“Не” – намегӯяд нафаре, ки кори мекарда надорад! Мегӯянд, шахсони хушхулқ дар зиндагӣ ҳиссачаи инкории “не”-ро истифода намекунанд. Замоне ба ин фикр розӣ будам, ҳоло қатъиян мухолифам. Зеро агар ҳамин шабу рӯз дар ҷомеаи мо “не”-ро истифода набарӣ, мисли лухтак истифодаат мекунанд!

 Ҳамарӯза метавон бо одамони зиёде дучор омад, ки танҳо аз манфиати худу хостаҳои бемавриду бамавриди худ фикр мекунанд. Ин гуна афрод одами гапгираку “хуб”-гӯякро ки ёфтанд, мисли абри сиёҳи тирамоҳӣ, беист ба сару рӯяшон хостаҳову эҳтиёҷоти худро борони “раҳмат” унвон карда, мерезанд. Дар ин росто аксарияти ҳоҷатбаророн аз овардани ҳиссачаи воқеан ҳам марҳами дардҳо – “не”, ба забон шарм дошта, фикр мекунанд, ки бо рад кардани сухани мухотаб дунё барояшон дарҳояшро пӯшида, ба хоҳиши “иҷозат диҳед дароям”, ҷавоби “не” медиҳад. Дар баробари таклифоту пешниҳодоти тамаъҷӯёна боз ба суроғи мо даъватҳои холисона ва меҳрубонона ҳам меоянд. Мо аз хусуси чӣ тавр ба рӯи ҳамсуҳбат нигариста, хоҳишашро рад кардан ва боз болои ин амал ӯро наранҷонидан мегӯем. Бовар дорам, аз чанд варианти зер ҳадди ақал як ё дутои он ба дарди Шумо мехӯрад. 

Аз аввали сенария оғоз мекунем. Нахуст бояд гуфтани “не”-ро хуб омӯзем. Биёед, пеш аз рад кардани хоҳиши нолозими нафаре аз эҳтиёҷҳои нодаркори худ даст бикашем. Оё метавонем, ки ба хостаҳои аз ақл беруни худ “не”-ро истифода кунем? Бояд аввал аз А то Я-и зиндагиамонро омӯзем ва аз баҳри партовҳояш бигзарем. Гузашт маънои аз нав беҳтарашро хостан аст. Муҳимият. Агар корҳои болоро ба анҷом расонем, ҳамин мафҳуми дар аввали сархат истода, тавлид мешавад. Ҳар вақте ки ба суроғи Шумо даъвате меояд то кадом андоза муҳим будани онро дар муддати то се дақиқа фикр кунед ва хулосаатонро дар мавриди қабул ё рад карданаш бароред. 

Олимон исбот кардаанд, ки агар беаҳамияту нолозим будани кори нафареро исбот карда тавонед, пас ба он нафар ҷавоби кӯтоҳи “не”-ро додаед. Коре, ки ба назаратон нодуруст аст кӯшиш кунед, нодуруст буданашро исбот созед. Шумо то ин ҷо агар қудрати ба хоҳиши худ “не” гуфтанро пайдо карда бошед ва боз балои ин аз уҳдаи муайян кардани навъу сифати хостаҳои дигарон мебаромада бошед, пас бояд қадами саввумро – “ба худ иҷозати дигаронро рад карданро диҳед», монед. Ба худ иҷозати рад кардани дигаронро додан, мисли ҳамон қадами аввалест, ки барои тай кардани роҳи дароз монда мешавад. Кӯшиш кунед, ин иҷозатро ба худатон диҳед. “Ман болои ин сухани Шумо фикр мекунам”. Ин аст яке аз ҷавобҳое, ки “не”-и моро ифода мекунад. Дар аксар маврид ин ҷавоб ҳам мухотаби моро ранҷондан намемонад ва ҳам дурушт нест. 

Пеш аз “ҳа” ё “не” гуфтан, бояд ба саволе, ки «оё дахолат кардани Шумо бар зарари кор нест?», ҷавоб дошта бошед. Ҷавоби аниқ ва боваркунанда. Масалан, агар волидоне, ки худ донишгоҳ хондаанд ва ҳоло ҳам бо дафтару қалам ошноӣ доранд, дар курси якум ба таклифи фарзандашон аз “не” гуфтан гурезанду рефератҳои писарашонро ба ҷояш иҷро кунанд, яқинан, ки фарзанди “донишҷӯ”-яшон дар курси дувуму саввум хоҳиши навиштани кори курсиашро мекунад ва боз мутмаинам, ки чунин фарзанд дар курси чаҳорум рисолаи хатмашро ҳам аз сари худ соқит мекунад. Дар ин маврид метавон дилхоҳ мавзӯи муносибати волидон бо фарзандро мисол овард. 

Вале пеш аз нуқтаи охир метавон гуфт, ки дар баъзе маврид истифода накардани ҳиссачаи “не” мушкилиҳои зиёд меорад. Бо меҳрубонӣ  рад кардан беҳтар аст аз қабул кардан бо дуруштӣ. Барои фаҳмо шудани ин вариант мисоли сода овардан қулайтар аст. Дар деҳа ҳамсояи Шумо ба муддати якчанд рӯз азми сафар мекунад ва аз Шумо хоҳиш дорад, ки то омаданаш мурғҳояшро нигоҳ кунед ва бар ивазаш тухмҳои онҳоро барои худ истифода баред. Шумо агар дарҳол “не” гӯед, яқин ҳамсояатон меранҷад. Пас бояд бо меҳрубонӣ рад кард: “Раҳмат, ки ба мо бовар мекунед, вале мутаассифона қабул карда наметавонам. Бовар кунед, қудрати бардошти амонататонро надорам”. Пасон, хам ба мурғхо нигохкунандаи нав меёбанд ва ҳам беранҷиш “не”-и Шумо корашро мекунад. Аз “не”-ро калону равшан истифода кардан, умуман ғамгин ё ноҳинҷор нашавед, зеро дар муқобили коре, ки охираш “туман” асту атрофиён Шуморо ба он сӯ бурданианд, беҳтарин хубӣ аст барои худи Шумо.

 Интиҳо. Дар вақту замоне, ки бояд нуқтаи охирро мемондам, як чизи дигар ҳам ба хотир омад. Бисёр хуб аст агар ҳар нафар барои худаш сарҳаде бунёд кунад ва атрофиёнаш бо назардошти он сарҳад муносибат кунанд. Сарҳади худ ва дигаронро нагзаред!

 P.S: Пас аз хондани ин матлаб мушоҳида кунед, ки вақти рад кардани хоҳиши атрофиён онхо ба Шумо чӣ аксуламале нишон медиҳанд. Агар тавонистед – хуб, вагарна Шуморо лозим аст бори дигар ин навиштаро бодиққат хонед. 

Худо нигаҳбон! 

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь