Нависандаи хушному беунвону ҷоизадори байналмиллалии мо Толибшоҳи Давлат маҷмӯаи навеллаҳояшро бо номи “Калхоти чӯҷабар” нашр намуд. Бо теъдоди сад нусха!
Сужаи навеллаҳои маҷмӯа ҳамагӣ асосӣ воқеӣ доранд. Навеллаҳое, ки аз муҳоҷират, аз муносибати оилавӣ, аз адолатпарварӣ, аз худогоҳиву Худоогоҳӣ,аз муҳаббати самимӣ, аз хиёнатҳои беохир мегӯянд. Муҳоҷиратро маззамат карда, дард асту азоб, бекасӣ асту хору зорӣ, фиреб асту найранг мегӯянд. Якдигарфаҳмиро дар оила талқин мекунанду беэҳтиромиро танқид. Ӯ симои қаҳрамонҳоро адолатварпару ҳақиқатҷӯ нишон дода, беадолатӣ ва нокасиро маҳкум мекунад. Аз забони қаҳрамонҳояш худшиносиву Худошиносиро нишон дода, хонандаро ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Ӯ мубаллиғи муҳаббати беолоиш буда, маҳкумкунандаи хиёнаткорӣ аст.
Ҳар новеллаи маҷмӯаи “Калхоти чӯҷабар” аз ҳодисаи воқеие гуфта, муаллиф кӯшиш кардааст, ки хонанда аз хатои худу атрофиён огаҳ гардида, ислоҳ шавад ва талқинкунандаи роҳи рост бошад.
Симои ҳақиқии муаллиф дар ҳар навишташ возеҳ равшан буда, ҳамагонро ба некӣ даъват намуда, аз забони қаҳрамонҳояш бадиро маҳкум мекунад.
Вале чунин маҷмӯа бо теъдоди сад нусха нашр шуданаш, гувоҳи он аст, ки на хонанда майл дораду на масъулине, ки бо аҳли эҷоди кишвар сари кор мегиранд. Сад нусха!
Толибшоҳи Давлат аз ҷумлаи нависандагони хушному эътирофшудаест, ки дорандаи ду ҷоизаи байналмилалист. Ӯ бо повести “Турнаҳо дар баҳорон” барандаи ду озмун – ҷоизаи минтақавӣ ва байналмилалист. Яке озмуни “Новеллазия” ва дигаре “Ҳамоиши адабии кушодаи Осиёи Марказӣ” (OCABF-2014) гардидааст.
Толибшоҳи Давлат нависандаест, ки китоби “Турнаҳо дар баҳорон”-аш дар Лондону Бишкек рӯнамоӣ шудаанд, вале бе иштироки худаш. Даъватӣ буд, аммо бо сабаби роҳкиро надоштан рафта наметавонист.
Толибшоҳи Давлат аз ҷумлаи нависандагони маъруфи мост, ки соли 2018 “Турнаҳо дар баҳорон”-аш барои дарёфти ҷоизаи Нобел пешбарӣ шуда буд.
Ӯ дар сӯҳбате гуфта буд, ки “рисолати адабиёт тарбияи дурусти аҳли ҷомеа аст” ва то қадри имкону тавоноӣ ин рисолатро бавоситаи эҷодаш иҷро карда истодааст.
Бо ҳамин мазмун боре дар бораи китобнависию бо қарз чоп кардану ба наздикон туҳфа карданаш суҳбат доштем, вале дар ҷавоб гуфт, ки ҳама ташвишҳояш ба хотири анҷоми рисолати касбӣ ҳастанд.
Ӯ дар суҳбате гуфта буд, ки “ташвишҳои беохири зиндагӣ метавонад инсонро ҳамчун эҷодкор маҳв созад”, вале шукр, ки бо ташвишҳои бешумору беохири рӯзгор то ҳол устодро назди монитори компютер машғули эҷод мебинем.
Ӯ аз бетаваҷҷуҳӣ гиламанд нест, зеро дар сӯҳбате гуфта буд, ки “мутаассифона, мо фарҳанги ба эҷодкорон аҳамият додан, ба маҳсули эҷоди онҳо таваҷҷуҳ карданро аз даст додаем”, аммо ба по рост аст, кори худашро медонад ва аз касе чизе интизор нест.
Ӯ дар суҳбате гуфта буд, ки як роман ва се повесташ мунтазири чопанд.
Умед мебандем, ки чунинҳоро дар вақти болои замин буданашон қадр мекунем.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ