(чаро рэперони тоҷик тарки соҳа мекунанд?)

Шон МС, ки муҳаррики рэпи тоҷик маҳсуб меёбад, дар ҳоли ҳозир дар хонаи Худо буда, ҳаҷи умраро ба ҷо оварда истодааст. Тарки рэп кардану ба ҳаҷ рафтани ин рэпери тоҷик се ҳафта инҷониб дар саргаҳи хабарҳои шабакаҳои иҷтимоӣ қарор дорад. Аз ҳама аҷибаш ин аст, ки дар пасманзари ин хабари муҳим барои рэпи тоҷик даҳҳо рэпери дигар дар наворҳои алоҳида хабар доданд, ки рэпхониро бас карда, ҳаҷ мераванд.

Наздики як моҳ пеш блогери тоҷик Салоҳ, ки масъули саҳифаи «Saloh hijama» дар шабакаи «YouTube» аст, бо нашри навори кӯтоҳе хабар дод, ки сермухлистарин рэпери тоҷик Шон МС ба хондани рэп хотима дода, рӯзҳои наздик ба хонаи Худо меравад. Аз ҷумла дар навор суҳбати кӯтоҳи ин ду нафар нашр гардид, ки Шон МС гуфт куллан аз рэп меравад. Дар натиҷаи суҳбат блогери тоҷик муваззаф шуд, ки харҷи рафтану омадани Шон МС-ро ба хонаи Худо пурра пардохт кунад. Ва ҳамчунин, молики саҳифаи мазкур дар он навор ваъда дод, ки ҳар овозхону рэпере, ки пешаашро тарк мекунад, ӯро аз ҳисоби худаш ба хонаи Худо бурда меорад.

Пас аз он, Шон МС саҳифаашро дар Ютуб, ки наздики 500 ҳазор обуначӣ дошт, фурӯхта, ба ҳаҷ рафт.

Баъди ҳаҷ рафтани Шон МС даҳҳо рэпери дигар дар саҳифаҳои иҷтимоиашон хабар доданд, ки тарки пешаашон карда, бо даст додани имкон ба ҳаҷ мераванд. Машҳуртарини онҳо Марё, Dazlle ва Cesh мебошанд. Дар ин миён чанд рӯз қабл Марё дар суҳбати охираш, ки дар саҳифаи «YouTube»ии «Барори кор» нашр гардид, дар баробари ҷоизаи «Баттлери сол-2022»-ро гирифтан, эълон кард, ки аз рэп меравад. Ӯ чунин гуфт:

– Дар рэп ангезаам Шон МС буд, вале ӯ дигар дар ин соҳа нест ва фикр мекунам ман ҳам дигар маъно надорам. Аз ҷониби дигар, ман аз рэп ҳар чизе, ки хостам, ба даст овардам.

Пас аз як рӯзи нашри мусоҳиба Марё дар “сториз”-ҳои Шон МС пайдо шуд ва хабар дод, ки аллакай дар ҳаҷ аст. Ҳоло онҳо якҷо ҳастанд ва Шон МС дар як навори кӯтоҳ ба рэпери машҳури дигар Барон пешниҳод кард, ки ба ҳаҷ биёяд.

Якум, ба ҳаҷ рафтани муҳаррики рэп «хайп» шуд. Ҳар нафаре, ки 10 обуначӣ дошта бошад ҳам, агар дар ин мавзӯъ наворе нашр кунад, ҳазорҳо бинанда пайдо мекунад. Ва агар ҳар нафаре, ки ба ин “хайп” ҳамроҳ шавед, албатта, то андозае миёни корбарони фазои маҷозӣ шинохта мешавад.

Дуюм, даъвати блогери тоҷик Салоҳ барои бисёриҳо ангезаи хотима додан ба рэпхониро дод. Яъне, онҳое, ки эълони бас кардани рэпхониро доданд, ба қавле аз фурсати муносиб истифода карданд, вале ҳоло маълум нест, ки ҳамаашонро ба ҳаҷ мебарад ё не.

Сеюм, бисёр бад аст, ки бархе ҷавонони мо фикри худро надоранд. Роҳи худро намедонанд. Ҳадафи худро аниқ накардаанд. Ин бисёр бад аст, ки аз паси як нафар ба нафарҳои дигар ҳамроҳ мешаванд, зеро маълум мегардад, ки онҳоро дилхоҳ нафар идора карда метавонад. Иродаро аз даст додаанд ва идора мешаванд.

Ирода надоштану идора шудани насли ҷавон нигаронкунанда аст. Ҷавони имрӯз аз паси дилхоҳ нафар бе ягон сабаби қонеъкунанда равон шавад, пас ояндаи норӯшан ӯро интизор аст. Агар имрӯз як рэпер даҳҳо нафарро аз паси худаш бурда тавонад, пас фардо чӣ мешавад номаълум.

Ин масъала ҷои андеша дорад ва моро мебояд болои фаҳмиши интиқодии насли нав кор кунем. Ба онҳо муҳимияти доштани фикру мавқеи шахсиро талқин кунем.

Барои пайравӣ кардани касе ҳеҷ гоҳ дер намешавад, вале барои худсозӣ вақт ниҳоят кам аст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь