Кӣ онҳоро бояд назорат кунад?

Сарвиноз ҳар субҳ аввал писарашро ба мактаб бурда, сипас ҷои кор меравад, вале ҳар рӯз ба як мушкилӣ дучор мешавад: Таксӣ! Аксари ронандагони таксиҳо ӯро бо писараш савор намекунанд.

Бархе барои кӯдак ва баъзеи дигар баробари фаҳмидан, ки муштарӣ то мактаб меравад ва роҳкиро 10-12 сомонӣ мешавад, рад мекунанд. Яъне, ба онҳо роҳи дури ҳамвор лозим аст, ки ҳам пули зиёд кор кунанд ва ҳам мошинро танҳо болои роҳҳои асфалт ронанд. Ҳамин тавр, ӯ ҳар рӯз бо азоб ба кор меравад, то пайдо шудани ягон ронандаи боинсоф.

Монанди Сарвиноз даҳҳову садҳо сокинони шаҳр ҳастанд, ки ба чунин душворӣ дучор меоянд, вале масъулин, хусусан ширкатҳои таксӣ дар ин маврид чорае намеандешанд. Ҷои инкор нест, ки бо ворид шудани таксиҳои нав тартиби хизматрасонии мусофиркашонӣ беҳтар гардид. Дигар дилхоҳ вақт аз дилхоҳ макон ба дилхоҳ ҷо рафтан мумкин аст. Иловатан, намуди зоҳирии онҳо ҳам якранг ва зебо буда, аз дигар мошинҳо фарқ карда меистанд.

Дар баробари ин, мо шоҳиди баъзе ҳолатҳое мешавем, ки рӯз аз рӯз зиёд шуда истода, нигаронкунандаанд. Мутаассифона, бархе ронандаҳои таксӣ дар Душанбе чунин ҳавобаланд шудаанд, ки дигар барои роҳи 10 сомонӣ муҳаррики мошинашонро фаъол кардан намехоҳанд. Бархеи дигар баробари дидани ҷузвдонҳои ё селофанҳои калонтар хизмат намерасонанд. Онҳо сабаб пеш меоранд, ки мошинашон барои борбарӣ нест. Боз таксиронҳое ҳастанд, ки махсусан роҳро дароз мекунанд. Яъне, онҳо фаҳманд, ки муштарӣ сокини Душанбе нест ё роҳҳоро хуб намедонад, барои пули зиёд кор кардан, бо баҳонае ба роҳи дуртар меронанд. Ҳамчунин, мо ба ронандагоне низ дучор омадем, ки роҳҳои Душанберо хуб намедонанд. Ба балои надонистан, дар телефонҳояшон роҳнамо ҳам насб намекунанд, ки дар натиҷа ҳам ба асаб ва ҳам ба ҷайби муштарӣ зарар мерасад.

Мутаассифона, бархе ронандагони таксиҳо то ҳол қабул накардаанд, ки вақте дар ширкати мусофиркашонӣ фаъолият мекунанд, бояд талаботи мусофиронро қонеъ намоянд, вале онҳо тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ба сокинон бепул хизмат мерасонида бошанд. Хуб мешавад, агар масъулини ширкатҳои таксӣ мушкилоти мавҷударо ҳал намоянд. Ҳадди ақал барои бартараф кардани чунин бенизомиҳо бо ронандагони таксиҳо суҳбат кунанд, ҳушдор диҳанд.

Агар ҳолат беҳтар нагардад, ҳам саргардонии сокинону меҳмонони пойтахт зиёд мегардад ва ҳам обрӯи шаҳрамон доғдор мешавад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

рӯзноманигор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь