Монолог
Муборак шавад, мактаббачагони мо шакли фароғати нав ёфтаанд: тухмшаппак.
Ҷаноби Тоҳирӣ, насли нав ба дарси ахлоқ, муаллими ахлоқ сахт эҳтиёҷ дорад ва моро мебояд ҳадди ақал як маротиба дар бораи фанне, ки гӯё лозим нест, фикр кунем.
Ту дӯсти ман ҳастӣ, барои ҳамин аз аввал ва муфассал мегӯям. Бинои истиқоматии мо назди мактаб ва ҳатто аз тиразаи хонаамон даруни синфхонаҳоро дидан мумкин аст. Ҳамин дирӯз буд, ки як гурӯҳ бачаҳои синфҳои болоӣ аз дарвозаи мактаб берун шудан замон, ба сару рӯи якдигар тухмшаппак карданд. Сарҳо, гарданҳо, куртаҳои сафед ва шимҳои сиёҳ пур аз тухм шуданд. Афсӯс, ки ман блогер нестаму онро сабт карда, дар фазои маҷозӣ нагузоштам, вагарна кадом хориҷие дида, фикр мекард, ки мо иди тухм ҳам ташкил кардаем.
Ҷаноби Тоҳирӣ, дар баъзе мактабҳои мо мӯд шудани тухмшаппак, ҳамсинфон шаъни якдигарро паст задаву дар интернет пахш кардан, ноҳурматӣ нисбат ба муаллимон ва ҳатто кордзанӣ миёни онҳо ба мо намегӯяд, ки бояд дар макотиби миёна дарси ахлоқ роҳандозӣ карда шавад?
Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳисоботи солонаи Вазорати корҳои дохилии кишварро дар робита бо ҷинояткории наврасону ҷавонон дидӣ, надида бошӣ, хотиррасон мекунам. Вазир дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар давраи ҳисоботӣ 763 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 4759 ҷиноят аз ҷониби ҷавонон ба қайд гирифта шудааст. Ин далел ба мо намегӯяд, ки бояд дар макотиби миёна дарси ахлоқ роҳандозӣ карда шавад?
Писар падарро бо табар мекушад, модарро дашномборон мекунад, хоҳарро бадзот мегӯяд, дар симои ҳар духтаре, ки дар сари роҳ ба коре истодааст, фоҳиша мебинад, шаб хона намеояд, волидон, устодон, ҳамкурсон ва умуман ҳамаро фиреб медиҳад. Ин ҳама ба мо намегӯяд, ки бояд дар макотиби миёна дарси ахлоқ роҳандозӣ карда шавад?
Ҷаноби Тоҳирӣ, ҷавон падарашро мекушад, месӯзонад, таги хок мекунад. Ноболиғ аз мағоза маблағеро медуздад, ки як корманди давлатӣ бояд 400 моҳ заҳмат кашад. Мо дигар чиро интизорем? Чаро дар мактабҳо дарси ахлоқ ҷорӣ намекунем? Чаро гуфтаи “олим шудан осону одам шудан душвор”-ро сари ҳар қадам талаффуз мекунему амал надорем?
Ҷаноби Тоҳирӣ, аз ҷониби дигар, дуруст аст, ки ҳоло мегӯем, таълим вазифаи мактабу тарбия рисолати волидон аст, вале чун баъзе волидон ин корро намекунанд, бояд давлат анҷом диҳад, зеро насли нав ояндаи давлат аст. Ва ба фикри фардии ман бояд пеш аз фикри олим кардани бачаҳо, бояд ба масъалаи ахлоқии онҳо таваҷҷуҳ кунем.
Хулоса, қисме аз бачаҳои мо ахлоқи коста доранд, зеро дар макотиби миёна дарси ахлоқ нест ва барои бартараф кардани ин бояд дарси ахлоқ роҳандозӣ шавад ва чун мо аз насли нав ояндаи некро интизорем, пас бояд онҳоро аз муҳимтарин фан – ахлоқ маҳрум намекунем. Тамом вассалом.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Дарси Асосхои давлат ва хукук агар дуруст гузашта шавад, кор то ба ин холат намерасад. Аз тарафи дигар комиссияхои беохири мактабхо дигар омузгоронро хам бепарво кард. Охир комиссия барои бехубдии сифати таълиму тарбия не балки барои пур кардани кисаи худ ва шикамсеркуни дари мактабхоро мекубанд. Вакти нисфирузи аз кучое комиссияхо пайдо мешаванду чонишинхои директор синф ба синф гашта пул мепурсад ки онхоро гусел кунанд. Муаллимахои ноилоч гох аз хисобу худу гох аз хисоби хонандагон пул чамъ карда медиханд. Рузи комиссияхо ба 3-4 сомони нонпулии хонандагон мондааст. Дахшат. Дар беморхонахо хам холат хамин комиссия бисёр ва табибон ба дод омада рохи Русияро пеш гирифтаанд.