Монолог

Бирав зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,

Ки баҳри дафъи ҳаводис туро ба кор ояд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Бовар мекунӣ ё не, ҷаноби Хоҷаев, ҳамин ду мисраъ шеър аз забони доҳии шоирони тоҷик маро шефта намудаву бори гарони масъулияти фикриро бар дӯшам гузоштааст ва маҷбур месозад, ки аз таҷрибаи дигарон баҳра бардорам. Аммо ин «бори иҷборӣ» барои банда як кайфияти хос дорад, ки шояд натавонам дар шарҳи иқтидораш истодагарӣ кунам. Ба назари ман, таҷриба хурд ё бузург намешавад. Таҷриба таҷриба аст. Метавон аз пири ҳафтодсола таҷриба гирифт, аз кӯдаки панҷсола низ. Ҳар рӯзи оянда «фарзанд»-и рӯзи гузашта ва пандомӯз аст. Дигаргунӣ танҳо дар ин аст, ки таҷрибаҳо аз чанд сӯй, бомаром, баманфиат, ҳатто хонумонсӯз ба миён меоянд. Ва инҷо атрофи байти ҳакими тавоно – Рӯдакии бузургвор тамаркуз мекунам. Ӯ мушаххас нагуфтааст, ки аз таҷрибаи мусбат баҳра бигир! Дар умум гуфтааст. Вале мантиқ ҳамин аст, ки «эй, инсон, ту махлуқи аз ҳама махлуқҳои мавҷуди олам бошуурӣ ва таҷрибаи росту дурусту покниҳодро интихоб намову манфияшро аз худ дур соз!»…

Чанд сония аз андешаҳои хаёлӣ дур меравам, дӯстам Хоҷаев. Ба воқеият менигарам. Донишҷӯёнро пеши назар меорам. Онҳоеро, ки дар оянда бояд мутахассис бошанд ва бояд чанд муддат таҷрибаомӯзӣ гузаранд. Дигар соҳотро аз қайди фикр мебарорам. Танҳо дар мавриди донишҷӯёни журналистшав сӯҳбат мекунам. Онҳое, ки ҳар сари қадам, дар ҳар роҳу роҳрави кӯчак бояд садчанд бор бештар аз дигарон таҷрибаро ба кор баранд. Ман намегӯям, ки ин донишҷӯён таҷриба надоранд. Ҳатто ҳамон дарсҳои назариявӣ, ки дар донишгоҳ аз олимони соҳа, аз устодони мо меомӯзанд, бо хислати худ як навъ таҷриба низ ҳастанд. Аммо амалияро бо таҷриба ҳамроҳ кардану таҷрибаи бештар ҳосил намудан магар бад аст? Албатта, хуб аст. Ва ҳастанд донишҷӯёне, ки ин воқеиятро дарк мекунанд. Вале дигар тоифа низ ҳастанд, ки аз таҷриба гурезонанд. Ё онҳо фикр мекунанд, ки масалан ман, ту, ҷаноби Хоҷаев, барояшон таҷрибаи мегуфтаву меомӯзонидание надорем? Оо, хайр, агар ки мо қудрат надорем, магар дар як корхонаи бузург ёфт намешавад нафаре, ки талаботи онҳоро ба ҳадди кофӣ бароварда созад? Ҳаст, бе гуфтугӯ! Аммо ин ҳама нештарзаниҳо танҳо баҳона ҳастанду бас. Дақиқан, қисми зиёди чунин иддаогарон ҳанӯз ҳам аз гуфтаи соҳибкор ва 108-умин мири шаҳри Ню Йорк Майкл Рубенс Блумберг бехабаранд: «Мутахассисони бетаҷриба бояд дар дилхоҳ ширкате, ки қабулашон мекунад, ба фаъолият пардозанд, ҳарчанд вазифаи онҳо хомӯшона омӯхтани он чизе хоҳад буд, ки наметавонанд». Шояд ҳоло ҳам дарк намекунанд он чиро, ки донишманди тавоно Муҳаммади Ҳиҷозӣ гуфтааст: «Аз дирӯз то акнун ба андозаи як рӯз ба таҷрибаҳои шумо афзуда шудааст». Ё фаромӯш кардаанд ин панди Абӯалӣ ибни Синоро: «Таҷриба болотар аз илм аст»? Ва ё эътироф намекунанд ин сухани пурганҷи Пёри Кабирро: «Ноогоҳ касе аст, ки аз таҷрибаи дигарон суде намебарад»!?

Хайр, тунд гуфтан кифоя! Аслан ин гила нест, зеро ҳар касе, ки таҷриба андӯхт, барои худ меомӯзад. Шахсан, ба ҳар гилаву ҷингилаи рӯзафзун ҳам, ки «фалонӣ гапи чад сол пеш гуфтаи маро гуфт» ё «фалон кас аз таҷрибаи ман истифода бурд» аҳамият намедиҳам. Зеро таҷриба моли ҷомеа аст ва дар инҳисори таърих афтода. Аз таърих наметавон чизеро дуздиду пинҳон кард. Масалан, иқтибоси машҳуре аз физик ва риёзидони англис Исаак Нютон вуҷуд дорад: «Таҷриба чизе нест, ки бо шумо рух медиҳад, балки чизест, ки бо он чӣ гуна бархӯрд мекунед». Боз, иқтибосе аз забони нависанда ва файласуфи англис Олдос Леонард Ҳакслӣ садо додааст: «Таҷриба чизе нест, ки бо одам рух медиҳад, балки чизест, ки одам бо он чӣ гуна бархӯрд мекунад». Дар аввал чунин менамояд, ки аз ин ду донишманд яке аз дигаре «асардуздӣ» кардааст. Агар чунин бошад, пас Ҳакслӣ (1894) аз Нютон (1643), зеро Нютон қабл аз ӯ умр ба сар бурдааст. Аммо, тавре қаблан ишора кардам, ҳама иқтибосҳои таърих моли башарият ҳастанд ва набояд дар ин маврид касеро нобиғаву каси дигарро «дузд» гирифт. Зеро, дақиқ аст, ки хоҳу нохоҳ миёни ҷомеа ҳадди ақал 2 ё 3 нафар фикрҳои якхела доранд ва таҷриба такрор меёбад…

Агар монда шуда бошӣ, узр, рафиқ Хоҷаев! Аммо наметавонам дар мавриди як ҳолати такрори таҷриба, ки худ шоҳидаш будам, нагуфта гузарам. Соле тирамоҳ серрутубат ва сард омад. Ҳанӯз моҳи октябр ба охир нарасида буд, аммо падарам фармон дод, ки зуд себҳоро бичинем ва навдаҳои дарахтони себро аз бори гарон озод кунем. Саркашӣ куну рӯзатро бин! Давоми як рӯз, то бегоҳ ҳама ҳосили себро гирдоварӣ кардаву ба себхона даровардем. Ҳангоми ҷамъоварии себ ҳамсоя ба суроғаи падарам луқмаи танзомез мепартофт, ки «ҳо, ако, тез-тез ҷамъ кунед, себро сармо назанад!». Аммо, чун шаб шуд ва дар пайаш субҳи содиқ дамид, аз хоб хеставу бинем, тақрибан 30 сантиметр барф аст. Ҳама дар тааҷҷуб монданд. Падар табассум кард, аммо чизе нагуфт. Акнун манзараи замини наздиҳавлигии ҳамсоя хеле хандаовару тамошобоб ва дар ин баробар, ҳузнангез менамуд. Ду-се ҷо зери дарахтон баллонҳои мошинро оташ сар додаву хурду калони оилаи ҳамсоя ба даст дастпӯшак кашида, себ мечиданд. Он вақт дили мо ҳам зиёд мехост ба ҳамсоя ягон луқмаи танзомез партоем. Вале падарам монеъ шуд. Шояд ба он хотир, ки аз ин баъд миёни мо ва ҳамсоя зиддият ба вуҷуд наояд. Ӯ танҳо кӯтоҳ, бо як навъ қаноатмандӣ гуфт:

– Ҳамин хел барф ҳафт сол пеш ҳам борида буд.

Фазлиддин АСОЗОДА, «ФАРАЖ»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь