Дурудҳо ба Хуршеди арҷманд!
Умедворам, ҳолатон хуб бошад.
Ин ҳафта рӯзҳои истироҳат ба шикор ё моҳигирӣ нарафтам. Доктор “як –ду муштарии серкори камҳавсала дорам бояд рӯзи шанбею якшанбе корҳояшонро ба анҷом расонам” – гуфтанд ва худам ҳам он қадар хуши сафар надоштам.
Зарур медонам, ки маълуми табъи латифатон гардонам, ки дирӯз ба манзили Ҷамъияти шикорчиҳои ноҳия рафтам ва дили нодилон камонамро фурӯхтам. Ин камон баҳонае буд, ки маро ба табиат наздик мекард. Камони калибри 12, думила (милаҳояш тагу боло) яке аз беҳтарин камонҳои шикорӣ буд. Ин камон, ҳамту барои зебаш буд, ман бо ин камон ҳатто як чумчуқ ҳам назадаам. Аммо ба он дилбастагии зиёд доштам. Ин моҳ маблағи қарзи бонк вазнинӣ кард, барои ҳамин ҳам фурӯхтаму қарзи бонкро пардохт кардам. Дилам барои ин камон сӯхт, дилам барояш кашол монд. Худамро тасалло медиҳам, ки “маҷбур будам”.
Акнун дигар рӯзҳои истироҳат ба бозор меравам. Ба “сагбозор”-и маъмул. Воқеан, “сагбозор”-ро кӯчонидаанд. То ҷое ман медонам ин бозор борҳо маконашро иваз кардааст. Як вақтҳо дар маҳаллаи “Гулистон”-и шаҳри Душанбе воқеъ буд. Баъд аз шаҳр хеле дур ба “колхози Россия” бурданд. Ин дафъа аз “колхози Россия” ба молбозори ноҳияи Рӯдакӣ овардандаш ва фақат рӯзи якшанбе баргузор мегардидааст. Ҳоло ягон маротиба нарафтаам, аммо ният ва нақша дорам, ки ҳар вақт холитар шудам, албатта тамошо меравам.
Ҳарчанд, ки барои харидани ҳайвоне имконият нест, (дарвоқеъ, Парлумон фармони наве дар бораи дар муҳити шаҳр нигоҳ доштани ҳайвонот баровад) мехоҳам раваму аққаллан сари сагбачаи зоти алабайеро сила намоям, гурбаи порсиеро ламс намоям, тӯтиеро сари китф гирам, булбулеро аз кафи дастонам дон бидиҳам, кабкеро.. оҳ! Кабк!
Ман ошиқи шайдои овози фораму зебоии бемонанди кабк ҳастам Хуршед! Овози сеҳрноки ин парранда маро ба давраҳои зебои кӯдакӣ мебарад. Худамро дар фарози хорбунаҳои Кӯҳи Булбулони Панҷрӯд ҳис мекунам! Аз нав ҷавон мешавам, қувват мегирам, шод мешавам, ошиқ мешавам!
Ин номаро барои он навиштам, ки Шумо ва дӯстони шаҳрнишинро ба кӯҳу дашту дамани Ватани зебоманзарамон даъват намоям. Охир Тоҷикистон фақат Душанбе нест ки…!
Надоштани вақту бисёрии кор баҳона шуда наметавонад!
Бо эҳтиром: Абдувоҳид
баҲОна
Дуруд дӯсти шоирам!
Номаатонро гирифтам. Ин ки мегӯед “хуши сафар надоштам”, як ҳодисаеро, ки ҳамин дирӯз сурат гирифта буд, ба ёдам овард. Дар муқоиса бо Шумо ман он рӯз ба дача рафтам ва чун ҳамсоядачаҳоро кайҳо надида будам, ба қавле “ҳангома” кардем. Ҳамин замон дӯсте занг заду гуфт, ки як ҳамсабақамон аз раҳи дур омадаасту ҳамон рӯз мехостааст бишинем. Чун медонистам, ки ба расми рӯзгори имрӯз он ҳамсабақ ва ин дӯст ҳарду ҳам ҳоҷӣ ҳастанд, ба худ эб надидам, ки баъди ин қадар нӯшидан, бо онҳо нишинам ва баҳона пеш овардам. Ҳис кардам, ки он дӯст ранҷид.
Ростӣ Абдувоҳид ман ҳар замоне бо дӯстони ҳоҷӣ менишинам, хиҷолатзада мешавам. Не, онҳо ба ман лексия аз гӯру қиёмат намехонанд, аз фардое, ки касе рафтаю омада аз аз он дунё қиссаҳо кардааст, намегӯянд, фақат худи ман дар назди ҳамсоғарони дирӯзаам эҳсоси хиҷолат мекунам ва хуб медонам, ки дар назди онҳо аз маю майхона сӯҳбат кардани ману мо баринҳо дар асл ба эшон хуш намеояд. Ана дар ин ҳолат ман мегӯям “хуши сафар надорам”. Ба ин масъала чӣ назар доред?
Шумо аз маҷбур шуда, камони шикориро фурӯхтанатон қисса кардаед. Ва дар охир гуфтаед, ки камонро ба хотири қарз аз бонк фурӯхтаед. Истед – истед… Ман ҳам чандин бор хостам аз бонк қарз гирам, аммо як шинос гуфта буд, ки беҳтар аст моҳе, ҳафтае бепул гардаму қарз нагирам. Агар ба хотири қарз ман аз баҳонаи анҷом додани кадом кори барои худам писанд даст мекашидагӣ бошам, беҳтараш гушнаю пиёда мегардаму қарз намегирам. Чӣ гуфтед?
Дар мавриди “Сагбозор”… Медонед, як замоне бозорчае, ки воқеъ дар маҳаллаи “Яккачинор” буд, барои ман ҳам рӯзҳои шанбею якшанбе ҷойи дӯстдошта ҳисоб меёфт. Ман бештар ба китобҳои кӯҳнаю суратдевораҳои замони Шӯравӣ шавқ доштам. Ҳамон нарде, ки ман дораму бино бар ривояти фӯрӯшандааш, амали анҷомдодаи писари зиндониаш будааст, аз он бозор аст. Даҳҳову садҳо китоби дигар ва он суратдевораҳои аҷибе, ки инак шкафи маро зеб медиҳанд. Афсӯс, ки он бозорчаро хеле дур бурдаанд…
Ман аз он бозорча як харгӯшак ва як тӯтӣ харидаам. Аммо ҳарчанд ба кабк майл дорам, вале баъди он ки он тӯтӣ аз бемории номаълуме ҳалок шуд, ба қавле “дилам монд”. Ният дорам вақте пурра ба дача кӯчидам, кабкею саге барои зиқ нашудани худам бихарам.
Дар мавриди саёҳат. Ману Шумо гуфтему гуфтем, аммо ин “навпулдидаҳои ватанӣ” аз тамошои Саррезу кӯлҳои Аловуддин кайфияте намебаранд, балки аз тамошои Дубаю манораҳои Аморат кайф мекунанд. Чӣ илоҷ, онҳоро ки даст баста ба тамошо бурда нашавад.
Маро бошад ба “Душанбепарастӣ” айбдор накунед! Соле нест, ки ман ба Ҳафткӯл наравам, аз Яғнобу Сари Хосору Ҳулбуку Искандаркӯлу Аловиддин чанд маротиба дидан кардаам ва ҳоло ҳам серӣ надорам.
Ахир ману Шумо ба кадом саёҳате ҳамраҳ мешавем, чун мебинам бароямон мавзӯъ медиҳад.
Чӣ мегӯед?
Бо самимият Хуршед