Дуруд дӯсти шоирам!
Номаатонро гирифтам. Ҷумлаи охирини Шумо перомуни нависанда Абдурофеъ Рабизода дубора ёди маро ба гузаштаҳои барои таърих як қадам, аммо барои умри инсонӣ як нафас, ба рӯзгори парешони соли 1990 бурд. Хоҳари он кас ҳамсабақи падари шодравони ман буданд. Падар баробари ба Душанбе овардани ман аввал суроғи Абдурофеъ карданд. Маҳз Абдурофеъ буданд, ки ба назди устоди шодравон Воҳид Асрорӣ рафта, хабар расонида буданд, ки гарчанд ман навиштаҳоямро бо имзои Хуршед Атовулло (номи падарам) нашр мекунам, (таъриф нашавад наздики сад мақолаи нашршуда дар расонаҳои чопӣ доштам) вале дар асл, дар ҳуҷҷатгузориҳо насабам Ниёзов аст. Ёдам меояд, ки ҳар се санҷиши пеш аз имтиҳони қабулро бо баҳои панҷ супорида будам ва вақте аз иншои имтиҳони давлатӣ барои гузоштани панҷ вергул дар ибораи “он ки” ба ман баҳои “се” гузоштанд, устод Асрорӣ назди устодони имтиҳонгир даромаданд. Варақаи иншоямро хонданд, лабханд заданд ва гуфтанд:
-Парво накун, агар ҳатто се баҳои “ду” гузоранд ҳам, ман туро қабул мекунам! Ту истеъдод дорӣ!
Аъзои ҳакамон байни ҳам пич-пич карданду ман ду имтиҳони дигарро бо баҳои “панҷ” супоридам.
Баъди ин ба хонаи устод Абдурофеъ мерафтам. Сафар зиёд доштанд, аммо ҳатман бо чеҳраи кушода қабул мекарданд. Ҷанги шаҳрвандӣ сар шуд. Дар роҳи ағбаи Анзоб яккаписарашон Давлатназар аз дунё гузашт. Баъди ба Душанбе омадан, хонаашонро дар дасти ғосибони он айём диданд. Кулли архивашонро сӯхта буданд. Духтарашон, Шамсияи нозанин, ки истеъдоди фавқулода дошт, рӯзе дар роҳ мебинад, ки сими тролейбус парида ба сари як одам мезанад ва мағзи сари ҷабрдида пош мехӯрад. Шамсия аз тарс бемор шуду ба беморхона афтод. Бемории саратон бароварданду аз дунё гузашт. Ин зарбаи ҷонкоҳ ба акои Абдурофеъ шуд. Баъди чанд соли дигар ғаму ғуссаи Шамсияи ҷавонмарг, ҳамсарашонро аз пой афтонид. Бубинед, Шумо мегӯед:
“Номаи сеюми Шумо дар баробари номҳое ба мисли Ҳошим Гадою Баҳманёру Муҳаммадзамони Солеҳу Сайф Раҳимзод, як нафари дигарро ба ёдам овард. Вақтҳои охир гирди номи ин шахсият гапу калочаҳо ҳам дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шудан дорад. Фикр мекунам ин шахсият ҳам як шахси танҳо ва монанднокарданӣ ба дигарҳост. Шукр, ки зиндаю саломат аст ва гоҳ-гоҳу аҳён-аҳён дар кӯчаҳои шаҳр, бо як ҷузвдони пур аз навиштаҳо зери каш, тани танҳо мебинамаш. Мебинам, ки табассуми малеҳ дар лаб, бо ҳама якрӯю якнамуд вохӯрӣ мекунад, сӯҳбат мекунад, аҳволпурсӣ мекунад, маслиҳат медиҳад, савол медиҳаду посух мегирад, яъне ки дар байни халқ асту дар назари аввал танҳо нест.
Аммо ман эҳсос мекунам, ки танҳост! Бо ин қадар бори маънӣ кашидан, бо ин қадар асарҳои баландмазмуну даркорию зарурӣ барои халқу миллату забону адабиёту театру санъат навиштану чоп кардану дастраси хонанда кардан, боз ҳам фикр мекунам, бори танҳоӣ ба дӯш дорад”.
Бубинед, устод Абдурофеъ бо ин қадар мусибату талхии зиндагӣ нашикастанд, боз эҷод карданду мекунанд. Садҳо бор ман ба он кас баҳс мекардам, ки “ ҳамин мактаби сенариянависони шумо маош намедиҳад, касе раҳмат ҳам намегӯяд. Партоед онро!”. Дар ҷавоб “табассуми малеҳ дар лаб” эътироз намекарданд, аммо ҳунармандона риштаи суханро ба сӯи дигар мекашиданд…
Ёдҳою ёдҳо ё ба қавли ҳамон шодравон Сайфи Раҳимзод “Азёдҳо, аз ёдҳо”. Гоҳо мехоҳам фақат хотира нависам. Хотираҳои солҳои ғарибиро дар Русия, хотираи рӯзҳои даҳшатноки ҷанги шаҳрвандиро хотира аз ҳамнишинӣ бо шахсонеро, ки дар пайраҳаи зиндагӣ рӯ ба рӯ шудаам. Аммо, замоне сари миз нишастам то хотира нависам, ҳис кардам, ки кори андаке нест, ки мепиндоштам. Бубинед, инсонҳое ҳам дар зиндагӣ зиёд дидаам, ки то дирӯз дигар меандешиданду дигар назар доштанд. Аммо, имрӯз комилан дигар шудаанду тамоман аз чизи дигар меандешанд.
Ба қавли Артур Конан Дойл “дарахтоне ҳастанд, ки то баландии муайян беосебу нуқсон месабзанд, вале якбора аз сабзиш мемонанду иллатнок мешаванд. Ба инсонҳо ҳам чунин ҳолат рух медиҳад”. Яъне, агар хотиранависӣ кунам, магарам ҳама дидаву шунидаву бардоштҳоямро бе ягон дурӯғ нависам. Аммо мушкил ин ҷост, ки баъзеи ин “қаҳрамонон” – и ман зинда ҳастанд ва рӯйи инсон гарм аст. Дар ин бора ҳам замоне дар “Санге ба гӯри Лайлӣ” навишта будам:
“Мазори хотираҳои ман аз садои хандаҳои дардолуд пур мешавад ва чун бо тааннӣ ба қафо менигарам, ҷуз махлуқакони ночизеро, ки имрӯз латтаҳаки гулдореро таранг ба гардан баставу аз ёд овардани рӯзгори дирӯзаи хеш дар лаҷанзорҳо меҳаросанд, намебинам.
Зиҳӣ бадбахтӣ!
Эшон аз баланд ба забон овардани мавқеи имрӯзи худ ҳатто дар дафтарҳои хотираи хеш метарсиданд ва имрӯз аз нигоҳ ба дирӯзи хеш! ”.
Акнун маслиҳат диҳед, ки нависам ё нанависам?
Хуршед
Ба хотири хотираҳо ёддошт нависед!
Салом Хуршед!
Дирӯз, яъне 21.07.23 аз Панҷрӯд баргаштам. Як хатми Қуръон ба рӯҳи гузаштагон бахшидему қабри падару модар ва оромгоҳи Устод Рӯдакиро зиёрат кардему хешу ақрабои дурафтодаро дидему хотираҳои даврони кӯдакиро зинда кардему.. баргаштем. Ва номаи “Мазори хотираҳо”-и Шуморо хондам. Хондаму гӯё давоми сафарам шуд.
Аз ин сафари кӯтоҳ (се рӯз) чизи хубу хотирмоне ба ёдам намонд, чун камтар нотоб будам. Тасфи бадан гоҳ паст мешуду гоҳ баланд, иштиҳо набуд, сард кам-кам аз будани худ дарак медод, яъне дард дошт. Бо вуҷуди ин баъзе корҳо анҷом ёфт, ки анҷом ёфтанашон зарур буд.
Ҷойе хонда будам, ки “фаромӯшӣ беҳтарин ҳадяи Худованд баҳри бандагонаш аст”, ба он маънӣ, ки агар ҳамин фаромӯшӣ набошад мағзи инсон, шояд битаркад. Кулли хотироте, ки инсон аз аввали халқ шуданаш то лаҳзаи охири ҳаёташ дар ёдаш бимонад, намедонам чӣ мешавад? Аммо барои он, ки баъзе аз лаҳзаҳои зарурӣ ҷовидон бимонад, бояд як дафтари хотираҳо навишт. Ман ҳам солҳои аввали ҳаёт як дафтаре инчунин доштам. Ёдам ҳаст, ки саргузашти ҳаррӯзаро менавиштам, аммо шояд беаҳамиятӣ буд ё танбалӣ, ки оҳиста-оҳиста ё фаромӯш мекардам ё хушам намеомад, ки давом диҳам ва ҳамин тур аз ёдам рафт ва ҳоло намедонам ҳамун дафтар куҷо шуд?!
Ёдатон бошад, боре аз ман дар бораи тартиби чопи осоратон пурсида будед ва ман гуфта будам, ки “агар номаҳоро дар китоби хотираҳоятон ҷо кунед ҳам мешавад”. Яъне гуфтан мехостам, ки ёддошт нависед, ёддоштҳоятонро китоб кунед.
Ҳамин порча, ки дар мактубатон омада: “ Падар баробари ба Душанбе овардани ман аввал суроғи Абдурофеъ карданд. Маҳз Абдурофеъ буданд, ки ба назди устоди шодравон Воҳид Асрорӣ рафта, хабар расонида буданд, ки гарчанд ман навиштаҳоямро бо имзои Хуршед Атовулло (номи падарам) нашр мекунам,(таъриф нашавад наздики сад мақолаи нашршуда дар расонаҳои чопӣ доштам) вале дар асл, дар ҳуҷҷатгузориҳо насабам Ниёзов аст. Ёдам меояд, ки ҳар се санҷиши пеш аз имтиҳони қабулро бо баҳои панҷ супорида будам ва вақте аз иншои имтиҳони давлатӣ барои гузоштани панҷ вергул дар ибораи “он ки” ба ман баҳои “се” гузоштанд, устод Асрорӣ назди устодони имтиҳонгир даромаданд. Варақаи иншоямро хонданд, лабханд заданд ва гуфтанд:
-Парво накун, агар ҳатто се баҳои “ду” гузоранд ҳам, ман туро қабул мекунам! Ту истеъдод дорӣ!
Аъзои ҳакамон байни ҳам пич-пич карданду ман ду имтиҳони дигарро бо баҳои “панҷ” супоридам” – худ ёддошт аст.
Агар Устод Абдурофеъ Рабизода ёддоштҳояшонро пурра нависанд чанд ҷилд мешуда бошад?!
Аз оне, ки бояд ҳарчӣ ҳаст, нависед ва хаёлпардозӣ накунед набояд ҳаросид. Шояд, Шумо ёддоштҳои нависандаи маъруф Ҷалол Икромиро хонда бошед? Агар хато накунам “Он чӣ аз сар гузашт” ном дошт. (Мутаассифона ин китобро надорам, ман аз дӯстам Равшани Махсумзод ба орият гирифта будам, пас аз хондан баргардонида будам). Пас аз хондани ҳамин асар бисёр чизҳо дар бораи шоиру нависандаву сиёсатмадорони ҳамон давра бармало ва рӯёрӯ шуданд. Ё ҳамон “Ёддоштҳо”-и машҳури Устод Айниро ба ёд оред, дӯстам.
Фикр мекунам ёддошт ин оинаи барқади тамомии давраи ҳаёти инсон аст ва оина дурӯғ намегӯяд!
Бо эҳтиром Абдувоҳид