менависед, хурсанд шудам. Чун нонавишта наметавонед. Ҳамон касбу коре, ки борҳо ба ман пешниҳод мекардеду худ имрӯз барои ба онҳо даст задан андеша мекунед, на аз дасти ман меояду на аз дасти Шумо. На ман устои оҳангар шуда метавонаму на Шумо устои телевизору антеннаи моҳвораӣ.

На ман андовагар шуда метавонаму  на Шумо хиштрез.

На ман подабон шуда метавонаму на Шумо чӯпон.

Билфарзе, агар ман подабон гӯсфандон гург мешаванд, чун аз дасти ман ҷабру ситам намеояд ва агар Шумо ҳам устои телевизору антенна шавед , медонам, ки аз ҳаққи ҳалоли худ зиёд наметавонед бигиред ва муфлис мешавед ва бой намешавед. Ва ғайраю ва ҳоказо…

Бозмегардем  ”ба сари гову гӯсолаи худамон”, яъне навиштан.

Ҳамин навиштан аст, ки ману Шуморо аз танҳоии рӯҳӣ мераҳонад, ҳамин навиштан аст, ки Шумо фикр мекунед, аққалан ба дарди худатон даво набошад ҳам ба дарди мардум даво мешавад. Ёд оред, дар бораи пул дар болои дарёи Яғнобро. Ҳамин дер ё зуд, аз пушти аз ҳазор як навиштаи Шумо ҳал шудани мушкилоти мардум, худ гувоҳи он аст, ки Шумо танҳо нестед!

Дар бораи детектив. Рӯй овардан ба жанри дигар дар ҳаёти ҳама рӯзноманигорону адибон будааст ва Шумо аввалину охирин нестед Хуршед! Ман шукр мекунам, ки Шумо дар ин жанри адабӣ пешрафтҳое назаррас доред ва ин жанр Шуморо аз танҳоии рӯҳӣ, то чанде мумкин буд, раҳонид. Аммо, аз Шумо дар ин жанр ҳам, таваққӯъи зиёд дорам!

Ҳақиқату адолатро ҳамеша, дар ҳама ҳолат, ҳатто дар сурати танҳои зоғ мондан ҳам метавон навишт!

Сипос аз оне, ки дер ҳам бошад, арзи таслият кардед!

Дар бораи аз даст додани пайвандон ҳаминро метавонам бигӯям, ки тақдири илоҳист ва ҳиҷ як нафар ҷойи гурез надорад. Мо ҳама маргро зодаем ва хоҳем ё нахоҳем як рӯз аз ин ҷом майи реҳлат мечашем.  То аз даст додани пайвандон, ҳатто фикр намекунем, ки як рӯзи рӯшан бе онҳо мемонем ва вақте бе онҳо мемонем, албатта ҳамон танҳоӣ боз ба суроғамон меояд.

Ҳамин танҳоист, ки ману Шуморо таҳрик медиҳад, такон медиҳад, ба фикр кардан во медорад ва ман шеър менависаму Шумо мақолаю таронаю детектив!

Бо эҳтиром ва самимият Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь