Монолог

Пайхас кардаед, ки насли нав аз ҳисоби муаллимон идеал интихоб намекунад?

Ҷаноби Тоҳирӣ, ҳоло ҳам чойхонаи масҷиди мо макони гузаронидани маъракаҳо ва суҳбатҳои пирамардони деҳа аст. Ман, ки аз ҷавонон дида, бо калонсолон забони хуб ёфта метавонам, аксар вақт миёни намозҳои шому хуфтан бо онҳо чой нӯшида, суҳбат мекунам. Дирӯз суҳбати мо дар бораи таҳсилу кори ман рафт ва ғайриинтизор гуфтам:

– Ҳоло зиёдтар барои интернет менависам, вале дар ояндаи наздик кӯшиш мекунам, ки муаллим шавам.

Бовар кун, ҳамин ҷумларо гуфтаму дар бало мондам. Мепурсӣ чӣ хел?

– Бачам, муаллим нашав, зеби муаллимӣ ҳам намондааст, – гуфт бобои Шараф, ки оромтарин нафари деҳаамон маҳсуб мешавад.

– Бале, зеби муаллимӣ намондааст, ки омӯзгорон гурӯҳ – гурӯҳ шуда, муҳоҷират мераванд, – андаке баландтар сухани бобои Шарафро тақвият дод, собиқ муаллими деҳа бобои Азим.

– Бисёр мавзӯи хубро кушодед. Бовар кунед, набераи ман зинаи магистратураро тариқи шартномавӣ таҳсил мекард, вале пас аз ду соли пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва супурдани имтиҳоноти бешумор дар ҳимояи кори хатм муаллиме чапаш гирифт ва хатм карда натавонист,  – бо дард иброз дошт бобои Аловуддин.

– Бобои Аловуддин, муаллимони донишгоҳро нагӯед, зеро якеаш барои навиштани кори хатми писари кенҷагӣ 1500 сомонӣ талаб кардааст, – ба гап даромад бобои Ашраф.

– Бобои Ашраф, шумо дури бад рафтед, муаллимони наздикамон, ки дар мактаби миёна дарс медиҳанд, бисёр дилхунуканд, набараам мегӯяд, ки дар 45 дақиқаи дарсӣ даҳ маротиба ҳам ба соати телефонашон нигоҳ мекунанд, то ки дарс зудтар тамом шавад, – чойяшро нӯшида, гуфт бобои Муҳаммад.

– Ҳамаатон дуруст мегӯед, мехоҳам аз шумо пурсам, ки чаро хонандагон ҳоло аз муаллимони ҳозира на дониш мегиранд на амалу рафтори хуб?,- суол кард чойхоначии масҷид.

Сукут лангар андохт. Касе чизе нагуфт. Садои муаззин баланд шуд ва ҳамагӣ аз чойхона баромада, ба масҷид ворид шуданд. Саволи бобои Қиём беҷавоб монд…

Ҷаноби Тоҳирӣ, медонӣ барои чӣ саволи чойхоначии масҷид хотимадиҳандаи суҳбат шуд? Ба фикри ман, посух додан ба дарди имрӯз кори осон нест.

Ҳақиқатан ҳам, ҳоло дарду доғи мост, ки мактаббачагон ва донишҷӯён аз миёни муаллимони худ кам касонеро пайдо мекунанд, ки дар пайравӣ бо онҳо кори хубе анҷом диҳанд, махсус барои онҳо паҳлуҳои мухталифи соҳаи худро омӯзанд ва ба қавле кумире дошта бошанд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, он нақлҳое, ки додои ману додои ту дар бораи муносибату муоширати муаллимонашон мекарданд, дигар барои насли нав афсонае беш нестан.

Муаллим имрӯз барои бачаҳои синфхонаи мактаб қаҳрамон нест…

Муаллим имрӯз барои бачаҳои аудитория донишгоҳ роҳнамо нест…

Муаллим шогирдашро китобхон намекунад ва барои он ки шогирдаш чизе аз ӯ омӯзад, китоб намехонад…

Муаллим чапгир шуд…

Муаллим сиёҳдил шуд…

Муаллим ғайбаткунанда шуд…

Муаллим дарсгурез шуд…

Муаллим барои насли мо ангеза дода натавонист…

Муаллим ғами насли моро нахурд…

Муаллим ба ояндаи мо бетаваҷҷӯҳ шуд…

Муаллим дастнигару тамаъкор шуд…

Муаллим бо донишҷӯ кори илмиро нарх кард…

Муаллим тарсу шуд…

Пас, ҷаноби Тоҳирӣ, ту, ки наздиктарин дӯсти манӣ бигӯ, ки дар чунин шароит чӣ тавр бояд як мактаббача ва донишҷӯ ба муаллиме тақлид кунад? Аз ҳама асос, ба кадом хислати онҳо пайравӣ кунад?

Ҳамин аст, ки бачаҳо барои тақлид кардану касеро пайравӣ кардан ба фазои маҷозӣ рӯ меоранд ва дар он ҷо ба нафароне рӯ ба рӯ мешаванд, ки дар кору зиндагияшон нақши бад мегузоранд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман ҳаргиз ҳамаи муаллимони азизро дар назар надорам, зеро махсус чанд муаллиме буданд, ки бо шарофати онҳо ман дигар муаллимонро шинохта тавонистам, вале он равшанкунандагони дил ҳоло рӯҳан азоб мекашанд. Азоб мекашанд, ки кори худро хуб анҷом надода истодаанд, зеро ба онҳо, дигарон халал мерасонанд.

Кош, мо дигар кош нагӯем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь