Дуруд ба Хуршедшоҳи гиромӣ!

Умедворам, дар ин лобалои гузариш ба зимистон ва ҷаббории зукоми лаънатӣ танатон сиҳату ҷонатон ҷур бошад!

Маълуми табъи латифатон бошад, ки як ҳафтаи расо, аз 4.12.2023 то 11.12.2023 мо аҳли оила бо ҳамин зукоми лаънатӣ дасту гиребон будем ва хушбахтона бо ёрии табибони ҳозиқу дорую дармон ба по рост шудем.

Зукомро аввал Ҳушанг овард. Баъд сар шуд мусобиқаи беморшавӣ. Кӯдакҳою ҷавонон сабуктар гузарониданд. Вақте навбати ман расид, фикр мекунам, зуком худашро дар хонаи мо ҳокими мутлақ ҳис кард. Дар аввал ман ҳам писандаш накардам, фикр кардам чун зукомҳои пешина сабук мегузаронам, аммо нашуд, ки нашуд! Чашмҳо обрав, гӯшҳою димоғҳо маҳкам, сар ба дард, бадан суст, устухонҳои бадан ба дард, пойҳо ноустувор, дастҳо вазнин, хотир парешон, рӯҳ афтода, кайфият нест… як лаҳза хоб, як лаҳза бедор ва чӣ хобу чӣ бедорие! На хоб буданро мефаҳмӣ на бедор буданатро.  Вақте ки одамро таб барад, бисёр чизҳои ногуфтанию ношуниданӣ ба ёдаш меомадааст ва дар бехудӣ гоҳ-гоҳ бо овоз сирҳои дилашро ифшо мекардааст. Фақат ҳаминаш хуб шуд, ки барои сироят накардани дигарон ғайр аз Ҳушанг ба наздам даромадани дигаронро манъ карда будам ва ҳар сирре, ки ифшо шуд фақат байни ману ӯст.

Рӯзҳои аввали беморӣ хостам ягон китоб хонам, нашуд. Бозиҳои телефони ҳамроҳ ҳам ба дардам нахӯрд. Ҷони одам, ки дард кунад ҳеч чиз намефорад, аммо тамоми фикру андешаи даркорию нодаркорӣ ба сарам хутур мекард. Бештар дар бораи ояндаи ҷамъият фикр мекардам гӯям, шояд бовар накунед. Нархи ширу гӯшту маҳсулоти хӯрокворӣ, меваю сабзавоту қанду шакар, роҳкирою андози роҳу нархи мошин, хонаҳои истиқоматии навсохту куҳанбунёд, ҷойҳои ҷамъиятию осорхонаҳо, муҷассамаҳои бузургу ҳайкалчаҳои хурд, майдончаҳои хурду бузурги варзишӣ, боғҳои истироҳатию рестуронҳо, қаҳвахонаи “Шарқи Озод”-у тарабхонаи “Бону”, оби гарму хунуку барқ, дарахтони мевадиҳандаю ҳамешасабзу сояафкан… Ин аст рӯйхати  шаммае аз чизҳое, ки ман дар бораашон, ҳатто дар ҳолатҳои зарурӣ ҳам фикр намекардам.

Шумо ҳам чанд рӯз пеш аз бемории ман дар беморхона бистарӣ будед, аммо касе хабар надод, ки ба аёдат равам. Фикр мекунам, ҳамин бемориҳои мо аз мурда-мурда кор кардану истироҳат нокардан аст.

Шукр, имрӯз худамро пуштора карда, кор омадам.

Акнун, ки омадем, насиб карда бошад, мукотибаро давом медиҳем.

Бо эҳтиром: АБДУВОҲИД

 НОМА БАЪДИ БЕМОРХОНА

Дуруд Абдувоҳиди гиромӣ!

Ростӣ, ҳайрон шудам, ки чаро ба дидорбинӣ наомадед. Баъдтар яке ба ёдам расид, ки вақти охир ба шикор рафтану парронидани паррандаҳои бечора одат кардаед. Худро тасалло додам, ки шояд ба шикори чандрӯза рафтаеду маро фаромӯш кардаед. Ва аммо дар мавриди беморию беморхона. Не, ман бемор шудаю беморхона нарафта будам, балки рӯзе фишорамро месанҷам, ки 176 ба 126 шудааст. Ёдам омад, ки баъди гирифтани сактаи мағзи сар дар зимистони соли 2015, ҳамасола барои даҳ рӯзе беморхона мехобидам, ба қавле курси “барқароршавии организм”-ро мегузаштам. Муддати дуюм сол буд, ки табобат нагирифта будам. Ба пойи худ рафтаму ба муддати даҳ рӯз хобидам ва лаҳзае, ки дар хотирам нақш бастааст, лаҳзаи гузаронидани обу укол буд. Агар донед, он об ба оҳистагӣ мегузарад: чак-чак, чак-чак…

Аз он ки ин об ба сустӣ мегузарад, дилгир мешудаму мехостам, ки ин об тезтар гузарад. Чун шикоят мекардам, табиб гузариши обро тезтар мекарду ба рагҳои ман зӯр меомад, яъне баъди тамомшавии гузариши об раги дастам дард мекард…

Ҳамин тавр, ин бор ман муддати даҳ рӯз сари компутар нанишастам, бозии компутарӣ ҳам накардаам. Китоберо, ки барои хондан гирифта будам, бурдаму овардам. Аммо нақшаи хобро буд кардам, қабули хабаргиронро ҳам. Тӯли даҳ рӯз аз ягон мушкилии на шахсӣ ва на мушкили ҷомеа наандешидам, асабам ором буд.

Аммо медонед, чӣ Абдувоҳид?

Вақти охир ман одати баде пайдо кардаам: Чун чашмро бо нияти хоб мепӯшам, ба назарам чунин менамояд, ки ба кадом вартаи даҳшатноке мепарам. Дар деҳаи мо мавзее ҳаст, ки бо номи “Ҷари Солӣ” маъруф аст. Ҷари баланде, ки то расидан ба коми дарё наздики дусад метр баландӣ дорад. Хостаю нохоста пеши назарам меояд, ки аз ҳамон ҷарӣ меафтам, чашм мепӯшаму медонам, ки фишори хунам баланд шуда. Баъд чанд шаб бехобӣ кашидам. Рӯзе ба табиб нақл кардам, хандиду посух дод, ки сахт тарсидаам. Бояд назди мулло равам. Баъдтар ҳамин ки чашм пӯшидам, тасаввур мекардам, ки аз он ҷарӣ меафтаму вале мисли кабӯтар бол мебарораму парвоз мекунам. Ҳоло ният дорам, ки таъбири ин хобамро аз фолбини касбӣ Холиқназар Ҷумъаев пурсам. Ҳарчанд ба фолбиниаш бовар надорам, аммо медонам, ки таъбире мегӯяд, ки ҳатман барои ним соат ҳам бошад, механдам. Ё ба ҷустуҷӯйи “муллои тарсбарор” шавам, ё якбора назди муллои ҷинбарор шавам? Намедонам. Шумо чӣ маслиҳат медиҳед?

Бо иродат: ХУРШЕД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь