Чаро тоҷикистониён бояд бо қатора бештар сафар кунанд?

Холаи Рухсора дар Шаҳринав ба тиҷорати тухм машғул аст. Харидороне дорад, ки маҳз аз ӯ тухм харид мекунанд. Ӯ аз соли 2006, ки шавҳараш фавтид, то инҷониб тариқи қатора аз Шаҳринав ба Душанбе меояд. Аз бозори “Фаровон” тухм харид намуда, ба мизоҷонаш дар дохили шаҳри Душанбе мефрӯшад ва бегоҳ бо қатора ба Шаҳринав бармегардад. Ба ин васила мушкилоти рӯзгори худро ҳал мекунад. Ӯ мегӯяд, ки ин роҳ барояш ҳам қулай аст ва ҳам хеле арзон.

– Агар аз таксиҳои Шаҳринав истифода кунам, бароям гарон мефтад: 20 сомонӣ ба роҳкиро сарф мешавад. Аммо дар қатора ҳамагӣ 6 сомонӣ рафтуомад,- меафзояд ӯ.

Умуман, дар бораи сифату хизматрасонии Роҳи оҳани Тоҷикистон вақтҳои охир зиёд мешунавем. Барои огоҳии шахсӣ пайдо намудан аз воқеиятҳо бегоҳи 30-юми апрел мо ба самти Душанбе – Турсунзода билет гирифтем, бо нархи 5 сомонӣ. Кӯдакон ройгон. Вокзали Душанбе хеле ором, мусофирон мунтазири қатора, нарх арзон, мӯйсафедҳои хушчақчақ бо борхалтаву соҳибкорон бо борҳои зиёд вориди қатора мешаванд. Ростӣ, ҳеҷ интизор набудем, ки ҷой барои мусофирон хеле кам аст. Дохили қатора хеле тозаву озода буд. Дар як ҷой модарони солхӯрда бо ҳам суҳбат доштанд. Дар ҷойи дигар хандаву шӯхиҳои донишҷӯёнро медидам. Ресторан-вагон аллакай барои ифтори мусофирон обу шириниро тайёр мекард. Дар дохили қатора низ тиҷорат дар авҷ буд: як гуруҳи занон ба назди мусофирон меомаданд ва борҳои дар китф доштаи худро пешкаш мекарданд. Хулоса, қатора хеле оромона бо 160 нафар мусофир ба роҳ баромад. Дар истгоҳҳо бошад, дарҳояшро ба рӯи мусофирон мекушод ва қисми дигари мусофирон, ки мунтазир буданд, вориди он мешуданд. Онҳо реҷаи қатораро хеле хуб медонистанд. Талаботи муқарраршударо низ. Аз ҷумла, медонанд, ки ҳар як мусофир ҳақи то 15 кг бо худ доштани борро дорад. Ройгон.

Мусофирон зимни суҳбат бо хурсандӣ мегуфтанд:

– Агар дар таксӣ бо чунин миқдори бор равем, беш аз 100 сомониамонро мегиранд, ки хеле гарон меафтад.

Барои маъюбоне, ки қобилияти ҳаракаткуниашон маҳдуд аст, дар қатора шароити созгор таҳия шудааст.

Дар вагони дигар донишҷӯёни донишгоҳҳои гуногун ҷо гирифтаанд. Бо онҳо ҳамсуҳбат мешавем. Шоҳрухбек Ҳотамов донишҷӯи Омӯзишгоҳи роҳи оҳан, факултаи роҳбалади вагонҳои мусофиркашонист. Аллакай дар курси 2 таҳсил мекунад. Ба гуфтаи Шоҳрухбек, ҳуҷҷати махсус дорад, ки онро Роҳи оҳани Тоҷикистон барои онҳо додааст ва тибқи он аз имтиёзҳо бархӯрдор аст: “Ду сол ман ройгон рафтаму омадам. Дар роҳ ҳодисаҳои аҷибро мебинӣ. Пас аз хатми омӯзишгоҳ ҳатман ба Роҳи оҳан ба кор меоям. Дар роҳ таҷрибаи зиёд гирифтам аз мардум, мусофирон. Имрӯз каме мушкил аст барои корхонаи роҳи оҳан, чун ин самти мусофиркашонии байналмилалиаш баста аст, аммо бубинед, ки ба ҳамаи мушкилӣ нигоҳ накарда, самти роҳҳои дохилиро ҳатто як соат қатъ накарданд. Ҳаракати қатораҳои мусофирбарӣ ҳаррӯза фаъол аст”.

Соат аллакай 19-20 буд, ки мо ба шаҳри Турсунзода расидем. Дар роҳ кӯдаконро медидем, ки хеле беназорат буданд ва ба сӯи қатораи мо санг мепартофтанд, шишаҳоро шикастан мехостанд. Баъзе мардон шӯхикунон дар роҳи оҳан менишастанд, гӯё мегуфта бошанд: “Қатора биёяд, мегурезем”. Ронанда хеле бо суръати паст ҳаракат мекард, чунки ин ҳама “нағма”-и роҳро медонистааст. Ифторро дар дохили қатора бо кормандони он якҷоя анҷом додем. Вақте берун баромадем, аллакай шаб буд. Ва бо таксӣ ба самти Душанбе ҳаракат кардем. Ронанда аз мо 30 сомонӣ гирифт, барои калонҳо 20 сомонӣ, барои кӯдакон 10 сомонӣ.

Ин саёҳат дар дохили кишвар ва ошноӣ бо минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳам ҳаст. Якҷо бо аҳли хонавода сафар бо қатора таъсири амиқе дар худшиносиву меҳри Ватан хоҳад буд. Ману Гулнозам ин таъсирро эҳсос кардем.

Тавсия медиҳам!

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь