Туро шуғле бояд, ки худро бад-он машғул дорӣ.

Аҳмади Дониш

Ҷаноби Тоҳирӣ, чанде аз дӯстон гуфтанд, ки бояд ҳар одами замонавӣ СV дошта бошад ва ман ҳам, ки худро хеле замонавӣ мепиндорам, рӯзи истироҳат барномаи Photoshop-ро кушода, ба сохтани CV барои худам шурӯъ кардам. То ҷое омадам, ки бояд шуғламро менавистам, вале навистан натавонистам ва чун ту дӯсти деринаи ман ҳастӣ, маслиҳатгирӣ омадам.

Туро намедонам, вале фикр мекунам, ба монанди ман хелеҳо ба саволи “Чӣ шуғле доред?” ҷавоби аниқ надоранд. Бале, ҷавоби аниқ надоранду намедиҳанд, ё агар чизе гӯянд ҳам, аксаран дурӯғ мегӯянд. Гуфтаниям, ки ту ҳам ин дурӯғҳоро шунидаӣ: “шуғлам китобхонист”, “ман як шуғл дорам ва он ҳам бошад, футболбозист”, “шуғли ман дӯзандагӣ аст”, “чандин сол шуд, шуғле дорам, ки номаш хотиранависӣ мебошад”, “дар зиндагӣ шуғли ман сайёҳат кардан аст”, “фикр мекунам шуғли ман ин пухтупаз аст”…?

Ҷаноби Тоҳирӣ, шуғл ин кор ё воситаест, ки ба рисолати касбии мо дахл накарда, мо бо анҷом додани он ҳам лаззат мебарем ва ҳам худамонро ором мекунем. Масалан, як журналист фориғ аз кор пухтупазро дӯст медораду як муаллим расмкаширо ва бо ҳамин восита худро ором мекунанд. Албатта, пухтупази журналист замоне шуғл ҳисоб меёбад, ки ӯ пас аз кор барои маблағи иҷорааш дар кадом ошхонае ошпаз нест, балки дар хона барои ҳамсараш хӯрок омода мекунад. Ва ҳамин тавр, расмкашии муаллим ҳам портрети кадом соҳибҷашне нест, ки ба ӯ бар ивази маҳсули эҷодаш 150 сомонӣ мегирад, балки вай рӯзи якшанбе ё умуман берун аз вақти корӣ дар хона ё гӯшаи зебои табиат тасвире меофарад.

Ба ҳамин маъно бояд гуфт, ки мақсад аз шуғл доштан, ин  гузаронидани вақт нест, балки дар соҳаи нав худро сайқал додан, худро ором кардан, истироҳат намудан ва ғайраҳо мебошад.

Аз ҷониби дигар, ману ту ба худамон нанигариста, сӯи дигарон санги маломат мепартоем, ки шуғли муфиде надоранд, вале бехабар аз он ҳастем, ки бархе ба шуғл надоштан ҳақ доранд ва ҳатто, ҳақ доранд, ки доир ба он фикр ҳам накунанд. Зеро тамоми фикру зикрашон барои таъмини зиндагӣ равона шудааст. Якҷо кор мекунанд, то ки маблағи иҷораашонро диҳанд, дар ҷойи дуюм кор мекунанд, то ки маблағи шартномаи донишгоҳи фарзандашонро супоранд, дар ҷои сеюм ҳамчун коргари озод кор мекунанд, то ки хӯроквориву сарулибос харидорӣ намоянд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонам, ки шуғлро касе ба касе маҷбур карда наметавонад, вале фикр мекунем, ҳама ҳаққи тавсия доданро дорад ва ман ба ту, ки дар ҷустуҷӯи шуғл ҳастӣ, номгӯеро пешниҳод мекунам.

– китобхонӣ;

– рақсидан;

– матн навиштан;

– пухтупаз;

– саёҳат;

– блог пеш бурдан;

– забони нав омӯхтан;

– боғдорӣ кардан;

– шоҳмотбозӣ;

– пианинонавозӣ;

– футбол.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ба ту шарҳ намедиҳам, ки чаро бояд яке аз ин шуғлҳоро дошта бошӣ, зеро бо баробари мутолиаи онҳо, оне ки ба ту наздиктар шуд, ҳатман ҳамон шуғли туст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

P.S. Ҷаноби Тоҳирӣ, чун ба ту дар аввали суҳбатамон гуфта будам, ки дар CV шуғламро дарҷ карда натавонистам, акнун мегӯям, ки аз он рӯйхати пешниҳоднамудаам якеро барои худ интихоб кардам. Блогамро дар шакли телеграмканал пеш мебарам.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь