Интихоби президентии Тоҷикистон чӣ гуна мегузарад?

Иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба президентӣ пешниҳод карданд. Баъзеҳо то ин вақт мегуфтанд, ки шояд номзади ин созмонҳо Рустами Эмомалӣ – шаҳрдори Душанбе ва раиси Маҷлиси миллӣ мегардад.

Номзади асосиро мардум то имрӯз интизор доштанд, ки мушаххас шуд. Воқеан, 3-юми сентябр Ҳизби халқӣ – демократӣ ҳам анҷуман дорад ва дигар маълум аст, ки номзади арзандаи онҳо кӣ хоҳад буд.

Ҳизбҳои дигар аллакай номзад пешбарӣ карда, маъракаи имзоҷамънамоиро идома медиҳанд. Ҳоло маълум нест, ки кадоме аз ин ҳизбҳои барои мардум аксаран ношинос 250 ҳазор имзои заруриро чӣ гуна ҷамъ карда метавонанд. Ҳизбе, ки аз ҳама сераъзо ва теъдодашон 50 ҳазор нафарро фаро мегирад, барояшон осон хоҳад буд. Дигарҳояш дар бораи 10 – 20 ҳазор мегӯянд, ки ба ин ҳам мардум шубҳа мекунанд.

Дар ин байн фақат Ҳизби коммунист – ягона нерӯи сиёсии таҷрибадор мондааст, ки анҷуманашонро ба рӯзи 5-уми сентябр таъин кардаанд. Онҳо ҳам ҳоло шахсияти маъруфе чун Шабдолов ва раҳматии Исмоил Талбаков надоранд. Пас киро пешниҳод мекунанд?

Ҳамин тавр, ҲСДТ ягона ҳизбе гашт, ки на танҳо номзад пешниҳод накард, балки интихоботро “ғайриқонунӣ” эълон намуд ва онҳо ба ин назаранд, ки дар кишвар фазои демократӣ барои ин маърака нест. Ҳизбҳои дигар, ки дар интихобот иштирок доранд, ин андешаи ҲСДТ-ро қабул намекунанд ва аз мавҷудияти ҳамаи шароитҳо ҳарф мезананд. Фарзияе низ гуфта шуд, ки ҳизби Раҳматилло Зойиров барои он дар интихобот иштирок намекунад, ки барои натиҷаи интихоботи парлумонии охир “қассос” гирифтанист ва “бахилӣ” мекунад. Чунки ҳоло ҲСДТ ягона ҳизбест, ки дар Маҷлиси намояндагон намоянда надораду дигар ҳизбҳо доранд. Баъзеҳо мегӯянд, ҳизби Зойиров ба он хотир иштирок намекунад, ки дар ҷомеа шинохташуда нест ва аъзои зиёд ҳам надорад.

Раисҳои ҳизбҳо ба мавқеъгирии ҲСДТ ба ин маъно ҷавоб медиҳанд: Бе Зойиров ҳам интихобот мегузарад!

Дар ҳамин ҳол, баъзе номзадҳо бо изҳороту суханрониҳои “ҷолиб”-и худ интихоботро “серранг” карданианд. Дар бораи пулакӣ кардани воридшавӣ ба пойтахт аз ҷониби Ғаффоров – номзади ҲСТ гуфта будем. Ин дафъа Рустам Латифзода аз Ҳизби аграрӣ маъракаро “тамоман гарм” карду аз Ғаффоров ҳам гузаронд. Аслан, вақте гуфт, ки агар президент шавад, дузанагиро қонунӣ мекунад. Ба ин суханон вокуниш гуногун буд. Баъзеҳо гуфтанд, ки дар ҳақиқат ин масъала вуҷуд дорад ва танзими ҳуқуқиро мехоҳад. Аммо бисёриҳо, махсусан занҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай гуфтанд, ки ҳатман зидди ин тасмими ҲАТ овоз медиҳанд, яъне “номақул кардай Латифзода”. Барои маълумот: асоси интихоботи Тоҷикистонро ба сифати овоздиҳанда ҳоло занҳо ташкил медиҳанд! Пас Латифзода ба кӣ ва чӣ умед дорад?

Барои ҳамин, дар “Фейсбук” назарҳоеро вохӯрдан мумкин буд, ки номзадҳое чун Ғаффоров ва Латифзода ба он хотир чунин “гапҳои ҳавоӣ” мезананд, ки дили интихобкунанда аз онҳо хунук шуда, ба онҳо овоз надиҳанд.

Қоидаи интихобот ҳамин аст. Ҳариф ҳар ҳарфи номзадро таҳлил мекунад, то бар зидди ӯ истифода бурда тавонад. Ин дар маъракаҳои сиёсии кишварҳои пешрафта амри маъмулист.

Чунин гуфтаҳо фазоро пуррақобат мекунанд. Шояд ин номзадҳо фақат барои “муаррифии” худ чунин изҳорот медиҳанд, то ҳаргиз фаромӯшашон накунем? Агар чунин аст, пас номзади аграриву сотсиалистро мардум то ҷое шинохтанд. Гуфтан мумкин нест, ки ба маънои мусбат.

Ҳизби ҳоким бошад, ба интихобот бо иқтидори калон ворид мешавад. Ҳафтаи гузашта конфронси вилоятии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Пешвои миллатро ба унвони яке аз вакилони худ ба Анҷумани ғайринавбатии 14-уми ҳизб пешниҳод намуд. Дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ конфронсҳои ҳизбӣ баргузор гардида, омодагии худро ба анҷуман ва интихобот маълум намуданд. Масъулини ҳизби ҳоким мегӯянд, ки беш аз ним миллион аъзо доранд. Рақибонашон баъзан мегӯянд, ки қисмати асосиро аз мо гирифтанд, яъне ин аъзо аз ҷумлаи муаллимону духтурон мебошад. Зеро, агар “бӯе” аз интихоботро дар кӯчаҳои пойтахт эҳсос кунем, маҳз ҷонибдорони он кардаанд. Масалан шиору овезаҳоро дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе часпониданд, варақаҳои худро хона ба хона тақсим мекунанд, шахсиятҳои таъсиррасони ҷомеа ба ҷонибдории ҲХДТ садо баланд менамоянд.

Гуфтан мумкин, ки интихобкунандаи оддӣ то ҷое байни “ҳизби заиф” ва “ҳизби қавӣ” фарқиятро эҳсос мекунад.

Дар ҳамин ҳол, мушовири Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо чанде пеш дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки “рӯйдодҳои имрӯзи Белорусро дида, бисёр нигаронам, ки дар кашокаши дохиливу хориҷӣ ин мулки нозанинро ҳам Украина накунанд. Яъне бо кумаки ду қутби бузург, нимаш “демократӣ”-ю ними дигараш “ҷудоиталаб” нашавад. Ин манзараро дида мо бояд дарси ибрат омӯзем. Интихоби мо бояд ҳамеша сулҳ бошад!”.

Аз ҳамин ҷост, ки бархеҳо мегӯянд, ҳарчанд НУҚТАИ КАЛОН дар интихобот гузошта шуд, набояд думболи нукот рафт, ҳамчуноне бузургонамон аз қадим мегӯянд.

Ба фикрам фаҳмидед манзури ман чист.

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь