Ман ҳайрон, Шумо аз зиндагии якрангу якнавохт мегӯед, аммо дар ҳамин ҳол “шукри будан” мекунед. Магар ин аст зиндагӣ? Магар мурда-мурда зистан, кирои “шукрона” мекунад?
Субҳ ба хайр Абдувоҳид!
Ҳафтае, ки гузашт, чун ҳамеша беҳосил буд. Мисли Шумо “дар домани дашту даман, кӯҳу пуштаҳо, дар оғӯши гулу гиёҳу буттаву ҷангал” нагузашт. Як ҳафтаи одие буд, ки дар талоши зистан сипарӣ гардид. Дигар ҳеҷ!
Ману Шумо ба ҳамдигар нолидему дарди дил кардем, фақат як навҳаандозе набуд, ки оби чашми ману шуморо тоза кунад. Ман ҳайрон, Шумо аз зиндагии якрангу якнавохт мегӯед, аммо дар ҳамин ҳол “шукри будан” мекунед. Магар ин аст зиндагӣ? Магар мурда-мурда зистан, кирои “шукрона” мекунад? Намедонам.
Абдувоҳид!
Воқеан дар ин ҳафтаи якрангу якнавохту дилгиркунанда як ҳодисае рух дод:
Дирӯз, вақте аз ночорӣ сериали русӣ тамошо мекардам, марди ҳаштоду чорсолае аз аҳли қалам занг зад. Аввал аҳвол пурсиду баъд сари мақсад омад, ки номааҳои моро мехонад ва аз он ки мо фақат шиква мекунему аллакай аз зиндагӣ дилгирем, дар шигифт аст. Савол дод, ки ба чанд даромадӣ? Гуфтам панҷоҳу як. Посух дод, ки вай ҳаштоду чорсола аст, аммо он қадар зиндагиро сабзу зебо мебинад, ки ногуфтанӣ ва аз хомафарсоиҳои мо нигарон аст. Яъне, мабод, ки рӯзе ман ё Шумо даст ба ҷони хеш назанем. Барояш сипосу ташаккур гуфтам, ки моро мехонаду ғами мо ӯро ба шигифт овардааст.
Вале баъди ин сӯҳбат ба як хулосае омадам, ки хонандаи ангуштшумори ману шумо аз ин номаҳо ба ҳолати рӯҳии ману шумо баҳо медиҳад, ғамзада бошем, ғамзада аст, агар хушҳолем баробари мо хушҳол аст ва аз рӯйи ин номаҳо баробари мо дард мекашаду ба андеша меафтад. Хостам барояш бигӯям, ки “ман умре зиндагиро дӯст доштам, вале ин аҷузаи пир ҳаргиз маро дӯст надошт”. Нахостам, қиссааш намоям, ки ҳамин дирӯз буд, ки хонуми таннозе бароям гуфт:
-“Бо ту кас дилгир мешавад. Ҳатто навиштаҳоят саршори ҳасрату андӯҳ, гӯё шодию нишот, муҳаббату вафо, меҳру хушбахтӣ умрбод аз ин дунё рахт барбастаанд”. Ман ҳам он замон бадоҳатан посухаш додам:
– “Ин ҳама нағмаҳои диловези зиндагӣ хоси касе бошад, ки аз ин хон нон хӯрда. Умре шодию нишот аз ман гурезон буданд, муҳаббату вафоро фақат дар афсонаҳо хондаам, меҳру хушбахтиро боре ҳатто орзу карда натавонистам.
Пас чӣ гуна аз он чӣ надидааму начашидаам, қисса кунам?”. Медонед ба ин гуфтаам чӣ посух дод? Гуфт:
– “Валлоҳ сода инсоне будаӣ! Бибоф, дурӯғ бигӯ, бисоз. Магар ҳоло ҳам намедонӣ, ки зиндагӣ бофтану сохтан аст?”.
Дигар натавонистам посухе диҳам, чун ӯ дунёро дигар медиду ман дигар, вай аз пулу шӯҳрату ҷавонӣ меандешид, ман аз маргу тобуту хазон. Ёдатон бошад, ҳафтаи гузашта як андешаи ҳунарпешаи синамо Энтони Хопкинсро бароятон фиристода будам, ва гуфта будам, ки ҳафтаи дигар сари ин навишта баҳс мекунем. Энтони мегӯяд:
-“Ин душвортарин корест, ки шумо замоне бояд анҷом диҳед, аммо муҳимтарин дар зиндагиатон аст: Нишон додани муҳаббати худро ба онҳое, ки барои дӯст доштани шумо омода нестанд, бас кунед. Аз суҳбатҳои душвор бо одамоне, ки тағйир ёфтан намехоҳанд, дурӣ ҷӯед. Ба назди ононе, ки ба ҳузури шумо бепарвоянд, наравед. Ба одамоне, ки шумо барои онҳо фақат як варианти интихоб ҳастед, афзалият доданро бас кунед. Дӯст доштани онҳоеро бас кунед, ки омода нестанд шуморо дӯст доранд”.
Агар аз рӯйи ин маслиҳати Энтони амал кунем, ман фикр мекунам, ки зиндагиамонро бояд куллан дигар кунем, ҳатто хостаҳои мо, ниёзи мо бояд дигар шавад. Мо барои оне ки моро мехонаду арҷ мегузораду лоиқи як занги тилфонӣ, як ҳолпурсӣ медонад, менависем! Аз он чизе ки онҳо мехоҳанду меандешанд. Дигаронро фаромӯш мекунем.
Шумо чӣ мегӯед Абдувоҳид, магар мо метавонем хешро, – пиндору рафтору гуфтору муҳитамонро тағйир диҳем? Инсони дигар шавем?
Чӣ назар доред?
Бо эҳтиром ХУРШЕД
ХУШБИН БОЯД БУД
Дурудҳо ба Хуршеди азиз!
Шумо бароям як гуфтоварде аз ҳунарманди англистабори машҳури соҳаи кино, барандаи дукаратаи Ҷоизаи Оскар – Энтони Ҳопкинс фиристодед, ки чанд рӯз мешавад маро ба фикр водоштааст.
Пеши худ андеша дорам, ки панду андарзу насиҳату маслиҳати бузургонро хондану пазируфтан хуб аст, аммо агар ба навори шахсияташон бингарӣ, ба ҷуз пушаймонӣ дигар чизе баҳра намебарӣ. Ба он маъно, ки бисёре аз эҷодкорони дар соҳаи касбиашон нотакрор, баробари касбияти баланд доштанашон, боз камбудиҳое доштаанд, ки зидмаънои гуфтовардҳояшон будааст. Гитлер, Сталин, Наполеон, Темурланг, Чингиз ва Суқроту Арастую … муллою эшону шайху ва ғайраю ва ҳоказо гуфтовардҳое доранд, ки дар зиндагии рӯзмарра бемайлон истифода мешавад. Аммо, агар зиндагии шахсияшонро нигаред, як аблаҳе, як палиде, як касифе, як нохалафе беш нестанд.
Бигирем ҳамин Ҳопкинси машҳурро, ки тири сухани мо ҷониби ӯст: Майзадае будааст, ки мислаш кам андар кам аст. Се маротиба издивоҷ кардааст. Зану духтарашро дар чорроҳаи тақдир бесаробон мондаасту ҳатто дар бораи духтараш фикр кардан намехостааст. Ғурури нозарури англисии худро аз ҳама муқаддасоти оиладорӣ боло мегузоштааст. Аммо ҳунарманди нотакрор буданашро ҳама таъкид кардаанд, то ба ҳадде, ки шахсан Шоҳбону Элизавета барояш унвони “сэр”-ро арзонӣ доштааст. Акнун Шумо маҷбур ҳастед, ки вақти номбурданаш пеш аз номаш, ҳатман Сэр Энтони Ҳопкинс гӯед!
Дар ҳамон гуфтоварди зикршуда, гуфта шудааст”..ба ҷойе ки аз иштироки ту хурсанд нестанд, марав .”
Охир, ба як маъракаи азо намешавад, ки наравӣ! Ё мегӯяд, ки “…ба одаме, ки ишқи туро қадр намекунад ишқ наварз”. Бо ҳама эҳтироме, ки нисбати ҳунари ин ҳунарманди нотакрор дорам, бояд бигӯям, ки ин суханонаш сафсатае беш нест! Чӣ хел мешавад, ки ошиқ нашавӣ?! Ошиқ шудан аз хоҳиши ману шумо вобастагӣ надорад охир, Хуршед!
Аммо ҳамеша тарафи дигари масъала вуҷуд доштааст. Хушбин бояд буд!
Бо эҳтиром
АБДУВОҲИД