Як акси нимурёни Манижаи Сангин, ситораи навпайдо дар Русия, чунон шӯру валвалае миёни зиёиён, аниқтараш, фесбукчиёни тоҷикистонӣ хезонид, ки баланд шудани нархи картошкаю сабзӣ нахезонида буд.

Салом Абдувоҳид!

Мебинам, ки оҳиста-оҳиста дубора ба нигоштани шеър, аниқтараш ба қавли Раҷаби Мирзо “такони рӯз”, шеърҳои тунд ва ё гӯшнавоз рӯй овардаед. Шояд сабаб он буд, ки чанд ҳафта бароятон нанавиштаму армони дилро рӯйи коғаз кашидед? Намедонам. Аммо, шеърҳои баде набуданд, чун дӯстдорони шеър аҳсан мехонданду дар симои қаҳрамони шеъри Шумо қаҳрамони хаёлии худро дидан мехостанд. Онҳо як иғвогари бадбахтанду бас! Куҷое бинанд, ки касе бар касе сахт гуфтааст, баҳс кардааст, тунд гуфтааст лайк мезананду аз зиндагии хеш, аз бархӯрд бо қаҳрамонони шеъри Шумо қисса мегӯянд. Бо ин хешро ҳамтои Шумо мебинанду медонанд ва бо баҳонаи шеъри Шумо алами дил рӯйи коғаз мерезанд. Гузарем аз ин мавзӯъ ва ба қавли Саймиддин Дӯстов “ба сари гову бузу гӯсфанди хеш баргардем”!

Як акси Манижаи Сангин, ҳунарманди тоҷиктабори русиягӣ, ки бо ширкат дар “Евровидение” басо русҳоро девона карда буд, дар таблои шаҳри Ню Йорк гузоштаанд. Ёд доред, ҳатто Валентина Матвиенко, яке аз чеҳраҳои калидӣ дар Ҳукумати Русия гуфта буд: “ Ин ки Манижа аз номи русҳо дар Евровидение баромад мекунад, шармандагӣ аст. Ин масъаларо бояд Кумитаи тафтишотии Русия санҷад”.

Хуллас, акси нимурёни Манижа дар таблои Ню Йорк ба саҳифаи Фесбук ҳам раҳ ёфту қаламбадастони фесбукиро, ки миёни эшон аҳли зиё ва рӯзноманигорон кам нестанд, ба ду гуруҳ ҷудо кард. Гуруҳе тасанно хонданд, ки “ атласро ҷаҳонӣ кард” (Одили Нозир), гуруҳи дигаре лаънат хонданд, ки “синаашро ҷаҳонӣ кард” (Завқибек Сайидаминӣ). Ҳамкасби мо Сайёфи Мизроб бошад, чунин навишт:

“1 акси Манижа шахсан ба ман чеҳраи аслии зиёиёну журналистони тоҷикро ба намоиш гузошт, ки 99% ифротӣ будаем!!! Вале аксарият кофе-брейкҳои авру-амрикоиёнро мехуранд шабу рӯз”…

Ба тақвияти ин андеша Бахтиёр Аминӣ, ҳампешаи дигари мо навишт:

“Хайрият ки Тоҷикистон Иморати исломӣ нест, вагарна имрӯз фатвои куштани Манижаро доишимағзони кишварамон дода буданд”…

Абдувоҳид!

Як чиро солиёни ахир мушоҳида мекунам:

Зиёиёни мо то панҷоҳу панҷоҳу панҷ солагӣ намунаи олии зиёӣ ҳастанд. Вале баъзеи онҳо бо ба фикри охирату қабр афтидан, якбора ба як фанатики тундраву тундгӯ бадал мешавад. Эшон ҳар касеро ки саҳл аз назари онҳо аз ахлоқи исломӣ дур шудааст, санг мезананду кофир эълон мекунанд. Ёдам ҳаст, боре тасодуф дар акси ману ҳамсӯҳбатам шишаи шароб ҳам афтиду сангборон сар шуд. Кӯдакони дирӯза, пирони беимони бӯе аз дин набурда, кофир ҳам гуфтанду душмани дин ҳам, зардуштӣ ҳам гуфтанду бехудо ҳам. Шумо фикр намекунед, ки ин сатҳи тафаккури эшон аз надоштани дониши динӣ аст? Аксари онҳо ба ҷуз аз он ки Қуръонро ба алифбои кириллӣ хондаанд, чизеро намедонанд, вале агар мавзӯе пайдо шавад, “Толиб”-и ҷоҳил обрезаки дасташон мешавад. Шумо ҳис намекунед , ки ҷомеаи мо рӯз ба рӯзу сол ба сол ҷоҳилтар, тундраву тундгӯтар мешавад? Фикр намекунед дар ин ҷомеаҳо Манижаҳою Фархундаҳоро аз пеши хеш мулҳиду бедин хондаву ҳукми маргашонро медиҳанд?

Назари Шумо ба ин қазияю ба ин мушкил чист? Чӣ метавонем кард?

Хоҳ манфӣ, хоҳ мусбӣ

Дуруд ба Хуршеди гиромӣ!

Хеле шодам, ки шеърҳои маро (агар шеър гуфтан ҷоиз бошад) мехонеду фикру андешаатонро иброз мекунед. Аз оне, ки гуфтаед, ки  ман вақтҳои охир ба гуфтани “шеърҳои тунд ва гӯшнавоз” рӯй овардаам, намедонам чӣ бигӯям?! Чун шеър ё “тунд” мешавад ё “гӯшнавоз”. Агар шеърҳои охириро дар назар дошта бошед, ғайр аз чанд шеъри ошиқона, аслан дарди ману Шумою ҷомеа ҳастанд, ки ҳиҷ гӯшнавозӣ надоранд, баръакс ҳамааш тунду талх аст.

Фикр мекунам дар масъалаи Манижа Сангин на танҳо зиёиён, балки ҳама аъзои ҷомеа фикру ақидаашонро гуфтанд. Ба гуфтаи муаллимаи азиз Марямбонуи Фарғонӣ “ҷиҷиҳои Манижа Сангин” ману Шуморо низ бетараф нагузошт. Аз номаи Шумо бармалост, ки худатон камтарак тарафдораш ҳастед. Овардани фикри дӯстонамон Бахтиёр Аминию Сайёфи Мизробу Завқибек Сайидаминӣ дар мактуб, гувоҳ ва тақвияти фикратон аст.

Дӯстам! Зиёиён танҳо журналистон нестанд! Зиёиён гуфта, ман ҳамаи аҳли босаводи ҷомеаро мешиносам, онҳоеро мешиносам, ки тақдири ин халқу ин миллату ин давлат барояшон бетафовут нест. Аз ҳамин сабаб, мардум ҳам дар ин масъала сари ду сангар қарор гирифтанд, ки ин як амри воқеист. Бигзор ақидаҳо гуногун бошанд, аммо ман ҳам аз ба дараҷаи фанатизм нигоҳ кардани баъзеҳо, хусусан ҷавонон ба ин ва ҳар масъалаи дигар, ки ба тақдир ва имрӯзу ояндаи миллат вобаста аст, сахт нигаронам. Нигаронии ман аз он аст, ки ҳамун “сатҳи тафаккури эшон аз надоштани дониши динӣ аст”-и гуфтаи Шумо дуруст аст. Пас, агар чунин аст, бояд имрӯз аз пайи ислоҳаш шавем. Аммо ман роҳи ислоҳашро намебинам. Шояд Шумои азиз дар ин бора ҳам ягон пешниҳод дошта бошед?

Дар бораи “тасодуфи аксатон” як саргузашти воқеӣ ба ёдам омад. Боре дар маъракае ҳамроҳи тағоям Махдуми Абдулбадеъ иштирок доштем. Саволу ҷавоб дар масъалаҳои динӣ зиёд шуд. Як масъалаи ночизеро, ки ман ҳам медонистам ҷавоб додам. Пас аз итмоми маърака Махдум маро сарзаниш карданд. Медонед чӣ гуфтанд? Гуфтанд, ки “бисёр масъалаҳоест, ки бо мардуми омӣ бо лаҳни худашон ва фаҳмишу идрокашон бояд посух бигӯӣ, вагарна онҳо ба “”ҷойи салла калла мефаҳманд!” Яъне, кӯшиш кунед, ки масъалаҳои нозукро дар маърази ом нагузоред.

Хуршедҷон “зиёиёни мо то панҷоҳу панҷоҳу панҷ солагӣ намунаи олии зиёӣ ҳастанд” – яъне чӣ?! О, охир баъд аз расидан ба ин син одам ба давраи камолоташ мерасад, не? Шумо фикр мекунед, ки баъди панҷоҳ солагӣ инсон мутаасиб мешавад?  Э, не ин фикратон ғалат аст, дӯстам! Аммо ин фикри Шумо метавонад баррасии як мавзӯи нав дар ҷомеа гардад, яъне “инсон ё беҳтараш зиёӣ гӯем, бештар дар ҷавонӣ ба фанатизм рӯй морад, ё дар миёнсолӣ, ё дар пирӣ ?”.

Аммо Манижа Сангин барои ман қаҳрамон аст! Хоҳ манфӣ, хоҳ мусбӣ.

Бо эҳтиром Абдувоҳид

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь