Дирӯз тирезаи утоқи кории маро шустанд. Аз баландӣ тамошои шаҳр аҷаб лаззате дорад, Хуршед!  Ҳар рӯз ақаллан даҳ дақиқа пеши тиреза истеду тамошо кунед, ин кор барои ҷамъ намудани фикрҳои парешон ёрдам мекардааст. (Ин аз таҷрибаи худам). Пеши тиреза худамро бағал гирифтаму хеле ҷойҳои назаррасро тамошо кардам. Ана, ҳӯ дар он тарафи роҳ, пушти нуқтаи маводи сӯзишворӣ ва шустушӯи нақлиёт, қад-қади роҳи кӯчаи Соҳилӣ як, ду, се, чор… нӯҳ бинои нав дар ҳолати омодашавӣ барои истиқомат қарор дорад. Ва аз рӯйи шунидам, дар ҳамин мавзеъ боз сохтмони чанд баландошёнаи дигар низ ба нақша гирифта шудааст, ки бо даст додани имконияту вақту фазои муайян барои сохтмонаш иҷозат дода мешавад. Агар сахт наздик ҷойгиршавии биноҳоро ба назар нагирем ва дар бораи дастрасии обу барқ фикр накунем, бисёр пешравии назаррас ҳисоб мешавад. Дидам, ки дар ҳамин нӯҳ биное, ки гуфтам коргарон машғули кор ҳастанд, яъне шаҳрвандони бумӣ ҷойи кор пайдо кардаанд, ки ин ҳам боиси хушнудист. Мушоҳида кардам, ки сементу бетон ва хишти пухта низ мошин-мошин истифода мешавад, ки аз пешравии кори заводи сементу заводи хиштдорони ватанӣ шаҳодат медиҳад. Инчунин, нақлиёт ва  техникаҳои ҳозирзамон, ки хишту сементро аз поён то ошёнаҳои баландтарин бе мамониат дастрас мекунанд, фаровон истифода мешавад, ки ин ҳам аз омӯзиши фанҳои ҳозиразамон қафо намондани тоҷику тоҷикистониро бармало нишон медиҳад.

Хуш шудам! Ба Худо, хеле хуш шудам!

Ҳатто орзуи иваз кардани хонаи “хурушёвка”-амро ба чунин як хонаи наву барҳаво кардам!

Аммо вақте ки аз тамошо сер шудаму худамро рӯйи роҳаткурсӣ гирифтаму хостам, ки ин хушнудиро бо Шумои азиз тақсим кунам, фикрҳои дигаре сарамро гиҷ карданд. Аз ҷумла, ҳамон фикрҳои лаънатии “сифати паст” ва “ба заминларза тоб наовардан” ва “аз сар дафъ кардан” ва “исмоилдавонак” ва “дар муддати муайян ба истифода надодан” ва “як хонаро ба чанд нафар фурӯхтан” ва “ва”-ҳои дигар. Гуфтам, ки “э мардак, дигар кор надорӣ, фақат дар ҳама кор камбудӣ мекобӣ?!” Баъди ин қадар пеши худ ҳафту ҳашт кардан, ҳеҷ ба як хулоса омада натавонистам.

Ҳамон вақте ки аз тиреза бо кайфият ба корҳои сохтмончиён назора мекардам, чашмам ба як чизи дигар ҳам афтид, ки нагӯям намешавад. Дидам, ки ҷойи яке аз ҳамин биноҳо, ки пештар як боғчаи зебо буду дарахтони баланди чанори сарбафалак дошт ва шояд аз ман ҳам куҳансолтар буданд, решакан мекунанд. Дилам ба ҳоли дарахтшинон сӯхту афсӯс ҳам хӯрдам, ки “пир, ки шудӣ, нолозим мешавӣ”. Боз андеша кардам, ки таърих чӣ мешавад?!

 АБДУВОҲИД

Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест…

Дуруд шоир!

Хушҳол шудам, ки ниҳоят аз чанги дард раҳида, орзуи ширин кардаед. Аммо ҳарчанд намехоҳам ба косаи орзуятон заҳр андозам, вале “Арасту дӯсти ман аст, аммо ҳақиқат муқаддамтар”.

Дӯстам, Шумо аз ҳамон “хурушёвка” – атон намонед. Дар масъалаи то кадом ҳад ба заминҷунбӣ тоб овардан ва сифати биноҳои навсохт тарси Шуморо зиёд карданӣ нестам, вале ман бо чашми сар дидам, ки баъзе биноҳои навсохти 12-ошёна лифт надоранд, “шакатур” – у рангашро ба фикрам амаки Исмоил омада, “Исмоилдавонак” кардааст. Баъзе хонаҳо ҳангоме раҳ мегардӣ, ба назарат меларзанд. Зинапояҳо яке пасту яке баланд. Аниқ, ки холаи Хосияту бибии Қумрӣ аз деҳа ба меҳмонӣ оянд, маро бо ин хонаи навсохт ҳай менавозанде…

Ҳамин тавр, ман зидди он ки Шумо “хурушёвка” – атонро бо хонаи навсохти баландошёна иваз кунед. Агар яке иваз ҳам кардед, ҳангоми ҳуҷҷатгузорӣ эҳтиёт кунед, ки хонаи Шуморо ба даҳ кас нафурӯхта бошанд.

Ва аммо баъд дар мавриди ҷумлаи ахири Шумо. Мегӯед: “…Дилам ба ҳоли дарахтшинон сӯхту афсӯс ҳам хӯрдам, ки “пир, ки шудӣ, нолозим мешавӣ”. Рост! Ин андеша дар сари бисёр навдавлатон ҷой гирифтааст. Шахс шастсола шуд ё нашуд, лақаби “кампирак”-у “мӯйсафед”-ро мегирад. Ҳама интизор мешаванд, ки кай ҷой холӣ мешавад. Ононе, ки чунин фикр мекунанд, як байтро фаромӯш мекунанд:

Қомати хамгаштаи пирон нишони марг нест,

Як камон сад тирро дар хок пинҳон мекунад.

Гӯё ҳамин навдавлатон пир намешаванд! Мӯяшонро дар як сол сесад бор ранг зананд ҳам, рӯзе ёдрасашон мешавад, ки “ пир шудӣ”.

Абдувоҳид! Рӯзҳои шанбею якшанбеи ман чанд соли охир дар нишасти ин гуна пирон сипарӣ мешавад. Ҳар яке аз ман понздаҳ-бист ва ҳатто сӣ сол бузургтаранд. Ҳоло ҳам ном доранд, пул доранд, дар ғаму шодии якдигар ҳамеша ҳозиранд, бо як лаззати тамом бо дасти хеш хӯрок мепазанд, мисли мо дар нӯшидан саросема нестанд. Дунёро дар дами пирӣ пашизе ҳам намегиранд, ба ҳаҷ намедаванду аз пушти сарвати фарзанд каттагӣ намекунанд. “МАН”-и хешро то ҳол нигоҳ доштаанд. То ҳол тозаю озода либос мепӯшанд, аз баъзеи онҳо то ҳол бӯйи атр меояд, дар мавриди зиндагии шахсӣ, дар бораи фаъолияти ҷойи кори собиқашон, дар бораи неку бади ҳамкоронашон ҳарфе намегӯянд. Баъзан ба эшон ҳасад мебарам ва орзу мекунам, ки ману Шумо ҳам чунин пир шавем. На мисоли ҳамкасбонамон, ки аз риши имрӯз натарошидаи дигаре, аз рангу бори яке, аз либоспӯшию мошину таҳпӯши саввумӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гулӯ медарронанд. Баъзе вақт ба Худо фикре ба сарам пайдо мешавад: “Шояд ман аз зумраи пиртаваллудшудагонам? Шояд ман дертар ё барвақттар ба дунё омадаам? Чаро дар маҳфили ҳамсолон наметавонам соате бишинам? Баробари онҳо насиҳат кунам, ҳақорат кунам, дод занам, мушт ба сина занам, аз шеърхониам болам? Намедонам… ба худо намедонам…”

ХУРШЕД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь