– Салом, ошно! Чӣ ҳол дорӣ? Хуб ҳастӣ? Ҳарчанд, ки дар донишкада зиёд бо ҳам менишинему сӯҳбат мекунем, вале пас аз бозгашт ба хона агар чизе лозим омад, боз бо салом ба сӯҳбат ҳусни оғоз мебахшем.

Ҳафтаи гузашта хело душвор буд барои шаҳрвандон. Аз як тараф гароншавии нархи роҳкиро аз тарафи дигар ба дари таърих мех куфтани ҳукуматдорон буд. Яъне онҳо хона-музеи сардафтари адабиёти классики форсу тоҷик устод Садриддин Айниро ба дигар ҷой кӯчониданӣ буданд, ки ин вокунишҳои истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоиро ба бор овард. Вокунишҳо фаъолони ҷомеа ва журналистони мустақил сабаб гардид, ки аз кӯчондани хона-музейи устод Айнӣ даст бардоштанд ва он дар ҷойи худ боқӣ мемонад. Чӣ хабари хушоянд…

Аммо чизи ташвишдиҳанда ин аст, ки дар баробари гароншавии нархи роҳкиро нархи маҳсулот низ то ба осмонҳо расид. Оё нафароне, ки дар болои курсӣ ҷой гирифтаанд, аз ҳоли мардум бохабаранд?!

Оё онҳо меандешида бошанд, ки бо кадом роҳ сатҳи иқтисодии ҷумҳурӣ ва шароити шаҳрвандонро хубтар кард?

Мардум ҳам чораи дигаре надоранд, ба ҷуз аз супоридани роҳкиро ва харидорӣ намудани маҳсулот. Агар инҷо сари мавзӯи озодии баёну талабидани ҳақи худ сухан кушоем, хело вақти зиёдеро мегирад…

Хомӯшӣ роҳи ҳал нест. Бояд овоз баланд кард, то ба гӯше расад…

Ғолиб Мараматшоев

 

– Дуруд, дӯстам! Номаат нав ба дастам расид. Бовар дорам, саломатият хуб аст. Сипоси бепоён, ки аз ҳолам пурсон шудаӣ. Ман хуб ҳастам. Ман низ монанди мардум нолаву оҳ кашида гаштаам. Чи хеле ки гуфтӣ, гаронӣ аз нарх роҳкиро сар карда, то маводи хӯрока миёни бисёриро шикастаасту мешиканад.

Ман кадом мавзуъро гӯям ба ту!  Деҳа рафтанӣ шавӣ, нархи роҳкиро “каллаи хар” шудааст. Наход аз Душанбе то Истаравшан 150 сомонӣ бошад? Баҳонаи ронандагон қимат шудани нархи роҳкирои дохилии шаҳр. Аз даҳонашон чизе ки ояд, мегӯянд. Ба ин хотир, мардум як ҳикояи аҷибе бофтаанд. Ба ту низ менависам, писандат меояд.

Зане бо кӯдакаш дар такси мераванд. Кӯдак дар роӯ худ ба худ гап мезанад:

– Агар падарам  фил мешуд, очаам филоча, ман филбача мешудам, агар дадаам гург мешуд, очаам гургоча, ман гургбача мешудам…

Ин гуфтугузори кӯдак ба дили ронанда мезанаду мегӯяд:

– Агар дадаат хар мешуду очаат буз, худат чӣ мешудӣ?

Кӯдак дар ҷавоб мегӯяд:

– Ронандаи такси мешудам.

Деҳа мервӣ, то ҳол барқ нест. То ҳол корҳои прафлактикӣ рафта истодаанд. Дигар ба коргарони барқтақсимкунӣ гап надорам, ки онҳо дар шаб низ кор мекунанд. Мо дар хоби нозему онҳо меҳнат карда, барқро хомӯш карда, дарахтонро “кал” мекунанд.  Мардум ҳайронанд, ки дар Тоҷикистон дарахт хело кам аст. Лек ду моҳ, дуним моҳ мешавад, сари дарахтҳоро “кал” доранд. Ээээээ, биё бисёр гап назанам, ки “гапи зиёд як хара бор” гуфтаанд. Гуфтан бефоида …

Ҳарчанд барқ кам дода мешуд. Лек кувваи телфонамро пур мекардаму дар шабакаҳои иҷтимоӣ саргардон будам. Намедонам, барои чӣ бисёре аз мардуми тоҷик ин қадар кунҷкобанду ба ҳар як чӣ бинӣ мехалонанд. Боз ҳайрон нашав, ки барои чӣ ин гапро гуфтам. Ту низ шояд хабар дошта бошӣ. Ба  мардуми мо шарт буд, моҷарои Абдурозиқу Баронро ин қадар дар тамоми расонаҳо паҳн кунанд? Мо дарк намекунем, лек худамон худамонро, қадрамонро дар байни кишварҳои дигар паст мекунем. Худамон худамонро месӯзонем. Биё, дар ин бора гап бисёр назанаму аз ҳоли худи ту пурсон шавам. Ту чи ҳол дорӣ?  Ҳаётат чигуна мегузараду ба як муддат набудани ман чӣ пешравиҳо шуд дар корат?

Хусрави Мурод

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь