Ҷаноби Тоҳирӣ, шанбеи гузашта Рӯзи байналмилалии оила буд, якшанбеи омадаистода Рӯзи ҷавонон аст. Пас ман ба ту ин навбат дар бобати оиладоршавии ҷавонон мегӯям.

Не, ман ба ту намегӯям, ки имрӯз ҷавононро бепурсиш оиладор мекунанд, агарчи ин гуна тарҷибаҳо зиёданд.

Не, ман ба ту намегӯям, ки имрӯз ҷавонони моро барвақт ё дери бад оиладор мекунанд, агарчи ин гуна ҳолат хеле зиёд аст.

Не, ман ба ту намегӯям, ки дар кишвари мо оилавайроншавиҳо махсус дар оилаҳои ҷавон аст, агарчи ҳисоботи солонаи мақомоти дахлдор инро тасдиқ мекунад.

Балки ман мехоҳам ба ту дар бораи зиндагии оилавӣ доштани ду ҷавон бигӯям, ки дар кишвари мо ба тарзҳои гуногун сипарӣ мегардад.

Гуруҳи якум:

Ҷаноби Тоҳирӣ, бадбахтона, дар мо бархе фикр мекунанд, ки бояд зуд духтар ё писарашонро оиладор кунанд ва дар ин оиладор карданҳо як навъ сабукиро ҳам эҳсос мекунанд. Яъне, писари донишҷӯяшонро ба духтари донишҷӯе оиладор мекунанд ва баробари сабук шудани худ ҳама вазниниҳоро болои он ду нафар вогузор мекунанд. Қудоҳо дар деҳа бо даравидани гандум ва тарбузхӯрӣ вақташонро мегузаронанду ин ду нафар дар сомонаҳои somon.tj, rg.tj ва arzon.tj иҷораи арзонтар мекобанд. Не, ба миқдори стипендияашон не, зеро стипендия 171 сомонист. Хуллас, дарсҳо, муаллимон, машғулиятҳои иловагӣ, кампулӣ, гаронии нарху наво, набудани иҷораи ба ҷайб мувофиқ ва наёфтани кор барои донишҷӯён мушкилии асосии он оилаи ҷавон ба ҳисоб меравад.

Гуруҳи дуюм:

Ҷаноби Тоҳирӣ, дар мо бисёриҳо, чӣ волидон ва чӣ ҷавонон мехоҳанд ва кӯшиш ҳам мекунанд, ки оиладорӣ пас аз хатми мактаби олӣ сурат гирад. Хубии ин тасмим он аст, ки навхонадорон ба мушкилоти болозикр дучор намеоянд, вале марҳилаи дуюми зиндагӣ, яъне бетаҷрибагӣ ва корёбӣ дар баробари камёфт будани ҷойҳои кории холӣ ва ба бозори меҳнат омадани мутахассисони аз меъёр зиёд сабаби бисёр навмедиҳо ва дилмондагиҳо шуда метавонанд.

Мутаассифона, аксари он нафароне, ки бекоранд ё ба қавле кор намеёбанд, дар асл худашон кордӯсту коргар нестанд. Ва боз мутаассифона дар ин марҳила навхонадорон дар баробари орзуҳои зиёди аз ақл берун доштаашон боз ба корҳои пайдошуда бо маоши 700-800 сомонӣ намераванд. Дар ин вақт бархе навхонадорони мо қабул карда наметавонанд, ки бояд дар аввал бо маоши аз 1000 сомонӣ поён ба кор даромада, сабр кард. Дар ин вақт бархе навхонадорони мо қабул карда наметавонанд, ки даромади оилавияшон 1500 сомониро ташкил медиҳад ва он кумирҳои дар Instagram будаашон танҳо аз реклама ҳар моҳ 20-30 баробар зиёд даромад доранд. Дар ин вақт бархе навхонадорони мо қабул карда наметавонанд, ки онҳо ҳанӯз дар оғози роҳанд ва ҳама муваффақиятҳояшон дар пешанд.

Гуруҳи сеюм:

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳайрон нашав, аммо бовар кун, ки то ҳол дар ҷомеаи мо волидони гаҳворабахш мекардагиҳо ҳастанд. Гаҳворабахшҳоро мо зиёдтар ҳамчун “эрка”-ҳои ду оила мешиносем ва аз сабабе, ки дӯстии ду авлод дар он оиладорӣ саҳм дорад.

Одатан, ҷавононе, ки маҳз бо гаҳворабахш шудан оиладор мешаванд, дар аксар вақт ба бисёр мушиклоту печдарпечиҳо сабр мекунанд, зеро бо ҷудошавӣ ё муносибати сард доштан ба якдигар эҳтимоли зиёди вайрон шудани муносибати ду оила пайдо мегардад.

Гуруҳи чорум:

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо дорем ҷавононе, ки пас аз хатми мактаби миёна таҳсилро давом намедиҳанд. Бачаҳо ба муҳоҷират мераванд ва духтарон ба кору пайкори хона машғул мешаванд.

Бадбахтона, мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки зиёдтар аз ҳама чунин оилаҳои ҷавон азоб мекашанд. Ҳам азоби иқтисодӣ, ҳам азоби озодӣ ва ҳам азоби рӯҳӣ. Мо бисёр шоҳид мешавем, ки пас аз 1 моҳ ё камтари оиладоршавӣ ба Русия мераванду духтарҳо ба мисли пештара зиндагияшонро бидуни шавҳар давом медиҳанд.

Гуруҳи панҷум:

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳамчунин, мо ҷавонони зиёде дорем, ки бо ошиқӣ оиладор мешаванд. Ҳар саҳву хатое, ки дар замони ишқварзияшон мекунанд, худашону Худо медонад ва мо ба ин кордор нестем. Балки танҳо гуфтанием, ки на ҳама ишқҳои ҷавонон ба хубӣ ва оиладорӣ меанҷомад.

Пас аз оиладор шудани ҷавонон бо ишқ ду сабабе пайдо мегардад, ки ба дилхунукӣ ва сардии муносибат оварда мерасонад: якум, якдигарро зиёдтар мешиносанд ва дуюм, то андозае аз ҳамдигар сер мешаванд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, бо ин гуфтаҳоям ба ҳеҷ ваҷҳ таъкиди оиладор накардани ҷавононро намекунам, балки гуфтаниям, ки бояд ҳамаамон аз чунин пасманзарҳои оиладоркуниҳо огоҳ бошем.

Сино ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь