Дуруд, киё Хуршед Атовуллоҳ!

Ба вебнавиштатон сар задам ва пажӯҳиши рӯзноманигорӣ дар бораи Анварпошо, вазири вақти дифоъи Туркияро хондам.

Дарвоқеъ ҷустор дар заминаи ҳадафу хостаҳои сиёсии фиристодаи Туркия, хезишҳои мардумӣ дар баробари таҳоҷуми болшавикон ва торихчаи интиқоли турбати домоди халифаи Рум бисёр жарфбинона ва мӯшикофона анҷом шудааст. Муҳимтар аз ҳама дар фарҷоми пажӯҳиш хулосаи ҷолиб бадар шудааст, ки қобили таваҷҷуҳ аст:

“Миллатҳое зиёданд, ки бо қотилони миллатҳои дигар танҳо ба хотири ҳаммиллат буданашон ифтихор менамоянд. Гитлеру Темур, Чингизу Ленин аз ин зумраанд. Вале миллати тоҷик гӯри мардони баномусашро ба коми фаромӯшӣ партофта. Мардонеро, ки дар роҳи номуси Миллат ҷон додаанд”. Ин ингор маро ба андешидан водор кард. Воқеъан чаро туркҳо барои интиқоли турбати бузургмардони худ талош меварзанду мо ҳатто дар фикри пайдо кардани гӯрҳои Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратуллоҳ Махсум, Абдуқодир Муҳиддинуф, Чинор Имомуф ва Абдураҳим Ҳоҷибоюф нестем? Дар ҳоле ки ҳар яке аз онҳо барои созмондиҳии Тоҷикистони шӯравӣ ва бозпасгардонии сарзамини тоҷикнишин ба қаламрави ин кишвар ҷонфидоӣ карданд. Оё ин бозгӯӣ аз он намекунад, ки дар мо фарҳанги қадр ҳанӯз ниҳодона нашудааст?!

Ба пиндори камина, боястӣ ин иштибоҳи торих ҳарчи зуд ислоҳ шавад. Вагарна ояндагон моро ҳаргиз нахоҳанд бахшид…

Воқеъан дар бораи пешниҳодатон перомуни таҳияи филмҳои мустанади торихӣ низ андеша кардам. Ростӣ, аз соли қабл ба ин хулоса расидаам, ки ин кор ногузир аст. Ният дорам, ки соли оянда ба сабти мустанаде аз рӯзгору корномаи Абдуқодир Муҳиддинуф, сарвазири вақти Тоҷикистони шӯравӣ бипардозам. Шояд бо ин роҳ номи накӯи ин абармарди сиёсат ва торихи тоҷикон дар фазои Тоҷикистони худсолор зиндатар гардад ва рӯзе мо бо ифтихор дар кӯчаи ӯ дар шаҳри Душанбе қадам бизанем.

Бо арҷи фаровон Ардашер Пайванд

 

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш…

Дуруд Ардашер!

Номаат хеле дер расид. Аввал фикр кардам, ки шояд дигар аз номанависӣ хаста шудаӣ, аммо баъдтар фаҳмидам, ки дар ин фурсат аз Туркия ба Душанбе омадаӣ. Хуш омадӣ!

Сипос барои он ки заҳмати қариб яксолаи моро барои ошно намудани хостаҳою шахсияти Анварпошо қадр кардаӣ. Ин аз аввалин тадқиқоти таърихии мо буд ва ёд дорам ҳатто Муҳайё Нозимоваи он замон навҷавон, харсавор то ба Ховалингу Балҷувон рафта буд то қиссаи чӣ гуна фурӯхта шудани боқимондаи ҷасади Анварпошоро аз забони шоҳидон фаҳмад.

Дар бораи Абдуқодир Муҳиддинов, тоҷике, ки аввал фирефтаи пантуркистон шуду баъдтар барои тоҷикон ҷоннисорӣ кард: Идеяи ҷолиб аст, ки мо бубинем чӣ тавр фирефта шуду чӣ ӯро аз роҳ гардонид. Сабақи талхе барои ояндагон хоҳад шуд. Аммо ман аз он хавотир ҳастам, ки барои ошно кардани чеҳраи вай зӯрат мерасад? Оё сарчашмаҳои лозима дар ин боб пайдо мекунӣ? Ин филм чӣ гуна қабул мешавад? Дар ин боб андешидаӣ?

Ана бо назардошти пайдо шудани сӯйи тафоҳумҳо, ман мехостам то аввал филмҳои мустанади таърихие созӣ, ки чуну чароҳо пеши таърихсозону тақдирсӯзон надошта бошад!

Шояд пурсӣ чаро тақдирсӯзон?

Чунки ту ҳоло ҷавон ҳастӣ ва мисли ниҳоли навбаре ҳастӣ, ки зери ҳар насими серун алвонҷ мехӯрад. Бисёр солҳо лозим аст то ба дарахти мустаҳкаме табдил шавӣ, ки ҳар ҳарфу ҳиҷоят вазне пайдо кунад. Вагарна, тақдирсозони мо он қадар ба зудӣ аз тақдирсоз ба тақдирсӯз бадал мешаванд, ки ҳатто дар аввал ҳис намекунӣ! Мехоҳӣ кори мондагоре анҷом диҳӣ, вале ба осонӣ хатои туро меёбанду ба тарзи худ баҳо медиҳанду хулоса мекунанду ҳукм мебароранд, ки дар шигифт мемонӣ!

Тамғаи арзонтарин дар ин шаҳр, тамғаи душману хойин аст, ки бо даст додани камтарин имкон аз он кор мегиранд ва аз ин бовар кун лаззат мебаранд!!!!

Лаззате, ки ҳатто дар фоҳишахонахонаҳои шарқӣ ҳис накардаию аслан надонӣ номи он чист…

Мегӯӣ беҳуда мегӯям? Мегӯӣ, ки ба худ зиёд бовар дорӣ? Шояд… Аммо ба қавли бузургмарде:

Мо озмудаем дар ин шаҳр бахти хеш…

Мисраи дуюмашро намегӯям чун он аз назари ман илоҷи охирин аст. Ҳа, илоҷи охирин. Мисли таноби доре, ки чӣ бузургоне наҷоти худро дар он дидаанд…

Боқӣ ту донӣ! Вассалом!

Бо эҳтиром: Хуршед

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь