“Ва агар ду гуруҳ аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас, миёни онҳо сулҳ кунед”.
Қуръон, Сураи Ҳуҷурот, ояти 9
Ҳаводиси дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рухдодаи ҳафтаи ахир, ки аз ҳар ду ҷониб талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ дошт, нек анҷомид. Задухӯрдҳо пайи даъвои минтақаҳои баҳсноки аломатногузоштаи сарҳад ба амал омад. Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон муваззаф шудааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат сарҳадҳоро муайян ва аломатгузорӣ кунад. Аммо ин ҷо ҷанг роҳи ҳалли мушкилоти марзӣ нест ва айнан ҳамин нуктаро ҳайатҳои ҳукуматӣ дар гуфтушуниди ахирашон иброз доштанд. Изҳорот дода шуд, ки дар фурсатҳои кӯтоҳ мушкилоти марзӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб ҳал хоҳад шуд.
Мо тоҷикон бо қирғизҳо даҳсолаҳост, ки дар ҳамсоягӣ умр ба сар мебарем ва сар задани ҷанги хонумонсӯз байни наслҳои баъдии миллатҳо доғе хоҳад гузошт. Бо сулҳу дӯстӣ метавонанд ҳама нофаҳмиҳо байни мо – ду миллати мусалмон ҳалли худро ёбанд.
Байни мо – ду ҳамсоякишвар муноқиша сар зад ва муддате пас президентҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Туркия, Эрон ва Афғонистон бо ирсоли эъломия хостори аз тариқи музокирот ҷустани роҳҳалҳои сиёсӣ ва сулҳомез шуданд. Ҳамин тавр ҳам шуд ва Тоҷикистону Қирғизистон тавонистанд дар кӯтоҳтарин замон сари масъалаи оташбас оянд ва оромӣ дар ҳарду кишвар ҳукмфармо шуд.
Инҷо вобаста ба ин чанд ҷузъиёти нозукро бояд ба назар гирифт, ки шояд омилҳои нави тафриқаандозӣ байни миллатҳо гардад. Якум, зимни задухӯрдҳо хабарҳои бардурӯғ нашр шуданд, ки боиси ба таҳлука афтидани ҳар ду ҷониб гардид. Айнан нашри ин хабарҳо бояд аз ҷониби хатамоти амниятии кишварҳо ҷиддӣ назорат шавад. Дувум, имкони даст доштани “дасти сеюм” дар сар задани муноқиша дар марзҳо вуҷуд дорад ва ин пурра бояд ҷустуҷӯ шавад. Савум, манофеи ҳарду ҷониб зимни аломатгузорӣ дар сарҳад риоя шавад, то ки миллатҳо минбаъд тавонанд бо равуои озод ва осоишта байни ҳам зиндагӣ кунанд.
Боқӣ, хоҳони пойдории сулҳу дустӣ байни миллатҳоем!
Нуралӣ КАРИМ