Манижае, ки қолабҳоро шикасту худ дилшикаста шуд?!

Акнуни номи Манижа барои бештари занон як зане бо иродаи қавӣ, нотарс ва ба ақидаҳояш устувор боқӣ хоҳад монд. Манижае, ки қолабҳоро шикасту акнун ба гурӯҳи даҳгонаи аввал расид. Шиорҳои зебо ва муҳим аз ҳама самимӣ ҳама ҷоро оро медод.

«Встала и пошла» – шиори ӯ аллакай ҷаҳонӣ шуд, ки албатта хеле кӯтоҳшуда, аммо дар замони муосир муҳим ва созанда аст.

Меъёри ватандӯстиашро низ бо куртаи чакан нишон дод.

Флешмобҳое, ки бо суруди ӯ дар Интернет аз ҷониби занону мардҳо ва миллатҳои гуногун гузошта мешуд, нишон медод, ки ҳамагон ӯро дӯст доштанд ва мехоҳанд аз ӯ пайравӣ кунанд.

Ҳама шабҳои бехобӣ кашиданд, то ки ӯро ғолиб бубинанд, аммо дар воқеъ дар овоздиҳӣ мардум хеле танбалӣ карданд. Аксарият мегуфтанд, ки тариқи нармафзори Eurovision Song Contest ройъ доданро намедонистанд. Ё мунтазир мешуданд, ки дигарон ҳатман овоз медиҳанд.

Аммо эҳтимол дошт, ин ҷо овозҳо ҳам чандон нақш надоштанд, ки албатта он ба ҳунару касб неву ба дигар масъалаҳо рабт дошт.

Дар миёни 26 давлат дар ҷойи 9 албатта қаҳрамонист ва он ҳам барои тоҷикдухтаре, ки дар Русия бузург шудаву аз номи кишвари дигар баромад мекард.

Аммо бубинед, ки чӣ гуна роҳи кӯтоҳ, вале ифтихориро бо сари баланд паймуд. Умеде дар дилҳо андохт.

Ҳама ӯро ғолиб нишон медоданд, чунки воқеан аз дил мехонд, на либоси нимӯрён дошт, то мардумро ба худ ҷалб кунад. На попӯшии пошнааш 18 см, ки роҳ гаштан барояш мушкил бошад. На мӯйҳои сунъиву ороиши аз меъер зиёд. Бо красовкаи варзишӣ, рӯймоли бастаи аҷиб ва комбинзони сурх ва он ҳам дар Ahoy.

Либосҳояшро дар баромадҳояш ҳеҷ гоҳ иваз намекард, бо як либос дар тамоми баромадҳояш. Ҳам оддӣ ва ҳам ғайриоддӣ. Касбияташ бештар ба назар мерасид. Дар саҳна нозу нағмаи зиёдатӣ надошт. Дар назари аввал чунин ба назар мерасид, ки гӯё барои муҳориба ба саҳна баромада бошад. Мисле, ки мо ҳам маъмулан мусобиқаҳои варзиширо интизор мешинем, шабҳо бедорхобӣ мекашем, мухлисӣ мекунем. Аммо ин дафъа на барои гӯштину муштзанӣ, шаттазаниву каратэ, футбол не, балки мардуми шабзиндадор барои баромади барномаи мусиқӣ ҳама дар шабакаҳои фейсбукӣ рӯшану сабз буд.

Ёд доред, чӣ тавр мардум дар моҳи шарифи Рамазон соати 2, баъзан 3, бештариҳо 5 постҳои рамазонӣ менавиштанду рӯза медоштанд. Рӯзи баромади Манижа ҳам Интернет ҳамин гуна буд ва он ҳама бедор буд ва фақат интизори пирӯзии Манижа, ҳама online, ҳама сабз буд. Ҳама ба ӯ низ чароғи сабз таманно мекарданд, ҳатто онҳое, ки замоне бар зидди ӯ баромада буданд. Онҳое, ки мегуфтанд, Манижа либоси «луч» дорад. Дигар замони мухлисӣ ҳама барои 1 муддати кӯтоҳ аз кинаҳо фаромӯш шуд. Ҳама мехостанд саҳмгузор бошанд, ӯро дастболо бубинанд.

Хусусияти асосии суруди Манижа истифода аз 3 забон – англисӣ, русӣ ва форсӣ буд. Суруди ӯро дар як рӯз 8 миллион нафар тамошо кардааст.

Бубинед, чӣ қадар муроҷиатномаҳое пайдо шуд, ки Манижа аз ширкат дар озмун маҳрум шавад. Ҳатто санҷишҳое, ки сурудашро ба кадом як гурӯҳи хатарнок алоқаманд медонистанд.

Ҳатто букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-юмро барои Русияву Манижа пешгӯйӣ карданд, аммо имкони пирӯзиро дидед, ки якбора коҳиш ёфт ва он ҳам дар рӯзи охир ва мақеи 9-ум.

Алла Пугачёва – сарояндаи маъруфи Русия Манижаро дастгирӣ карду дар оғози ҳунарнамоӣ ба ӯ занг зада, гуфт: «Барои ҷо ҳеҷ вақт нахон, барои худат ва барои мардум бихон».

«Евровидиние – 2021» 65-умин озмуни мусиқавӣ буд, ки имсол дар Роттердам баргузор гардид. Яке аз шаҳрҳои сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Вале сабқат фарҳангӣ будани худро камтар исбот кард, ки бештар он ба сабқати сиёсӣ мубаддал гашт ва ҳунари Манижа он ҷо аз ҷиҳати дуввум хеле хуб рӯшан буд.

Манижа ба фишори ҷаҳонӣ нигоҳ накарда, аз роҳи тайнамудааш даст накашид, ки ин ҳам албатта ҷасорат мехоҳад. Киштие, ки медонист, дар пеш туфон аст, аммо бо роҳ баромад…

Ҷамила МИРБОЗХОНОВА

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь