Ҳастии ту андар ин ҷаҳон беҳтарин неъмати илоҳист бароям, модарам. Ошёни пур аз меҳру вафоро бароям ҳадя намудаӣ, ки боиси ифтихор ва шарафмандии ман гаштааст.
Маҳз меҳру муҳаббати беандоза, панду насиҳатҳо ва дастгириҳои модарам, устодам ҳаст, ки дар ҳама ҷодаҳои зиндагӣ маро роҳнамоӣ намудаанд. Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавон муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модар дарёфт. Аз овони кӯдакӣ аввалин омӯзгори мактабӣ ва ҳаётии ман маҳз модари мушфиқу ғамхорам мебошанд. Чи тавр вориди муассисаи таълимӣ гаштан, чи тавр ба калонсолон салом додан, ҳамаи қоидаҳои дар мактаб ҷой доштаро куллан як-як бароям фаҳмониданд. Баъдан ҳар як ҳарф, калима ва ҷумларо бароям омӯзониданд, то соҳибмаълумот гардам. Албатта, саҳми омӯзгорон ҳам буд, вале саҳми модари роҳнамоям, устодам зиёдтар аст.
Ҷорҷ Ҳерберт беҳуда нагуфтааст, ки «як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». Ҳамеша, дар ҳамаи мушкилоти зиндагӣ маро дастгирӣ намуда, нагузоштанд, ки танҳоиро ҳис намоям. Барҳақ, модар фаришта аст. Модари бузургвори ман фариштаи рӯи замин ва хонадони мо мебошанд. Ба ҳамаи мушкилоти худ нигоҳ накарда, мушкилкушои мо ҳастанд, вале баъзан вақт ончунон саргарми кори худ мешавем, ки аз ҳолашон бехабар мемонем. Боз ҳам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар аввалин фурсат муроқиби мостанд. Барои модар вожае зеботар аз «фидокор» наметавон ёфт.
Ба гуфтаи Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «модар азизтарин мавҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андуҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Модар бори гарони зиндагиро бар дӯш кашида, то мо дур аз ғаму андуҳ бошем. Умри азизи хешро сарфи мушкилиҳои зиндагӣ намудаву аз худ фаромӯш карда. Чаро? Барои он ки мо – ҷигарбандонаш зиндагии осуда дошта бошем. Аз ин лиҳоз, гуфтаниям:
Хоки қадамат ба дида молам, модар,
Додӣ ту ба ҷон шири ҳалолам, модар.
Ҳастанд ягон–ягон, ки хорат созанд,
З-ин тоифа бисёр малолам, модар.
Оре, агарчи ҳастанд тоифае, ки туро ранҷу озор медиҳанд, вале боз ҳам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда қавӣ ҳастӣ ва ин тоифаи бадсириштро мавриди бахшиш қарор медиҳӣ. Бузургии модарам маҳз дар ҳамин аст. Дили бекина ва меҳрубонаш ҳаст, ки ӯро барои ҳамаи мо фарзандон азизу муътабар сохта. Хоксорӣ, покӣ, ҳақиқатпарастӣ, ҳақиқатҷӯӣ, меҳрубонӣ, мушфиқӣ, ғамхорӣ, шуҷоат нишонаҳои модари азизи мананд. Агарчи васфи модарамро солҳо рӯи варақ орам ҳам, кам аст. Чун васфи ғамхорӣ ва меҳрубониҳои модар беохир аст. Домони пур аз муҳаббаташон ҳеҷ вақт аз меҳри модарӣ холӣ намегардад ва ҳамеша даст ба дуои фарзандони азизи хешанд. Дарёдил, нексиришт ва беҳамтоянд. Дуруст аст, ки гуфтаанд:
Дили модар чу дарёи равон аст,
Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.
Сано бодо Муҳаммадро, ки гуфтаст:
“Биҳишт зери қудуми модарон аст”.
Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё ва дар қатори онҳо модари мушфиқу ғамхори ман низ ҳамеша сарбаланду тансиҳат бошанд. Ғами дунё онҳоро фаромӯш намуда, хушбахтии ду ҷаҳон насибашон бошад. Чашми нам, дили пурғам, дасти камро набинанд. Бигузор ҳамеша соябони сари мо бошанд.
Ай Худоё, такягоҳам, модарамро зинда дор,
Зеби гулзори ҳаётамро мудом поянда дор.
Шаҳло СОДИҚЗОДА