Монолог

Ҷаноби Тоҳирӣ, шефи хона гуфт барои шефча гаҳвора харидан лозим аст. Мо ҳам чун ҳарвақта гапашро ду то накарда, ба бозори машҳури “Корвон” рафтем. Ашёи лозимиро харидем. Чор ронандаи таксии зард ва ба қавле зеби пойтахт розӣ нашуданд, ки ҷойхоби ҷунбондашавандаи кӯдакро ба хона биёранд. Ҳамин гуна қонуни нонавиштае доштаанд, ки танҳо ба одамони бе бор хизмат мерасонданд. Пасон, назди ронандаи таксии одие, ки пеш аз таксиҳои зард мушкилкушои мардум буданд, рафтем. То кӯчаи Ҳ. Шерозӣ (маъруф ба “домҳои Қайроқум”) 80 сомонӣ нарх кард. Гуфтам, ки мантиқро қуртакҷаф кардед. Яъне, дар миён роҳест, ки ҳисобкунаки таксиҳои зард 38-40 сомонӣ кор мекунад ва ин дар ҳолест, ки фоизи ширкати таксӣ ҳам дар ҳамин пул дохил аст. Аҷиб аст, ки таксии одӣ 100 фоиз гарон мегӯяд. Мо илоҷе карда, ронандаро ба 60 сомонӣ розӣ кардем ва корамон ҳал шуд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мушкили рақами яки пойтахти зебову дилрабоямон нақлиёт ҷамъиятӣ аст. Ҳама навъаш! Аз таксиҳои 7-сомона сар карда, то автобусҳои дуошёна. Аз спринтерҳои бе кондуктор то спринтерҳои кондуктордор. Якеашро намиёбӣ, дигарашро 30-40 дақиқа интизор мешавӣ. Якеаш чунон оҳиста меронад, ки хонандаву донишҷӯву корманди кадом корхонае зери номаш “ғоиб” мегирад (бовар кунед, баъзе расонаҳо ҳам дафтари ҳозирғоиб доранд), дигараш чунон “гонка” мекунад, ки дар дарун кӯдак аз дасти модараш меафтаду пиразан аз назди наберааш. Якеаш фақат мегӯяд, ки пули майда диҳеду дигарашро 10 бор ҳам бигӯӣ бақияатро намедиҳад ва агар диҳад ҳам 10 дирам кам медиҳад. Дар нақлиёти мо ҳамеша гароншавии ҳаққи роҳкиро ҳаст, вале пастшавӣ нест. Сӯзишворӣ гарон шуд, роҳкиро наздики 1 сомонӣ гарон гардид, вале ҳоло арзон шудааст ва масъулин хомӯшанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ин ҳама “яке”-ву “дигар”-е мушкили мардуманд ва ту, ки ба нақлиёти ҷамъиятӣ наменишинӣ, мебояд чанд маротиба сархати болоро бихонӣ, то ки хубтар сарфаҳм биравӣ. Ҳамчунин, хуб мешавад, агар боре аз хизматрасонии ҳама навъҳои нақлиёт дар пойтахт истифода барӣ.

Бовар кун, дар ин сатҳи паст будани нақлиёти ҷамъиятӣ (гӯё хуб аст) ба имиҷи пойтахтамон доғ меорад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, имрӯз бархе ронандагони спринтер бинанд, ки дар роҳ модаре бо набераву як-ду халта истодааст, ба кондуктораш ишора мекунад, ки савораш накун. Ин дар ҳолест, ки шояд модари худаш ҳам соле қабл бо наберааш ва як халта савғо ба хонаи хешутаборе мерафт.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло аксари ронандагони таксиҳои зард аз бозори “Корвон” ба мусофироне, ки хатти сайрашон бо 10-12 сомонӣ тамом мешавад, хизмат намерасонанд, чун ки пули зиёд мехоҳанд ва ин миқдор арзиши фаъол кардани муҳаррикро надорад.

Акнун, ҷаноби Тоҳирӣ, тасаввур кун, ки монанди аксари ронандагони таксиҳои зард намояндагони дигар касбу корҳо ҳам ҳамин гуна муносибатро пешаи кори худ кунанд. Духтур ба нафаре, ки зуком (аксари мо зукомро бемории сода мепиндорем) шудааст бигӯед, ки бемории шумо кирои вақт сарф кардан надорад ва бояд ягон бемори “лойдор”-ро қабул кунад. Тасаввур кун, корманди бонк ба пирамарди 70-сола, ки писараш 2000 рубли русӣ аз Россия равон кардааст, хизмат нарасонад ва ба онҳое кумак кунад, ки 100 ҳазор равон кардаанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, мо барои рафъи ин мушкилот ба ҷомеашиносону равоншиносону ҳазорҳо нозир эҳтиёҷ дорем. Ҷомеашиносон назари худашонро доир ба вазъи имрӯз ошкоро бигӯянд. Равоншиносон илман исбот кунанд, ки танҳо ва танҳо фикри ҷайби худро кардан чӣ маъно дорад. Ва нозирон ин ҳамаро назорат кунанду мушкилро ҳал намоянд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло охири сол аст ва хуб мешавад, ки ба ҳама мушкилоти мардум нуқта гузорем ва дар соли нав беҳтар зиндагӣ кунем.

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь