Дуруд Хуршедшоҳи азиз!

Нахуст барои пирӯзӣ бар беморӣ шодбош мегӯям. Тансиҳатии ту боиси хушнудии мост. Баъдан дар мавриди хобҳои дида ва паридан аз баландиву то ба поён нарасида, боз парвоз кардан набояд хавотир шуд, зеро ин ҳам натиҷаи ҳамон бемориест, ки ту бар он ғолиб омадӣ. Худораҳматии падарам мегуфтанд, фақат одаме аз баландӣ парида метавонад, ки ӯ воқеан дар баландӣ қарор дошта бошад. Агарчи марди хоксору заминӣ ҳастӣ, вале мавқеи ту, ҷойгоҳи ту ҳамеша дар баландӣ буду ҳаст. Мавзеи  “Ҷари Сорӣ”-ро, ки ту дар борааш ҳарф мезанӣ, ман низ медонам. Воқеан, ҷойи тарснок аст. На танҳо дар хоб, агар дар бедорӣ ҳам ман онро бинам, метарсам.

Дуруст кардӣ, ки барои таъбир нахуст  ба ман муроҷиат кардӣ. Маслиҳати ман он аст, ки на сӯйи “муллои ҷинбарор” рав ва аз “муллои тарсбарор” кӯмак хоҳ. Зеро дар ҷисму ҷони ту ҳеҷ ҷине вуҷуд надорад. Вақте ҷин набошад, ниёз ба муллои ҷинбарор намемонад. Тибқи фоли ман ва аз нақли ҷинҳоям бармеояд, ки чандин маротиба, нахуст дар алоҳидагӣ ва баъзан ба таври гурӯҳӣ ҷинҳо воқеан ба ту ҳуҷум кардаанд, вале ҳеҷ гоҳ муваффақ нашудаанд, ки ба ҷисми ту ворид шаванд. Ҳатто ҷинчаҳои гуногун ҳам ин кӯшишро борҳо карданд, вале муваффақ нашуданд, ки нашуданд. Зеро ту бо худ фариштаи наҷот дорӣ. Фариштае, ки метавонад дар муқобили ҳама гуна кӯшиши ҷину аҷинаҳо вето гузорад. Айнан мисли ветои Амрико дар СММ, ки ҳама гуна кӯшишҳоро ба сифр баробар мекунад. Назди муллои тарсбарор ҳам нарав. Зеро тарс ҳам бо вуҷуди кӯшишҳо натавонист бар ту зафар ёбад ва ба ҷисми ту ворид шавад. Ба истилоҳи мо экстрасенсҳо ҳатто худи “тарс аз ту тарсид”. Бовар мекунӣ? Чунон тарсид, ки ҳатто дар наздикиҳои ту сайр намекунад!

Инак, чанд таъбир ба хоби дидаат:

Ту чашмро бо нияти хоб мепӯшиву ба назарат чунин менамояд, ки ба кадом вартаи даҳшатноке мепарӣ. Агар хоҳӣ, ки ба чунин варта наафтӣ, хобро фиреб деҳ, фиреб! Вақте дароз мекашӣ, нияти хоб накун. “Ман хоб намеравам, то саҳар бедор меистам” гӯ ва нохост хоб рав. Дар чунин ҳол хоб ғофил мемонад ва хоб намебинӣ. Он чи ба хобат даромаданӣ мешавад, “ин хоб намеравад” гӯён ноумед шуда меравад ва то замони бозгашти он ту аллакай бедор мешавӣ.

Паридан аз мавзеи “Ҷари Солӣ” ва то ба поён нарасида аз нав парвоз кардан фоли нек аст. Ин нишонаи он аст, ки ту аз ҳама фишору мушкилоте, ки то имрӯз доштӣ ва ба зиндагии кориат таъсири зиёд мерасонд, раҳоӣ ёфта истодаӣ. Ин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ту аз беморӣ комилан раҳо ёфтӣ. Дар хоб то ба поёни ҷарӣ нарасида, боз парвоз кардан далел он аст, ки Худованд ҳамеша дар паҳлӯят аст ва пуштибонат хоҳад буд. Ту, ки ба дармондагони зиёде кӯмак мекунӣ ва ба имдодхоҳони зиёде дасти ёрӣ дароз мекунӣ, худ низ танҳо нестӣ ва такягоҳи бузурге бо номи Худо дорӣ. Ибни Сирин дар таъбири хоби ту мегӯяд, ки “соҳиби хоб ҳама чизҳоеро, ки дар тӯли давраҳои гузашта талош мекард, алъон якбора ба даст хоҳад овард”. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки туро ояндаи боз ҳам муваффақтару бурдҳо дар пешанд. Паридан аз ҷорӣ маънои сафар кардан ба хориҷ аз кишварро низ дорад. Шояд туро сафаре дар пеш бошад. Парвоз дар хоб инчунин эҳтимолияти дур шудан аз воқеияти имрӯз, ғарқ шудан дар ҷаҳони хаёлоти худ бошад. Хаёлоте, ки эҷодкорон гоҳо пурра дар он зиндагӣ мекунанд. Паридан дар хоб инчунин  аз он далолат мекунад, ки шахси хобдида, фоидаи наверо, ки муддати тӯлонӣ дар он кор карда истодааст, ба даст орад. Грантҳои нав туро интизоранд.

Хуршедшоҳи азиз!

Тавсияи ман он аст, ки аз қатраҳои оромбахши тиббӣ даст каш ва бештар ба қатраҳои роҳатбахш рӯ биёр. Нахуст нисфирӯзӣ барои овардани илҳом 200-300 қатра нӯши ҷон кун, то маводҳо ва детективҳои худро зуд ба итмом расонӣ. Муҳим, баъди нӯши ҷон кардани қатраҳои роҳатбахш ба тиреза наздик нашав, зеро ҷойи корат дар баландӣ қарор дорад ва метавонад барои ту “Ҷари Сорӣ” шавад. Беҳтараш шомгоҳӣ баъди хӯрок ва пеш аз хоб 400-500 қатра аз ин роҳатбахшҳо нӯши ҷон кун, то ҳам хобат хуб бараду ҳам ҳар хоберо, ки мебинӣ, то бедор шудан фаромӯш кунӣ. Он гоҳ на танҳо ҷин, балки худи муллои ҷинбарор низ аз ту мегурезад.

Боқӣ дар амони худо бошӣ!

Бо эҳтиром,

Экстрасенси байналхалқии дорандаи тиллои бепроба

Холиқназар ҶУМЪАЗОДА

ГУФТАИ МУЛЛОРО КУНУ КАРДААШРО НЕ!

Дуруд Холиқназар!

Навиштаатро бо иштиёқ хондам. Дар охир хулоса кардам, ки фишорат боло шудаасту аз асли ҳодиса хеле дур рафтаӣ. Ба ёдам омад, ки ҳангоми муҷаррад будан чӣ тавр бо баҳонаи кадом маризие дар беморхона хобидию сари даҳ  ҳамшираи шафқатро бо фолбиниат гаранг кардӣ. Баъди аз беморхона баромадан бошад, аз ҳамшираҳои шафқат роҳи гурез мекофтӣ. Инро ҳам ёд дорам, ки аввалин бор ба ивази идрорпулиат якум бор маҳз ту “қатраҳои роҳатбахш”-ро ба дасти ман додию то ҳол ҳамон идрорпулии ваъдагиро надодаӣ. Инро ҳам ёд дорам, ки баъди як ҳафта таъна задӣ, ки “ қатраҳои роҳатбахш”-ро бо шумо менӯшаму боре шуморо таклиф намекунам ва сари қаҳр бароятон 12 шиша оварда будам.

Ба фикрам ман ҳам аз мавзуъ дур шудам, баргардем сари мавзӯъ:

Холиқназари азиз, ман медонам, ки ҳатто ин хоби ман таъбири осону ҳамафаҳм медошту аз мусибате гувоҳӣ медод, ту онро руст мекардию боз ҳам дурӯғи зебое мегуфтӣ, ки ҳама бовар мекарданд. Аммо ман туро, ки мешиносам, ба ин таъбири кардаат бовар надорам. Ҳарчанд ҳафтаи гузашта сафари ғайриинтизоре доштам ба шаҳри Қунияи Туркия, ба зиёрати оромгоҳи Мавлонои Румӣ. Ту менависӣ:

“Ту чашмро бо нияти хоб мепӯшиву ба назарат чунин менамояд, ки ба кадом вартаи даҳшатноке мепарӣ. Агар хоҳӣ, ки ба чунин варта наафтӣ, хобро фиреб деҳ, фиреб. Вақте дароз мекашӣ, нияти хоб накун. “Ман хоб намеравам, то саҳар бедор меистам” гӯ ва нохост хоб рав. Дар чунин ҳол хоб ғофил мемонад ва хоб намебинӣ. Он чи ба хобат даромаданӣ мешавад, “ин хоб намеравад” гӯён ноумед шуда меравад ва то замони бозгашти он ту аллакай бедор мешавӣ…”

Афсонаи хуб аст, аммо метавон чашмро напӯшида хобид? Ёдам ҳаст, замони тифлӣ вақте хоб намебурд, мо вассашуморӣ мекардем, дар беморхона рехтани ба қавли ту “қатраҳои шифобахш” – ро наззора мекардам. Аммо ту бояд донӣ, ки ман аз пӯшидани чашмонам метарсам, чунки бо чашм пӯшидан боз ҳам ҳамон манзараҳои даҳшатнок пайдо мешаванд.

Боз ҳам менависӣ:

“Тавсияи ман он аст, ки аз қатраҳои оромбахши тиббӣ даст каш ва бештар ба қатраҳои роҳатбахш рӯ биёр. Муҳим, баъди нӯши ҷон кардани қатраҳои роҳатбахш ба тиреза наздик нашав, зеро ҷойи корат, ки дар баландӣ қарор дорад ва метавонад барои ту “Ҷари Солеҳ” шавад. Беҳтараш шомгоҳӣ баъди хӯрок ва пеш аз хоб  аз ин роҳатбахшҳо нӯши ҷон кун, то ҳам хобат хуб бараду ҳам ҳар хоберо, ки мебинӣ, то бедор шудан фаромӯш кунӣ .”

Маслиҳате, ки ба худи ман писанд аст, вале ин “қатраҳои роҳатбахш” дар танҳоӣ зарар доранду фоида не. Боз ҳам ёдам меояд, ки падари шодравонам боре аз ту пурсида буданд:

“Холиқназар, фақат рост бигӯ, Хуршед ҳоло ҳам менӯшад?” Ту бошӣ, бо ҷиддияти тамом  посух дода будӣ:

“Амак, намедонам менӯшад ё не, аммо қавл медиҳам, ки ҳамин ки бе ман нӯшиду хабарашро аз ҷойе фаҳмидам, ҳатман ба Шумо мерасонам.”

Яъне бо танҳоӣ ҳамсоғар будану танҳо нӯшидан дар ойини мо нест. Аз ин рӯ, бовар дорам, ки ин амали бадро худи ту пеша намекунӣ ва ҳатман дар ояндаи наздик моро даъват мекунӣ, то ҳамнишинат бошем! Акнун суол аз ман ин аст ки:

Кай бошаду кай, най бошаду Май.

Май бошаду вай…

Интизор шавем?

Бо ихлоси тамом Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь