Номи китоби машҳури Николай Островскийро чаро ба фаъолияти 30 – солаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки 22 январ аз он таҷлил мешавад, бахшидан мумкин аст?
Дуруст аст, ки Хадамоти гумрук дар Тоҷикистон ҳамагӣ 30 – солагии худро таҷлил менамояд, аммо, агар ба таърих назар афканем, шоҳид мегардем, ки ин бахш барои аҷдодони мо самти наве нест.
Аз “Боҷи дарвоза” то “ҳоли табоҳ”
Дар таърихномаҳо мехонем, ки ҳанӯз дар асрҳои 7-6 пеш аз мелод фаровонии мол, заминҳои ҳосилхези киштбоб, захираҳои маъдании Осиёи Миёна боиси фаъол гаштани муносибатҳои тиҷоратӣ гардида буданд. Дар натиҷа додугирифти савдо миёни қавму халқиятҳои гуногун рушд меёфт.
Гузаштагони мо аз рӯи мавқеи ҷуғрофии худ чун пули пайвасткунанда миёни кишварҳои Машриқзамин, аз қабили Ҳиндустону Чин ва мардуми минтақаи назди Волгаю Қазоқистон, Сибиру Аврупои Шарқӣ дониста мешуданд. Яъне корвонҳои пур аз мол аз қаламрави Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистони имрӯз мегузаштанд.
Дар натиҷа, инкишофи савдо сабабгори ба вуҷуд омадани низоми андозбандӣ, аз ҷумла муайян намудани боҷу хироҷи гумрукӣ ва пайдоиши мақомоти боҷгир гардидаанд. Ҳамин тавр, бори нахуст боҷу хироҷи сарҳадӣ бо номи “Боҷи дарвоза” ва дигар намудҳои андозҳо ҷорӣ карда шуданд.
Новобаста аз ин, гумруки тоҷик баъди садсолаҳо дар соли 1989 таъсис ёфт, чун он замон дар ҳайати давлати пурқудрати шӯравӣ қарор дошт. Бо ин вуҷуд, Саридораи назорати давлатии гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аввали ташкилшавиаш имконоти начандон зиёдро молик буд. Дар натиҷаи пошхӯрии СССР бе мутахассисони корозмуда, техника ва дастгоҳҳои ҳозиразамон монд. Ҳамагӣ нуқтаи гумрукии Панҷи поён ба Хадамоти гумрукии имрӯза мерос гузошта шуд.
Яке аз асосгузорони ин давраи Хадамоти гумрук Худойқул Ҳамроқулов хотироти худро чанде пеш чунин навишт:
“Ҳоли табоҳе дошт дар оғоз гумрук. Истилоҳи «мақомоти гумрук» ҳанӯз дар баёни ҳолаш ба кор намерафт. Буду шуд як мизи корӣ ва як мошини «Жигули»-и фарсудаву бе сипаролот (бампер). Ва нуқтаи гумрукии Панҷи поён. Иншооти гумруку анқариб ҳамаи мутахассисони соҳа бошад, дигар аз мо набуданд, чун берун аз марз монданд. Чаро ки ягона гузаргоҳи гумрукии замони шӯравӣ дар қаламрави Осиёи Миёна дидбонгоҳи Тирмизи Ӯзбекистон буду халос.
Бо ин бору бисоти бағоят ҳақиронаву ба ҳадде ночиз, ки мерос хонданаш нашояд, мебоист бетаъхир мақомоти давлатии муносибе роҳандозӣ мешуд, ки тавонад сиёсати гумрукиро бар уҳда дошта бошад – сиёсатеро, ки ҷузъи таркибии давлату давлатдорист ва саросари дунё онро аз зумраи муҳимтарин соҳае донистаанд, ки барои амну рушди иқтисоди миллӣ ва ҳамгироишаш бо иқтисоди ҷаҳонӣ масъулият дорад. Табиист, ки бо ин аҳвол якчанд сол аз дастгоҳи марказӣ сар карда, то шуъбаву дидбонгоҳи дар ноҳияҳо амалкунандаи гумрук иҷорашин буданд, гумрук ҳатто маблағе надошт оддитарин воситаҳои техникиро, аз ҷумла бо мақсади ба роҳ мондани назорати дилхоҳ дар фурудгоҳи ҳавоӣ дастрас бикунад”.
Пешвои Миллат: “Гумрук – дарвозаи ҳар давлат аст!”
22 январи соли 1992 бо таъсисёбии Саридораи назорати гумрукӣ дар назди Девони Вазирони аллакай ҷумҳурии мустақили Тоҷикистон хадамоти гумруки имрӯза то андозае замина гирифт. Аз ҳамин хотир, мегӯянд мақомоти гумруки Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст. Аммо заминаи асосӣ пас аз Иҷлосияи таърихии XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шуд. Зеро 25 ноябри соли 1992 аввалин Кодекси гумруки давлати тозаистиқлол ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистои «Дар бораи тарифи гумрукӣ» қабул гардид.
Баъдан бо таваҷҷуҳи хоси Асосгузорси сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори калидию мукаммали давлатӣ ва такягоҳи буҷети мамлакат табдил ёфт.
Воқеан мақомоти гумруки Тоҷикистон дар радифи бархе аз ниҳодҳои марбутаи мамлакат дар ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ яке аз ниҳодҳои марказӣ ба шумор рафта, дар танзими фаъолияти иқтисодию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. Ин ниҳод ҳамзамон дар таъмини амнияти иқтисодии мамлакат мақоми хосса дошта, ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият намуда, дар рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ таъсиррасон аст.
Рисолати Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ҳамчун мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ ва қочоқи молу маҳсулот, ҷилавгирӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, аслиҳа, ҳифзи сарватҳои моддиву фарҳангии мардум ва назорат аз болои содироти молҳои муҳими дорои аҳамияти стратегӣ нигаронида шудааст.
Пешвои миллат дар бораи аҳамият ва нақши мақомоти гумрук хеле дурбинона изҳори назар намудаанд: “Дар ҳақиқат, гумрук дар ҳаёти ҳар як давлати соҳибистиқлол аҳамияти фавқулодда дорад ва гузашта аз ин дарвозаи ҳар давлат аст. Зеро аз кори мақомоти гумрук на танҳо таъмини молиявии соҳаҳои гуогуни фаъолияти давлат, балки бехатарии иқтисодӣ, фарҳангӣ, идеологӣ ва экологии он вобастагии бевосита дорад”.
Ҳарчанд мақомоти гумрук дар даврае арзи ҳастӣ намуд, ки Тоҷикистон марҳилаи ҳассоси таърихиро аз сар мегузаронид, тавонист вазифаи ба зимма гузоштаашро иҷро намояд.
Идома дорад
Чамила Мирбозхонова “Фараж”