Давраи имтиҳонсупории донишҷӯён оғоз ёфт ва ононе, ки дар рӯйхати «маршировка» ҳастанд, аз ин ҷамъбасти сол озоданд. Аммо…

Пеш аз омадани ҷашну маросимҳои калон ҳамасола роҳпаймоӣ ё худ ба истилоҳи машҳур – “маршировка” ташкил мешавад. Ба ин роҳпаймоӣ маъмулан донишҷӯёни донишгоҳҳову коллеҷҳо ҷалб карда мешаванд. “Маршировка” тақрибан 2-3 моҳ пеш аз таҷлили ҷашнҳои бузург оғоз гардида, бархеи донишҷӯён ихтиёрӣ ва бархеи дигар маҷбурӣ ҷалб карда мешаванд.

Бале, донишҷӯён мегӯянд, ки на ҳама мехоҳанд дар рӯзҳои гарми тобистон дар варзишгоҳҳо ба рақс машғул бошанд, зеро “дар он офтоби тафсон рақсидан-ку ҳеҷ, истодану гаштан худаш осон нест”.

– На ҳама солиму боқувватанд, инсонҳое ҳастанд, ки иммунитеташон паст асту дар вақти тайёрӣ ё баъди маърака ба бемориҳои гуногун дучор мешаванд,- мегӯяд донишҷӯе.

Мо дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорем. Чанде баъд “маршировка” шурӯъ мешавад ва аллакай касоне, ки бояд иштирок намоянд, муайян шудаанд. Ба донишҷӯёне, ки ба “маршировка” ҷалб гаштаанд, имтиёзҳои гуногун дода мешавад. Яке аз онҳо – ин озод намудани иштирокчиёни роҳпаймоӣ аз имтиҳонҳо мебошад. Ғайр аз ин, мусаллам аст, ки мо кишваре ҳастем аз ҷиҳати иқтисодӣ заиф ва агар ба ин нукта манфиатнок назар андозем, бо он пули гароне, ки барои “маршировка” сарф мешавад, метавон ягон ҷанбаи иқтисодии кишварро мустаҳкам намоем. Барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар роҳандозӣ намудани ин чорабиниҳо то андозае саҳм хоҳад гузошт. Аз ҷониби дигар, ин маъракаҳо дар баробари амалӣ гардиданашон саҳми боризе гузошта метавонанд, то Тоҷикистонро ҳамчун кишвари орому осуда ба ҷумҳуриҳои дигар муаррифӣ созанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ин ҳама саҳлу осон ба даст намеояд ва то он ки ин машқҳоро иштирокчиён меомӯзанд, аз дарсҳо мемонанд ва ин зарбае ба кадрҳои оянда буда метавонад. Нуктаи дигари мавриди назар – ин саломатии донишҷӯдухтарон аст, ки аксаран аз беэҳтиётиашон ба бемориҳои гуногун мубтало мегарданд. Карима, донишҷӯе, ки тайи чанд сол дар “маршировка”-ҳо ширкат меварзид, мегӯяд, духтарон нисбат ба писарон қувваи камтар доранд ва на ҳама метавонанд соатҳо зери офтоби тобистон ба машқ машғул шаванд.

– Шоҳид будем, ки борҳо духтарон ҳини машқҳо аз ҳуш мерафтанд ва ба сардардиву дигар бемориҳо мубтало мегаштанд,- мегӯяд ӯ.

Карима, бо он ки мегӯяд, шаҳрнишинон аслан ба раҳпаймоӣ ҷалб мегарданд, аммо дар ин баробар донишомӯзони ноҳияҳои дурдаст низ бо додани имтиёзҳо ба он самт мераванд, лек борҳо батакрор зикр менамоянд, ки «беҳ буд ба омӯхтани ҳунаре машғул мешудем». “Ман ҳам ба ин андеша будам ва имсол барои ба сомон расонидани дарсҳоям ва истифодаи ин фурсати тиллоӣ мекӯшам”,- афзуд ӯ.

Дар баробари афкори ин донишҷӯ ва чанде дигар, ки ҳамин гуна андешаронӣ намуданд, хулоса кардан мумкин аст, ки агар нисбати ин масъала масъулин ҳадафмандона кор бигиранд, метавон бо ҷалби бештари ансамблҳои рақсӣ ба мушкилоти донишҷӯён ва ҷавонони ихлосманиди касби хеш то андозае сабукӣ овард.

М. РАҲМОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь