Бархе аз зарардидагони сели ахир дар Кӯлоб мегӯянд дар тақсими кумакҳо шояд “мушҳои дупо” ҳам ҳастанд, ки ҳолати бади онҳоро бадтар мекунанд.

Аз Кӯлоб ба пойтахт ва идораи мо Марямбӣ Диловарова, сокини кӯчаи Содиқови шаҳри Кӯлоб омад. Дар назари аввал ин хабари муҳим нест, чун одамони зиёде аз навоҳии мухталиф бо мушкили худ ба мо муроҷиат мекунанд. Аммо ҳолати Марямбӣ бо чанд сабаб хос аст. Аввалан, ӯ зери назораташ чанд одами бемору маъюби бистарӣ дораду онҳоро ба ҳоли худ монда, ба назди мо омадааст. Дуюм, дар сели ахири ба шаҳри Кӯлоб омада хонаи онҳо ҳам зарари зиёд дид ва мушкилашонро бамаротиб вазнинтар кард. Вале бо гузашти якуним моҳ садои ӯро гӯё намешунаванд.

Холаи Марямбӣ мегӯяд, умедашро аз ситоди ҷумҳуриявӣ, ки зери роҳбарии Рустам Назарзода, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад, аллакай кандааст. Барои чӣ?

Аммо пеш аз посух ба ин савол ба ёд меорем, ки моҳе пеш дар Кӯлоб чӣ иттифоқ пеш омад…

11-уми майи соли 2021 дар натиҷаи офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб, хоса биноҳои истиқоматии кӯчаи Содиқов, қитъаҳои 3, 4, 5 ва маҳаллаи Файзободи боло, Пашадара зери об монданд. Ғайр аз ин, боғҳо низ зарари ҷиддӣ диданд. 3 нафар дар шаҳри Кӯлоб, 6 нафар дар навоҳии минтақа, умуман 9 кас дар сатҳи вилоят ҷон бохт.

Пас аз омӯзиш, ситоди фаврии Кумитаи доимамалкунандаи фавқулодда  1638 хонаро аз назар гузаронд, ки 96 хона қисман, 786 қитъа бо иншоооти ёрирасон аз лою лойоба пур шудааст.

Вале холаи Марямбӣ мегӯяд, ки «дар хона гарчанде имкони зиндагӣ кардан надорем, дар рӯйхати комиссия хонаи моро «аз обу лой бароварданд» ва ҳоло хонаи мо дар рӯйхати «қисман вайрон» ворид гардид. Масъулини КҲФ дар шаҳри Кӯлоб мегӯянд, ки «равед, дар хонаи садамавӣ зиндагӣ кунед».

– Ман дар хонаам 3 маъюб дорам. Апаам Шарифамоҳ Диловарова касалии рӯҳӣ аст ва аз соли 1988 дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии ноҳияи Рӯдакӣ табобат мегирад, ки тамоми нигоҳубину табобаташ ба зиммаи ман аст. Ӯ 2 фарзанд дорад. Шавҳараш пас аз чунин беморӣ ӯро талоқ доду зан гирифт. Писари Шарифамоҳ ҳам бемор аст ва ҳоло дар бозорҳои Қӯрғонтеппа ба аробакашӣ машғул мебошад. Додарам Аваз Диловаров низ бемории рӯҳӣ дорад. Дар маҷмуъ, нигоҳубини онҳо хеле мушкил аст. Нафақаашон 125 сомониро ташкил медиҳад. Хоҳарам Маҳбуба Диловарова маъюби гуруҳи 2 аст, аз асаб ва саратон ранҷ мебарад. Бародари хурдиам Комилҷон як мошини “Нексия” дошт, ки замони сел онро об бурд, барака ёбанд, ҳамсояҳоямон мошинро қапиданду ҳоло ба таъмир ниёз дорад, аммо бе пул наметавонем онро таъмиргоҳ бубарем. Дар таъмини оила Комилҷон бо таксиронии худ ба қадре ба ман кумак мекард. Барои беморон доруву дармони зиёд даркор, ки арзишашон кам нест. Зиндагии вазнини моро ҳамаи ҳамсояҳо медонанд. Аз сабаби камбизоатӣ натавонистем Комилҷонро зан диҳем, ҳол он ки, 41-сола шуд. Пеш аз омадани сел аз бонк 3 ҳазор сомонӣ қарз гирифтем, то саҳни ҳавлиро каме ба тартиб дарорем ва ба нияти тӯй, аммо бубинед, ки ин сел хонаамонро хароб карду акнун ҳатто қарзи бонкро пардохт карда наметавонем.

Албатта, аз ҳукумат миннатдорем, чун дар он шабу рӯзи даҳшатбор, ки ба як пора нон зор будем, Пешвои муаззами миллат буд, ки ба мо орду равған кумак намуданд. Чанд рӯз пеш иловатан 1 халта орду дулитрӣ равған оварданд. Сементу кӯрпачаю болишт ҳам гирифтем. Ба болои ин худам аз касалии асаб хеле азоб кашидам. Вақте мариз мешавам, ба Душанбе назди духтару писарам, ки инҷоянд, меояму онҳо доруву дармонамро мехаранд. Аммо боз ба Кӯлоб бармегардам, чунки беморҳоро агар ман нигоҳ накунам, ҳолашон бадтар мешавад. Хулоса, як ҳолати вазнин дорем.

Дуруст аст, ки ҳамаи корро ҳукумат карда наметавонад. Барои ҳамин ҷамоату вакил ҳаст. Вале мо ҳатто вакили маҳалла надорем. Ҳоло як нафарро аз ЖЭУ оварда, гуфтанд “ин вакилатон”. Ин вакил бошад, якбора ба сарамон омаду “хушхабар” овард: «5 халта семент зиёдатӣ рафтай хонатон, тез гирифта биёред, комиссияи давлатӣ гуфт баргардонанд». Ин ба ҷои кумакаш. Аз вакил пурсидам, ки чаро ба мо маҳсулоти зарурии дигарро барои сохтмон намедиҳед? Мегӯяд, ки инро комиссия ҳал мекунад. Хонаи мо дар ҳолати садамавӣ қарор дорад, вале «экспертҳо» мегӯянд, ки «равед, баҳузур зиндагӣ кунед».

Ин фақат мо нестем, ки аз ин ҳолат шикоят дорем. Чандин нафарро медонем, ки аз таҷрибаҳои пешин мегӯянд, ки комиссия мисли ҳарвақта шиносбозӣ кардааст…

Ин порае аз шикояти ин бонуи ҳақталоши пурмушкил аст. Холаи Марямбӣ ба умеди дарёфти ҳақиқат ҳоло ба Душанбе омадааст. Ҳоло ӯ мактуби расмӣ ба номи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода навишатааст ва интизори посухи онҳост. Ҳарчанд як пораи дилашро ба қавле гургҳо мехӯранд, ки ин шабу рӯз беморони дар хона будааш бе ӯ чӣ ҳол доранд…

Зимнан, бояд махсус таъкид намоем, ки фақат Марямбӣ нест, ки ба мо шикоят аз чунин ҳолат дорад. Аз тақсими ноодилонаи кумакҳо шикоёти дигар ҳам дорем, ки ба онҳо ҳам бармегардем…

Ҳоло бовар дорем, ки ниҳодҳои марбута шубҳаи мардумро дар бораи “шиносбозӣ”-ву “мушҳои дупо” бартараф карда, исбот месозанд, ки ҳукумати марказӣ ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки касе аз ҳолати вазнини мардум сӯйистифода намуда, дилашонро аз дарёфти ҳақиқат хунук гардонад.

Ман ба ин бовар дорам.

Шумо чӣ?

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь