Дуруд Абдувоҳид!

Сипос бар Шумо, ки ин маротиба тез – тез нома менависаму посух мегирам.

Ва инак, бори саввум мешавад, ки ману шумо сари вожаи “танҳоӣ” мегӯему менависем, менависему мегӯем. Хайр, дигар чи илоҷ? Ҳамон тавре ки ҳангоми рӯ ба рӯ омадан гуфтед: “ Акнун рӯзамон ба номанависӣ мондааст. Менависему умед мекунем, ки ниҳоят моро касе дарк хоҳад кард”.

Медонед чӣ? Ман ҳоло ҳам бо гузашти беш аз сӣ сол ҷумлаеро беҳтар аз шодравон Муҳаммадзамони Солеҳ дар шарҳи танҳоӣ намебинам. Устод дар қиссаи “Ишқи актёри пир” навишта буд:

“Монанд набудан, танҳоист”.

Агар се номаи маро ё се номаи ҷавобии Шуморо хонем, беҳтар аз ин наметавонем шарҳ диҳем.

Ҳамин ним сол пеш тасодуфан асари  «Девонахона»-и Ҳошим Гадо ба дастам афтод. Онро варақ задаму таваҷҷӯҳамро бештар ин чиз ҷалб кард, ки қаҳрамонони асар гоҳо ба тоҷикӣ, гоҳо дар баёни андеша зӯр ояд, русӣ ҳарф мезананд. Дигар дода шудам ва асарро ба пуррагӣ хондам.

Абдувоҳиди гиромӣ, хоҳ бовар кунед ва хоҳ не, ман дар андешаҳои қаҳрамони асар, дар андешаҳои табиби беморхона худро дидам, андешаҳои худро дидам, орзуҳои худро дидам, хостаҳои худро дидам….

Шояд ин аввалин асари ғайридетективӣ буд, ки то ба охир хондам ва бисёре аз ҳикмати зиндагиро аз назари як девона, як бемор, як табиб, як шахси хаёлӣ ёфтам… Ман асарро мехондаму пешакӣ барои худ тасаввур мекардам, ки ҷомеа ба ин табибу ба ин бемор чӣ гуна назар дорад, чӣ гуна эҳсос мекунад, чӣ гуна муҷиби нафрат месозад.

Ростӣ то ба ин дам Ҳошим Гадоро як ҳунарманди театру кино меҳисобидам, як омӯзгор мешуморидам, вале дигар барои ман ӯ ба ғайри он ҳама бузургие, ки дорад, як олим, як донишманд, як файласуфи танҳое аст, ки  ба қавли ҳамон устод Муҳаммадзамон “ дард мекашад, пас ҳаст”.

Шумо дар номаатон навиштаед:

“Танҳоӣ аз нигоҳи ман як хусусиятест, ки ба ҳама ашёҳо ва парандагону чарандагону дарандагону набототу инсонҳо хос аст. Ба ин мазмун, ки аз яккачинору яккатуту яккасаройу гурги яккаю якчашмаю якдастаю якпояю балою батари дигар маълум мегардад, ки ба ҳамин мафҳуми танҳоӣ бешу кам муносибат доранд”.

Ҳошим Гадо ҳам гоҳе аз ҳама хаста шудаю ба қавли шумо дар бораи ҳамон “парандагону чарандагону дарандагону наботот”… навиштааст. Ва чӣ андешаҳои лоиқ ба андеша кардан.

Масалан, боре як ҳикояеро аз Ҳошим Гадо хондам. Он ҳикоя “Разми шабушон бо кайкон” ном дошту бо як ҷумлае оғоз мешуд, ки маро мафтун кард:

“Шабуше дар бадани махлуқе зиндагии шоҳона дошт ва ҳар гоҳ, ки гурусна мешуд, хуни ӯро мехӯрду фароғат мекард”.

Ин ҷумла маро ба ҳазор андеша печонид ва ҳазор гуфтании дигарро ба забонам гузошт. Ин ҷумларо аз сад тараф таҳлил мекардаму хостаи Ҳошим Гадоро меҷустам…

Медонед чӣ Абдувоҳид?

Чаро мо, махсусан зиёиёни мо, дӯст медоранд то ҳатман зикр кунанд, ки “ Кафкаро хондам, Алии Шариатиро хондам, Акутагава ин гуфтааст, Ҳемингуэй он гуфтааст”, вале намегӯянд, ки Ҳошим Гадо ин гуфтааст, Баҳманёр он гуфтааст, Сайф ин гуна андешидааст, Муҳаммадзамон он гуна? Чаро забонашон месӯзад аз зикри номи ҳамватани зиндаашон? Мепурсед чаро зиндаашон? Посух медиҳам:

То он замоне ки ин шахс зинда аст, ин олим, ин файласуф ин нависанда зинда аст, иқтибос аз онҳо барои ин бузургон бо душворӣ даст медиҳад. Аммо агар он нафар аз дунё гузашт, бе тутила шудан мегӯянду беандеша иқтибос меоранд. Чаро чунин аст Абдувоҳид? Чаро? Чаро мо бештар аз зиндаҳоямон метарсем, аз мурдаҳоямон не? Барои он ки ин мурдаҳои безабон дигар имкон надоранд то эътироз кунанд, посух диҳанд? Фикр мекунам барои ҳамин аст. Ҳол он ки хуб медонам, о ваҳ, хуб медонам, ки чӣ тавр андешаҳои хешро аз номи Гютею Ҳамлету Гейнею Роланд чун иқтибос меоранд.

Ҳамон тавре зиндаёд Лоиқ хуб гуфта буд:

Тоҷикони мо зи бас ки мардуми олитаборанд,

Мекушандат! Бар мазорат дастагул ҳам мегузоранд!

Ҳамин тавр нест дӯсти шоирам?

Хуршед

“ТАНҲОӢ -3

Дуруд ба Хуршедшоҳи арҷманд!

Ин саҳар номаи сеюми “Танҳоӣ”-атонро хондам. Дар номаҳои якуму дуюм кӯшиш кардем дар бораи вожаи “танҳоӣ” ва ҳар чизе, ки ба он каму беш иртибот дорад, маълумот додем, аммо намедонам, ки хостаҳои хонандаи  ҳушманд бароварда шуд ё не.

Дар ду-се ҳафтаи охир, дар баробари андеша кардан дар бораи “танҳоӣ”, инчунин бори гарони онро рӯйи шонаҳоям бештар эҳсос кардам. Ба он маънӣ, ки тобистон асту ҳама ёру рафиқон ба ҷойҳои салқину ба деҳаҳою ба кӯҳу пуштаҳо сафар кардаанд ва ин танҳо ман ҳастам, ки дар ин тамузи тобистон ҳар саҳар ҷисми коркӯфтаи худро сӯйи “Шарқи Озод” мекашаму бори гарони танҳоиро тани танҳо ин сӯю он сӯ мебарам. (Воқеан, о Шумои азиз ваъда карда будед, ки “аввали моҳ Ҳафткӯл мебарам”, ваъдаҳо чӣ шуд?)

Гоҳ-гоҳе пеши худ андеша мекунам, ки хезаму бору буғчаамро ҷамъ кунаму ба сафари тӯлонӣ бароям. Тани танҳо, касеро на аз рафтанам хабар кунаму на аз куҷо будану на бо кӣ будану на чӣ хӯрдану на чӣ пӯшидану чӣ ранҷ бурдану чӣ ганҷи маънӣ ба даст овардан! Чуноне, ки Шайх Саъдӣ ҷаҳонгардӣ мекард ё чуноне, ки Носири Хисрав. Ва агар Худо даст диҳаду умр бевафоӣ накунад, як сафарнома нависам ва ҳамин “танҳоӣ”-ро васфу тавсифу таъриф кунам, ана ҳамон вақт шояд пурра дар бораи “танҳоӣ” маълумот гираму ба Шумо ҳам номаи чоруми “танҳоӣ”-ро нависам.

Дирӯз дар қаҳвахонаи “Шарқи Озод” ҳини қаҳванӯшӣ бо як хонум, як рафиқи муштаракамон гуфт “а бачча, танҳо намегардӣ-а?!” Чӣ ҳам ҷавоб медодам? Чун ӯ фикр мекунад, ки бо касе нишастан, танҳо набудан аст.  Ӯ намедонад, кӣ ҳазор сол пеш Бобобузургамон, абарустод Рӯдакӣ гуфтаанд:

Бо сад ҳазор кас танҳоӣ,

Бе сад ҳазор кас танҳоӣ!

Номаи сеюми Шумо дар баробари номҳое ба мисли Ҳошим Гадою Баҳманёру Муҳаммадзамони Солеҳу Сайф Раҳимзод, як нафари дигарро ба ёдам овард. Вақтҳои охир гирди номи ин шахсият гапу калочаҳо ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудан дорад. Фикр мекунам ин шахсият ҳам як шахси танҳо ва монанднокарданӣ ба дигарҳост. Шукр, ки зиндаю саломат аст ва гоҳ-гоҳу аҳён-аҳён дар кӯчаҳои шаҳр, бо як ҷузвдони пур аз навиштаҳо зери каш, тани танҳо мебинамаш. Мебинам, ки табассуми малеҳ дар лаб, бо ҳама якрӯю якнамуд вохӯрӣ мекунад, сӯҳбат мекунад, аҳволпурсӣ мекунад, маслиҳат медиҳад, савол медиҳаду посух мегирад, яъне ки дар байни халқ асту дар назари аввал танҳо нест.

Аммо ман эҳсос мекунам, ки танҳост! Бо ин қадар бори маънӣ кашидан, бо ин қадар асарҳои баландмазмуну даркорию зарурӣ барои халқу миллату забону адабиёту театру санъат навиштану чоп кардану дастраси хонанда кардан, боз ҳам фикр мекунам, бори танҳоӣ ба дӯш дорад.

Намепурсед, ки дар бораи кӣ мегӯям?

Ин навиштаи Шуморо аз ҳамин номаи сеюми “танҳоӣ” иқтибос меораму  бо дили пур мегӯям, ки ба қаҳрамони танҳои мади назар доштаи ман сад дар сад рост меояд:

“Чаро мо, махсусан зиёиёни мо, дӯст медоранд то ҳатман зикр кунанд, ки Кафкаро хондам, Алии Шариатиро хондам, Акутагава ин гуфтааст, Ҳемингуэй он гуфтааст”, вале намегӯянд, ки Ҳошим Гадо ин гуфтааст, Баҳманёр он гуфтааст, Сайф ин гуна андешидааст, Муҳаммадзамон он гуна? Чаро забонашон месӯзад аз зикри номи ҳамватани зиндаашон? Мепурсед чаро зиндаашон? Посух медиҳам:

То он замоне ки ин шахс зинда аст, ин олим, ин файласуф ин нависанда зинда аст, иқтибос аз онҳо барои ин бузургон бо душворӣ даст медиҳад. Аммо агар он нафар аз дунё гузашт, бе тутила шудан мегӯянду беандеша иқтибос меоранд”.

Ин нафар Абдурофеъ Рабизода аст!

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь